Низомномаи идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2000, № 219

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 616 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 майи соли 2000 № 219

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 майи соли 2000 № 219

тасдиқ шудааст

Низомномаи идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Низомномаи мазкур мутобики Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" аз 13 ноябри соли 1998 таҳия шудааст.

2. Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Идораи кулли бойгонӣ) мақоми ҷумҳуриявии идоракунии давлатӣ буда, дар фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.

Идораи кулли бойгонӣ идораи соҳавӣ ва байнисоҳавии кори бойгониро анҷом медиҳад, ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар бойгониҳои давлатӣ ва идоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз мебошанд, дар ихтиёр дошта, назорат ва таъмини меъёрию методии пешбурди коргузорӣ ва кори бойгониро дар мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон ҷорӣ намуда, барои ҳолат, инкишоф ва такмили минбаъдаи кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.

3. Вазифаҳои асосии Идораи кулли бойгонӣ аз инҳо иборатанд:

- таъмини нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бойгониҳои давлатию идоравӣ ва дигар махзанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз мебошанд;

- ташкили кори такмилдиҳии бойгониҳои давлатии ҷумҳурӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои дар онҳо маҳфуз буда;

- роҳбарии ташкилию методӣ ва назорат ба фаъолияти бойгониҳои идоравӣ ва байниидоравӣ, ташкили ҳуҷҷатҳо дар коргузории вазорату идораҳо, муассисаю ташкилот ва корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон:

- идораи давлатӣ дар соҳаи муҳофизат ва истифодаи ёдгориҳои ҳуҷҷатии таърих ва фарҳанг:

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 28.12.2006г.№616

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 10 мая 2000 года № 219

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 10 мая 2000 года № 219

ПОЛОЖЕНИЕ О ГЛАВНОМ АРХИВНОМ УПРАВЛЕНИИ ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

1. Настоящее Положение разработано в соответствии с Законом Республики Таджикистан от 13 ноября 1998 года "О Национальном архивном фонде и архивных учреждениях".

2. Главное архивное управление при Правительстве Республики Таджикистан (далее Главное архивное управление) является республиканским органом государственного управления и в своей деятельности подчиняется Правительству Республики Таджикистан.

Главное архивное управление осуществляет отраслевое и межотраслевое управление архивным делом, ведает документами Национального архивного фонда Республики Таджикистан, хранящимися в государственных и ведомственных архивах Республики Таджикистан, осуществляет контроль и нормативно-методическое обеспечение ведения делопроизводства и архивного дела в государственных органах, организациях, учреждениях и на предприятиях, независимо от форм собственности и подчиненности и несет ответственность за состояние, дальнейшее развитие и совершенствование архивного дела в Республике Таджикистан.

3. Основными задачами Главного архивного управления являются:

- обеспечение сохранности документов Национального архивного фонда Республики Таджикистан, хранящиеся в государственных и ведомственных архивах и других хранилищах Республики Таджикистан;

- организация комплектования государственных архивов республики и использования хранящихся в них документов;

- организационно-методическое руководство и контроль за деятельностью ведомственных и межведомственных архивов и организацией документов в делопроизводстве министерств, ведомств, учреждений, организаций и предприятий, независимо от форм собственности и подчиненности;

- государственное управление в области охраны и использования документальных памятников истории и культуры;

...