ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №12, қ. 2, мод. 704; с.2006, №3, мод. 159; с.2007, №7, мод. 681; с.2008, №6, мод. 459; №10, мод. 818), тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар банди 5 моддаи 467 ва қисми 1 моддаи 479 калимаҳои "оперативию ҷустуҷӯӣ" ба калимаҳои "оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 1 моддаи 507:
- дар банди якум калимаҳои "тадбири оперативию ҷустуҷӯие" ва "анҷомдиҳандаи амалиёти оперативию ҷустуҷӯии" мувофиқан ба калимаҳои "чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯие" ва "амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии" иваз карда шаванд;
- дар банди сеюм калимаҳои "анҷомдиҳандаи амалиёти оперативию ҷустуҷӯӣ" ба калимаҳои "амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
25 марти соли 2011 № 693
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 23 феврали соли 2011, № 364
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш.Душанбе, 11 марти соли 2011 № 133