Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, № 254 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 1999 № 270 "Масъалаҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 1999 № 270 "Масъалаҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Мувофики моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шумораи кормандони ҳайати хизматрасони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 18,5 воҳид, аз ҷумла дастгоҳи марказии вазорат 9 воҳид ва раёсатҳои адлияи вилоятҳо 9,5 воҳид ихтисор карда шаванд.

2. Банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисгон аз 2 июли соли 1999 № 270 "Масъалаҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 70 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.

Шумораи ниҳоии кормандони раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ва вилоятҳо ба миқдори 31 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад."

3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯхлати се моҳ Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

4. Аз банди 7 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 №383 "Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ" ва банди 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003 № 150 "Дар бораи таъсиси Маркази таълимии судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии иҷроия" хориҷ карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон            Э. Раҳмонов

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон            Э. Раҳмонов

аз 3 июни соли 2006 № 254

ш. Душанбе

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 28.12.2006г. №587

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Правительства Республики Таджикистан

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 июля 1999 года №270 "Вопросы Министерства юстиции Республики Таджикистан"

В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет :

1. Сократить численность работников обслуживающего персонала Министерства юстиции Республики Таджикистан в количестве 18,5 единиц, в том числе центрального аппарата министерства 9 единиц и управления юстиции областей 9,5 единиц.

2. Пункт 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 2 июля 1999 года №270 "Вопросы Министерства юстиции Республики Таджикистан" изложить в следующей редакции:

"1. Структуру центрального аппарата и Схему управления Министерства юстиции Республики Таджикистан утвердить в новой редакции (приложение 1 и 2).

Установить численность работников центрального аппарата Министерства юстиции Республики Таджикистан в количестве 70 единиц (без обслуживающего персонала).

Установить численность работников управлений юстиции Горно-Бадахшанской автономной области, областей в количестве 31 единиц (без обслуживающего персонала)".

3. Министерству юстиции Республики Таджикистан в трёхмесячный срок разработать и представить на утверждение Правительству Республики Таджикистан Положение о Министерстве юстиции Республики Таджикистан в новой редакции.

4. В пункте 7 постановления Правительства Республики Таджикистан от 22 августа 1997 года №383 "О некоторых мерах по улучшению правового воспитания граждан и правовой работы в республике" и пункте 4 постановления Правительства Республики Таджикистан от 31 марта 2003 года №150 "О создании Учебного центра судей при Совете юстиции Республики Таджикистан" слова "руководящих кадров государственных республиканских и местных органов исполнительной власти" исключить.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                 Э. Рахмонов

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                 Э. Рахмонов

...