Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 594
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- ба банди 24 ҷумлаи сеюм дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таълимӣ муқаррар менамояд.";
- ба банди 30 ҷумлаи дуюм дар таҳрири зайл илова карда шавад;
"Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби нигоҳдорӣ, бақайдгирӣ, супоридан ва пур намудани ҳуҷҷатҳои намунавии давлатиро дар бораи таҳсилот муқаррар менамояд.";
- дар сархати дуюми банди 49 калимаҳои "фармон ва амр" ба калимаи "фармоиш" иваз карда шаванд;
- ба банди 49 сархати нав дар таҳрири зайл илова карда шавад;
"- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии роҳбарони муассисаҳо ва ташкилотҳои сохтории Вазоратро муқаррар менамояд.";
- дар банди 51 калимаи "фармон" ба калимаи "фармоиш" иваз карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
...

аз 2 августи соли 2010 № 403
ш.Душанбе