Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 № 135 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 590"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 590

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 590 "Дар бораи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2) Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 115 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 95 воҳид муқаррар карда шуда, аз он 92 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 3 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махусуси Кумита маблағгузорӣ карда шаванд".

2) Ба Низомномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 590 "Дар бораи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар тамоми матн калимаҳои "инвеститсионӣ", "инвеститсионии", "инвеститсия", "инвеститсияҳо", "инвесторҳо", "инвесторҳои" мувофиқан калимаҳои "сармоягузорӣ", "сармоягузории", ’"сармоя", "сармояҳо", "сармоягузорон", "сармоягузорони" иваз карда шаванд;

- дар банди 1 фасли 1 баъд аз калимаҳои "дар соҳаи инвеститсионӣ" калимаҳои "тадбирҳои мақсаднок оид ба ҷалб, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кӯмаки беруна" илова карда шаванд;

- сархати шашуми банди 4 фасли II дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- ҳамоҳангсозии умумии ҷараёни ҷалб, истифода ва мониторинги кӯмаки беруна, инчунин татбиқи нақшаю чорабиниҳое, ки дар барномаҳо ва стратегияҳо оид ба ҷараёни ҷалб, истифода ва мониторинги кӯмаки беруна пешбинигардида;";

- сархати ёздаҳуми банди 4 фасли II дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- роҳбарӣ ва ҳамоҳансозии фаъолияти раёсату шӯъбаҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ";

- аз сархати ҳаждаҳуми банди 4 фасли II калимаҳои "истиқрор ва" хориҷ карда шаванд;

- дар сархати бисту шашуми банди 4 фасли II пас аз калимаи "инвеститсияҳо" калимаҳои "ва ҳамаи намудҳои кӯмаки берунаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда" илова карда шаванд;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №590

(в редакции Постановление Правительства Республики Таджикистан от 13.09.2012г.№488)

(в редакции Постановление Правительства Республики Таджикистан от 13.09.2012г.№488)

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Изложить пункт 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №590 "О Государственном комитете по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан" в следующей редакции:

"2) Установить предельную численность работников Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом в количестве 115 единиц (без обслуживающего персонала), в том числе центрального аппарата в количестве 95 единиц, из них 92 единиц финансируются за счет средств республиканского бюджета и 3 единицыза счет специальных средств Комитета".

2) Внести в Положение о Государственном комитете по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан, утвержденном постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №590 "О Государственном комитете по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнения:

- текст пункта 1 раздела I после слов "в инвестиционной сфере" дополнить словами "меры по целенаправленному привлечению, координации и мониторингу внешней помощи";

- абзац шестой пункта 4 раздела II изложить в следующей редакции:

"- осуществляет общую координацию процесса привлечения, использования и мониторинга внешней помощи, а также обеспечения планов и мероприятий, предусмотренных в программах и стратегиях по процессу привлечения, использования и мониторинга внешней помощи;";

- абзац одиннадцатый пункта 4 раздела II изложить в следующей редакции:

"- руководство и координация деятельности управлений и отделов инвестиций и управления государственным имуществом местных исполнительных органов государственной власти областей, городов и районов республики;";

- из текста восемнадцатого абзаца пункта 4 раздела II исключить слова "становления и";

...