Низомномаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011 №229

Санаи амалкуни: 05.09.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.06.2014 № 390 аз эътибор соқит дониста шуд.  

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2011 № 229

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2011 № 229

тасдиқ шудааст

Низомномаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.09.2012№ 480)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.09.2012№ 480)

1. Муқаррароти умумӣ

1) Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Хадамот) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ буда, иҷозатномадиҳӣ, танзим, назорат, санҷиш ва хизматрасониҳои давлатиро дар соҳаи мазкур амалӣ менамояд.

2) Асоси ҳуқуқии фаъолияти Хадамотро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва ҳамин Низомнома ташкил медиҳанд.

3) Хадамот фаъолияти худро бевосита ва (ё) тавассути сохторҳои тобеъ ва намояндагиҳои худ дар хориҷа, инчунин дигар ташкилотҳое, ки ба системаи Хадамот шомиланд, амалӣ менамояд.

4) Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

...

Утратил силу в редакции постановления Правительства РТ
                       от 04.06.2014г.,
№ 390

Приложение 1

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 апреля 2011 года № 229

Приложение 1

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 апреля 2011 года № 229

Положение о Миграционной службе при Правительстве Республики Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 05.09.2012г. №480)

(в редакции постановления Правительства РТ от 05.09.2012г. №480)

1. Общие положения

1) Миграционная служба при Правительстве Республики Таджикистан (далее - Служба) является центральным органом исполнительной власти в сфере трудовой миграции, осуществляющим лицензирование, регулирование, контроль, проверки и оказание государственных услуг в вышеуказанной сфере.

2) Правовой основой деятельности Службы являются Конституция Республики Таджикистан, конституционные законы, законы, указы и распоряжения Президента Республики Таджикистан, постановления и распоряжения Правительства Республики Таджикистан, другие нормативные правовые акты Республики Таджикистан, международные правовые акты, признанные Таджикистаном и настоящее Положение.

3) Служба осуществляет свою деятельность непосредственно и (или) через свои подведомственные органы и представительства за рубежом, а также иные входящие в ее систему организации.

4) Служба осуществляет свою деятельность во взаимодействии с министерствами, ведомствами, исполнительными органами государственной власти, органами местного самоуправления, международными, общественными и иными организациями.

...