×

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010 № 368 "Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020

Мутобиқи моддаи 6(1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади муайян намудани дурнамои рушди соҳаи тандурустӣ ва таъмини солимии аҳолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистрн барои солҳои 2010-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад);

2) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

а) Нақшаи татбиқи "Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020"-ро барои солҳои 2010- 2013 тасдиқ намояд;

б) якҷоя бо дигар вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо амалисозии Стратегияи мазкурро таъмин намояд.

3) Шӯрои миллии тандурустии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии техникии амалисозии Стратегияи мазкурро таъмин намояд.

4) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷиқистон дар бораи натиҷаҳои амалисозии Стратегияи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 15 декабр маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 августи соли 2010 № 368

 ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "2" августи соли 2010 № 368

тасдиқ шудааст

Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020

Руйхати ихтисорот

АИТ Академияи илмҳои тиб

БЕТР Бонки европоии таҷдид ва рушд

БИД Барномаи инвеститсияҳои давлатӣ

БМБ Барномаи миёнамӯҳлати буҷетӣ

БММ Барномаи маблағгузории мутамарказ

БОР Бонки Осиёгии Рушд

БПНМ Бемории пайдошудани норасоии масуният

БРСММ Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид

БМЕ ТУТ Бюрои минтақавии Еврупоии ТУТ

ВАО Воситаҳои ахбори омма

ВНМО Вируси норасоии масунияти одам

ВМКБ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

ВМ ҶТ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВТ ҶТ Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДИП ТҶ Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

КАТС Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ

КОМ Кӯмаки оҷили акушерӣ (момодоягӣ)

ҶТ Ҷумҳурии Тоҷикистон

МБ Модаршавии бехатар

МваА Мониторинг ва арзёбӣ

ММП Муассисаи муолиҷавию профилактикӣ

МРҲ Мақсадҳои рушди ҳазорсола

МСД Маркази саломатии деҳот

МСН Маркази саломатии ноҳияҳо

МСШ Маркази саломатии шаҳрҳӣ

МТ Муассисаҳои таълимӣ

МТНМ Муолиҷа таҳти назорати мустақим

ҲМҲТ Ҳудудҳои махсусан ҳифзшавандаи табиат

ҲР Ҳамкорон оид ба рушд

ҲСПКСК Ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ

САХА Созмон оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо

РДА Рӯйхати дорувории асосӣ

СИТ Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ

СМваА Системаи мониторинг ва арзёбӣ

СМР Стратегияи миллии рушд

СМҲ Системаи миллии ҳисоб

СПКСК Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ

СР Саломатии репродуктивӣ

СТАҶИ Сирояти тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолшаванда

ПИТ Пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ

ТБ Ташкилотҳои байналмилалӣ

ТҒҲ Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ

ТҲС Тарзи ҳаёти солим

ТТҲС Ташаккули тарзи ҳаёти солим

ФГД Фонди глобалии доруворӣ

ФОХ Фонди Оғохон

ҲМТ Ҳисобҳои миллии тандурустӣ

ҲҶТ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ХС Хонаҳои саломатӣ

ХСЭ Хадамоти санитарию эпедемиологӣ

ШМА Штатҳои Муттаҳидаи Америка

БМН Беморхонаи марказии ноҳиявӣ

БШ Беморхонаи шаҳрӣ

ЮНИСЕФ Фонди Кӯдакони СММ

Мафҳумҳои махсус

Адвокатсия - раванди мусалсал ва мувофиқи ҷамъоварии иттилоот, ташкил ва тавсияти он дар шакли далел, ки тавассути каналҳои мухталифи муоширати байни шахсиятҳо ва воситаҳои ахбори омма барои мақсадҳои сафарбарии захираҳо ё таъмини дастгирии барномаи рушд аз ҷониби сарварони сиёсӣ ё ҷамъиятӣ ирсол мегардад ва дар навбати худ барои аз ҷониби ҷамъият пазируфтани ҳамин барнома мусоидат менамояд.

АРВТ- муолиҷае, ки афзоиши сирояти норасоии масунияти инсонро камтар намуда, имкон медиҳад то андозае умри инсон ҳангоми мубталоӣ ба ВИЧ дароз карда шавад, инчунин афзоиши СПИД коҳиш ёбад.

Таҷаммӯи воситаҳо - сатҳи таҷаммӯи буҷети тандурустӣ (ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ё ноҳиявӣ).

Хизматчии давлатӣ- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касбӣ бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ишғол намудааст.

Шаҳрванд - тибқи ҳуқуқи конститутсионӣ шахсе, ки дар асоси ҳуқуқӣ ба давлати дахлдор марбут аст.

Гурӯҳбандии ҳолатҳо - маҷмӯи омил ва равандҳои тақсими ҳолатҳои беморӣ ба гурӯҳҳои клиникӣ бо таснифоти шабеҳи клиникӣ ва шиддатнокии захираҳо

Фаъолияти ҷамоат оид ба ҳифзи саломатӣ- ин тадбирҳои муштараке мебошанд, ки ба тақвияти назорати ҷамъиятии омилҳои муайянкунандаи саломатӣ равона гардидаанд ва ба ҳамин васила ба таҳкими он мусоидат менамоянд.

Детерминантҳои саломатӣ - маҷмӯи омилҳои инфиродӣ, иҷтимоӣ, иқтисодт ва экологие мебошанд, ки вазъи саломатии одамони алоҳида ё гурӯҳи одамонро муайян менамоянд.

Ҷамоат - ҳудуди маъмурие мебошанд, ки аз якчанд деҳаҳо иборат аст ва онро раис, ки дар маҷлиси умумии намояндагони ваколатдори деҳот интихоб мешавад, сарварӣ менамояд.

Таҷрибаи ҳаётӣ - таҷриба ва малакаи шахсӣ, иҷтимоӣ, даркӣ ё ҷисмонии инсон, ки тавассути он одамон зиндагии худро назорат мекунанд, самт мебахшанд, инчунин қобилияти худро афзун мегардонанд ва ин имкон медиҳад намуди муҳити атрофро дигаргун созанд ва худашон ба дигаргуниҳои муҳит созгор бошанд.

Тандурустӣ- ин системаи чорабиниҳои ҷамъиятӣ, давлатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва тиббие мебошанд, ки сатҳи баланди ҳифз ва беҳбудии саломатии аҳолиро таъмин менамояд.

Саломатӣ - ин ҳолати офияти комили ҷисмонӣ, маънавӣ ва иҷтимоӣ, яъне на танҳо мавҷуд набудани беморӣ ё ноқисиҳои ҷисмонӣ мебошад.

Тарзи ҳаёти солим - шакл, намуд ва усулҳои фаьолияти ҳаётан муҳими инсон, ки барои ҳамин форматсияи ҷамъиятию иқтисодӣ маъмулӣ буда, имкониятҳои мутобиқшавии вуҷуди инсонро мустаҳкам мекунад, барои аз ҷониби ӯ ба таври матлуб анҷом додани функсияҳои иҷтимоӣ ва ноил шудан ба дарозумрӣ мусоидат менамояд.

Коммуникатсия барои тағйир додани рафтор - ин раванди аз нигоҳи илмӣ асосноки машваратӣ мебошад, ки дониш, огаҳӣ ва амалияро тавассути муайян намудан, таҳлил ва сегментикунонии аудитория ва иштирокчиёни барномаҳо ва ба онҳо фароҳам овардани иттилооти дахлдор, асосноксозӣ дар ҷараёни татбиқи стратегияи дақиқ муайяншуда ва истифодаи ҳамбастагии дурусти муошират байни шахсон, байни гурӯҳҳо ва ВАО, аз ҷумла усули интерактивиро фаро мегирад.

Менталитет (калимаи лотинии - ақлонӣ) - ин тарзи тафаккур, маҷмӯи малакаи ақлонӣ, анъанаҳои маънавию фарҳангӣ, ки барои шахси алоҳида ё ҷомеаи инсонӣ хос мебошад.

Фаъолияти байнибахшӣ - ин фаъолияте мебошад, ки ҳангоми он ҳамкории бахши тандурустӣ ва дигар бахшҳои дахлдор барои ноил гардидан ба мақсадҳои умумӣ, бо дақиқ мувофиқа намудани саҳми бахшҳои мухталиф сурат мегирад.

Ҳамкориҳои байнибахшӣ - ин робитаи мутақобилаи умумиэътирофшуда байни як қисм ё қисмҳои мухталифи гурӯҳ ё бахшҳои ҷомеа мебошад, ки барои андешидани тадбирҳо муайян шудааст.

Муҳоҷир - ин шахсе мебошад, ки байни маҳали сукунати ҳудудӣ барои иваз намудани маҳали доимии зист, кор, таҳсил, истироҳат ва ғайра (муҳоҷират), барои доимӣ ё мӯҳлати муайян (аз 1 рӯз то якчанд сол) ҳаракат мекунад.

Тарзи ҳаёт - ин маҷмӯи муносибатҳои мушаххаси ҳар як шахс нисбат ба истифодаи захира ва имкониятҳое мебошад, ки ба ӯ шароити иҷтимоӣ, анъана, таҳсил ва муносибатҳои бозаргонӣ фароҳам оварда мешавад.

Тандурустии ҷамъиятӣ - ин илм ва санъати пешгирии бемориҳо, идома додани зиндагӣ ва таъмини саломатӣ тавассути азму талоши мутташакили ҷамъият мебошад.

Ҷомеа ё иттиҳод - ин гурӯҳи дахлдори одамоне мебошад, ки аксар дар маҳалҳои муайяни ҷуғрофӣ зиндагӣ мекунанд, дорои арзишҳои умумӣ, меъёр ва мушаххасоти фарҳангӣ буда, дар доираи як сохтори иҷтимоӣ вобаста ба робита ва муносибатҳо байни ҳамин гурӯҳи аҳолӣ, ҳамин ҷамоат дар давоми мӯҳлати муайян муттаҳид гардидаанд.

Пардохт барои ҳар як ҳолати муолиҷа - ин пардохт барои ҳаҷми воқеии кӯмаки тиббии расонидашуда мебошад.

Барномаи кафолатҳои давлатӣ- ҳуҷҷате мебошад, ки намуд, ҳаҷм ва шартҳои фароҳам овардани кӯмаки тиббию санитарии ройгон ё ҳампардохтро (бо иштироки аҳолӣ) дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ муайян менамояд.

Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) - ҷузъи асосии системаи тандурустии тамоми кишварҳо, хадамоти муҳими расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ мебошад, ки тибқи принсипи "аз музофот ба марказ" созмон ёфтааст. КАТС соҳтори таркибии рушди иҷтимоию иқтисодии ин ё он кишвар ба ҳисоб меравад.

Харидкунандаи хизматрасониҳои таббӣ- субъекте мебошад, ки захираҳои таҷаммӯии тандурустиро ба таҳвилгарон ба ҳисоботи пардохт барои хизматрасонӣ ба гурӯҳҳоии дахлдори аҳолӣ мегузаронад.

Сиёсат дар соҳаи тандурустӣ - эъломияи расмӣ, қонунӣ ё расмиёти дохилии муассиса (маҳз дар муассисаҳои ҳукуматӣ) ки имкон медиҳад афзалият ва параметрҳои фаъолият бо тартиби эътино ба эҳтиёҷоти тандурустӣ муайян карда шавад ва барои ин дорои захира ва дигар фишангҳои таъсири сиёсӣ мебошад.

Фароҳамоварандагони хизматрасонии тиббӣ- субъектҳое мебошанд, ки хизматрасонии тиббиро анҷом медиҳанд.

Маблағгузории сарикасӣ- ташаккули буҷет дар асоси сарикасӣ тибқи формулае, ки аз се параметр бармеояд: буҷети соҳаи тандурустии ноҳия; теъдоди аҳолии ноҳия ва коэффисиенти ҷинсӣ/ синну солӣ.

Профилактика- амале мебошад, ки ҷиҳати паст намудани эҳтимоли хуруҷи беморӣ ё вайроншавӣ, қатъ ё паст кардани сатҳи инкишофи беморӣ, нигоҳдории қобилияти меҳнатӣ равона шудааст.

