ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2001, №7, мод. 505; соли 2003, №12, мод. 683) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Кодекс калимаҳои "мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 9, қисми дуюми моддаи 14, қисми дуюми моддаи 56, номи Боби 12, ном ва қисмҳои сеюм ва чоруми моддаи 113, ном ва қисмҳои якум, дуюм, чорум, панҷум ва шашуми моддаи 117, қисмн чоруми моддаи 126 ва қисмҳои якум ва дуюми моддаи 149 калимаҳои "маълумот" ва "маълумоти" мутобиқан ба калимаҳои "таҳсилот" ва "таҳсилоти" иваз карда шаванд.
3. Дар қисми дуюми моддаи 16 калимаи "муомилаи" ба калимаи "муносибати" иваз карда шавад.
4. Аз қисми дуюми моддаи 18, қисмҳои сеюм ва чоруми моддаи 19, қисми дуюми моддаи 20 калимаи "ҳабс" хориҷ карда шавад.
5. Аз қисми сеюм моддаи 21 калимаҳои "ҳабс ё" хориҷ карда шаванд.
6. Дар моддаи 23:
қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст, иҷро карда мешавад. Талаботи ҳукм оид ба маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дппломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлати ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон аз ҷониби шахси мансабдор ё мақоме, ки ин рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтнхории Тоҷикистонро додааст, иҷро карда мешавад.";
дар қисми чорум баъд аз калимаҳои "ҷазо дар намуди" калимаҳои "корҳои ҳатмӣ ва " илова карда шаванд;
аз қисми панҷум калимаи "ҳабс" хориҷ карда шавад;
аз қисми шашум калимаи "ҳабс" ва калимаҳои "ҷазои ҳабс аз ҷониби фармондеҳи гарнизонҳо дар гауптвахтҳо барои хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда;" хориҷ карда шаванд.
7. Дар моддаи 24:
...