ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИММУНОПРОФИЛАКТИКАИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ, ки бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва таъмини беҳдошти санитарию эпидемиологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад, муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ (минбаъд -иммунопрофилактика) - маҷмӯи тадбирҳое, ки бо мақсади пешгирӣ кардан, паҳн нашудан, маҳдуд намудани хуруҷи бемориҳои сироятӣ ва аз байн бурдани бемориҳои сироятӣ бо роҳи эм кардан андешида мешаванд;
- эмкунии профилактикӣ - ба организми одам ворид кардани доруҳои иммунобиологӣ бо мақсади тобовар гардонидани он ба бемориҳои сироятӣ;
- эмкунӣ аз рӯи нишондодҳои эпидемиявӣ - эмкунии профилактикӣ, ки ҳангоми таҳдиди пайдошавӣ ва ё паҳншавии оммавии бемориҳои сироятӣ дар манбаҳои сироятӣ ва ҳудудҳои мушаххас гузаронида мешавад;
- доруҳои иммунобиологӣ - эмдору (ваксина), анатоксин, иммуноглобулин ва доруҳои дигаре, ки организмро ба бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ тобовар мегардонанд;
- Тақвими миллии эмкунии профилактикӣ - санадест, ки мӯҳлату тартиби эмкунии профилактикии шаҳрвандонро аз бемориҳои сироятӣ муқаррар менамояд;
- оризаҳои баъд аз эмкунии профилактикӣ ва эмкунӣ аз рӯи нишондодҳои эпидемиявӣ (минбаъд - оризаҳои баъд аз эмкунӣ) - вазнин гаштан ва ё бардавом бад шудани аҳволи саломатии шахс дар асари эмкунӣ;
- сертификати эмкунии профилактикӣ - ҳуҷҷате, ки дар он эмкунии профилактикии шаҳрванд қайд карда мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ
...