Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 ва вазифаҳо барои соли 2011
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.10.2011 № 499, аз 3.12.2011 № 614)
Дар натиҷаи татбиқи тадбирҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012, Консепсия ва самтҳои асосии фаъолияти баъдибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010 ва дигар барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақавӣ ва соҳавии мамлакат бармеоянд, инчунин иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз таъсири оқибатҳои манфии бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, инчунин мушкилоти таъминот бо барқ дар давраи тирамоҳу зимистон ва офатҳои табиии бавуқӯъомада, дар маҷмӯъ рушди бонизоми иқтисоди миллӣ дар соли 2010 таъмин гардид.
Дар соли сипаригашта афзоииш воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба андозаи 106,5 фоиз, ё дар ҳаҷми 24,7 миллиард сомонӣ таъмин гардид. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба қар сари аҳолӣ ба 3230 сомонӣ баробар шуда, нисбат ба соли 2009 17,8 фоиз зиёд гардид.
Дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳиссаи истеҳсоли молҳо 41,6 фоиз, хизматрасониҳо 47,9 фоиз ва андозҳо 10,5 фоизро ташкил намуданд.
Рушди иқтисодиёт асосан аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (109,7 фоиз), кишоварзӣ (106,8 фоиз), гардиши савдои чакана (110,2 фоиз), хизматрасониҳои пулакӣ (113,1 фоиз) ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ (111,5 фоиз) таъмин гардидааст.
Бо дарназардошти таъсири омилҳои беруна, ки ба рушди бахши нақлиётии кишвар таъсири манфии худро расонидаанд, боркашонӣ ва мусофиркашонӣ тавассути роҳи оҳан дар муқоиса нисбат ба соли 2009 71,0 фоиз таъмин гашт. Бо вуҷуди ин, аз рӯи дигар намудҳои нақлиёт, боркашонӣ нисбат басоли 2009 109,3 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳисоботи пешакӣ дар сатҳи 100,3 фоиз таъмин гардида, ба Буҷети давлатӣ 6,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 26,3 фоизро ташкил дода, аз он даромади ҷории буҷети давлатӣ мутаносибан 100,4 фоиз ва 4,9 миллиард сомониро ташкил намуда, нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 19,8 фоизро дар бар мегирад. Пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ дар ин давра 101,6 фоизро ташкил менамоянд.
Иҷрои буҷети ҷумҳуриявӣ дар ин давра дар сатҳи 95,3 фоиз таъмин гардидааст.
Ҳарчанд нақшаи андозҳо иҷро гардида бошад ҳам, аммо аз рӯи баъзе намудҳои андоз, бахусус андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳои беруна, боҷҳои гумрукӣ ва роялти барои об, нишондиҳандаҳои нақшавӣ иҷро нагардиданд. Дар ин давра бақияпулиҳои андозӣ нисбат ба аввали сол ба маблағи 72,0 млн. сомонӣ зиёд шудааст.
Хароҷоти Буҷеги давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ тибқи маълумоти фаврӣ ба андозаи 97 фоиз таъмин гардид, ки ин нисбат ба соли 2009 ба маблағи 826 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамчунин хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба андозаи 98,0 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми он 3,2 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 2009 900 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҷараёни мусбии рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ба рушди талаботи ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ мусоидат намуд. Афзоиши талаботи дохилӣ ва ҳамзамон фаъол гардиданисоҳаҳои иқтисодиёт, аз васеъ гаштани талаботи истеъмолӣ замина мегирад. Омили чунин раванд зиёд гардидани даромадҳои пулии аҳолӣ мебошад ва он бештар ба афзоиши интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста аст.
Дар соли сипаришуда сатҳи таваррум 9,8 фоизро ташкил намуд. Суръати баланди сатҳи таваррум дар натиҷаи баландшавии нархи маводи озуқаворӣ сурат гирифтааст, чунки он дар давоми соли 2010 13,4 фоиз афзун гардид.
