ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2005"
Моддаи 1.
Ба моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2004 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №12, қисми 1, моддаи 702, соли 2005, №6, моддаҳои 356 ва 357) қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Воридоти шиносномаҳои хориҷии умумишаҳрвандӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла барои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 январи соли 2005 то 1 августи соли 2005 ворид шудаанд, аз пардохти андози арзиши иловашуда озод карда шавад".
Моддаи 2.
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2005 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
13 октябри соли 2005 № 110
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2005 год"
Статья 1
Статью 6 Закона Республики Таджикистан от 17 декабря 2004 года "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2005 год" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 год, № 12, часть 1, статья 702; 2005 год, № 6, статья 356 и 357) дополнить частью четвертой следующего содержания:
"Ввоз общегражданских заграничных паспортов, ввезенных с 1 января 2005 года по 1 августа 2005 года Министерством иностранных дел Республики Таджикистан, в том числе Министерства внутренних дел Республики Таджикистан, освободить от уплаты налога добавленную стоимость".
Статья 2.
Настоящий Закон ввести в действие с 1 января 2005 года.
Президент
Республики Таджикистан Э.Рахмонов
г. Душанбе,
13 октября 2005 года №110