Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 2002, № 367 "Дар бораи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2002 № 855 "Дар бораи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2002 № 855 "Дар бораи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2002 № 855 "Дар бораи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Комиссия оид ба ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати мутобиқи замима таъсис дода шавад.

2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- мутобиқи тартиби муқарраршуда Раёсати корҳои ислоҳӣ, муассисаҳои ислоҳӣ бо воҳидҳои сохтории истеҳсолӣ, ҳабсхонаҳои тафтишотӣ, раёсатҳои сохтмону васлгарӣ, муассисаҳои нақлиётӣ ва дигар муассисаю ташкилотҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, аз ҷумла қитъаҳои замини ба онҳо вобастакардашуда ва дар истифодаи онҳо қарордошта, заминҳои кишоварзӣ, биноҳо, иморатҳо, иншоот, аслиҳа, воситаҳои махсус ва дигар амволро ба ихтиёри Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорад;

- ба кадри супоридани муассисаҳо ва объектҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ супоридани марҳала ба марҳалаи вазифаҳои оид ба ҳифзи муассисаҳои ислоҳӣ, посбонӣ карда бурдан ва аз як ҷо ба ҷои дигар бурдани маҳбусон ва маҳкумшудагонро (қисми ҳарбии № 6593 ва баталони чоруми қисми ҳарбии № 3501) ба ихтиёри Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.

3. Комиссия оид ба ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- назорати қатъии аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани муассисаҳо ва объектҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро таъмин намояд;

- оид ба ҳалли масъалаҳои ташкилӣ, молиявӣ ва моддию техникии марбут ба ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ пешниҳодҳо таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намояд;

- то 15 октябри соли 2002 лоиҳаҳои қонунҳои дахлдор ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро, ки аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2002 № 855 ва ҳамин қарор бармеоянд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

4. Муқаррар карда шавад, ки муассиса ва мақомоти системаи ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворисони ҳуқуқии муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

5. Ба воҳидҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки оинномаҳо (низомномаҳо) ва мӯҳрҳо, штампҳо, бланкҳоеро, ки барои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор доштанд, то замоне ба роҳбарӣ гиранд ва истифода намоянд, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраркардашуда онҳоро пурра иваз намояд.

6. То ба охир расидани кори комиссия, хусусигардонии моликияти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, аз баланс ба баланс гузаронидани аслиҳа, фондҳои асосӣ ва арзишҳои молию моддӣ, зиёд ва ихтисор кардани шумораи кормандон ва инчунин ба дигар сохторҳо гузаронидани онҳо манъ карда шавад.

...

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О реализации Указа Президента Республики Таджикистан от 26 июля 2002 года № 855 "О реформировании уголовно-исполнительной системы Республики таджикистан"

Во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 26 июля 2002 года № 855 "О реформировании уголовно-исполнительной системы Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Образовать Комиссию по реформированию системы исполнения уголовного наказания Республики Таджикистан в составе согласно приложению.

2. Министерству внутренних дел Республики Таджикистан:

- передать в установленном порядке Управление исправительных дел, исправительные учреждения с их структурными производственными единицами, следственными изоляторами, строительно-монтажных управления, транспортные учреждения и другие, учреждения и организации системы исполнения уголовного наказания, включая закрепленные за ними и используемые ими земельные участки, сельскохозяйственные угодья, здания, помещения, сооружения, вооружение, специальные средства и другое имущество, в ведение Министерства юстиции Республики Таджикистан;

- по мере передачи учреждений и объектов системы исполнения уголовного наказания обеспечить поэтапную передачу функции по охране исполнительных учреждений, конвоированию и этапированию осужденных и лиц, заключенных под стражу (войсковую часть № 6593 и четвертый батальон войсковой части № 3501) Министерству юстиции Республики Таджикистан.

3. Комиссии по реформированию системы исполнения уголовного наказания Республики Таджикистан:

- обеспечить строгий контроль за передачей Министерством внутренних дел Республики Таджикистан учреждений и объектов системы исполнения уголовного наказания Министерству юстиции Республики Таджикистан;

- разработать и представить в Правительство Республики Таджикистан предложения по решению организационных, финансовых и материально-технических вопросов, связанных с реформированием системы исполнения уголовного наказания;

- до 15 октября 2002 года представить в Правительство Республики Таджикистан проекты соответствующих законов и иных нормативно-правовых актов, вытекающих из Указа Президента Республики Таджикистан от 26 июля 2002 года № 855 и настоящего постановления.

4. Установить, что учреждения и органы системы исполнения уголовного наказания Министерства юстиции Республики Таджикистан являются правопреемниками учреждений и органов системы исполнения уголовного наказания Министерства внутренних дел Республики Таджикистан.

5. Разрешить подразделениям системы исполнения уголовного наказания Министерства юстиции Республики Таджикистан руководствоваться уставами (положениями) и пользоваться печатями, штампами, бланками, действовавшими для системы исполнения уголовного наказания Министерства внутренних дел Республики Таджикистан, до их полной замены в установленном порядке Министерством юстиции Республики Таджикистан.

6. До завершения работы комиссии запретить приватизацию собственности системы исполнения уголовного наказания, передачу с баланса на баланс вооружения, основных фондов и товарно-материальных ценностей, осуществление расширения и сокращения штатной численности работников, а также их передачу в другие структуры.

...