Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯи муваққатии боҷҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи асосҳои системаи андоз", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номгӯи муваққатии боҷҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад /замима мегардад/.
2. Муқаррар карда шавад, ки ҳаҷми боҷҳои давлатии автомобилӣ бо доллари америкоӣ муайян гардида, аз рӯи қурбе, ки Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯзи пардохт муқаррар менамояд, бо рубли тоҷикӣ пардохта мешавад.
Боҷҳои мазкур, ки ашхоси алоҳида, ашхоси юридикӣ ва соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва мотоциклҳо месупоранд, ба буҷети ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.
3. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи хизматрасониҳои пулакии Бозрасии давлатии автомобил ва ҳаҷми тарифҳои чунин хизматрасониҳоро муайян намояд.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 21 феврали соли 1996, № 58
ш.Душанбе
аз 21 феврали соли 1996, № 58
ш.Душанбе
...