ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи амнияти озуқаворӣ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ.1, мод. 830; с. 2014, №11, мод.667)
(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1158, аз 4.04.2019 № 1591)
Қонуни мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат, тибқи принсип ва меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:
- амнияти озуқаворӣ - вазъи иқтисодии давлат мебошад, ки аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ бехатарии озуқавории кишвар таъмин гардида, дастёбии воқеӣ, ки барои ҳаёти солиму фаъол ва рушди демографии ҳамаи аҳолӣ зарур аст, кафолат дода мешавад;
- таъмини амнияти озуқаворӣ - таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, техникӣ, иттилоотӣ ва чорабиниҳои дигаре, ки асосан аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ бо озуқаи ҳаётан муҳим дар сатҳи меъёрҳои муносиби илман асоснок барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва пешгирии бӯҳронҳои озуқаворӣ равона шудаанд ;
- озуқаи ҳаётан муҳим - озуқае, ки аз рӯи таркиб ва ҳаҷм асоси меъёри ғизои аҳолии кишварро ташкил медиҳад ;
- меъёрҳои физиологии истеъмоли озуқа - меъёрҳои илман асоснок ва аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқшудаи истеъмоли моддаҳои ғизоӣ ва нерӯ, ки талаботи ҳамаи шахсони солимро бо ғизо ва нерӯи зарурӣ қонеъ менамоянд ;
- бӯҳрони озуқаворӣ - вазъияте, ки таъмини аҳолӣ бо "озуқаи ҳаётан муҳим тибқи меъёрҳои физиологии истеъмоли озуқа дар ҳудуд ё қисми зиёди ҳудуди давлат таҳти хатар қарор дошта, хатари мазкур танҳо бо истифодаи чораҳои танзими давлатӣ, дар мавриди зарурат бошад, бо иштироки ташкилотҳои байналмилалӣ бартараф карда мешавад ;
- истиқлолияти озуқаворӣ - шароити таъмини амнияти озуқавории давлат, ки дар сурати қатъ гардидани интиқоли озуқа аз беруни давдат бӯҳрони озуқаворӣ ба амал намеояд;
...