ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИҶОРА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни ҶТ аз 19.09.1991 № 397, аз 04.11.1995 № 126, аз 09.12.2004 № 65)
(Қонуни ҶТ аз 19.09.1991 № 397, аз 04.11.1995 № 126, аз 09.12.2004 № 65)
ФАСЛИ 1. ИҶОРА. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ИҶОРА
Моддаи 1. Иҷора
Иҷора ба мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва дар ин асос беҳтар намудани зиндагии мардум ташкил меёбад.
Иҷора дар асоси шартнома ба мӯҳлати муайян бо подош ихтиёрдорӣ ва истифода кардани замин, дигар захираҳои табиӣ, корхонаҳо (иттиҳодияҳо) ва комплексҳои дигари молу мулк, инчунин дигар хел амволе мебошад, ки ба иҷоракор барои мустақилона пеш бурдани фаъолияти хоҷагӣ ва ё дигар фаъолияташ зарур аст.
Моддаи 2. Қонунҳои оиди иҷора
Муносибатҳои иҷоравиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкур ва дигар актҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд ().
Моддаи 3. Соҳа ва обьектҳои иҷора
Иҷора дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ иҷозат дода мешавад ва нисбати молу мулки тамоми шаклу намудҳои моликият истифода шуда метавонад.
Ба иҷора инҳоро додан мумкин аст:
а) замин ва дигар захираҳои табиӣ;
б) корхонаҳо (иттиҳодияҳо), ташкилотҳо, воҳидҳои таркиби иттиҳодияҳо, истеҳсолот, цехҳо ва дигар соҳаҳои корхонаю ташкилотҳо, ҳамчунин комплексҳои ягонаи молу мулки фондҳои истеҳсолӣ ва дигар сарватҳо;
...