Профилактикаи бемориҳо- чорабиниҳое мебошад, ки на танҳо ба пешгирии бемориҳо, ба монанди сироятнопазирӣ, мубориза ба муқобили ҳомилони беморӣ ё чорабинӣ зидди тамокукашӣ, балки ҷиҳати боздоштани рушди он ва паст намудани оқибати он баъди муқаррар намудани беморӣ равона шудааст.

Муҳоҷирати мавсимӣ- ин ҷойивазкунии аҳолии қобили меҳнат ба ҷойҳои кори муваққатӣ (ҷамъоварии ҳосил, корҳои сохтмонӣ ва ғ.) ва маъмулан истиқомат ба мӯҳлати якчанд моҳ, бо нигоҳ доштани имконияти баргаштан ба ҷойҳои истиқомати доимӣ мебошад.

Бахши тандурустӣ - аз хадамоти ташаккулёфтаи давлатӣ, иҷтимоӣ ва хусусии тандурустӣ (аз ҷумла беҳдошти саломатӣ, пешгирии бемориҳо, хадамоти ташхис, табобат ва нигоҳубини бемор), курсҳои сиёсат ва фаъолияти шӯъбаҳо - раёсатҳо ва вазорати тандурустӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ки ба соҳаи тандурустӣ, гурӯҳҳо ё сатҳҳои дорои хусусияти коммуналию ҷамъиятӣ алоқаманданд, инчунин ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои касбӣ иборат мебошад.

Духтури оилавӣ - мутахассис бо таҳсилоти олии тиббие мебошад, ки ҷиҳати расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарии бисёрҷанбаи муттасил ба аҳолӣ ё шахсони алоҳида ва оилаҳо, сарфи назар аз синну сол, ҷинс ё намуди беморӣ ҳуқуқи юридикӣ дорад.

Маркетинги иҷтимоӣ - маркетинге мебошад, ки аз таҳия, татбиқ ва назорати барномаҳои иҷтимоӣ иборат буда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дарки ғояҳои иҷтимоӣ, ҳаракат ва ё амалиёт аз ҷониби табақаҳои муайяни ҷомеа амалӣ равона шудааст. Маъмулан маркетинги иҷтимоӣ аз ҷониби ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ истифода мешавад.

Сафарбаркунии иҷтимоӣ- ин раванди муттаҳид сохтани ҳамаи шарикон ва иттифоқчиёни имконпазир мебошад, ки ҳам ташкилотҳои давлатӣ ва ҳам ғайридавлатиро намояндагӣ мекунанд, бо мақсади ошкор намудани талаботи назаррас барои мақсадҳои мушаххаси рушд, ба он ҷалб намудани таваҷҷӯҳ ба баланд бардоштани талабот ба он аст. Сафарбаркунии иҷтимоӣ1 таъмини иштироки ин шарикон, аз ҷумла ташкилотҳо, гурӯҳҳо, шабакаҳо ва ҷомеаро барои ошкор намудани захираҳои инсонӣ ва моддӣ, сафарбар ва идоракунии онҳо дар назар дорад, ки дар навбати худ дастовардҳоро таҳким бахшида, ба рушди устувори онҳо мусоидат менамояд.

Стратегия - намуди маҷмӯии фаъолияте, ки барои дурнамои дарозмӯҳлат нигаронида шуда, дар доираи он чорабиниҳои алоҳида ва намудҳои фаъолият анҷом дода мешавад.

Муҳоҷирати меҳнатӣ - ин ҷойивазкунии аҳолии қобили меҳнат мебошад, ки чун қоида баъди анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ бармегарданд.

Таҳкими саломатӣ - раванде мебошад, ки ба одамон имкон медиҳад назорати саломатии худро баланд бардошта, сифати онро беҳбуд бахшанд.

Омилҳои хатар - омилҳои муҳити берунӣ ва дохилии узвҳои бадан, хусусиятҳои рафторие мебошад, ки боиси афзоиши эҳтимолии рушди беморӣ, инкишофи он ва оқибатҳои номатлуб мегардад.

Маблағгузорӣ - ин сарчашмаи маблағҳое мебошанд, ки барои гузаронидани чорабиниҳои муайян равона шудаанд.

Ташаккули тарзи ҳаёти солим- ин проблемаҳои маҷмӯие аст, ки нисбат ба таҳқиқи тарзи ҳаёти саломатии аҳолӣ, инчунин таваҷҷӯҳи кормандони тиб, омӯзгорон, равоншиносон муносибати маҷмӯиро тақозо намуда, ба хусусияти муҳити атрофи макроиҷтимоии инсон, фаъолияти меҳнатӣ, ҷамъиятӣ ва профилактикии он алоқаманд мебошад.

Пешгуфтор

Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 (минбаъд - Стратегия) мақсадҳои дарозмӯҳлати кишвар дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва роҳҳои ноил шудан ба ин мақсадҳо, аз ҷумла стратегияҳо, барномаҳо ва захираҳои навсозии соҳаи ҳифзи солимиро фаро мегирад.

Стратегия ирода ва манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ифода менамояд. Он ҳуҷҷати маҷмӯӣ ва бунёдии банақшагирии дурнамо буда, самтҳои минбаъдаи барномавии роҳбарияти сиёсии кишварро ифода менамояд, ки барои банақшагирии маҷмӯӣ нигаронида шуда, дар асоси муносибати асоснокшуда татбиқ мегардад. Стратегия афкору дурнамои мақомоти марказии идоракунӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин фароҳамоварандагони хизматрасониҳои тиббӣ ва доираи васеи аҳли ҷомеаи кишварро ифода менамоянд.

Стратегия солҳои 2010-2020-ро фаро мегирад. Он воситаи дастгирии давомат ва ҳамоҳангсозӣ буда, қисми таркибии сиёсати миллии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад. Стратегияи мазкур давоми "Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистои оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ то соли 2010" буда, самтҳои дар дигар ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз ҷумла дар Стратегияи миллии руҳди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро зикршударо дар бар мегирад. Он ҳамчунин самтҳои сгратегиро, махсусан дар соҳаи хадамоти алоҳидаи бахши тандурустӣ муайян менамояд.

Стратегия дар ҷараёни ҳамкориҳои мутахассисони пешбари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо экспертҳои хориҷӣ, ки дорои таҷрибаи пешқадами байналмилалии банақшагирии системавӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошанд, таҳия гардидааст. Стратегия ба ҳамоҳангсозии барнома ва нақшаҳои миллӣ ва байналмилалии дастгирии рушди соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Афзалиятҳои миллии кишварро ба инобат гирифта, он ба вазифаҳои глобалии тандурустӣ ва усулҳои дар ҷаҳон санҷидашудаи муносибатҳо ҷиҳати ҳалли онҳо нигаронида шудааст.

Дар даҳсолаи гузашта соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навсозии заминаҳои захиравию клиникӣ, инчунин таҷдиди системаи маблағгузорӣ ва ташкили кӯмаки муолиҷавию профилактикӣ самт гирифт. Ба инкишофи соҳа афзоиши суръати иқтисодӣ, таваҷҷӯҳи ҳамаҷонибаи роҳбарияти кишвар нисбат ба вазифаҳои афзалиятноки рушди иҷтимоӣ, инчунин саҳми самарабахши ҷомеаи байналмилалии донорҳо дар амри ҳифзи саломатии аҳолии кишвар шароити мусоид фароҳам овард.

Дар натиҷаи азму талоши даҳсолаи охир сатҳи фавти модарону кӯдакон таназзул ёфт. Теъдоди шахсони мубталои бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла тавассути ваксина идорашаванда кам гардид.

Протоколҳои клиникии замонавӣ ва дигар стандартҳои кӯмаки тиббӣ таҳия ва татбиқ мегарданд. Беш аз нисфи таваллудхонаҳо ба "муносибати хайрхоҳона нисбат ба кӯдакон" сертификатсия карда шуданд.

Дар рушди системаи фароҳам овардани хизматрасониҳои тиббӣ марҳилаи гузариши стратегии соҳаи тандурустӣ ба муносибатҳои кӯмаки ҳамгироишудаи аввалияи тиббию санитарӣ оғоз гардид, ки ба тибби оилавӣ асос ёфтааст. Омодасозии табибон ва ҳамшираҳои шафқати тибби оилавӣ ба самти афзалиятноки барномаҳои таҳсилоти тодипломӣ, баъдидипломӣ ва таҳсили бефосилаи (муттасили) кадрҳои тиббӣ табдил ёфт. Барои аз нигоҳи сохторӣ муносибгардонии шабакаҳои муолиҷавию профилактикӣ, аз ҷумла гузаронидани таҷдиди беморхонаҳо, қадами устувор гузошта шуд. Назорати фаъолияти тиббӣ ва фармасевтӣ тақвият ёфт.

Маблағгузории соҳаи тандурустӣ нуқтаи пасттарини вазъи ногувори 20 соли охирро рафъ намуда, ба рушди устувор тамоил дорад. Муттасил баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳа аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар се соли охир давлат барои барқарорсозии суботи моддӣ, инчунин тақвияти мақоми касбӣ ва ҷамъиятии онҳо талош меварзад. Афзоиши музди меҳнат бо озмоишҳои қобили таваҷҷӯҳ оид ба таҷдиди усули маблағгузорӣ такмил дода шуд. Дарки муҳимии он, ки барои баланд бардоштани сифат ва хароҷоти самарабахши кӯмаки тиббӣ зарурати таҳлили пардохти музди меҳнат ва дигар намуди ҳавасмандсозии кормандони тиб ба миён омадааст, ба мушоҳида мерасад. Самтгирии маблағгузории соҳаи тандурустӣ нисбат ба талаботи адолати иҷтимоӣ тақвия ёфт: ҳарчанд Барномаи кафолатҳои давлатӣ дар шароити нокифоягии захираҳо татбиқ мегардид, дастрасии хизматрасониҳои ройгон ва имтиёзноки муолиҷавию профилактикиро барои аксар оилаҳои камбизоат ва шахсоне, ки ба кӯмаки махсусан гаронарзиши тиббӣ эҳтиёҷ доранд, афзун намуд.

Корҳо ҷиҳати навсозии заминаи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ барои идома додани ислоҳот шароити мусоид фароҳам меорад.

Бо вуҷуди дастовардҳои назарраси даҳсолаи охири соҳаи тандурустӣ ҳанӯз ҳам проблемаҳое, ки аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва давраи гузариш боқӣ мондаанд, эҳсос мегардад.

Проблемаҳои мубрам аз инҳо иборатанд:

- заминаи кӯҳнаю фарсудаи моддию техникии муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ ва нокифоягии воситаҳои инвеститсионӣ ҷиҳати таҷдиди саривақтии онҳо;

- то ба охир нарасонидани ислоҳот дар системаи таҳсилоти табибон ва ҳамшираҳои тиббӣ;

- муттасил аз кор рафтани мутахассисон аз соҳаи тандурустӣ вобаста ба муҳоҷират рафтани онҳо берун аз ҳудуди Тоҷикистон;

- номукаммал будани стандартҳои давлатӣ дар соҳаи таъминот бо доруворӣ;

- ақибмонии афзоянда ҷиҳати ворид намудани амалияи пешқадами байналмилалӣ дар усулҳои ташхис ва муолиҷар бемориҳои паҳнгардида;

- мавҷуд набудани системаи муосири стандартҳо ва назорати сифати кӯмаки тиббӣ.

Иқтисодиёти соҳаи тандурустӣ дар сатҳи на он қадар баланд қарор дорад. Соли 2009 сатҳи хароҷоти умумии бахши тандурустӣ аз маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,9 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 1991 (4,5 фоиз) ниҳоят кам аст. Сатҳи мавҷудаи маблағгузорӣ наметавонад проблемаҳоеро, ки дар 20 соли охир зам шудаанд, ҳал намояд. Мутобиқи арзёбиҳо беш аз 70 фоизи ҳаҷми умумии маблағгузориҳо аз пардохти шахсии аҳолӣ иборат буда, танҳо 16 фоиз аз буҷет ва 14 фоиз аз саҳми донорҳо ҳиссагузорӣ мешавад. Пардохти аҳолӣ асосан дорои хусусияти ғайрирасмӣ буда, аз ин рӯ назорати он ниҳоят мураккаб аст. Аҳолии камбизоати Тоҷикистон ҳангоми беморӣ таҳти сарбории вазнини молиявӣ қарор мегиранд. Сатҳи пардохт ба сифати хизматрасонӣ мувофиқат наменамояд. Пардохтҳои ғайрирасмии мизоҷон танҳо даромади табибонро афзун намуда, вале дигар моддаҳои маблағгузории ҷорӣ ва хароҷоти асосии сармояро дар бар намегиранд. Номутаносибии сохтории хароҷоти давлатӣ дар тақсимоти нобаробари он вобаста ба минтақаҳои кишвар ва сатҳи хизматрасонӣ зоҳир мегардад. Дар кормандони соҳаи тандурустӣ ҳисси ҳавасмандии зарурии моддию касбӣ нисбат ба истеҳсолот ва сифати кор, ки ба манфиатҳои муроҷиин нигаронида шуда бошад, эҳсос карда намешавад.

