Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 октябри соли 2010 № 580
тасдиқ шудааст
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 октябри соли 2010 № 580
тасдиқ шудааст
Низомномаи Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурми Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.09.2012 № 499)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.09.2012 № 499)
1. Муқаррароти умумӣ
1) Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Бозрасӣ) воҳиди сохтории мустақили Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2) Низомномаи мазкур масъалаҳои ташкилии фаъолияти Бозрасӣ ва робитаи онро бо ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳои дигар муайян месозад. Бозрасӣ назорати намоишҳои телевизионӣ, гуфторҳои радиоӣ ва иттилооти телевизиону радиоиро, ки дар эфир пахш шуданд, сифати техникии барномаҳо ва гуфторҳои телевизиону радио, истеҳсол ва (ё) паҳн намудани маҳсулоти овозӣ, визуалӣ ва аудиовизуалӣ, инчунин ахбори иловагӣ, дуюмбора ва дигар намудҳои иттилооти оммавиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он амалӣ мегардонад.
3) Бозрасӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
* - ахборм иловагӣ - паҳн намудани маълумот дар таркиби сигнали пахши барномаҳо, вобаста ба мазмуни барномаҳои асосӣ, бо мақсади додани маълумот дар бораи пахшкунанда мебошад.
**- ахбори дуюмбора - ҳар гуна ахбор (ҳуруфотӣ, рақамӣ, графикӣ, овозӣ ва ғайра), ки ба мазмуни барномаи асосӣ алоқаманд набуда, дар таркиби сигнали барномаҳои радиотелевизионӣ пахш мегардад ва барои қабулу инфиродит доираи номаҳдуди шахсон дар минтақаи пахши ин барнома нигаронида шудааст.
...