Бо вуҷуди пешравиҳои бадастомада дар соли 2010 дар фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ чун ҳарвақта камбудиҳо ба назар мерасанд, ки иҷрои саривақтӣ ва самараноки барномаҳои кӯтоҳмӯҳлат ва дарозмӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳуриро мушкил мегардонанд.
Дар самти татбиқи босуръати ислоҳоти иқтисодӣ ҳанӯз монеаҳои сунъии маъмурӣ дида мешаванд. Имконияти субъектҳои хоҷагидор барои модернизатсияи истеҳсолот, бо мақсади афзоиши нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, тавлидоти маҳсулоти босифати рақобатпазир ва дар ин асос баланд бардоштани даромаднокии корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо ба таври пурра истифода намешаванд. Истифодаи ғайримақсадноку ғайрисамараноки захираҳои обу замин, риоя накардани қоидаҳои агротехникаи парвариш боиси паст шудани ҳосилнокии баъзе намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ гардид.
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади бартараф намудани норасогию камбудиҳои ҷойдошта, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ, суръатбахшии ҷараёни татбиқи ислоҳоти иқтисодию сохторӣ, таъмини рушди устувор ва мӯътадили соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2011 Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17-18 январи соли 2011 дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2010 ва вазифаҳо барои соли 2011 баён гардидаанд, тасдиқ карда шавад.
2) Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 642 тасдиқ шудааст, чораҳои муассир андешида, оид ба рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ то санаи 5 моҳи ҳисоботӣ ахбори муфассалро ҷиҳати ҷамъбаст ва пешниҳоди минбаъдаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд;
- ҷиҳати татбиқи саривақтию самараноки тадбирҳои стратегӣ, гузаронидани мониторинг ва арзёбии мунтазами Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи Ҷумҳурци Тоҷикистон барои солҳои 2011-2012 тибқи матритсаи амалиёт чораҳои зарурӣ андешида, ҳар семоҳа дар давоми солҳои 2011-2012 ҳисоботи таҳлилиро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд.
3) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади суръатбахшии рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ, инчунин таъмини иҷрои саривақтии барномаҳои амалкунандаи рушди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то 1 июли соли 2011 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши таҳлилии муфассалро пешниҳод намояд.
4) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо мақсади рушди устувори иқтисодиёти кишвар, ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои мусбии истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иҷрои пурраву саривақтӣ ва сифатноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистона барои соли 2011" маблағгузории соҳаҳои иқтисодиёти кишварро дар доираи воридоти воқеии даромади буҷет амалӣ намояд;
- оид ба ҳарчи содда намудани низоми андозбандӣ барои муҳайё намудани шароити макроиқтисодӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андоз ва сохтору мақомоти дигар ҷиҳати дар соли 2012 дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод кардани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ намояд.
5) Ба Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратӣ тавсия дода шавад, ки оид ба ҷалби воситаҳои озоди пулӣ ва равона кардани онҳо ба бахши воқеии иқтисодиёт, таъмини пардохтпазирӣ дар низоми бонкӣ ва бо ин мақсад таъсису истифодаи бозори байнибонкии асъору захираҳои қарзӣ, ҷоннок намудани фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок ва беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои бонкӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ намоянд.
6) Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар давоми соли 2011 оид ба таъсиси корхонаҳои нав, ба кор андохтани корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои муассир андешад;
- бо вазорату идораҳои дахлдор, Ширкати "Барқи Тоҷик", мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳои сохтмону барқарорсозӣ дар нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли барқ, кам кардани талафоти қувваи барқ, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани шабакаҳо ва таҷҳизоти барқӣ, ҳарчи беҳтар таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодӣ бо барқ, хусусан дар фасли зимистон, инчунин воридоти таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ва истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ тадбирҳои амалӣ андешад.
7) Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини бозори дохилӣ ва берунӣ ва ба низом даровардани нархи бозор, паст кардани сатҳи таваррум ва таъмини талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми фасли сол дурнамои майдони кишт ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба ҳар намуди зироат барои кишти тирамоҳӣ, баҳорӣ, такрорӣ ва кишт дар гармхонаҳо тарҳрезӣ намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2011 пешниҳод манзур намояд;
- бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати рушди боғу токпарварӣ дар заминаи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009, № 683 "Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014" барои дар асоси қоидаҳои агротехникӣ ва технологияи пешқадам ба роҳ мондани бунёдӣ боғу токзорҳои хусусияти содиротӣ дошта, ҳамчунин бунёди боғҳои нав дар заминҳои камҳосил ва камоб, инчунин бекорхобидаю партов чораҳои зарурӣ андешад.
8) Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва барқарорсозии иншооти муҳофизатии соҳилҳо чораҳои зарурӣ андешад.
9) Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти нақлиёти роҳи оҳан, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳа, таҳкими робитаҳои нақлиётии мамлакат ва истифодаи роҳҳои оҳан ҳамчун хатҳои транзитии байнидавлатӣ тадбирҳои амалӣ андешад.
10) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти зарурати ба таври мақсаднок тайёр намудани кадрҳои миллӣ ва бо ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодиёти кишвар ҳамоҳанг намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, тартиби ба муассисаҳои таълимии соҳавӣ додани иҷозатномаро бо дарназардошти мавҷудияти заминаи кофии моддию техникӣ ва таъминнокӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ба роҳ монда, ҷиҳати ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани мазмуну мундариҷаи маводи таълимӣ ва сифати таълим, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони муассисаҳои таълимӣ чораҳои қатъӣ андешад.
11) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ "Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020"-ро дар нимсолаи аввали соли 2011 таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
12) Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои ҷудогардида ва маблағҳои озод, инчунин ҷалби имкониятҳои соҳибкорон дар самти таъмиру барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ ва дигар иншооти фарҳангӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва ҷаҳонбинии фарҳангии мардум, бахусус наврасону ҷавонон, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ дар байни ҳамаи табақаҳои аҳолӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
13) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардан ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, Барномаи кафолатҳои давлатиро оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2010-2011 давом дода, дар давомӣ соли 2011 онро дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷорӣ намояд.
14) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар соли 2011 лоиҳаи "Барномаи дастгирии давлатии соҳибкори барои солҳои 2012-2020"-ро таҳия карда, ба баррасии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд
15) Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии сохтмон ва меъморӣ ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо заминҳои маҳалҳои аҳолинишин (наздиҳавлигӣ)-ро, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо гардиданд, бо иштироки комиссияҳои ҷамъиятӣ шаффофу боадолатона тақсим намуда, онҳоро тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2010, № 603 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳо оид ба амалӣ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин" барои ба гурӯҳи заминҳои маҳаллии аҳолинишин гузаронидани онҳо зери назорати қатъӣ қарор дода, мунтазам ба Ҳукумати Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.
16) Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҷиҳати фарогирии пурраи аҳолии мамлакат, пеш аз ҳама шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
17) Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади ташаккул ва рушди сиёсати давлатии ҷавонон лоиҳаи "Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020"-ро дар нимсолаи аввали соли 2011 таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
18) Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика, инчунин институтҳои лоиҳакашӣ бо мақсади амалисозии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарфаҷӯии энергия" Қоидаҳои сарфаҷӯии энергияи барқу гармиро ҳангоми тарҳрезии нақшаи сохтмон ва навсозии биною иншоот таҳия намуда, минбаъд дар тасдиқу амалисозии нақшаҳои сохтмонӣ иҷрои қоидаҳои мазкурро назорат намояд.
19) Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеият, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз 1 январи соли 2011 пешбурди ҳисоботи омориро аз рӯи таснифоти намудҳои фаъолияти иқтисодии байналмилалӣ амалӣ карда, ҷамъоварии саривақтӣ ва сифатноки маълумоти омориро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.