Натиҷабахшии фаъолияти муолиҷавию профилактикии мутахассисони тибби оилавӣ вобаста ба бартарияти кӯмаке, ки мутахассисони системаи махсусгардонидашудаи дармонгоҳӣ ва бистарикунонӣ мерасонанд, камтар мегардад.

Норасо будани як қатор муассисаҳои муҳиме, ки қодиранд сарбории муроҷиати беморонро барои бистарикунонӣ камтар кунанд ва миқдори кат/рӯзро коҳиш диҳанд, аз ҷумла:

- статсионарҳои рӯзона;

- марказҳои ҷарроҳии дармонгоҳӣ;

- хонаҳои нигоҳубини ҳамшираи шафқат;

- хадамоти кӯмаки патронажӣ ва дигар хадамоти дастгирии иҷтимоию тиббӣ ва барқарорсозӣ,

Беҳбудии санитарию эпидемиологии аҳолии кишвар амалан пурра ба фаъолияти хадамот ва муассисаҳои тандурустӣ вобаста мебошад. Ҳамзамон, ҳамкориҳои байнисоҳавӣ, ки барои паст кардани хатарҳои экологӣ ва иҷтимоии беморӣ ҳаётан муҳиманд, вуҷуд надорад.

Ҷамоат ва оилаҳои алоҳида ба сифати захираҳои мустақили профилактикӣ, ташхиси барвақтӣ ва муолиҷаи беморӣ баррасӣ карда намешаванд.

Эҳёгарӣ ва барқарорсозии беморони мубталои касалиҳои мунзим ва маъюбон, ки омили муҳими паст кардани зиёни беморӣ дар кишвар мебошад, ҳанӯз ҳам ба қисми ҷудонопазири корҳои муолиҷавию профилактикӣ табдил наёфтааст.

Ҳал нагардидани проблемаҳои дар боло зикршуда дар якҷоягӣ бо сатҳи рушди кишвар, ки дар он қисми зиёди аҳолӣ ба мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ рӯ ба рӯ мебошанд, барои рушди устувор монеа эҷод мекунад. Ин боиси паст шудани як қатор нишондаҳандаҳои муҳими саломатӣ, аз ҷумла давомнокии ҳисоби миёнаи умр, фавти модарону кӯдакон ва тифлони навзод, мубталоӣ ба бемории сил ва ВНМО мегардад.

Бо дарназардошти ҳамин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фароҳам овардани хизматрасониҳои иҷтимоии муассир ва самарабахш ба аҳолии камбизоат, хароҷоти оқилона ба бахши иҷтимоӣ ҷиҳати таъмини дастрасии одилона ба хизматрасониҳои тандурустӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин самт Эъломияи СММ "Мақсадҳои рушд дар остонаи ҳазорсола то соли 2015" қабул гардид. Аз ҷумла, мақсади тандурустӣ инҳоро дар бар мегирад:

- то 2/3 паст кардани сатҳи фавт байни кӯдакони то 5- сола;

- то 3/4 паст кардани сатҳи фавти модарон;

- боздоштани сатҳи паҳншавии ВНМО ва давом додани раванди коҳиш додани миқёси фарогирии он;

- боздоштани сатҳи паҳншавии малярия ва дигар бемориҳои асосӣ ва давом додани раванди коҳиш додани миқёси фарогирии он.

Ғояҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои сиёсии дар боло зикргардида мавҷуданд, асоси барномаи рушди бахши тандурустиро дар доираи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Модели ислоҳот вобаста ба фароҳам овардани хизматрасониҳои тандурустӣ беҳбуди дастрасиро тавассути таҷдиди сохтор ва ҳамгироии системаи фароҳам овардани кӯмаки тиббӣ, беҳбуди менеҷменти ҳарду сатҳи фароҳам овардани хизматрасониҳои тиббию санитарӣ (КАТС, тандурустии бистарикунонӣ ва ҷамъиятӣ), рушди сифати кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки ба тибби оилавӣ асос ёфтааст, муносибгардонии фонди кат ва сохтори муассисаҳои бистарикунонӣ, тақвияти нерӯи кадрии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, хадамоти бистарикунонӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ, беҳбуди инфрасохтор, такмили таъминот бо доруворӣ, тағйир додани системаи пардохти фароҳамоварандагони хизматрасонии тиббӣ бо тафриқа дар сатҳи КАТС мутобиқи принсипи сарикасӣ ва дар сатҳи бистарикунонӣ -барои ҳар як ҳолати муолиҷа; ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ ва усулҳои нави профилактика, ташхис ва муолиҷа бо истифода аз технологияҳои муосир, иштироки аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои тандурустӣ; барқарорсозии беморон ва маъюбон, ташкили кӯмаки паллиативӣ, такмили заминаи иттилоотии идоракунӣ ва дигар тадбирҳо дар назар дорад.

Стратегияи миллии солимӣ барои даҳ соли, минбаъда комилан ба дастовардҳои давраи гузашта такя намуда, ба ҳалли самарабахши проблемаҳои мубрам нигаронида шудааст.

Мақсади асосии Стратегия аз таҳкими саломатии аҳолии кишвар ва фароҳам овардани муҳити солими зист иборат мебошад.

Барои муваффақона ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда дар доираи Стратегия афзалиятҳои зайл муайян шудаанд:

- дигаргунсозиҳои системавӣ дар соҳаи тандурустӣ ва таҷдиди идоракунии соҳа барои таъсиси системаи ҳифзи саломатии аз нигоҳи иҷтимоӣ қобили қабул, босубот амалкунанд ва шаффоф дар Тоҷикистон;

- беҳбуди дастрасӣ, сифат ва самарабахшии хизматрасониҳои тиббию санитарӣ;

- рушди захираҳои соҳаи тандурустӣ.

Татбиқи бомуваффақияти Стратегия ҳаматарафа аз муносибатҳои маҷмӯии идоракунии захираҳо, системаҳо ва натиҷаи идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ алоқаманд мебошад. Мантиқи идоракунӣ аз он иборат аст, ки захираҳо фаъолияти системаро таъмин менамоянд ва системаҳо ба натиҷаҳо нигаронида шудаанд. Аз нигоҳи банақшагирии стратегӣ ҳам системаҳо ва ҳам захираҳо ба натиҷаҳо тобеъ мебошанд. Маҳз пешбинии натиҷаҳо асоси андешаҳои стратегӣ ва заминаи ҳуҷҷати мазкурро ташкил медиҳад. Мутобиқи ҳамин нақшаи мантиқӣ вазъи ниҳоии соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон ва роҳҳои ноил гардидан ба он дар се сатҳ зоҳир мегардад:

1. Натиҷаҳо: паст кардани сатҳи хатар ва нишондиҳандаҳои беморӣ вобаста ба ҳолатҳои алоҳида, силсилаи (сикли) ҳаёт, гурӯҳҳои аҳолӣ;

2. Системаҳо:

а) такмили идоракунӣ ва роҳбарии фаврии соҳаи тандурустӣ;

б) ҷорӣ намудани моделҳои пешқадами ташкил ва усули расонидани кӯмаки тиббӣ;

в) такмили назорати сифат ва ҳавасмандгардонии беҳбуди сифати корҳои муолиҷавию профилактикӣ;

г) иҷозатномадиҳӣ ва аттестатсияи кормандони тиб;

д) акредитатсияи муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ, тиббӣ (фармасевтӣ) ва муассисаҳои таълимӣ;

е) таъмини дастраси баробарӣ ба тамоми аҳолии кишвар нисбати захираҳои ҳифзи саломатӣ;

3. Захираҳо:

а) таҷдиди заминаи моддию техникии муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ ва системаҳо;

б) таъминоти кишвар бо ваксинаҳои замонавӣ, маводи доруворӣ ва молу маҳсулоти тиббӣ;

в) баланд бардоштани натиҷабахшии фаъолияти кадрҳои тиббӣ тавассути ҷорӣ намудани барномаҳои муосири омодасозӣ дар самти таҳсилоти тиббии заминавӣ ва бетанаффус ва ҷорӣ намудани муносибатҳои аз нигоҳи илмӣ асоснок;

г) ҷалби босуботи воситаҳои молиявӣ ба соҳаи ҳифзи саломатӣ ва хароҷоти самарабахши онҳо.

Ҳамаи ин се сатҳ ва унсурҳои таркибии онҳо дар доираи ҳамин Стратегия ба таври баробар муҳим ва афзалиятнок мебошанд. Ба ҳамин маънӣ, муайян намудани афзалият ин на танҳо муноснбати миқдорӣ нисбат ба татбиқ, балки муносибати сифатӣ ба ҳисоб меравад. Ин муносибатҳо зина ба зина дар нақшаи чорабиниҳо инъикос карда мешаванд.

Афзалияти фарогир дар даҳсолаи оянда аз таъмини муносибатҳои системавӣ ва маҷмӯӣ ҷиҳати баланд бардоштани самарабахшии ҳифзи саломатии аҳолӣ иборат мебошад. Ба он тавассути таҷдиди мувофиқашудаи системаи идоракунии соҳаи тандурустӣ ноил шудан мумкин аст, ки ба истифодаи нисбатан судманди захираҳо ва тақвияти таъминоти захиравӣ асос ёфтааст. Дар доираи чунин муносибат самараи татбиқи Стратегия аз соҳаи ҳифзи солимии судманд, аз нигоҳи системавӣ хотимаёфта ва аз нигоҳи захиравӣ таъмингардида иборат хоҳад буд.

1. Натиҷаҳои мунтазира дар солимии аҳолӣ

Баланд бардоштани самарабахшии системаи ҳифзи солимии аҳолӣ дар паст кардани сарбории бемориҳо барои иқтисодиёт ва ҷамъияти Тоҷикистон зоҳир мегардад. Вазъи бемории аҳолӣ маҳз дар он ҷое беҳбуд меёбад, ки дар он талафот вобаста ба беморӣ нисбатан назаррас буда, метавонад дар доираи имконоти иқтисодии кишвар пасттар карда шавад.

Натиҷаҳои ҷамъбастии ҷорӣ намудани Стратегия аз паст кардани талафоти вобаста ба беморӣ то 30 фоиз иборат хоҳад буд, ки ба туфайли он Тоҷикистон метавонад ба сатҳи миёнаи нишондиҳандаҳои муосир дар минтақаи "БМЕ ТУТ" дар таснифоти ҷуғрофии ТУТ ноил гардад. Ба нишондиҳандаҳои ҳисоби миёнаи омории минтақа мувофиқ гардонидани натиҷаҳои мунтазираи татбиқи Стратегия вобаста ба саломатӣ ҷиҳати паст кардани сатҳи беморӣ дар Тоҷикистон барои 10-15 соли минбаъда омили ҳавасмандсоз хоҳад буд.

§.1.Таҳкими саломатии модарон, тифлони навзод, кӯдакон ва наврасон.

Таҳкими саломатии модарон, тифлони навзод, кӯдакон ва наврасон дар коҳиш додани талафоти вобаста ба беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Дар натиҷаи татбиқи Стратегия кӯмаки кафолатноки ройгони (заминавии) тахассусии тиббӣ ҳангоми ҳамл, таваллуд ва баъди таваллуд, инчунин пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои ниҳоят паҳнгардидаи кӯдакон барои ҳамаи занон, тифлони навзод ва кӯдакон сарфи назар аз сатҳи дороии оилавӣ ва маҳали зист таъмин карда мешавад. Он дар доираи БКД сурат мегирад. Натиҷаи дастовардҳо аз инҳо иборат хоҳанд буд:

- муайян намудани гурӯҳҳои аҳолӣ, ки ба гирифтани хизматрасониҳои ройгон хуқуқ доранд;

- тақвияти салоҳият ва ҳавасмандгардонии табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои тиббӣ;

- беҳбуди шабакаи нақлиёт барои хизматрасонҳои тиббӣ дар деҳот;

- беҳбуди иқтидорҳои ташхисӣ ва муолиҷавии муассисаҳои муолиҷавию профилактикии сатҳи ноҳия;

- таъмини ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бо катҳои навкардашудаи (модернизатсияшудаи) акушерию гинекологӣ ва неонаталӣ.

Мутобиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ҳиссаи занони солими ҳомиладорӣ бе сирояти бо роҳи алоқаи ҷинсӣ интиқолшаванда, бе камхунии норасоии оҳан, бо риоя намудани фосилаи сесолаи байни таваллуд афзоиш хоҳад ёфт. Дар соли 2015 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2010 фавти модарон то 30 ҳолат ба 100 000 навзод ва дар соли 2020 то 25 ҳолат коҳиш хоҳад ёфт.

Ҳиссаи кӯдаконе, ки бо вазни ками бадан таваллуд шудаанд (камтар аз 2,500 г) то соли 2015 то 8 фоиз ва дар соли 2020 аз теъдоди умумии кӯдакони навзод то 5 фоиз паст мегардад. Фавти неонаталӣ (фавти кӯдакони навзод дар давоми 28 рӯзи аввал) 50 фоиз - аз 52 ҳолат то 26 ҳолат ба ҳар 1000 нафар навзод паст карда мешавад.

Дастгирии маҷмӯии саломатии занон то давраи ҳамл ва таваллуд ва дар давраи ҳамл ва таваллуд ба маъракаи миқёсан васеи бахши тандурустии Тоҷикистон ҷиҳати паст кардани сатҳи беморӣ ва фавт дар даврӣ перинаталӣ табдил меёбад. Асоси модели мазкурро муносибати маҷмӯӣ ба саломатии оила ва ҳамсарон, ба солимии репродуктивии занон ва духтарон аз синну соли наврасӣ то охири давраи синну соли репродуктивӣ ташкил медиҳад.

Муттасил омӯзонидани наврасон, оилаҳои ҷавон ва волидайн оид ба масъалаҳои солимии репродуктивӣ, аз ҷумла танзими оила, модарии солим, тарзи ҳаёти солим, оид ба ВНМО ҷанбаи асосии корҳои санитарию маърифатиро дар макотиб, ҷомеаҳо, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ташкил хоҳад дод.

Тавассути таъмин бо захираҳои контрасептивӣ ва идоракунии он, афзоиши нерӯи кормандони хизматрасон дастрасӣ ба хизматрасонии хушсифати вобаста ба танзими оила беҳбуд хоҳад ёфт.

Дар даҳсолаи наздик ба пешгирии сироятшавӣ бо ВНМО байни гурӯҳҳои таҳти хатари баланд ва аҳолии осебпазир, бо роҳи гузаронидани маъракаҳои оммавии ҷамъиятӣ, тести ВНМО, машварат ба мардони дорои ВНМО мусбӣ, машварат ба занон оид ба масъалаҳои рафтори репродуктивӣ, машварат бо шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, инчунин профилактикаи сироятшавии кӯдак аз модар таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад.

Фарогирии занони ҳомила ба ташхисҳои профилактикӣ дар сатҳи якуми тандурустӣ мутобиқи тавсияҳои ТУТ афзоиш хоҳад ёфт.

Назорати то таваллуд махсусан дар ноҳияҳои дурдаст бояд нақши муҳимро ба ҷо орад, зеро он имкон медиҳад, ки ташрифи мустақим ба муассисаҳои муолиҷавӣ қисман иваз карда шавад.

Самарабахшии кӯмаки то таваллуд тавассути назорати мунтазами ҳолати модари оянда ва инкишофи ҷанин; арзёбии амиқи омилҳои хатар; ташхиси дақиқи клиникӣ ва лабораторӣ; ҷорӣ намудани мониторинги пешқадами назорати системаи дилу рагҳои хунгузар, роҳҳои нафас ва мақоми алиментарии модар ва ҷанин афзоиш хоҳад ёфт. Ба таври назаррас баланд бардоштани тахассуси кормандони тиб ҳангоми расонидани кӯмаки антенаталӣ ва беҳбуди таъмини амалияи оилавӣ бо ваксинаҳо, доруворӣ, иловагиҳои ғизоӣ муносибати маҷмӯии такмилёфтаи хизматрасонӣ ва дастгирии самарабахши занони ҳомиларо таъмин менамояд.

Таҳкими кӯмаки неонаталӣ, аз ҷумла зиёд кардани миқдор ва тақсими нисбатан баробари катҳои неонаталӣ ба минтақаҳо, ки барои расонидани кӯмак вобаста ба нишондиҳандаҳои ҳаётан муҳими кӯдакони навзод дар ҳафтаи якуми зиндагӣ бо ҳамаи таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд, вазифаи аз нигоҳи давлатӣ муҳим хоҳад буд.

Татбиқи самарабахши чораҳои мувофиқашудаи дар боло зикргардида боиси он мегардад, ки на камтар аз чор се ҳиссаи занони ҳомила дар соли 2020 аз чунин кӯмаки то таваллуд бархӯрдор хоҳанд шуд. Ҳамзамон бо маҷмӯи асосии хизматрасониҳои клиникӣ кӯмаки антенаталӣ тавсеа ёфта, инҳоро фаро мегирад: машварат вобаста ба масъалаҳои рӯҳию иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ; назорати доимии нишондиҳандаҳои ҷисмонӣ; ташхиси ихтиёрӣ ва муолиҷаи зиддиретровирусии ВНМО; ташхис ва муолиҷаи дигар бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда; назорати инкишофи ҷанин, эмкунӣ зидди кузози модар, таъини табобати дахлдор ҳангоми гелминтоз, маводи дорои оҳан, иловагиҳои мултинутриентӣ ва ҳангоми нокифоягии ғизо (ҳангоми индекси вазни бадан камтар аз 18,5) - инчунин дастгирӣ бо маводи аз нигоҳи сафеда бой.

Вазифаи барномавии Стратегия аз фарогирии занони таваллуд кардаистода бо кӯмаки акушерии тахассусӣ дар таваллудхонаҳо иборат мебошад, ки мутобиқи стандартҳои давлатии муҷаҳҳазии моддию техникӣ ва мукаммалии кадрҳо аттестатсия шудаанд. Дар соли 2020 ба онҳо на камтар аз 90 фоизи таваллуд дар кишвар рост меояд, ки он соли 2009 ба 75 фоиз баробар буд.

Соҳаи тандурустии Тоҷикистон системаи сесатҳаи кӯмаки тиббии таваллудро дар муассисаҳои муолиҷавӣ таҳким мебахшад:

- қабули таваллуди бенуқсони физиологӣ дар марказҳои саломатии деҳот ва шӯъбаҳои (таваллудхонаҳои) шифохонаҳои маҳаллӣ;

- қабули таваллуди начандон мураккаб дар катҳои таваллуди беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо (таваллудхонаҳо);

- бистарикунонии нақшавӣ ё фаврии занони ҳомила дар катҳои махсусгардонидашудаи акушерию гинекологии статсионарҳо ё таваллудхонаҳои сатҳи дуюм вобаста ба хусусияти хатар барои саломатии модарон ё патологияи модарзоди кӯдак ё вазъи таъхирнопазир ҳангоми таваллуд анҷом дода мешавад. Дастрасӣ ба ҳамаи се сатҳ тавассути системаи фиристодани бемор ба таваллудхона танзим мегардад (он дар давраи то соли 2015 таҳия хоҳад шуд). Стандартҳои таъмини кӯмаки акушерию генекологӣ бо таҷҳизот, доруворӣ ва дигар воситаҳои таъиноти тиббӣ барои ҳар кадом сатҳи кӯмак муқаррар карда мешавад.

Аз сабаби он, ки қисми зиёди аҳолии кишвар дар ноҳияҳои дурдаст ва камнуфус зиндагӣ мекунанд, ҳангоми мавҷуд набудани хатар ва нуқсон то 10 фоизи таваллуд дар шароити хона, бо иштироки ҳатмии корманди соҳибихтисоси тиббӣ сурат мегирад. Ҳамзамон, кӯмаки то таваллуд дар нимаи дуюми ҳомиладорӣ дар шакли нигоҳубин дар хона анҷом дода мешавад.

Ба идома додани оғози синамаконии барвақтӣ ва парвариши кӯдакони навзод танҳо тавассути синнамаконӣ дар шаш моҳи аввали зиндагӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Синамаконӣ ҳамчун ғизои иловагӣ то 2 солагии кӯдак ҳавасманд гардонида мешавад. Ба кӯдаконе, ки аз модарони мубталои сирояти ВНМО таваллуд шудаанд, барои гирифтани ғизои сунъӣ имконият фароҳам мегардад.

Сарфи назар аз шароити зист ё маҳали қабули таваллуд (дар хона ё муассисаи тиббӣ) оила, ҷамоат ва мақомоти маҳаллии ҳомикият ҳангоми банақшагирӣ, омодагӣ ба таваллуд ва дастгирии баъди таваллуд ҷалб карда мешаванд. Мушкилоти фосилаи ҷуғрофӣ ва шароити маҳдуди зиндагиро метавон тавассути маблағгузории азму талоши оқилона ба нақша гирифташуда ва самараноки одамон ва ташкилотҳое, ки барои мақсадҳои ягона муттаҳид шудаанд, ҳал кард, яъне ҳар як ҳомиладорӣ бояд натиҷаи матлуб дошта бошад, минбаъд модар аз нигоҳи ҷисмонӣ ва рӯҳию эҳсосотӣ барқарор карда шавад, навзод зинда монад ва инкишофи мӯътадили ӯ идома ёбад.

Стратегияи мазкур ӯҳдадориҳои маъмурияти маҳаллиро ҷиҳати маблағгузории талони маҳсулот ба модарон барои бақайдгирии барвақтии тиббӣ вобаста ба ҳомиладорӣ, барои ҳар як ташрифи такрорӣ ҷиҳати қабули то таваллуд ба тибби оилавӣ (мутобиқи шумораи муайяни ташриф) ва худмуроҷиат вобаста ба таваллуд ба муассисаи муолиҷавии тавсияшуда муқаррар менамояд. Мутахассисони тибби оилавӣ барои нишондиҳандаҳои матлуби ҳаёти модар ва тифлони навзод мукофотонида мешаванд. Фаъолин (волонтёрон) дар ҷомеа ҳамчун ихтиёриён эътироф гардида, иштироки онҳо барои фароҳам овардани иттилоот дар бораи ҳомиладорон ва ҳамли матлуб васеъ истифода бурда мешавад.

Дар даҳсолаи наздик мутобиқи "Стратегияи миллии саломатии кӯдакон ва наврасон то соли 2014" самти стратегии ҳифзи саломатии кӯдакон ба муносибати байнибахшӣ ва ҳамкориҳои байнисоҳавӣ нигаронида мешавад.

