Низомномаи бақайдгирии ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 маи соли 1998, № 141

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 26 августи соли 2022, № 416 аз эътибор соқит дониста шуд

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 маи соли 1998 № 141

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 маи соли 1998 № 141

тасдиқ шудааст

Низомномаи бақайдгирии ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Бақайдгирии ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар эҳтиёт қарор доранд ва шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" ташкил карда ва мувофиқи маҳалли зисти онҳо бо тартибе, ки Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, пеш бурда мешавад.

Бақайдгирии ҳарбии шаҳрвандоне, ки рутбаи ҳарбии афсарӣ дошта, дар эҳтиёти Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯшунҳои сарҳадӣ қарор доранд, бо тартибе, ки аз тарафи Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад, анҷом дода мешавад.

2. Низоми бақайдгирии ҳарбии шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт қарор доранд, ҳамчунин шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд, бо низоми шиносномаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ҳамоҳанг сохта мешавад ва амали он аз тарафи мақомоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамоатҳое, ки пешбурди бақайдгирии аввалияи ҳарбӣ ба зиммаи онҳо гузошта шудааст, таъмин карда мешавад.

3. Бақайдгирии ҳарбӣ ба бақайдгирии умумӣ ва махсус тақсим карда мешавад.

Шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт қарор дошта, дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идории онҳо ва муассисаҳои таълимӣ барои давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг бронь карда нашудаанд, ҳамчунин шаҳрвандоне, ки бояд ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шаванд, дар қайди умумии ҳарбӣ мебошанд.

Шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт қарор дошта, бо тартиби муқарраршуда дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идории онҳо ва муассисаҳои таълимӣ барои давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг бронь карда мешаванд, дар қайди махсуси ҳарбӣ мебошанд.

Шаҳрвандоне, ки дар мақомоти Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои штатӣ таъин шудаанд, ҳамчунин шаҳрвандоне, ки ба қайди кадрҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои ҳайати олирутба, калон, миёна, хурди роҳбарикунанда ва ҳайати қатории милиция дохил карда шудаанд, аз ҷумла курсантҳои мактабҳои милиция ва хадамоти ҳарбикунонидашудаи зидди сӯхтор, мутобиқан дар қайди ҳарбии мақомоти мазкур мебошанд.

...

Утратил силу постановлением Правительства РТ от 26.08.2022 №416

Утверждено

постановлением Правительства

РеспубликиТаджикистан

от 4 мая 1998 года № 141

Утверждено

постановлением Правительства

РеспубликиТаджикистан

от 4 мая 1998 года № 141

ПОЛОЖЕНИЕ О ВОИНСКОМ УЧЕТЕ ГРАЖДАН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

1. Воинский учет граждан Республики Таджикистан, пребывающих в запасе, и граждан, подлежащих призыву на военную службу, организуется в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О всеобщей воинской обязанности и военной службе" и ведется по месту их жительства в порядке, устанавливаемом Министром обороны Республики Таджикистан.

Воинский учет граждан, имеющих воинские звания офицеров, пребывающих в запасе Министерства безопасности и пограничных войск, осуществляется в порядке, устанавливаемом Министром безопасности Республики Таджикистан и Председателем Комитета по охране Государственной границы при Правительстве Республики Таджикистан.

2. Система воинского учета граждан, пребывающих в запасе, а также граждан, подлежащих призыву на военную службу, увязывается с действующей в Республике Таджикистан паспортной системой, функционирование ее обеспечивается органами Министерства обороны и Министерства внутренних дел Республики Таджикистан и джамоатами, на которые возложено ведение первичного воинского учета граждан.

3. Воинский учет подразделяется на общий и специальный. На общем воинском учете стоят (состоят) граждане, пребывающие в запасе, не забронированные на предприятиях, учреждениях, организациях независимо от форм собственности и их ведомственной принадлежности и учебных заведениях на период мобилизации и военного времени, а также граждане, подлежащие призыву на военную службу.

На специальном воинском учете состоят граждане, пребывающие в запасе, которые в установленном порядке бронируются за предприятиями, учреждениями, организациями независимо от форм собственности и их ведомственной принадлежности и учебными заведениями на период мобилизации и военного времени.

Граждане, определенные в органы Министерства безопасности Республики Таджикистан, Комитет по охране государственной границы при Правительстве Республики Таджикистан, на штатные должности, а также граждане, зачисленные в кадры Министерства внутренних дел Республики Таджикистан на должности высшего, старшего, среднего, младшего начальствующего и рядового состава милиции, включая курсантов школ милиции в военизированную пожарную охраны, состоят соответственно на учете в указанных органах.

4. Общее руководство работой по организации и ведению воинского учета граждан, пребывающих в запасе, а также граждан, подлежащих призыву на военную службу и контроль за состоянием той работы в джамоатах, на которые возложено ведение первичного учета граждан, на предприятиях, учреждениях, организациях независимо от форм собственности и их ведомственной принадлежности и учебных заведениях осуществляется Министерством безопасности Республики Таджикистан.

5. На министерства и ведомства Республики Таджикистан и Председателей областей, городов и районов возлагается обязанность но контролю за состоянием воинского учета граждан соответственно и подведомственных организациях, предприятиях, в учреждениях независимо от форм собственности, учебных заведениях и джамоатах, на которые возложено ведение первичного воинского учета граждан.

...