Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 № 683 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №9, мод. 112; мод. 113; с. 1998, №23-24, мод. 340; с. 1999, №5, мод. 69; с. 2002, №4, қисми 1, мод. 185; с. 2004, №5, мод. 337; с. 2006, №3, мод. 152; №4, мод. 195; с. 2009, №5, мод. 320; с. 2010, №7, мод. 545; мод. 549), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 6 қисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Меъёрҳои Кодекси мазкур нисбат ба корҳои хонагии кормандоне (хонакороне), ки дар назди шахсони алоҳидаи воқеӣ кор мекунанд, низ татбиқ мегарданд. Намудҳои корҳои хонагии кормандоне (хонакороне), ки дар назди шахсони алоҳидаи воқеӣ кор мекунанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.".

2. Ба қисми чоруми моддаи 32 ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ба кор қабул намудани кормандоне (хонакороне), ки дар назди шахсони алоҳидаи воқеӣ кор мекунанд, тавассути бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки намунааш аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад, ба расмият дароварда мешавад.".

3. Дар банди 3) моддаи 53 калимаи "ҳукмнома" ва дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 55 калимаҳои "ҳукмномаи суд" ба калимаҳои "ҳукми суд" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 56:

- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 56. Ҳуҷҷатҳое, ки собиқаи кории кормандро тасдиқ менамоянд";

- қисми якуми модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Дафтарчаи меҳнатии намунааш муқарраргардида ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи кории корманд ҳуҷҷатҳои асосии фаъолияти меҳнатӣ буда, собиқаи меҳнатии кормандро тасдиқ менамоянд. Намуна ва тартиби ҷорӣ кардани дафтарчаи меҳнатӣ, инчунин номгӯи дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки собиқаи кории кормандро тасдиқ мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.";

- ба қисми дуюм ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ба кормандоне (хонакороне), ки дар назди шахсони алоҳидаи воқеӣ кор мекунанд, дафтарчаи меҳнатӣ кушода намешавад.".

5. Зербанди 7) банди якуми қисми сеюми моддаи 94 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"7) дар дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, шартномаи (созишномаи) коллективӣ ё шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ;".

6. Дар қисми якуми моддаи 104(2) баъди калимаи "бошанд" калимаҳои "Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва" илова карда шуда, калимаи "мекунад" ба калимаи "мекунанд" иваз карда шавад.

7. Дар қисми дуюми моддаи 124 калимаи "содири" ба калимаҳои "ошкор шудани" иваз карда шавад.

8. Моддаи 162 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 162. Маҳдудияти ҷалб кардани занон ва ашхоси дорои вазифаҳои оилавӣ ба корҳои шабона, изофакориҳо, кор дар рӯзҳои истироҳату ид ва фиристодан ба сафари хизматӣ

Ба корҳои шабона, изофакориҳо ва ба кор дар рӯзҳои истироҳату ид ҷалб кардан, ба сафари хизматӣ фиристодани занони ҳомила иҷозат дода намешавад.

Занони кӯдакдор ва ашхосе, ки бинобар вазифаҳои оилавӣ нигоҳубини кӯдакро ба ӯҳда доранд, бо розигии онҳо ба изофакориҳо ҷалб карда ё ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

25 марти соли 2011 № 683

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНГИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 12 январи соли 2011, № 281

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                  М.Убайдуллоев

ш.Душанбе, 11 марти соли 2011 № 123