ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо
(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 268)
(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 268)
Қонуни мазкур ҳуқуқи фаъолияти осорхонаҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ва муқаррар намуда, ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро оид ба баҳрабардорӣ аз нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои ба таркиби Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида таъмин ва ҳифз менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мегарданд:
осорхона - муассисаи ғайритиҷоратиест, ки бо мақсади дарёфт, нигоҳдорӣ, мукаммалсозӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирӣ, коллексиясозӣ, тадқиқот ва тарғиботи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода мешавад;
сарватҳои фарҳангӣ - нигораҳое, ки таърих ва фарҳанги миллӣ ва умумибашариро инъикос карда, дар осорхонаҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва коллексияҳои шахсӣ ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ карда мешаванд;
нигораҳои осорхонаҳо - сарватҳои фарҳангие, ки сифат, таърих ва нишонаҳои махсус дошта, харидорӣ, ҳифз, омӯзиш ва ба омма пешниҳод намудани онҳо барои ҷамъият зарур мебошад;
коллексияи осорхонаҳо - маҷмӯи сарватҳои фарҳангие, ки хусусияти нигораи осорхонаро соҳиб гардида, аз рӯи хусусият, хронология ва дигар нишонаҳояшон дар Фонди осорхона гурӯҳбандӣ мешаванд;
фонди осорхонаҳо - маҷмӯи нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳое, ки доимӣ дар ҳудуди Тоҷикистон қарор доранд;
феҳристи давлатии сарватҳои фарҳангӣ - ҳуҷҷати баҳисобгирие, ки маълумоти асосиро оид ба ҳар як нигораи осорхона ва ҳар як коллексияи осорхонае, ки ба таркиби Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст, дар бар мегирад;
...