Профилактикаи самарабахши бемориҳои синну соли барвақтии кӯдакон қабл аз ҳама ба волидайн вобаста буда, тавассути ғизои мӯътадили кӯдакон; нигоҳубини ғамхорона; ошкор намудани аломатҳои беморӣ; муроҷиати саривақтии волидайн ҷиҳати гирифтани кӯмаки тиббӣ муайян карда мешавад. Худхизматрасонӣ ва кӯмаки байниҳамдигарии хешу ақрабо ва ҷамоат ҳамчун захираи муроқибат ва дастгирии саломатии кӯдакон баррасӣ мегардад. Гузаронидани фаъолияти муттасили иттилоотӣ оид ба таҷрибаҳои амалӣ ва дастгирии психологии тақвияти шахсият ва масъулияти дастаҷамъӣ нисбат ба саломатӣ ва офияти кӯдакон дар ҳақиқат ҳам вазифаи аз нигоҳи стратегӣ муҳим ба ҳисоб меравад. Дастгирии захираҳои оилавӣ ва ҷамоат оид ба ҳифзи саломатии кӯдакон махсусан барои оилаҳое, ки дорои имкониятҳои маҳдуд мебошанд ва дар деҳоти дурдаст зиндагӣ мекунанд, инчунин барои онҳое, ки даромади начандон зиёд доранд, ниҳоят муҳим мебошад, зеро даромади кам, сатҳи таҳсилоти волидайн, аз нигоҳи ҷуғрофӣ дар масофаи дур сукунат доштани онҳо боиси осебпазирии иҷтимоию иқтисодӣ, аз даст додани саломатӣ ва ҳаёти кӯдакон мегардад. Ҳангоми кор бо занон ва аҳли оилаи онҳо ба моҳияти омилҳои нобаробарии гендерӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло Стратегия "саломатии ҷамоатӣ" -ро аз мафҳуми маҳдуди марҳилаи таҷрибавӣ то сатҳи сиёсати давлатӣ баланд мебардорад, ки дар сатҳи миллӣ амалӣ карда мешавад. Тақвияти ҷамоат ҳамчун захираи саломатии ҷамъиятӣ ва шахсӣ "бунёди (платформаи) идеологӣ" - и гуногунҷабҳае мебошад, ки Стратегияи мазкур ба он асос ёфтааст. Ҳамзамон, маҳз саломатии кӯдакон дар доираи саломатии ҷомеавӣ ғояи муттаҳидкунанда ва афзалиятнок хоҳад буд.

Нақши муҳими соҳаи тандурустии давлатӣ ҳамчун манбаи тақвияти хонаводаҳо ва ҷамоат дар самтҳои зайл зоҳир мегардад:

- фаъолгардонии корҳои санитарию маърифатӣ ҷиҳати ба волидайн омӯзонидани малакаи муайян намудани аломатҳои бемориҳои нисбатан паҳншудаи синну соли барвақтии кӯдакона ва анҷом додани амалҳои ҷавобии самарабахш, инчунин баланд бардоштани қобилияти волидайн ҷиҳати ҳавасмандгардонии рушди психологию иҷтимоӣ ва нигоҳ доштани саломатии равонии (менталии) фарзандон. Дар натиҷаи маърифатнокии волидайн то соли 2015 дар заминаи тибби оилавӣ 50 фоизи оилаҳо ва дар соли 2020 на камтар аз 75 фоизи оилаҳо метавонанд аломатҳои бемориро фарқ карда, барои кӯмаки тиббӣ муроҷиат намоянд, дар хона нигоҳубини дурусти кӯдакони беморро ташкил диҳанд ва силсилаи муолиҷа бо дорувориро то охир ба анҷом расонанд. Қобилияти волидайн ҷиҳати гузаронидани табобати регидрататсионии даҳонӣ дар шароитҳои хона омили асосии пешгирии фавти кӯдакон аз бемории диарея хоҳад буд. Аз теъдоди умумии оилаҳои дорои кӯдакони то синни 5 дар соли 2015 на камтар аз 75 фоиз ва дар соли 2020 то 90 фоиз оид ба муолиҷаи бемориҳои диарея дар шароити хона таълим гирифта, бо намакҳои регидрататсионии даҳонӣ таъмин хоҳанд шуд;

- иштироки фаъолонаи волидайн ва аҳли ҷомеаи маҳаллӣ дар маъракаҳои пешгирии бемориҳои кӯдакона. Бояд масъулияти волидайн, хешу ақрабо ва аҳли ҷомеа барои эмкунии саривақтӣ ва пурраи кӯдакон мутобиқи Тақвими миллии эмкунии профилактикӣ баланд бардошта шавад. Табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои тиббӣ ҷиҳати паҳн намудани маърифати санитарию гигиенӣ корҳоро байни аҳолӣ, дар мактабҳо, ташкилот ва ҷамоатҳои маҳаллӣ бо мақсади мусоидати ҳаддалимкони муассисаю ташкилотҳо нисбат ба саъю талоши кормандони соҳаи тиб оид ба ҳифзи кӯдакон аз сирроятҳои тавассути ваксина идорашаванда фаъолона ба роҳ мемонанд;

- корҳо бо хонаводаҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати санитарию гигиенӣ, дар маҷмӯъ дар сатҳи оила ва қабл аз ҳама оид ба масъалаҳои нигоҳубини кӯдакон ва риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ. Худомӯзии волидайн ва талабот нисбат ба худ оид ба масъалаҳои солимгардонии шароити маишӣ заминаи муҳими профилактикаи бемории кӯдакон буда, самти афзалиятноки таваҷҷӯҳи соҳаи кӯмаки аввалияи тиббӣ дар доираи Стратегияи мазкур ба ҳисоб меравад;

- кор бо оилаҳо, дар мактаб, бо аҳли ҷамоат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъмини офияти рӯҳию эҳсосоти кӯдакон ва наврасон, ҳифзи кӯдакон аз зӯроварӣ ва истисмор, тарбияи муносибатҳои эҳтиромона нисбат ба кӯдак ҳамчун шахсият, тағйир додани рафтори ношоям, кӯмак ба наврасон ҷиҳати пешбурди ҳаёти мустақилона, тарбияи онҳо ҳамчун сарвар, инчунин боло бурдани малакаи коммуникатсионӣ;

- фаъолияти касбии кормандони кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар амри ҳифзи саломатии кӯдакон ва офияти онҳо, беҳбуди сифати оби нӯшокӣ, таҷдиди хадамоти санитарию гигиенӣ, поксозии санитарии шаҳрҳо, нобуд сохтани манбаъҳои хатарноки ифлосшавии муҳити зист, назорати сифати ваксинаю доруворӣ ва риояи меъёрҳои касбию этикӣ ҳангоми хизматрасониҳои муолиҷавию профилкатикии модару кӯдак.

Табдил додани оила ва ҷамоат ба институтҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон азму талоши муолиҷавию профилактикии кормандони аз нигоҳи касбӣ омодаи тиббиро чандин маротиба тақвият бахшида, вале онҳоро иваз карда наметавонад. Тақвияти пешбурди ҳамгироишудаи бемориҳои синну соли кӯдакона ҳамчун асоси методӣ ва ташкилии ноил шудан ба дастовардҳои нав дар самти ҳифзи саломатии кӯдакони Тоҷикистон боқӣ мемонад. Муносибатҳои маҷмӯӣ бо фарогирии офияти рӯҳию эҳсосотӣ ва саломатии ҷисмонии (соматикии) кӯдакон ба пешгирии самарабахши беморӣ ва муолиҷаи бёмориҳои синну соли кӯдакона, ҳалли проблемаҳои рушди ҷисмонӣ ва ташаккули кӯдак ҳамчун шахсият мусоидат хоҳад кард. Дар доираи Стратегияи мазкур пешбурди маҷмӯии бемориҳои синну соли кӯдакона ба кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ҳамгироӣ хоҳад шуд, ки асоси онро тибби оилавӣ ташкил медиҳад.

Муносибатҳои стратегии дар боло зикргардида нисбат ба ҳифзи саломатии кӯдакон асоси азназаргузаронии профилактикӣ, рафъи норасоии ғизо, ҳимоя аз сироят, муолиҷа, нигоҳубин ва дастгирии иҷтимоию психологии кӯдаконро дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ташкил медиҳад. Кӯшишу талоши худро бо оила ва атрофиёни аз нигоҳи иҷтимоӣ наздик ҳамоҳанг сохта, кормандони соҳа ба паст кардани сатҳи фавти кӯдакон то 25 ҳолат ба 1000 нафар навзод то соли 2015 ва то 20 ҳолат дар соли 2020 ноил мегарданд. Фавт байни кӯдакони то 5 сола дар соли 2015 то 38 ҳолат ва дар соли 2020 то 20 ҳолат ба ҳар 1000 нафар навзоди зинда таввалудшуда кам карда мешавад.

Ба такмили малака ва дониши табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои тиббӣ, ҷорӣ намудани протоколҳои клиникӣ, таъмин бо воситаҳои доруворӣ, таҷҳизоти диагностикӣ, нақлиёт, силсилаи сардӣ барои муттамарказгардонии фаъолият оид ба пешбурди бемориҳои ба таври васеъ паҳнгардидаи кӯдакон, ба монанди норасоии алиментарӣ, деария, бемориҳои шадиди роҳи нафас ва сироятҳои идорашаванда таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад. Омӯзонидани кормандони соҳаи тиб ба онҳо имкон медиҳад дарк намоянд, ки то кадом андоза нобаробарии иҷтимоӣ ва гендерӣ ба дастрасии хизматрасонии тиббӣ барои модарон ва кӯдакон таъсир мерасонад.

Вазифаи аввалиндараҷа ва ниҳоят муҳим аз он иборат аст, ки ҳамаи тифлони навзод ва кӯдакони то 3 сола бо ғизои мӯътадил, хусусан микроэлементҳо - витамин ва минералҳо таъмин карда шаванд. Синамаконӣ, ба таври истисноӣ, стратегияи асосӣ ва умумии ғизои мӯътадили кӯдакон боқӣ мемонад, ки бояд аз рӯзи таваллуд то 6-моҳагӣ идома ёбад. Ҳангоми. мавҷудияти таъиноти тиббӣ модарон барои профилактикаи камхунии норасоии оҳани кӯдакони ширхор бо маводи дорои оҳан таъмин карда мешаванд. Ба кӯдакони аз 6 моҳа то 5 солаи мубталои камхунии ошкоро ферротерапия таъин гардида, барояшон намакҳои йоддоршуда истифода бурда мешавад. Қисми муҳими барномаи профилактикаи нокифоягии шадиди алиментарӣ аз он иборат аст, ки модарони таваллудкарда ва кӯдакони то 5- сола тавассути витамини А дастгирӣ карда шаванд.

Пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои норасоиҳои йод байни кӯдакон, ба монанди норасоии дигар микронутриентҳо, вазифаи асосии даҳсолаи наздик боқӣ мемонад. Бояд гузаронидани мониторинги татбиқи қонун дар бораи фортификатсияи намак бо йод давом дода шавад.

Дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои дар боло зикргардида зуҳуроти паст будани сатҳи инкишофи кӯдакони хурдтар аз 3 сола аз 34 фоиз дар соли 2007 то 26 фоиз дар соли 2015 ва то 20 фоиз то соли 2020, кам гардида, паҳншавии нимгуруснагӣ (камхунӣ) дар кӯдакони то 2 сола мутаносибан 40 фоиз дар соли 2015 ва 25 фоиз то соли 2020 коҳиш хоҳад ёфт. То давраи ба охир расидани татбиқи Стратегия паҳншавии нимгуруснагии шадид байни кӯдакони то 5 сола - 4 фоиз ва паҳншавии нимгуруснагии мунзим то 30 фоиз камтар мегардад.

Тақрибан 15 фоизи ҳамаи талафоти Тоҷикистон вобаста ба бемории аҳолӣ ба сироятҳои шадиди роҳи нафас (респираторӣ), бемориҳои диарея ва сироятҳои паразитарӣ рост меояд. Пешгирӣ ва муолиҷаи ин бемориҳо мавзӯи қабули педиатрӣ ва патронаж дар оилаҳои дорои кӯдакони аз 5-сола хурдтар мебошад.

Дар доираи роҳбарии клиникии пешбурди ҳамгироишудаи бемориҳои синну соли кӯдакона табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ барои ташхиси нисбатан дақиқи сироятҳои шадиди респираторӣ кӯшиш намуда, муносибатҳои тафриқавии (муайяншудаи) муолиҷаи онро аз худ хоҳанд кард.

Барои беҳбуди идоракунии бемориҳои диарея фароҳамоварандагони хизматрасониҳои тиббӣ ба қисми таркибии барнома табдил хоҳанд ёфт, ки назорати беморӣ, омӯзонидани ҷамоатҳои маҳаллӣ ва хонаводаҳоро оид ба масъалаҳои саломатӣ дар бар мегирад. Ба "унсури оилавии" ташхис ва муолиҷаи диарея, аз ҷумла омӯзонидани аъзои калонсоли оила ҷиҳати таҳия ва истифодаи маҳлули намакҳои регидрататсионии даҳонӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад. Дар натиҷаи тадбирҳои пешбининамудаи Стратегия мубталоӣ ба бемории диарея байни кӯдакони то 5- сола дар соли 2015 то 25 фоиз ва дар соли 2020 то 50 фоиз коҳиш хоҳад ёфт.

