ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ
(Қонуни ҶТ аз 01.10.2025
№ 2194)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва иқтисодии сиёсати давлатиро дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ ба танзим медарорад (№ 2194).
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ - фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки ба таъмини шароит барои амалӣ намудани омӯзиши экологии аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ ҷиҳати ташаккулёбии фарҳанги умумӣ ва тахассусии экологии шахс ва ҷомеа равона шудаанд;
- маърифати экологӣ - раванди таълим, ки мақсади он аз маърифати экологӣ баҳравар кардан, дар рӯҳи маърифати экологӣ таълиму тарбия додан, пойдор гардонидани фарҳанги экологӣ, дуруст ва оқилона муайян кардани тамоили донишандӯзӣ, нишон додани қобилият ва ташаккули рафтори дурусти шахсони алоҳида ва аҳолӣ оид ба ҳифз ва истифодаи табиат иборат мебошад;
- фарҳанги экологӣ - қисми таркибии фарҳанги умумибашарӣ ва миллиест, ки маҷмӯи муносибатҳои иҷтимоӣ, арзишҳои ахлоқӣ, меъёр ва усулҳои таъсири мутақобилаи ҷамъиятро бо муҳити зист дар бар мегирад ва меросан барои ташаккулёбии дониш ва маърифати экологӣ дар шуур ва ахлоқи ҷамъиятии одамон дар тӯли ҳаёт ва фаъолияти наслҳо, ки ба ҳаёти солим, болоравии маънавиёти ҷамъият, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, бехатарии экологии кишвар ва ҳар фарди алоҳида мусоидат менамояд (№ 2194);
- дониши экологӣ - бахши маърифати ҷамъиятиест, ки ба истифодаи бошууронаи табиат ва таъмини муҳити зисти бехатар барои инсон равона шудааст;
- дониши экологии ҳадди ақал - ҳаҷми камтарини донишҳои зарурӣ барои ҳар як узви ҷомеа, ки мақсад аз он истеҳсоли бехавф ва каммасраф, сарфаи захираҳои табиӣ ва энергия, барқарорсозии хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятҳо, инчунин муҳити зист ва ташаккули муносибати эҳтиёткорона ба он мебошад.
Моддаи 2. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ
Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ инҳоянд:
- кафолати давлатии таъмини омӯзиши ҳадди ақали донишҳои зарурии экологӣ барои шаҳрванд;
...