20) Лоиҳаи ислоҳоти бахши давлатии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ натиҷаи таҳлилҳои функсионалии амудии ҳафт вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷамъбаст карда, ҷиҳати андешидани тадбирҳои минбаъда пешниҳодоти мушаххас манзур намояд.
21) Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидани раванди ислоҳоти хизмати давлатӣ Консепсияи рушди хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати дарёфти модели нави хизмати давлатӣ ва дурнамои рушди соҳа таҳия ва то охири соли 2011 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
22) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратура ва судҳо ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хавфноки муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм, одамкушӣ, қаллобӣ, гардиши ғайриқонуняи маводи мухаддир, коррупсия ва хариду фурӯши одамон фаъолияти худро пурзӯр намуда, ҷиҳати муқовимат бо ҳама гуна хатарҳои муосир дар ҳолати омодагии доимӣ қарор дошта, ба масъалаи таъмини волоияти қонун, риояи тартиботи ҳуқуқӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳи касбии ҳайати шахсии худ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
23) Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"-ро ба таври васеъ таъмин намуда, ҳамзамон бо ин, риояи ҳатмии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва расму маросимҳо"-ро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.
24) Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рафти иҷрои қарори мазкур ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 январи соли 2011 № 23
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 январи соли 2011 № 23
тасдиқ шудааст
Ниг.ба Замима
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 ва вазифаҳо барои соли 2011
Дар натиҷаи татбиқи тадбирҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012, Консепсия ва самтҳои асосии фаъолияти баъдибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010 ва дигар барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақавӣ ва соҳавии мамлакат бармеоянд, инчунин иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз таъсири оқибатҳои манфии бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, инчунин мушкилоти таъминот бо барқ дар давраи тирамоҳу зимистон ва офатҳои табиии бавуқӯъомада, дар маҷмӯъ рушди бонизоми иқтисоди миллӣ дар соли 2010 таъмин гардид.
Дар соли сипаригашта афзоииш воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба андозаи 106,5 фоиз, ё дар ҳаҷми 24,7 миллиард сомонӣ таъмин гардид. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба қар сари аҳолӣ ба 3230 сомонӣ баробар шуда, нисбат ба соли 2009 17,8 фоиз зиёд гардид.
Дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳиссаи истеҳсоли молҳо 41,6 фоиз, хизматрасониҳо 47,9 фоиз ва андозҳо 10,5 фоизро ташкил намуданд.
Рушди иқтисодиёт асосан аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (109,7 фоиз), кишоварзӣ (106,8 фоиз), гардиши савдои чакана (110,2 фоиз), хизматрасониҳои пулакӣ (113,1 фоиз) ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ (111,5 фоиз) таъмин гардидааст.
Бо дарназардошти таъсири омилҳои беруна, ки ба рушди бахши нақлиётии кишвар таъсири манфии худро расонидаанд, боркашонӣ ва мусофиркашонӣ тавассути роҳи оҳан дар муқоиса нисбат ба соли 2009 71,0 фоиз таъмин гашт. Бо вуҷуди ин, аз рӯи дигар намудҳои нақлиёт, боркашонӣ нисбат басоли 2009 109,3 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳисоботи пешакӣ дар сатҳи 100,3 фоиз таъмин гардида, ба Буҷети давлатӣ 6,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 26,3 фоизро ташкил дода, аз он даромади ҷории буҷети давлатӣ мутаносибан 100,4 фоиз ва 4,9 миллиард сомониро ташкил намуда, нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 19,8 фоизро дар бар мегирад. Пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ дар ин давра 101,6 фоизро ташкил менамоянд.
Иҷрои буҷети ҷумҳуриявӣ дар ин давра дар сатҳи 95,3 фоиз таъмин гардидааст.
Ҳарчанд нақшаи андозҳо иҷро гардида бошад ҳам, аммо аз рӯи баъзе намудҳои андоз, бахусус андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳои беруна, боҷҳои гумрукӣ ва роялти барои об, нишондиҳандаҳои нақшавӣ иҷро нагардиданд. Дар ин давра бақияпулиҳои андозӣ нисбат ба аввали сол ба маблағи 72,0 млн. сомонӣ зиёд шудааст.
