Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 аз 3 январи соли 2011 № 976

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 январи соли 2011, № 976

тасдиқ карда шудааст

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 январи соли 2011, № 976

тасдиқ карда шудааст

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2013 (минбаъд - Барнома) идомабахши ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 ва 24 апрели соли 2010 таҳия гардидааст.

Мақсад аз таҳияи Барномаи мазкур таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо мебошад.

I. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф намуда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир дониста, риоя ва ҳифзи онҳоро кафолат додааст.

Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсону шаҳрванд, риояи қонун ва таъмини адолат вазифаи аввалиндараҷаи давлат ба ҳисоб меравад. Дар амалӣ намудани ин ҳадафҳои олӣ ва рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ низоми дақиқаи муайяншудаи мустақил ва беғарази судӣ ҳамчун як шохаи мустақили ҳокиммяти давлатӣ накши муҳим дорад.

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 №271 тасдиқ гардидааст, дар такмили қонунҳои амалкунанда, қабули кодексу қонунҳои нав, ташкили сохторҳои нави судӣ ба монанди коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ, таъсис додани вазифаи коромӯз судя, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои соҳавӣ ва ниҳоят дар таҳкиму тақвияти ҳокимияти судӣ нақши назаррас касб намуд. Бинобар ин идома додани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ талаби замон мебошад.

Дар ин раванд пеш аз ҳама бояд сохтори мақомоти судӣ ва салоҳияти он такмилу тавсеа ёбад. Вазифаҳои онҳо мушаххас ва фаъолияташон шаффоф гардонида шавад. Ҳамзамон талаботҳои тахассусӣ ҳангоми таъин ва интихоби судяҳо, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии онҳо пурзӯр карда шавад. Маърифати баланди ахлоқӣ ва дараҷаи касбию зеҳнӣ, дониши амиқи ҳуқуқӣ, одоби муоширати касбии судягӣ, адлу инсоф, беғаразӣ, ҳисси баланди эҳтиром ба халқу Ватан, Конститутсия ва қонунҳо, адолатнокию поквиҷдонӣ бояд меъёри асосии муайянкунандаи шахсият ва фаъолияти ҳар як судя бошад. Хоста гирифтан ва таъину интихоби судяҳо, инчунин фаъолияти онҳо аз рӯи талаботи зикргардида бояд амалӣ карда шавад. Аз ин рӯ ба мақсад мувофиқ аст, ки Кодекси одоби судяҳо дар таҳрири нав таҳия ва қабул карда шавад.

Коррупсия кирдори зиддиахлоқӣ ва зиддиқонунӣ буда, дар баробари расонидани зарар ба асосҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлат, метавонад обрӯю эътибори ҳокимияти давлатиро коҳиш диҳад ва ба бесамару суст гардидани фаъолияти он боис шавад. Бинобар ин дар доираи Барномаи мазкур тадбирҳои зиддикоррупсионӣ дар фаъолияти мақомоти судӣ пешбинӣ гардидаанд.

Тақвият бахшидан ба масъалаҳои ташкилӣ, яъне таъмини сатҳи зарурии шароити моддию техникӣ ва ташкилии судҳо, аз ҷумла, бо биною таҷҳизоти муосир ва воситаҳои нақлиёти хизматӣ таъмин намудани онҳо, беҳдошти вазъи иҷтимоию маишии судяҳо, махсусан бо манзили истиқоматии хизматӣ таъмин кардани онҳо, давра ба давра зиёд намудани музди меҳнати судяҳо яке аз омилҳои таҳкими мавқеи ҳокимиятӣ судӣ дар ҷомеа ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупусионидошта дар мақомоти судӣ ба ҳисоб рафта, ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар муқовимат ба коррупсия мусоидат менамояд. Дар ин самт пешбинӣ намудани афзоиши маблағгузории мақомоти судӣ ҳамасола дар буҷети давлатӣ ба мақсад мувофиқ аст.

...

Утверждена

Указом Президента

Республики Таджикистан

 от "3" января 2011 года №976

Утверждена

Указом Президента

Республики Таджикистан

 от "3" января 2011 года №976

Программа судебно - правовой реформы в Республике Таджикистан на 2011-2013 годы

Программа судебно-правовой реформы в Республике Таджикистан на 2011-2013годы (в дальнейшем - Программа) является продолжением судебно-правовой реформы в Республике Таджикистан и разработана на основе посланий Президента Республики Таджикистан в Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 15 апреля 2009 года и 24 апреля 2010 года.

Цель разработки настоящей Программы является дальнейшее укрепление судебной власти, повышение роли суда во всесторонней защите прав и свобод человека и гражданина, законных интересов государства, учреждений, предприятий и других организаций, усовершенствование судебной системы и её деятельности, улучшения материально-правового положения судебных органов и судей, а также совершенствование законодательства.

I. Цели и задачи Программы

Конституция Республики Таджикистан признавая человека, его права и свободы высшей ценностью, жизнь, честь, достоинство и другие естественные права человека неприкосновенными, гарантирует их соблюдение и защиту.

Защита конституционных прав и свобод человека и гражданина, соблюдение законов и обеспечение справедливости является первостепенной задачей государства. В осуществлении защиты этих высших ценностей и развитии суверенного, демократического, правового, светского и социального государства важную роль играет независимый и беспристрастный суд, как самостоятельная ветвь государственной власти.

Программа судебно-правовой реформы, утвержденная Указом Президента Республики Таджикистан от 23 июня 2007 года №271, сыграла важную роль в совершенствовании действующих законов, принятии новых кодексов и законов, создании в системе судов новых структур, как судебных коллегий по административным и семейным делам, в образовании должности судьи-стажера, осуществлении других отраслевых мероприятий, а также усовершенствовании и усилении судебной власти. В связи с этим, продолжение судебно-правовой реформы является велением времени.

В данном направлении, прежде всего, следует совершенствовать структуры судебных органов и расширить её полномочия. Конкретизировать их задачи и обеспечить празрачность их деятельности. В тоже время необходимо установить более высокие квалификационные требования при назначении и выборе судей, повышению их профессионального уровня. Высокая нравственная культура, духовные: и профессиональные качества, глубокое правовые знания, культура судейского профессионального общения, справедливость, беспристрастность, высокое уважение и преданность народу, Родине, Конституции и законам, честность и порядочность являются определяющими личность и деятельность каждого судьи. Выбор и назначение судей, а также их деятельность должны осуществляться в соответствии с вышеуказанными требованиями. Поэтому целесообразным является разработка и принятие нового Кодекса судебной этики.

Коррупция, будучи противонравственным и незаконным деянием, наряду с нанесением ущерба основам политики, экономики и социально-культурным устоям государства, может отрицательно повлиять престижу государственной власти и стать причиной ослабления и неэффективности ее деятельности. В связи с этим, в данной Программе предусмотрены меры антикоррупционного характера в деятельности судебных органов.,

Усовершенствование организационных вопросов, то есть необходимое материально-технической и организационной обеспечение судов, в том числе, современными зданиями и оборудованиями, служебными транспортными средствами, улучшение социально-бытового положения судей, особенно обеспечения их служебными жилыми помещениями, поэтапное увеличение заработной платы судей является одним из способом повышения авторитета судебной власти в обществе, служит пресечению правонарушений коррупционного характера в судебной системе и содействует реализацию нормативных правовых актов, сферы борьбы с коррупцией. В этом направлении целесообразно ежегодное увеличение финансирования судебных органов из государственного бюджета.

...