ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонки" аз 23 майи соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №10, моддаи 143) тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шавад:
1. Дар моддаи 1:
дар қисми якум калимаи "ташкилотест" ба ибораи "ташкилоти тиҷоратиест" иваз карда шавад.
2. Номи моддаи 3 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Амонат (депозит)".
3. Дар матни Қонун калимаи "депозит" ба калимаи "амонат" иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 6:
Номи модда дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Ассосиатсия (иттифоқ)-и бонкҳо".
Дар матни модда ибораи "иттиҳодияҳо ва ширкатҳо" ба ибораи "Ассосиатсия (иттифоқ)" иваз карда шавад.
Аз қисми 1 ибораи "байниминтақави ва" хориҷ карда шавад.
Дар қисми 2-юм ибораҳои "барои ташкилотҳои ғайритиҷорат" хориҷ карда шавад.
Ба модда қисми 4-уми дорои мазмуни зайл илова карда шавад: "Ассосиатсия (иттифоқ)-и бонкҳоро бо мақсади маҳдуд намудани рақобат дар низоми бонки, сӯиистеъмол кардани маблағи мукофот, шартҳои додани қарз ва хизматҳои дигари бонкҳо истифода кардан мумкин нест".
...