Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 июни соли 2004 № 1343
тасдиқ шудааст
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 июни соли 2004 № 1343
тасдиқ шудааст
КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ
Кодекси одоби хизматчии давлатӣ (минбаъд Кодекс) - ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори хизматчии давлатӣ мебошад, ки хислати ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори ғайрихизматии онҳоро таҷассум намуда, аз арзишҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият ба хизмати давлатӣ бармеояд.
Кодекс дар асоси масъулияти махсуси хизматчии давлатӣ дар назди ҷомеа ва расидан ба мақсадҳое, ки аз муайян гардидани моҳияти хизмати давлатӣ ва баланд бардоштани обрӯи он дар ҷомеа бармеояд, нигаронида шудааст.
I. ҚОИДАҲОИ АСОСӢ
1. Хизматчии давлатӣ бояд дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ", дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, инчунин меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ахлоқи ва қоидаҳои одоби кориро ба роҳбарӣ гирад.
2. Хизматчии давлатӣ бояд ба татбиқи ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзиши олӣ эътироф намудааст, мусоидат намояд.
3. Хизматчии давлатӣ таҷассуми обрую эътибори мақомоти давлатӣ буда, вобаста ба ин бояд ба амали намудани меъёрҳои хизматӣ бенуқсон ва рафтор саъйю кӯшиш намуда, ростқавлона ва беғаразона ҳангоми адои ӯҳдадориҳои хизматӣ ва ҳангоми берун аз хизмат онҳоро риоя намояд.
4. Хизматчии давлатӣ бояд эътибори хизмати давлатиро пос дошта, аз ҳамаи ҳолатҳое, ки метавонад шаъну эътибори мақомоти давлатиро паст зананд, канораҷӯи намояд. Ҳақ надорад ба обрӯи касби худ ба хотири манфиатҳои шахсӣ ё манфиатҳои шахсони дигар иснод орад.
5. Хизматчии давлатӣ ҳолатҳои вобаста ба иҷрои вазифа ба тариқи оммави айбдор донистани ӯро дар риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, суиистифода аз мақоми хизматӣ, ғаразнокӣ ё манфиатдории дигари шахсӣ набояд беэътино гузорад.
...