Профилактика ва муолиҷаи бемориҳои гелминтозӣ ба мисли дигар сироятҳо ҳамзамон бо андешидани чорабиниҳои санитарию гигиенӣ анҷом дода мешавад. Фарогирии кӯдакони синну соли мактабӣ бо дегелминтизатсия дар соли 2015 то 70 фоиз ва дар соли 2020 то 90 фоиз хоҳад буд.

Тадбирҳои зикргардида оид ба профилактика ва муолиҷаи бемориҳои нисбатан паҳнгардидаи синну соли кӯдакона бо азму талоши махсус ҷиҳати пешгирӣ ва муолиҷаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО) мукаммал мегардад. Ҳамзамон бо иттилооти кӯдакон ва ҷавонон дар мавриди хатар ва механизми сироятшавӣ онҳо имконият пайдо мекунад, ки бо мақсади пешгирӣ ё сари вақт ошкор намудани сироят аз кӯмаки машваратию ташхисӣ бархурдор бошанд. Мактаб ва дигар муассисаҳои кӯдакона методикаи ҳамгироии кӯдакони бо ВНМО сироятшударо ба раванди таълим ва барномаҳои корҳои беруназмактабӣ бо кӯдакон аз худ хоҳанд кард. Корҳо оид ба фарогирии ҳамаи кӯдакони гурӯҳҳои таҳти хатари ҳадди ақали иҷтимоию тиббӣ бо кӯмаки ихтиёрии машваратию ташхисӣ оид ба пешгирии сироят бо ВНМО ва ошкор намудани сироят идома дода мешавад. Дар соли аввали татбиқи Стратегия муайянсозӣ ва теъдоди гурӯҳҳои мақсадноки кӯдакон барои пешгирӣ ва назорати ВНМО дақиқ карда мешавад.

Ҳангоми ошкоро мавҷуд набудани аломати манъи тиббӣ ва бо мувофиқаи волидайн эмкуниҳо дар ҳафтаи аввали зиндагӣ барои ҳамаи тифлони навзод ҳам бо ваксинаҳои маъмулӣ (ОПВ, Гепатити Б, БСЖ), инчунин ваксинаҳои нав ва навтарин, вобаста ба ворид намудани онҳо ба Тақвими миллии эмкуниҳои профилактикӣ, таъмин хоҳанд шуд.

Ҳамзамон бо эмкунии саривақтӣ ва бехатар кӯмаки неонаталӣ ва саломатии тифлони навзод чунин дастгирӣ карда мешавад:

- нигоҳ доштани низоми зарурии ҳарорат ва гардиши ҳаво дар ҳуҷраҳои (палатаҳои) таваллудхонаҳо;

- чорабиниҳои махсус барои профилактикаи ҳарорати пасти бадан (гипотермия) ҳангоми таваллуди барвақтӣ;

- корҳои фаъоли тавзеҳотӣ аз ҷониби табибон ва ҳамшираҳои шафқат оид ба таблиғи муҳимии гигиенаи шахсӣ ва истиқоматӣ барои занон ва аъзои оилаи онҳо.

Ба тифлони навзоди мубталои сирояти ВНМО ҳамзамон вояи дорувории ЗРВ дода мешавад. Тифлони навзоди аз модарони мубталои сирояти ВНМО таваллудшуда бо курси якмоҳаи муолиҷаи ЗРВ дар ҷараёни ду соли татбиқи Стратегия фаро гирифта мешаванд.

Тавсеаи доираи бемориҳои тавассути ваксина идорашаванда ҳамзамон бо таҳкими ҳамаи силсилаи захиравӣ ва технологии эмкунии бехатар ва аз нигоҳи хароҷот самарабахш анҷом дода мешавад. Эмкунӣ бояд аз нигоҳи арзиш судманд бошад ва ин мақсади дарозмӯҳлат бо роҳи ноил шудан ба худмаблағгузории барномаи эмкунӣ, аз ҷумла хариди ваксина, маводи хароҷотӣ ва силсилаи сардӣ ба даст меояд.

Беҳбуди системавӣ ба инҳо мусоидат менамояд:

- интихоби судманди ваксина;

- харид бо нархи қобили қабул;

- назорати сифат;

- сари вақт расонидани он;

- мавҷудияти миқдори зарурӣ;

- истифодаи саривақтии партовар бо риояи силсилаи сард;

- мутобиқати нуқтаҳои эмкунӣ ба стандартҳои ваксинопрофилактикаи бехатар;

- омодагии кормандони тиб вобаста ба қоидаҳои ташкил ва техникаи гузаронидани эмкунӣ, инчунин усулҳои кӯмаки бетаъхир ҳангоми ба миён омадани нуқсонҳои баъди эмкунӣ;

- нобуд сохтани сӯзандоруҳо, бақайдгирии саҳеҳ ва дурусти эмкуниҳои профилактикӣ.

Фарогирии ҳадди аксари кӯдакон бо иммунопрофилактика тавассути муносибатҳои фасеҳ ва эҷбдкорона созмон додани он дар доираи муассисаҳои муолиҷавӣ бо даъвати махсус ва дар раванди қабули маъмулии педиатрӣ; ҳангоми гузаронидани рӯзҳои саломатӣ дар мактаб ва дигар муассисаҳои кӯдакона; тавассути бригадаҳои сайёри эмкунанда; дар ҷараёни нигоҳубин дар хона аз ҷониби кормандони амалияи оилавӣ ба даст меояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории стратегиро бо Иттиҳоди глобалии ваксина ва эмкунӣ, дигар ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи маблағгузорӣ ва фароҳам овардани ваксинаҳои нав ва навтарин идома хоҳад дод. Мақомот ва мутахассисони пешбари соҳаи тандурустии кишвар аз коркардҳои навтарин дар соҳаи технологияи ҷорӣ намудани ваксина ва ваксинаҳои ба гармӣ устувор воқиф хоҳанд буд. Таҷрибаи қобили қабули байналмилалӣ ба Барномаи миллии эмкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироӣ хоҳад шуд.

§2. Пешгирӣ ва назорати бемориҳои сироятӣ

Дигаргуниҳои азими иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсие, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ ба миён омаданд, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои офияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ муносибатҳои усулан навро тақозо намуд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон" Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ" муайян гардида, раванди муосири танзимро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ аз ҷониби қонунгузор инъикос менамояд. Ба онҳо марбутанд: талаботи санитарию эпидемиологии таъмини бехатарии муҳити зист барои саломатии инсон, мониторинги иҷтимоию гигиенӣ, бамеъёргирии давлатии санитарию эпидемиологӣ, аккредитатсияи лабораторияҳои (марказҳои) озмоишӣ, экспертизаи санитарию эпидемиологӣ, баҳодиҳии токсикологӣ, радиологӣ ва гигиенӣ.

Принсипҳои заминавӣ аз самти профилактикӣ ва ҳимоя аз беморӣ, таблиға саломатӣ тавассути самтгирӣ ба дахолати профилактикӣ ва хизматрасонӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, рушд ва истифодаи амалии шаклҳои пешқадами хизматрасониҳои тиббӣ, аз ҷумла назорати санитарию эпидемиологӣ, мониторинги саломатӣ ва муҳити зисти инсон иборат буд ва минбаъд низ боқӣ мемонад.

Ба вазифаҳои афзалиятноки стратегияи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ инҳо марбутанд: паст кардани сатҳи беморӣ бо гепатити сироятӣ, сироятҳои тавассути об интиқолёбанда, ВНМО, сил, гелминтоз, вараҷа ва дигар бемориҳои паразитологӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда; паст кардани сатҳи фавт ва маъюбият аз чунин бемориҳо; такмили назорати эпидемиологии бемориҳои ниҳоят хатарнок ва карантинӣ; тақвияти чорабиниҳо оид ба пешгирии вуруд ва паҳн шудани чунин бемориҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини бехатарии хуни донорҳо, тавсеаи донории ройгон, тақвияти назорати эпидемиологии сироятҳои дохилишифохонавӣ.

Тадбирҳои дар боби саломатии модару кӯдак оид ба назорати ВНМО зикргардида низ байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. "Барномаи мубориза бо сирояти ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2010" қабл аз ҳама нисбат ба гурӯҳҳои таҳти хатар ва осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла истеъмолкунандагони тазриқии нашъа, кормандони секси тиҷоратӣ, мардони бо мардон алоқадошта, одамони бо ВНМО сироятшуда, маҳбусон, ҷавонон, аз ҷумла кӯдакони бехонаву ҷой ва наврасони то 17- сола, хизматчиёни ҳарбӣ, муҳоҷирон, аъзои оилаи онҳо ва нисбат ба занон нигаронида шудааст. Барномаи минбаъда - "Барномаи миллии мубориза бар зидди ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 2011-2015 солҳо" ба принсипҳои дастрасии универсалии пешгирӣ, муолиҷа, нигоҳубин ва дастгирӣ асос ёфта, на танҳо нисбат ба гурӯҳҳои таҳти хатари баланд, инчунин дар маҷмӯъ нисбат ба аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакон татбиқ мегардад.

Дар даҳсолаи оянда ба пешгирии бемориҳои ВНМО, сирояти тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолшаванда, сил, вараҷа ва дагар бемориҳо, ки ба нерӯи демографӣ ва меҳнатии кишвар таъсир мерасонад, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад. Самарабахшии идоракунии стратегия ва ҳамгироии саривақтии воситаҳои клиникӣ ва иҷтимоии татбиқ ба паст кардани стигмаи вобаста ба бемориҳои зикргардида мусоидат хоҳад кард.

Миқёс ва муттасилии кӯшишу талош оид ба профилактикаи ВНМО бояд суботи то соли 2015 дар сатҳи 6,800 нафар нигоҳ доштани теъдоди шахсони мубталогардидаро таъмин намояд ва то соли 2020 миқдори паҳншавии он аз теъдоди умумии аҳолии кишвар аз 1 фоиз зиёд набошад. Дар шахсони мубталои сирояти ВНМО инкишофи бемории сили аз нигоҳи клиникӣ ошкоро нисбат ба онҳое, ки мубталои ВНМО нестанд, бештар ба мушоҳида мерасад. Барои дуруст ба роҳ мондани корҳои муолиҷавию профилактикӣ ва тиббию санитарӣ оид ба ВНМО/СИЛ бояд: ҳамоҳангсозӣ ва механизми ҳамкории мутақобилаи марказҳои бемориҳои сил, ВНМО ва муассисаҳои КАТС дар сатҳи миллӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ беҳбуд ёбад; бемории сил байни шахсони бо ВНМО зиндагикунанда сари вақт ташхис ва ошкор карда шавад; сирояти ВНМО байни беморони мубталои сил сари вақт ташхис ва ошкор карда шавад.

Тоҷикистон дар марҳилаи таҷаммӯии инкишофи ВНМО қарор дорад, ки нерӯи афзояндаи он нашъамандони тазриқӣ мебошанд. Дар доираи Стратегияи мазкур давом додани чорабиниҳо оид ба таъмини дастрасии умумии аҳолӣ ба профилактика, муолиҷа, нигоҳубин ва дастгирӣ ҳангоми ВНМО ба нақша гирифта щудааст. Фарогарӣ бо барномаҳои профилактикӣ, машваратҳои ихтиёрӣ ва тест вобаста ба ВНМО (ПИН, РКС, МСМ, маҳбусон), дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ (муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзои оилаи онҳо, ҷавонон) дар мубориза алайҳи ВНМО чорабиниҳои асосӣ хоҳанд буд. Муолиҷаи зиддиретровирусии муроҷиини дорои махоми ВНМО мусби дар тамоми ҳудуди кишвар ройгон анҷом дода мешавад. Гузаронидани муолиҷаи ЗРВ ва муолиҷаи бемориҳои опортунистӣ тавассути ҳамкориҳои зичи муассисаҳои махсусгардонидашуда бо кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, дар доираи ислоҳоти системаи тандурустӣ сурат мегирад. Аз соли 2018 шурӯъ намуда, муолиҷаи беморони мубталои ВНМО дар тибби умумии оилавӣ низ ҷорӣ карда мешавад. Барномаи омодасозӣ ва сертификатсияи равоншиносони тиббӣ аз ҳисоби донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон то соли 2012 таҳия ва татбиқ мегардад. Равоншиносон - машваратчиён мутобиқи барномаи мазкур бо мақсади расонидани кӯмаки самарабахш ба шахсони мубталои ВНМО, аъзои оилаи онҳо, инчунин одамони мубталои проблемаҳо вобаста ба саломатии рӯҳӣ ва ҷавононе, ки ба рафтори хатарнок моиланд, омода ва сертификатсия карда мешаванд. Ихтисоси равоншинос - машваратчии тиббӣ ба феҳристи касбҳо ворид мегардад.

