ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТИББИ ОИЛАВӢ
Қонуни мазкур асосҳои ҳукуқӣ ва ӯҳдадориҳоро ҳангоми расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолӣ мутобиқи принсипҳои тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ - сатҳи хизматрасонии тиббӣ, ки дар он робитаи нахустини шаҳрвандони солим ва бемор бо табибон ба вуқӯъ меояд, ки сохтори бунёдии бисёрҷонибаи хизматрасонии тиббӣ (пешгирии бемориҳо, ташхис, муолиҷа ва барқарорсозии саломатӣ) буда, раванди муттасили ҳифзи саломатии аҳолиро таъмин менамояд;
- тибби оилавӣ - самти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ҷиҳати расонидани кӯмаки бисёрсоҳавии аввалиндараҷа ба аҳолӣ аз ҷониби мутахассисони тибби оилавӣ бо мақсади пешгирию табобати бемориҳо дар ҳолатҳои таъхирнопазир;
- мутахассисони тибби оилавӣ - табиби оилавӣ ва ҳамшираи тиббӣ оилавӣ;
- табиби оилавӣ - мутахассиси дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ ё аз рӯи ихтисоси тибби оилавӣ бозомӯзонидашуда, ки ҳуҷҷати тасдиқкунанда (диплом ва сертификат) дорад;
- ҳамшираи тибби оилавӣ - мутахассиси дорои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ ё аз рӯи ихтисоси ҳамшираи тибби оилавӣ бозомӯзонидашуда, ки ҳуҷҷати тасдиқкунанда (диплом ва сертификат) дорад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тибби оилавӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тибби оилавӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти тибби оилавӣ
Тибби оилавӣ аз рӯи принсипҳои асосии зерин фаъолият менамояд:
...