Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003 № 46 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003 № 46 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, иловаи зерин ворид карда шавад:
ба зербанди 5.4 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"-ҷиҳати ҳавасмандгардонии кормандон барои муваффақиятҳои меҳнатӣ дар соҳаи рушди молия Нишони фахрии "Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъсис медиҳад ва сарфароз мегардонад.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 июли соли 2006 № 317
ш. Душанбе
аз 4 июли соли 2006 № 317
ш. Душанбе
...