Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2011 № 1018

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Фармони Президенти ҶТ аз 19.07.2019 № 1287 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18 феврали соли 2011 № 1018

тасдиқ шудааст

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18 феврали соли 2011 № 1018

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1) Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Қоидаҳо) тартиб ва усули баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатии маъмурии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - хизматчиёни давлатӣ)-ро танзим менамояд.

2) Баҳодихди фаъолияти хизматчиёни давлатӣ (минбаъд - баҳодиҳии фаъолият) тартиби муайян кардани натиҷаҳои фаъолияти хизматчии давлатӣ бо роҳи гузаронидани сӯҳбат дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ, дараҷаи комёб шудан ба натиҷаҳри пешбинишудае, ки ба мақсаду вазифаҳои мақоми давлатӣ ва воҳиди сохтории он мувофиқат мекунад, мебошад.

3) Баҳодиҳии фаъолият нисбат ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи олӣ, инчунин нисбат ба хизматчиёни давлатӣ, ки ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ расидаанд, татбиқ карда намешавад.

4) Мақсади баҳодиҳии фаъолият ба воситаҳои зерин муайян карда мешавад:

- назорати мунтазами раванди иҷрои хизмати давлатӣ;

- ҷамъ намудани иттилоот дар бораи иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ;

- муайян намудани тарафҳои мусбӣ ва манфии фаъолияти хизматчии давлатӣ.

...

Утратил силу в редакции Указ Президента РТ от 19 июля 2019 года, №1287

Утверждены

Указом Президента

 Республики Таджикистан

от "18" февраля 2011 года № 1018

Утверждены

Указом Президента

 Республики Таджикистан

от "18" февраля 2011 года № 1018

Правила проведения оценки деятельности государственного служащего Республики Таджикистан

1. Общие положения

1) Правила проведения оценки деятельности государственного служащего Республики Таджикистан (далее - Правила) регулируют порядок и механизм проведения оценки деятельности административных государственных служащих государственной службы Республики Таджикистан (далее - государственные служащие).

2) Оценка деятельности государственных служащих (далее - оценка деятельности) является порядком определения результатов деятельности государственного служащего путём проведения, собеседования о показателях выполнения его должностных обязанностей, степени достижений предусмотренных показателей, соответствующих целям и задачам государственного органа и его структурного подразделения.

3) Оценка деятельности не применяется к политическим государственным служащим и административным государственным служащим высшей категории, а также к государственным служащим, достигшим предельного возраста пребывания на государственной службе.

4) Цели оценки деятельности определяются посредством:

- регулярного контроля процесса выполнения государственной службы;

- сбора информации о выполнении должностных обязанностей;

- определения положительных и отрицательных сторон деятельности государственного служащего.

...