Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" июни соли 2011, № 278
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" июни соли 2011, № 278
тасдиқ шудааст
Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015
Муқаррароти умумӣ
Асоси қонунӣ ва меъёрию ҳуқуқии таҳияи Барнома Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш", Консепсияи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 5 Нақшаи чорабиниҳои оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар аз 20 декабри соли 2010 баён гардиданд, мебошад.
Ҳамоҳангсози дар амал татбиқ намудани Барномаи мазкур Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар асоси Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барномаҳои минтақавии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тартиб дода мешавад. Назорати иҷрои он ба зиммаи сохторҳои Кумита дар маҳалҳо гузошта мешавад.
Ҳуҷҷатҳои ҳисоботии ба амал татбиқ намудани Барнома, ҳисоботи оморӣ ва таҳлили онҳо, ки дар мӯҳлати муайяншуда аз тарафи сохторҳои маҳаллии Кумита пешниҳод карда мешавад, ба ҳисоб меравад.
Зарурати қабули Барнома
Варзиш дар ҳаёти инсон омили таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории на танҳо варзишгарон, балки халқу давлатҳо маҳсуб меёбад.
Илова бар ин, варзиш барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳо хизмат мекунад.
Ҳаракатҳои оммавии варзишии ҷаҳонӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ ва мусобиқаҳои умумиҷаҳонӣ борҳо собит намудаанд, ки варзиш дорои қудрати бузурги созанда дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Имрӯз яке аз ҳадафҳои асосии варзиш ҳамчун қосиди сулҳ дар ҷаҳон маҳз ҳамин аст.
...