ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ДОХИЛ КАРДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 1996 "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 24, моддаи 408; соли 1998, № 10, моддаи 76; соли 1999, № 6, моддаи 166; соли 2000, № 11, моддаи 521; соли 2001, № 7, моддаи 481) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаи "лицензия" ба калимаи "иҷозатнома (литсензия)" иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 1:
сархатҳои 4 ва 9 ба тариқи зайл баён карда шаванд:
"-иҷозатнома (литсензия) - ҳуҷҷати расмии мақоми ваколатдор, ки барои истеҳсол ва (ё) пахши барномаҳои телевизион ва радио ҳуқуқ медиҳад;
-ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ - шахси ҳуқуқиест, ки барои истеҳсол ва (ё) пахши барномаҳои телевизиону радио ва асарҳои аудиовизуали иҷозатнома дорад;".
ба модда сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"-маҳсулоти аудиовизуали - силсилаи кадрҳои ба ҳам алоқаманде (видеотасвирҳои овоздор ё беовоз), ки барои дидану шунидан бо ёрии воситаҳои мувофиқи техники таҳия гардидаанд (аудивидеофилмҳо, кинофилмҳо, намоишномаҳо, реклама, барномаҳои консерти ва қайра)".
3. Дар моддаи 2 калимаи "прокати" ба калимаҳои "кирои (прокати)" иваз карда шавад.
4. Қисми якуми моддаи 4 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавони ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма", Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад".
5. Калимаи "байналхалқи" дар тамоми матни Қонун ба калимаи "байналмилали" иваз карда шавад.
6. Дар қисми якуми моддаи 6 калимаҳои "цензура чун воситаи назорат ба мазмуни идеологии барномаҳои телевизион ва радио манъ аст" ба калимаҳои "сензураи давлати ва таъқиб барои танқид манъ аст" иваз карда шаванд.
...