Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 611
Бо мақсади ба таври фаврӣ таъмин намудани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ дар иншооти зеризаминӣ, такмилу ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқии қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ ва мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Ба банди 5 Низомномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисгон аз 28 декабри соли 2006, № 611 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
- "бо тартиби муқарраргардида хизматрасонии наҷотдиҳии кӯҳиро дар иншооти саноати кӯҳкорӣ, сохтмон ва истифодабарии нақбҳо, иншооти гидроэнергетикию гидротехникӣ, инчунин дар дигар иншооти ба шаклҳои гуногуни моликият асосёфта, ки корҳои кӯҳӣ мегузаронанд ва ё коркардҳои кӯҳии зеризаминӣ доранд, амалӣ менамояд".
2) Аз Нақшаи идоракунии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 611 тасдиқ шудааст, сархати чордаҳум хориҷ карда шавад.
3) Ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 28 декабри соли 2006 № 611 тасдиқ шудааст, сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
- "Ситоди қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
- Қисми ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ дар шаҳри Норак
- Взводи ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ дар шаҳри Роғун".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 сентябри соли 2010 № 448
ш. Душанбе
...