Хароҷоти Буҷеги давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ тибқи маълумоти фаврӣ ба андозаи 97 фоиз таъмин гардид, ки ин нисбат ба соли 2009 ба маблағи 826 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамчунин хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба андозаи 98,0 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми он 3,2 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 2009 900 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҷараёни мусбии рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ба рушди талаботи ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ мусоидат намуд. Афзоиши талаботи дохилӣ ва ҳамзамон фаъол гардиданисоҳаҳои иқтисодиёт, аз васеъ гаштани талаботи истеъмолӣ замина мегирад. Омили чунин раванд зиёд гардидани даромадҳои пулии аҳолӣ мебошад ва он бештар ба афзоиши интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста аст.
Дар соли сипаришуда сатҳи таваррум 9,8 фоизро ташкил намуд. Суръати баланди сатҳи таваррум дар натиҷаи баландшавии нархи маводи озуқаворӣ сурат гирифтааст, чунки он дар давоми соли 2010 13,4 фоиз афзун гардид.
Бо вуҷуди пешравиҳои бадастомада дар соли 2010 дар фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ чун ҳарвақта камбудиҳо ба назар мерасанд, ки иҷрои саривақтӣ ва самараноки барномаҳои кӯтоҳмӯҳлат ва дарозмӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳуриро мушкил мегардонанд.
Дар самти татбиқи босуръати ислоҳоти иқтисодӣ ҳанӯз монеаҳои сунъии маъмурӣ дида мешаванд. Имконияти субъектҳои хоҷагидор барои модернизатсияи истеҳсолот, бо мақсади афзоиши нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, тавлидоти маҳсулоти босифати рақобатпазир ва дар ин асос баланд бардоштани даромаднокии корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо ба таври пурра истифода намешаванд. Истифодаи ғайримақсадноку ғайрисамараноки захираҳои обу замин, риоя накардани қоидаҳои агротехникаи парвариш боиси паст шудани ҳосилнокии баъзе намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ гардид.
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади бартараф намудани норасогию камбудиҳои ҷойдошта, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ, суръатбахшии ҷараёни татбиқи ислоҳоти иқтисодию сохторӣ, таъмини рушди устувор ва мӯътадили соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2011 Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17-18 январи соли 2011 дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2010 ва вазифаҳо барои соли 2011 баён гардидаанд, тасдиқ карда шавад.
2) Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, №642 тасдиқ шудааст, чораҳои муассир андешида, оид ба рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ то санаи_5 моҳи ҳисоботӣ ахбори муфассалро ҷиҳати ҷамъбаст ва пешниҳоди минбаъдаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд;
- ҷиҳати татбиқи саривақтию самараноки тадбирҳои стратегӣ, гузаронидани мониторинг ва арзёбии мунтазами Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи Ҷумҳурци Тоҷикистон барои солҳои 2011-2012 тибқи матритсаи амалиёт чораҳои зарурӣ андешида, ҳар семоҳа дар давоми солҳои 2011-2012 ҳисоботи таҳлилиро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд.
3) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади суръатбахшии рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ, инчунин таъмини иҷрои саривақтии барномаҳои амалкунандаи рушди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то 1 июли соли 2011 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши таҳлилии муфассалро пешниҳод намояд.
4) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо мақсади рушди устувори иқтисодиёти кишвар, ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои мусбии истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иҷрои пурраву саривақтӣ ва сифатноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистона барои соли 2011" маблағгузории соҳаҳои иқтисодиёти кишварро дар доираи воридоти воқеии даромади буҷет амалӣ намояд;
- оид ба ҳарчи содда намудани низоми андозбандӣ барои муҳайё намудани шароити макроиқтисодӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андоз ва сохтору мақомоти дигар ҷиҳати дар соли 2012 дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод кардани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ намояд.
