ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 "Дар бораи хизмати давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №22, моддаи 297; соли 2002, №4, қисми 1, моддаи 203; соли 2005, № 7, моддаи 407) тағйироти зайл ворид карда шаванд:
1. Моддаи 27 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 27. Музди меҳнати хизматчии давлатӣ Музди меҳнати хизматчии давлатӣ бояд барои мустақилона иҷро кардани ӯҳдадориҳои мансабии ӯ шароити кофии моддиро фароҳам созад, барои бо кадрҳои салоҳиятноку таҷрибанок таъмин намудани мақомоти давлатӣ мусоидат намояд, омили меҳнати поквиҷдонона ва ташаббускоронаи онҳо бошад.
Музди меҳнати хизматчии давлатӣ аз маоши мансабӣ, иловапулиҳо ба маоши мансаби барои рутбаи тахассуси ва собиқаи хизмат иборат мебошад.
Иловапулӣ ба маоши мансаби барои рутбаи тахассуси ҳар моҳ дар ҳаҷми зерин пардохта мешавад (ба ҳисоби фоизи маоши мансабӣ):
Мушовири ҳақиқии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25
Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23
Мушовири давлатии дараҷаи 1 22
Мушовири давлатии дараҷаи 2 21
Мушовири давлатии дараҷаи 3 20
Мушовири хизмати давлатии дараҷаи 1 18
Мушовири хизмати давлатии дараҷаи 2 17
Мушовири хизмати давлатии дараҷаи 3 15
...