Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 июни соли 2000 № 259
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 июни соли 2000 № 259
тасдиқ шудааст
Тартиби гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ
1. Аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудитори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд аттестатсия) бо мақсади таъмини иҷрои самараноки вазифаҳои худ аз ҷониби аудиторҳо гузаронида мешавад.
Аз аттестатсия ҳама шахсони воқеи (минбаъд довталабон), ки хоҳиши бо фаъолияти аудитори машғул шудан доранд, мегузаранд.
2. Ба аттестатсия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маълумоти оли, собиқаи панҷсолаи кории амалии муҳосиб, ревизор, иқтисодчи, мутахассиси молия, андоз ва ҳуқуқшинос дорапд, роҳ дода мешаванд.
3. Ташкили гузаронидани аттестатсия оид ба аудити умумии корхонаҳо, иттиҳодияҳои онҳо, ташкилоту муассисот, биржаҳои молию фонди, идораҳои суғурта, фондҳои инвеститсиони, нафақа, ҷамъияти ва ғайра, инчунин шаҳрвандоне, ки мустақилона ба фаъолияти соҳибкори машғуланд, ба зиммаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба аудити бонкҳою муассисаои кредити Бонки миллии Тоҷикистон вогузошта мешавад.
4. Аттестатсия дар заминаи курсҳои таълимию методии таҳсил ва азнавтайёркунии аудиторҳо, ки онҳоро Комиссияи тахассусии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон муайян мекунад, гузаронада мешавад.
5. Барои гузаронидани аттестатсия Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон Комиссияҳои тахассуси созмон медиҳанд.
6. Ба ҳайати Комиссияҳо кормандони Идораи иқтисоди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти марказии иқтисодӣ, бонкҳо, мақомоти андоз, намояндагони илмҳои иқтисод, намояндаи палатаи аудиторӣ, омӯзгорони мактабҳои олӣ, ташкилотҳои суғурта, аудиторҳо ва дигар субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ шомил мешаванд.
...