ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МИЛИТСИЯ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи милитсия" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 352; с. 2006, №3, мод. 148; с. 2007, №7, мод. 663; с. 2008, №6, мод. 450; с. 2009, №12, мод. 820) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар банди 2) қисми якуми моддаи 10 калимаи "амалиёти" ба калимаи "чорабиниҳои" иваз карда шавад.
2. Дар банди 15) қисми якуми моддаи 11 калимаҳои "чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ андешад" ба калимаҳои "чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронад" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 12 калимаи "фаврии" ба калимаи "оперативии" иваз карда шавад.
4. Дар қисми якуми моддаи 28 калимаҳои "хадамоти фаврии" ба калимаҳои "воҳидҳои оперативии" иваз карда шаванд.
5. Дар қисми дуюми моддаи 35 калимаи "гузаронидани" ба калимаҳои "амалӣ гардонидани" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе 25 марти соли 2011 № 689
ш.Душанбе 25 марти соли 2011 № 689
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
...