Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 октябри соли 2005 № 421
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 октябри соли 2005 № 421
тасдиқ шудааст
Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010
Зарурати қабул ва татбиқи Барнома
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили кишварҳоест, ки дар як давраи начандон зиёди баъди ба даст овардани истиқлолияти комил дар арсаи байналмилали обрӯву эьтибор пайдо карда, мавқеи хешро муайян намудааст.
Дар шароити имрӯзаи зиндаги назди мо вазифаҳое истодаанд, ки иҷро намудани онҳо баҳри таҳкими истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳамияти калонеро доро мебошанд. Бо ибораи Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Шарифович Раҳмонов "Пеш аз ҳама бояд дар сари ин проблема андеша кунем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатҳои байни абарқудратҳо барои ҷори намудани низоми нави ҷаҳондори, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву дини ва иҷтимои дар ҷомеа, мо барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бебаҳои худ, яьне Ватан ва истиқлолияти милли муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем".
Бешубҳа, асоси тафаккури нави сиёси ва фарҳангии ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлат, ваҳдату худшиносии милли, ҳисси ватандӯстиву ватанпарасти, таьмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзи ва манфиатҳои умумимилли ташкил медиҳанд.
Арзишҳои умумимилли ва умумидавлатии Тоҷикистон ва ҳифзи манфиатҳои он бояд аз ҳама гуна манфиатҳои сиёси, мазҳаби ва гурӯҳи боло бошад ва пойдевори тарбияи ватандӯстии ҷавононро фаро гирад.
Тарбияи ватандӯстии ҷавонон рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1995 барномаеро қабул кард, ки ҳадафи он тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарасти ва эҳтиром ба рамзҳои давлати буд.
Бо назардошти тақвият бахшидан дар ин ҷода ва бо мақсади такмили фаъолияти мақомоти идораи давлати ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2002, № 29 "Дар бораи Барномаи давлатии "Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2002-2005" қабул гардид, ки бо иҷрои он як қатор корҳои судманд дар ҷумҳури амали гардидаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониашон дар мулоқот бо ҷавонони ҷумҳури 21 май соли 2005 иброз намуданд, ки "Ба андешаи ман, одобу рафтор ва сатҳи маънавиёти наврасону ҷавонони мо дар давоми даҳ-дувоздаҳ соли охир хеле баланд рафта, эҳсоси худшиноси ва нангу номуси милли дар байни онҳо торафт густариш ёфта истодааст, ки ин боиси қаноатмандист. Мо бояд ҳамаи инро ҳамчун падидаи мусбат ва умедворкунанда арзёби кунем ва ба тавсеаи он мусоидат намоем".
Тазаккур бояд дод, ки воқеан ҳам аз ҷониби мақомоти роҳбарии ҷумҳури дар ин самт тадбирҳои муҳиму саривақти андешида мешавад.
...