ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, № 3 - 4, мод. 62; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 10, мод.127; с. 2000, №11, мод. 535; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 260, мод. 263; с. 2003, № 4, мод. 141; с. 2014, № 11, мод. 658; с. 2015, № 12, қ. 1, мод. 1111)
(Қонуни ҶТ аз 22.05.1998 № 630, аз 29.11.2000 № 20, аз 10.05.2002 № 35, № 36, 22.04.2003 № 11, аз 27.11.2014 № 1149, аз 25.12.2015 № 1265, аз 17.05.2018 № 1522, аз 17.12.2020 № 1733)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ, вазъи ҳуқуқӣ, ҳайат, вазифаҳо, таъинот ва принсипҳои фаъолияти қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд .
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қӯшунҳои дохилӣ ба системаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд ва ташкилоти ҳарбии он буда, барои иҷрои вазифаи хизматӣ-муҳорибавие, ки ин Қонун пешбинӣ мекунад, дар назар дошта шудаанд. Қӯшунҳои дохилӣ барои муҳофизаи амният ва манфиатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил медиҳанд ва дар замони ҷанг ба ҳайати он дохил мегарданд .
Моддаи 2. Вазифаҳои қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазифаҳои қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - қӯшунҳои дохилӣ) аз инҳо иборатанд:
- мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар муҳофизати тартиботи Ҷамъиятӣ, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва назми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда;
- посбонӣ ва муҳофизаи объекту иншоотҳои махсусан муҳим ва дорои тартиботи махсуси роҳҳо ва борҳои махсус;
- сархати чоруми кисми якуми хорич карда шуд ;
- посбонӣ ва муҳофизаи муассисаҳои ислоҳоти меҳнатӣ, қаравулӣ карда бурдани маҳкумон ва шахсони маҳбус;
...