Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2011 № 23 "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 ва вазифаҳо барои соли 2011"

Санаи амалкуни: 03.12.2011

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 ва вазифаҳо барои соли 2011

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.10.2011 № 499, аз 3.12.2011 № 614)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.10.2011 № 499, аз 3.12.2011 № 614)

Дар натиҷаи татбиқи тадбирҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012, Консепсия ва самтҳои асосии фаъолияти баъдибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010 ва дигар барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақавӣ ва соҳавии мамлакат бармеоянд, инчунин иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз таъсири оқибатҳои манфии бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, инчунин мушкилоти таъминот бо барқ дар давраи тирамоҳу зимистон ва офатҳои табиии бавуқӯъомада, дар маҷмӯъ рушди бонизоми иқтисоди миллӣ дар соли 2010 таъмин гардид.

Дар соли сипаригашта афзоииш воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба андозаи 106,5 фоиз, ё дар ҳаҷми 24,7 миллиард сомонӣ таъмин гардид. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба қар сари аҳолӣ ба 3230 сомонӣ баробар шуда, нисбат ба соли 2009 17,8 фоиз зиёд гардид.

Дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳиссаи истеҳсоли молҳо 41,6 фоиз, хизматрасониҳо 47,9 фоиз ва андозҳо 10,5 фоизро ташкил намуданд.

Рушди иқтисодиёт асосан аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (109,7 фоиз), кишоварзӣ (106,8 фоиз), гардиши савдои чакана (110,2 фоиз), хизматрасониҳои пулакӣ (113,1 фоиз) ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ (111,5 фоиз) таъмин гардидааст.

Бо дарназардошти таъсири омилҳои беруна, ки ба рушди бахши нақлиётии кишвар таъсири манфии худро расонидаанд, боркашонӣ ва мусофиркашонӣ тавассути роҳи оҳан дар муқоиса нисбат ба соли 2009 71,0 фоиз таъмин гашт. Бо вуҷуди ин, аз рӯи дигар намудҳои нақлиёт, боркашонӣ нисбат басоли 2009 109,3 фоиз таъмин гардид.

Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳисоботи пешакӣ дар сатҳи 100,3 фоиз таъмин гардида, ба Буҷети давлатӣ 6,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 26,3 фоизро ташкил дода, аз он даромади ҷории буҷети давлатӣ мутаносибан 100,4 фоиз ва 4,9 миллиард сомониро ташкил намуда, нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 19,8 фоизро дар бар мегирад. Пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ дар ин давра 101,6 фоизро ташкил менамоянд.

Иҷрои буҷети ҷумҳуриявӣ дар ин давра дар сатҳи 95,3 фоиз таъмин гардидааст.

Ҳарчанд нақшаи андозҳо иҷро гардида бошад ҳам, аммо аз рӯи баъзе намудҳои андоз, бахусус андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳои беруна, боҷҳои гумрукӣ ва роялти барои об, нишондиҳандаҳои нақшавӣ иҷро нагардиданд. Дар ин давра бақияпулиҳои андозӣ нисбат ба аввали сол ба маблағи 72,0 млн. сомонӣ зиёд шудааст.

Хароҷоти Буҷеги давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ тибқи маълумоти фаврӣ ба андозаи 97 фоиз таъмин гардид, ки ин нисбат ба соли 2009 ба маблағи 826 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамчунин хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба андозаи 98,0 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми он 3,2 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 2009 900 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об итогах социально-экономического развития Республики Таджикистан в 2010 году и задачах на 2011 год

(в редакции Постановления Правительства РТ от 07.10.2011г. №499, от 03.12.2011 г. №614)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 07.10.2011г. №499, от 03.12.2011 г. №614)

В результате реализации мер, вытекающих из Послания Президента Республики Таджикистан Маджлиси Оли Республики Таджикистан об основных направлениях внутренней и внешней политики Республики Таджикистан, Стратегии снижения бедности Республики Таджикистан на период 2010-2012 годов, Концепции и основных направлений посткризисной деятельности Правительства Республики Таджикистан в 2010 году и других региональных и отраслевых программ социально-экономического развития, а также выполнения постановлений и поручений Правительства Республики Таджикистан, несмотря на негативное влияние мирового финансово-экономического кризиса, а также трудностей в обеспечении электроэнергией в осенне-зимний период и произошедших стихийных бедствий, в целом в 2010 году было обеспечено системное развитие национальной экономики.

В прошедшем году реальный рост валового внутреннего продукта страны составил 106,5 процента или 24,7 миллиарда сомони. Валовой внутренний продукт на душу населения составил 3230 сомони и увеличился по сравнению с 2009 годом на 17,8 процента.

В структуре валового внутреннего продукта доля производства товаров составила 41,6 процента, услуг - 47,9 процента и налогов10,5 процента.

Экономический рост в основном достигнут за счет роста объемов промышленного производства (109,7 процента), сельского хозяйства (106,8 процента), розничного товарооборота (110,2 процента), платных услуг (113,1 процента) и инвестиции в основной капитал (111,5 процента).

С учетом влияния внешних факторов, отрицательно повлиявших на развитие транспортного сектора страны, грузоперевозки и перевозки пассажиров железнодорожным транспортом по сравнению с 2009 годом составили 71,0 процента. Вместе с тем, по другим видам транспорта грузовые перевозки в целом по сравнению с 2009 годом составили 109,3 процента.

Общий объем доходов в Государственный бюджет, по предварительным данным, выполнен на уровне 100,3 процента, в Государственный бюджет поступило 6,5 миллиарда сомони, что составляет 26,3 процента к валовому внутреннему продукту, из них текущие доходы Государственного бюджета составили соответственно 100,4 процента и 4,9 миллиарда сомони или 19,8 процента к ВВП. Налоговые и таможенные поступления за этот период составили 101,6 процента.

Исполнение республиканского бюджета за этот период обеспечено на уровне 95,3 процента.

Несмотря на то, что план по налогам выполнен, показатели по некоторым видам налогов, в частности, по налогу на добавленную стоимость, акцизам, таможенным пошлинам, роялти на воду и плановые показатели не выполнены. За этот период налоговые недоимки по сравнению с началом года увеличились на сумму 72,0 миллиона сомони.

Согласно оперативным данным, расходная часть Государственного бюджета Республики Таджикистан в отчетном периоде обеспечена на 97,0 процента, что на 826 миллионов сомони больше, по сравнению с 2009 годом.

Также расходы социального сектора обеспечены на 98,0 процента, и суммарный объем составил 3,2 миллиарда сомони, что на 900 миллионов сомони больше, по сравнению с 2009 годом.

...