Дастури усулӣ барои даҳсолаи оянда аз ҳамгироии муттасили тандурустии кишвар ба Стратегияи глобалии пешгирӣ ва назорати бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолшаванда иборат хоҳад буд. Таблиғи гигиенаи ҳаёти оилавӣ ва алоқаи ҷинсӣ унсури доимии рекламаи иҷтимоӣ тавассути воситаҳои ахбори омма қарор гирифта, ба барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии кормандони тибби оилавӣ бо волидайн ва ҷавонон дохил карда мешавад. Аксари сироятҳои пӯсту олоти таносул (венерикӣ) бе аломатҳои ошкоро хуруҷ мекунанд ва аз ин рӯ ташхиси саривақти онҳо ниҳоят муҳим мебошад.

То соли 2015 мутахассисони тибби оилавӣ муносибатҳои зайли муолиҷавию профилактикӣ ва ташкилиро меомӯзанд: таъмини махфияти қабули беморон ва иттилоот дар хусуси муроҷиин; гузаронидани скрининг ва муолиҷаи синдромии сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда; ҷалби аҳолӣ ҷиҳати таблиғи тарзи ҳаёти солим ва риояи гигиенаи ҳаёти оилавӣ; маърифатнокӣ ва машваратдиҳӣ ба наврасон вобаста ба усулҳои пешгирии хатари бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда. Корҳои муолиҷавию профилактикӣ дар самти бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда ҳаддалимкон ба таваккалҳои касбӣ, оилавӣ ва инфиродӣ, бо дарназардошти раванди муҳоҷират мутобиқ гардонида мешаванд.

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ вируси папилломаи дорои намудҳои онкогеннии инсонро ҳамчун таҳдиди нав ба соҳаи тандурустии ҷамъиятии сайёра эътироф намуд. Ҷомеаҳои илмӣ ва амалии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи ҷаҳонии аз худ намудани истифодаи ваксинаро алайҳи вируси мазкур таҳти назорати дақиқ қарор хоҳанд дод. Даъвати ТУТ-ро ба инобат гирифта, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити маҳдуди захираҳо имконияти истифодаи ваксинаи зидди сирояти папиломавирусиро барои эмкунии занон, кӯдакон ва наврасон мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Дар тӯли даҳ соли оянда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳо дар доираи стратегияи "Боздоштани бемории сил" (Stop-ТВ) идома хоҳад ёфт, ки ба беҳбуди сифати ҷорӣ намудани ДОТ- стратегия, менеҷменти беморони мубталои сирояти ВНМО/сил, ҳамгироӣ бо кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, татбиқи амалия оид ба муносибатҳои стандартии пешбурд ва муолиҷаи шахсони мубталои бемории шуш, ҷалби ҳамаи гурӯҳҳои ҷомеа (фаъолони маҳаллӣ, ходимони дин, ихтиёриён, ҷалби шахсоне, ки бемории силро аз сар гузаронидаанд, сарварони шӯроҳои маҳалла ва ғайра, бо гузаронидани адвокатсия, ҷалби бахши хусусии тандурустӣ, тавсеаи чорабиниҳо ҷиҳати ошкор намудан ва муолиҷаи беморони мубталои намуди резистинтии сил ва иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ барои муайян намудани усулҳои самарабахши дахолат ва мониторинги минбаъдаи таъсири дахолат нигаронида шудааст.

Тадбирҳои зикргардида барои ноил шудан ба индикаторҳои асосӣ равона гардидаанд: то соли 2015 нишондиҳандаҳои муолиҷа бояд байни ҳолатҳои нави беморӣ бо намунаи мусбии сил на камтар аз 85 фоиз ва ошкор намудани ҳолатҳои нави бемории сил бо намунаи мусбӣ на камтар аз 70 фоизро ташкил диҳад.

Рушди иқтисодии кишвар боиси афзоиши даромади оилаҳо ва беҳбуди шароити зист, маишат ва таъминоти озуқавории оила мегардад, ки ба рафъи камбизоатӣ ва мушкилоти зиндагӣ мусоидат карда, ба паст намудани осебпазирии аҳолӣ ба бемории сил таъсир мерасонад. Барои табобати самарабахши шахсони мубталои бемории сил бояд муносибати маҷмӯӣ, бо дастгирии моддию рӯҳӣ анҷом дода шавад.

Чанд соли аввали татбиқи Стратегия воқифона барои андешидани тадбирҳои омодагӣ ҷиҳати таҷдиди сохтори мубориза бо бемории сил бахшида шудааст. Ба таҳкими тибби оилавӣ ҳамчун заминаи муолиҷавию профилактикӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад, ки модели нави пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории сил ба он асос ёфтааст. Айни замон дар назар дошта шудааст, ки на камтар аз 80 фоизи беморони мубталои шаклҳои мутобиқгаштаи мултирезистентии сил (МDR) ба муолиҷа фаро гирифта шуда, барои беморони мубталои шаклҳои резистентии васеъи сил (XDR) муассисаҳои кӯмаки паллиативӣ таъсис дода шавад.

То соли 2015 чорабиниҳо оид ба мубориза алайҳи вараҷа дар минтақаҳои сироятёфта муваффақона анҷом ёфта, кишвар мақоми аз сирояти вараҷа озодро ба даст меорад.

То соли 2020 чорабиниҳо ҷиҳати дастгирии натиҷаҳои ноилгардида идома хоҳад ёфт. Барои муваффақ гардидан ба мақсадҳои гузошташуда таҳкими минбаъдаи нерӯ, беҳбуди системаи миллии назорат, аз ҷумла пешбинӣ, барвақт ошкор намудан ва таассур ба эпидемия, афзоиши фарогирӣ, беҳбуди сифати ташхис ва муолиҷаи саривақтӣ, таъмини тадбирҳои ҳамгироишудаи мубориза бо интиқолдиҳандагони беморӣ, гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ ва боло бурдани сатҳи иттилоотонии аҳолӣ зарур мебошад.

Бо мақсади пешгирии бемориҳои тавассути об интиқолёбанда дар давраи то соли 2020 дар назар дошта шудааст: паст кардани сатҳи ифлосшавии обанборҳои барои таъминот бо оби нӯшокӣ ва рекреатсия истифодашаванда то ҳадди меъёрҳои муқарраргардидаи гигиенӣ; ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамот ва идораҳои манфиатдоре, ки истифода ва назорати техникии объектҳои таъминоти об ва обпартоҳоро анҷом медиҳанд, аз ҷумла фароҳам овардани таҷҳизот ба нуқтаҳои аҳолинишини деҳот; такмили технологияи поксозии оби нӯшокӣ дар хатҳои интиқоли об аз манбаъҳои обҳои рӯизаминӣ, таҷдиди иншооти поксозӣ, ки ба беҳбуди сифати коркарди об мусоидат менамояд; таъмини баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва масъулиятшиносии кормандони хизматрасони системаи таъминоти об ва обпартоҳо; ҷиҳозонии озмоишгоҳҳои истеҳсолӣ бо таҷҳизоти муосир; татбиқи дигар чорабиниҳое, ки меъёр ва қоидаҳои санитарию гигиенӣ нисбат ба сифати об пешбинӣ намудаанд.

Пандемияи зуком бо сатҳи баланди беморӣ, фавти назаррас ва изтироби зиёди иҷтимоию иқтисодӣ тавсиф мегардад. Бо мақсади пешгирии вуруд ва паҳншавии вируси штамми патогеннии баланди зукоми пандемикии Н1N1, дигар намуд ва зернамудҳои ин беморӣ, ки метавонад боиси пандемия гардад, ба таъсиси нерӯ оид ба аксуламал ба пандемия тавассути таҳкими заминаҳои моддию техникии ҷумҳурӣ, захираҳои кадрӣ ва ҳамоҳангсозии байнибахшӣ, ки ба гузаронидани мониторинги чунин беморӣ, инчунин ба маҳдудгардонӣ ва барҳамдиҳии беморӣ ҳангоми рух додани он мусоидат менамояд, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад. Ба лабораторияҳои вирусилогӣ ва шӯъбаҳои инфексионӣ фароҳам таҷҳизоти иловагӣ ва ваксинаҳои профилактикию муолиҷавӣ оварда шуда, ҳамзамон таълими кормандон сурат мегирад. Дар доираи Стратегия ҳамкориҳои мутақобила ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ бо ҷалби хадамоти назоратию байторӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад. Барои беҳбуди натиҷаҳои хушсифат стратегияҳои мухталиф оид ба иттилоотонии аҳолӣ истифода бурда мешаванд.

§ 3. Паст кардани сатҳи сарбории бемориҳои ғайрисироятӣ ва мунзим

Вазифаҳои асосии даҳсолаи оянда ҷиҳати беҳбуди дастрасии хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба шахсони мубталои бемориҳои ғайрисироятӣ ва мунзим аз инҳо иборатанд:

- ба охир расонидани таҳлили амудии ҳар кадом хадамоти соҳаи тандурустӣ, бо мақсади беҳбуди дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои махсусгардонидашуда ҳамгироӣ бо сохторҳои байниноҳиявӣ пешбинӣ шудааст;

- таҷдиди назари фондҳои кати воҳидҳои шифохонаҳо, ҳамзамон ташкил додани статсионарҳои рӯзона;

- таҷдиди назари меъёрҳои штати табибон ва кормандони миёнаи тиб дар муассисаҳои системаи тандурустӣ ва муайян намудани функсияҳои нав;

- таҳияи меъёру стандартҳои нав ва такмили меъёрҳои амалкунанда (то имрӯз беш аз 500 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ин ё он соҳаи фаъолиятро танзим менамояд, таҳия ва тасдиқ шудаанд);

- тақвияти захираҳои муассисаҳои барқарорсозӣ (кардиологӣ, барои шахсони нашъаманд, самти кӯдакона ва ғайра);

- такмил ва рушди минбаъдаи системаи хизматрасониҳои паллиативӣ барои калонсолон ва кӯдакон (ташаккули системаи таълим оид ба кӯмаки паллиативӣ, ташкили шӯъбаҳои паллиативӣ ва хосписҳо дар заминаи клиникӣ ва кӯмак дар хона, таҳия ва мутобиқгардонии ҳуҷҷатҳои меъёрию танзимӣ ва ғайра.

- минбаъд низ татбиқ намудани барномаҳои нав ва қабулгардидаи миллӣ ва соҳавӣ (оид ба профилактика ва мубориза бо диабети қанд, бемории ишемиявии дил, бемории сил, нашъамандӣ, бемориҳои саратон, рушди донорӣ, профилактикаи ҷарроҳатбардорӣ, беморҳои касбӣ ва ғайра);

- ҷалби инвеститсияҳои иловагӣ барои беҳбуди инфрасохтори муассисаҳо;

- ҳамзамон бо Стратегияи ТУТ "Дар бораи тибби халқӣ" ва дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тибби халқӣ" пешбурди истифодаи тибби маъмулӣ тавассути муолиҷаи дахлдоре, ки ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ, дастур ва методологияҳо мебошад;

- дар даҳсолаи оянда бо мақсади расонидани кӯмаки саривақтии тиббии тодухтурӣ дар маҳали ҳодиса механизми тарбияи парамедикҳо аз ҳисоби ронандагон, кормандони кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ, сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра пешбинӣ мегардад;

Бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгузар (бемориҳои гипертоникӣ, бемории ишимиявии дил); бемориҳои роҳи нафас (бемории обструктивии шуш, астмаи бронхиалӣ); бемориҳои узвҳои таносул ва пешоб (нефрит, невроз); бемориҳои системаи эндокриннӣ (диабети қанд) ва бемориҳои рӯҳию неврологӣ зиёд ба мушоҳида расида, нишондиҳандҳои талафот вобаста ба давомнокии умр ва сифати ҳаёт дар Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои муқоисашавандаи ЕВРО ТУТ ниҳоят баланд аст.

