Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиистон аз 2 сентябри соли 2010 № 451 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2009, № 676"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2009, №676

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Тартиби пешбурди баҳисобгирӣ, қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содирнамуда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2009, №676 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

1) Дар банди 2:

- дар зербандҳои б) ва д) калимаҳои "таҳқиқи пешакӣ" ба калимаи "таҳқиқ" ва калимаи "таҳқиқгар" ба калимаи "таҳқиқбаранда" иваз карда шаванд.

- дар зербанди з) рақами "103" ба рақами "140" ва калимаҳои "бо бандҳои 1,2,3 моддаи 195" ба калимаҳои "бо қисми 1 моддаи 230" иваз карда шаванд.

- дар зербанди к) калимаҳои "бандҳои 1 ва 3 моддаи 195" ба калимаҳои "сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 230" иваз карда шаванд.

2) Зербандҳои 1), 2) ва 3) банди 2 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"л) Асосҳои ғайрисафедкунанда - рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ ё қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ бо сабабҳои:

- гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан (сархати сеюми қисми 1 моддаи 27 ё ин ки сархати чоруми қисми 1 моддаи 28 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурин Тоҷикистон);

- нисбат ба шахси фавтида, ғайр аз ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаи ҷиноятӣ барои муқаррар кардани бегуноҳии ӯ ё аз нав оғоз кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳолатҳои нави ошкоршуда дар ҳаққи дигар шахсон (сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 27 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

- қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ ҳангоми оштӣ шудани ҷабрдида бо айбдоршаванда оид ба парвандаи ҷиноятии айбдоркунии хусусӣ (сархатҳои панҷум ва шашуми қисми 1 моддаи 27 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

- ҳангоми қабули санади авф (сархати чоруми қисми 1 моддаи 27 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 22 декабря 2009 года, №676

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

В Порядок ведения единого учёта, регистрации преступлений и лиц их совершивших, утверждённого постановлением Правительства Республики Таджикистан от 22 декабря 2009 года №676, внести следующие изменения и дополнения:

1) В пункте 2:

- в подпункте з) цифру "103" заменить цифрой "140" слова "по пунктам 1,2,3 статьи 195" заменить словами "частью первой статьи.230".

- в подпункте к) слова "по пунктам 1 и 3 статьи 195" заменить словами "абзацам первыми и вторым части 1 статьи 230".

2) Подпункты 1) 2) и 3) пункта 2 изложить в следующей редакции:

"л) Нереабилитирующие основания - прекращение уголовного дела или отказ в возбуждении уголовного дела в связи:

- с истечением сроков давности уголовного преследования (абзац третий части 1 статьи 27 или абзац четвёртый части 1 статьи 28 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан);

- в отношении умершего, за исключением случаев, когда производство по делу необходимо для установления невиновности умершего или возобновления дела в отношении других лиц по вновь открывшимся обстоятельствам; (абзац седьмой части 1 статьи 27 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан);

- за примирением потерпевшего с обвиняемым по уголовным делам частного обвинения; (абзацы пятый и шестой части 1 статьи 27 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан);

- вследствие акта амнистии (абзац четвёртый части 1 статьи 27 Уголовно-процессуального кодекса  Республики Таджикистан);

- в связи с деятельным раскаянием (абзац первый части 1 статьи 28 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан);

...