ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, №24, моддаи 408; соли 1998, №10, моддаи 76; соли 1999, №6, моддаи 166; соли 2000, №11, моддаи 521; соли 2001, №7 моддаи 481; соли 2004, №2, моддаи 39) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
сархатҳои чорум ва ҳаштум хориҷ карда шаванд;
дар сархати дувоздаҳум калимаҳои "силсилаи кадрҳои ба ҳам алоқаманде" ба калимаҳои "асарҳои аз силсилаҳои кадрҳои ба ҳам алоқаманде иборат буда" иваз карда шаванд.
2. Дар қисми якуми моддаи 2 калимаҳои "тобеияти идорӣ" ба калимаҳои "шакли ташкилию ҳуқуқиашон" иваз карда шаванд.
3. Дар сархати шашуми моддаи 3 калимаи "қатъан" ба калимаи "қатъиян" иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 6:
дар қисми якум калимаҳои "ҳукумати маҳаллӣ" ба калимаҳои "иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд;
дар қисми дуюм калимаҳои "ҳокимияти маҳаллӣ" ба калимаҳои "маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва калимаҳои "сохтори давлатии ташкилотҳои" ба калимаҳои "сохтори ташкилотҳои давлатии" иваз карда шаванд.
5. Дар номи Боби II баъди калимаи "таъсис" калимаи ",иҷозатномадиҳӣ" ва баъди калимаи "фаъолияти" калимаи "ташкилотҳои" илова карда шаванд.
6. Моддаи 11 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 11. Таъсисдиҳӣ ва бақайдгирии давлатии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ мувофиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахси ҳуқуқӣ муайян намудааст, таъсис меёбанд.
Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои онҳо мувофики Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, амалӣ карда мешавад.".
...