5) Ба Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратӣ тавсия дода шавад, ки оид ба ҷалби воситаҳои озоди пулӣ ва равона кардани онҳо ба бахши воқеии иқтисодиёт, таъмини пардохтпазирӣ дар низоми бонкӣ ва бо ин мақсад таъсису истифодаи бозори байнибонкии асъору захираҳои қарзӣ, ҷоннок намудани фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок ва беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои бонкӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ намоянд.
6) Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар давоми соли 2011 оид ба таъсиси корхонаҳои нав, ба кор андохтани корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои муассир андешад;
- бо вазорату идораҳои дахлдор, Ширкати "Барқи Тоҷик", мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳои сохтмону барқарорсозӣ дар нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли барқ, кам кардани талафоти қувваи барқ, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани шабакаҳо ва таҷҳизоти барқӣ, ҳарчи беҳтар таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодӣ бо барқ, хусусан дар фасли зимистон, инчунин воридоти таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ва истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ тадбирҳои амалӣ андешад.
7) Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини бозори дохилӣ ва берунӣ ва ба низом даровардани нархи бозор, паст кардани сатҳи таваррум ва таъмини талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми фасли сол дурнамои майдони кишт ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба ҳар намуди зироат барои кишти тирамоҳӣ, баҳорӣ, такрорӣ ва кишт дар гармхонаҳо тарҳрезӣ намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2011 пешниҳод манзур намояд;
- бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати рушди боғу токпарварӣ дар заминаи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009, № 683 "Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014" барои дар асоси қоидаҳои агротехникӣ ва технологияи пешқадам ба роҳ мондани бунёдӣ боғу токзорҳои хусусияти содиротӣ дошта, ҳамчунин бунёди боғҳои нав дар заминҳои камҳосил ва камоб, инчунин бекорхобидаю партов чораҳои зарурӣ андешад.
8) Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва барқарорсозии иншооти муҳофизатии соҳилҳо чораҳои зарурӣ андешад.
9) Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти нақлиёти роҳи оҳан, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳа, таҳкими робитаҳои нақлиётии мамлакат ва истифодаи роҳҳои оҳан ҳамчун хатҳои транзитии байнидавлатӣ тадбирҳои амалӣ андешад.
10) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти зарурати ба таври мақсаднок тайёр намудани кадрҳои миллӣ ва бо ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодиёти кишвар ҳамоҳанг намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, тартиби ба муассисаҳои таълимии соҳавӣ додани иҷозатномаро бо дарназардошти мавҷудияти заминаи кофии моддию техникӣ ва таъминнокӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ба роҳ монда, ҷиҳати ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани мазмуну мундариҷаи маводи таълимӣ ва сифати таълим, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони муассисаҳои таълимӣ чораҳои қатъӣ андешад.
11) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ "Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020"-ро дар нимсолаи аввали соли 2011 таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
12) Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои ҷудогардида ва маблағҳои озод, инчунин ҷалби имкониятҳои соҳибкорон дар самти таъмиру барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ ва дигар иншооти фарҳангӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва ҷаҳонбинии фарҳангии мардум, бахусус наврасону ҷавонон, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ дар байни ҳамаи табақаҳои аҳолӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
13) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардан ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, Барномаи кафолатҳои давлатиро оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2010-2011 давом дода, дар давомӣ соли 2011 онро дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷорӣ намояд.
14) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли 2011 лоиҳаи "Барномаи дастгирии давлатии соҳибкори барои солҳои 2012-2020"-ро таҳия карда, ба баррасии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
15) Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии сохтмон ва меъморӣ ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо заминҳои маҳалҳои аҳолинишин (наздиҳавлигӣ)-ро, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо гардиданд, бо иштироки комиссияҳои ҷамъиятӣ шаффофу боадолатона тақсим намуда, онҳоро тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2010, №603 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳо оид ба амалӣ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин" барои ба гурӯҳи заминҳои маҳаллии аҳолинишин гузаронидани онҳо зери назорати қатъӣ қарор дода, мунтазам ба Ҳукумати Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.