Дар даҳсолаи оянда ташкили расонидани кӯмаки муолиҷавию профилактикӣ ба беморони мунзим ба таври бунёдӣ тағйир хоҳад ёфт. Тафаккури касбии кормандони тиб нисбат ба идоракунии бемориҳои мунзим, яъне профилактикаи бемориҳо нигаронида мешавад. Ин мақсад тавассути рушди тибби оилавӣ ба даст меояд. Ташрифҳои ғайримунтазами муроҷиин тавассути таҳияи нақшаи ҷорӣ намудани муроқибати шахсони мубталои бемории мунзим, аз ҷумла муқаррар намудани нақшаи давра ба давра қабул намудани онҳо аз ҷониби табиб ва корманди миёнаи тиббӣ ва ҳангоми зарурат - аз ҷониби мутахассиси самти маҳдуд иваз карда мешавад. Ба худназоратии муттасили муроҷии аз ҷониби онҳо анҷом додани амалҳои андешидашуда ҳангоми рух додан ё фарорасии бӯҳрон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад. Корҳои мақсадноки иттилоотию тавзеҳотӣ ҷиҳати "ҳамзистии осоишта" бо мушкилоти худ мавқеи муҳим пайдо мекунад. Дастгирии асосноки мутадовим самти асосии кӯмаки муолиҷавию профилактикӣ хоҳад буд. Он таҳти назорати духтури тибби оилавӣ, бо такя ба муҳити оилавию маишӣ ва муҳити маҳаллии иҷтимоии шахсони мубталои бемории мунзим ба роҳ монда мешавад. Дар ин самт шӯроҳои саломатии ҷомеавӣ дар назди ҷамоатҳо, худташкилии дастаҷамъии одамони дорои проблема ва манфиатҳои шабеҳ, мисол, мактабҳои беморони мубталои зиққи нафас, клубҳои беморони мубталои касалии қанд ва гипертония, клубҳои тарзи ҳаёти солим дар мактабҳо, клубҳои худбарқарорсозии шахсон мубталои майпарастӣ ва нашъамандӣ, клуби нафақахӯрон метавонан, нақши муҳим дошта бошанд.

Бо дарназардошти он, ки бемориҳои роҳи нафас дар сохтори бемориҳо мавқеи аввалро ишғол мекунад, аз ин рӯ маркази илмии пулмонологӣ таъсис дода мешавад, ки он сабабҳои беморӣ, омилҳои хатар ва чорабиниҳои профилактикии бемориҳои нисбатан паҳнгардидаи ҳассосӣ (аллергӣ) ва омосии узвҳои роҳи нафасро меомӯзад.

Пешбурди бемориҳои мунзим бо такя бо худназоратӣ аз ҷониби бемор нақши назорати тахассусии тиббиро вобаста ба барномаи қаблан ба нақша гирифташуда, инчунин дар асоси дастурҳои муосири клиникӣ ва воситаҳои ташхис баланд мебардорад. Аз ҷониби муроҷиин дарк намудани бемории худ ва малакаи "худидоракунӣ" тавассути муолиҷа бо доруворӣ (мисол, ҳангоми касалии қанд ва гипертония) ва воситаҳои зарурии таъиноти тиббӣ барои истифодаи шахсии бемор ва аъзои оилаи ӯ (ҳангоми зиққи нафас, касалии қанд ва гипертония) самарабахш дастгирӣ карда мешавад.

Ба ихтиёри амалияи оилавӣ вогузор намудани кӯмаки ҳамарӯза ҳангоми бемориҳои мунзим давраи тӯлонии гузаришро дар назар дорад, ки дар ҷараёни он табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ бо мутахассисон шарикона ҳамкорӣ менамоянд. Ҳамкории онҳо дар шаклҳои мухтадиф, аз ҷумла таҳияи нақшаи ҳамоҳангсозии кӯмак, қабули муштараки тиббӣ ва муҳокимаи ҳолатҳо, инчунин гузаронидани машғулиятҳои муштараки иттилоотию тавзеҳотӣ сурат мегирад.

Бақайдгирии афзоиши бемориҳо (аз ҷумла такрорёбии бӯҳрон ва ифоқат (ремиссияҳо) ҳам. дар доираи тибби оилавӣ ва ҳам дар доираи оилаи бемор захираи аввалиндараҷаи стратегияи нави пешбурди ҳолатҳои мунзимро ташкил хоҳад дод.

§ 4. Детерминантҳои саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим

Вазъи мавҷудаи баланд будани сатҳи ифлосии ҳавои атмосфера ва ҳалли ғайриқаноатбахши масъалаҳои солимгардонии он ба саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад ва чорабиниҳое, ки ба солимгардонии ҳавои атмосфера ва фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои аҳолӣ нигаронида шудаанд, бояд дар самтҳои зайл дорои афзалият бошанд: ба дигар ҷой кӯчонидани аҳолие, ки дар минтақаҳои санитарию муҳофозатии корхонаҳо зиндагӣ мекунанд; эъмори иншооти самарабахши поксозии партовҳо ба атмосфера ва назорати фаъолияти муассиру самарабахши онҳо; тарҳрезӣ ва сохтмони иншооти нави саноатӣ бояд бо назардошти регламенти нави технологӣ анҷом дода шавад, ки ифлосшавии ҳавои атмосфераро пурра ё ба таври назаррас истисно менамояд; тақвияти назорати иҷрои санадҳои амалкунандаи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист.

Бо мақсади паст кардани сатҳи ифлосшавии обанборҳои барои таъминот бо оби нӯшокӣ ва рекреатсия истифодашаванда то дараҷаи меъёрҳои муқарраргардидаи гигиенӣ бояд ҷиҳати кам кардани партови обҳои равони тозакарданашуда (ифлос) ва нокифоя тозакардашуда ба дарё ва обанборҳо чораҳо андешида шавад, аз ҷумла:

- азнавтаҷҳизонии (таҷдиди) техникии объектҳо;

- ба истифода додани иншооти замонавии самарабахш оид ба поксозии обҳои равон;

- зоҳир намудани таваҷҷӯҳи махсус ба иншооти поксозии биологӣ;

- манъи партови обҳои равон бидуни поксозӣ ба минтақаҳои наздисоҳилии дарёҳо, ки барои рекреатсия ва ғайра истифода бурда мешаванд. Ҳамзамон бояд ҷиҳати риояи меъёрҳои сохтмони объектҳои санитарию гигиенӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар самти ифлосшавии хок бо партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ: таҳияи санадҳои қонунгузорӣ ва механизмҳои ҳавасмандгардонии иқтисодии субъектҳои хоҷагидорӣ оид ба татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда, аз ҷумла ҳавасмандгардонии маблағгузорӣ барои сохтмони заводҳои хурди коркарди партовҳо ва сӯзонидани партовҳо, обод намудани партовгоҳҳои маишӣ ва саноатӣ, таъмини назорати корхонаю муассисаҳо вобаста ба масъалаҳои ташкил, ҷамъоварӣ, нигаҳдошти муваққатӣ ва бароварда партофтани партовҳои дорои симоб ва дигар партовҳои тиббӣ.

Дар самти назорати сифат ва бехатарии ашёи хом ва маҳсулоти озуқаворӣ:

- муайян намудани самтҳои асосии профилактикаи бемориҳои вобастаи алиментарӣ ва ҳолатҳо, бо назардошти таҳлили чорабиниҳои таҳиягардида ва татбиқшаванда ҷиҳати рафъи норасоии витаминҳо, микро ва макроэлементҳо;

- минбаъд низ омӯзиши таъсири махсулоти озуқавории аз нигоҳи генетикӣ тағйирдодашуда (модификатсияшуда) ба саломатии аҳолӣ, бо дарназардошти далелҳои илмӣ ва ҳуҷҷатҳои амрии мақомоти идоракунанда;

- пешбурди мониторинги иҷтимоию гигиении олудашавии маҳсул ва озуқаворӣ бо ифлоскунандаҳои хатарноки мухталифи табиат;

- таҳияи усули арзёбии хатари сатҳҳои мухталифи ифлосшавии маҳсулоти озуқаворӣ, баҳодиҳии хатари он ба саломатии инсон;

- муайян намудани ифлоскунандаҳои нисбатан назарраси муҳити зист ва маҳсулоти озуқаворӣ, бо баҳодиҳии экспозитсия ва вобастагии самарабахшии воягии он ба саломатии аҳолӣ ва ғайра.

Дар самти беҳбуди вазъи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои кӯдакона ва наврасон:

- тасдиқ ва дар амал ҷорӣ намудани "Нақшаи миллии амал оид ба пешгирии таъсири зиёновари омилҳои муҳити зист ба саломатии кӯдакон ва наврасон" ҳамчун нақшаи алоҳида ё бахши "Нақшаи миллии амал оид ба ҳифзи муҳити зист";

- таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои маърифатӣ ва таълимӣ барои хонандагон ва волидайн оид ба тарзи ҳаёти солим, пешгирии истифодаи тамоку, нашъамандӣ ва майзадагӣ, гигиена, асосҳои самарабахши истифодаи ғизо, профилактикаи бемориҳои вобастаи алименталӣ;

- таъмини ташкили ғизои мукаммал дар муассисаҳои таҳсилотӣ ва солимгардонӣ; истифодаи маҳсулоти озукавории дорои арзиши баланди ғизоӣ ва биологӣ, маҳсулоти бо витамин ғанигардонидашуда.

Дар самти таъмини шароити солими меҳнат:

- таҳияи механизми самарабахши иқтисодие, ки корфармоёнро водор менамояд шароити солим ва бехатари меҳнатро фароҳам оранд, андозбандии имтиёзнок барои корхонаҳое, ки фаъолиятро бидуни захмбардорӣ ва садама таъмин менамоянд, автоматиконӣ, таҷдиди истеҳсолот ва равандҳои технологиро анҷом медиҳанд.

Дар самти таъмини амнияти аҳолӣ ва назорати манбаъҳои омилҳои физикӣ:

- фароҳам овардани шароит барои иваз намудани таҷҳизоти фарсудаи технологӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, банақшагирӣ ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ аз таъсири зиёда меъёри садои нақлиёт (садои нақлиёти автомобилӣ ва авиатсионӣ).

Дар соҳаи таъмини амнияти радиатсионӣ:.

- барои баҳодиҳии пурраи вазъи радиатсионӣ бояд шиносномадиҳии корхона ва ҳудудҳо давом дода шуда, ҳамаи объектҳои муҳити атроф таҳти назорати радиатсионӣ қарор гиранд.

Бо мақсади такмили назорати эпидемиологии бемориҳои ғайрисироятӣ ошкор намудани мушаххасоти сабабию оқибатии паҳншавии бемориҳои мунзим ва гайрисироятӣ, инчунин бемориҳои дорои хусусиятҳои касбӣ. Он барои ошкор намудани омилҳои асосие, ки ба хуруҷ ва паҳншавии бемориҳои мунзим боис мегардад, инчунин муайян кардани сатҳ ва хусусияти ҷуғрофии паҳншавии бемориҳо сабабҳои заҳмбардорӣ ва маъюбияти беморон мусоидат менамояд.

Аксари бемориҳои мунзими паҳнгардида ҳамзамон бо манъбаҳои генетикӣ ва биологӣ, инчунин ба манбаъҳои иҷтимоию иқтисодӣ, рафтору кирдор ва хусусиятҳои экологӣ алоқаманд мебошанд. Детерминантҳои иҷтимоию иқтисодии рафтор ва детерминантҳои муҳити зист дар навбати худ таҳти таъсири меъёр ва нақшҳои гендерӣ ва табъиз қарор доранд. Истифодаи тамоку, нӯшокиҳои спиртӣ, ғизои номукаммал, нокифоягии сарбории ҷисмонӣ ва камқувватии ҷисмонӣ, стрес, ифлосии муҳити зист ва номусоидии муҳити корӣ шароити зистро тавсиф менамоянд, ки ҳангоми онҳо ҳассосият нисбат ба бемориҳои мунзим баланд гардида, профилактика ва назорат мушкилоти зиёдро пеш меорад. Паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва бесомонӣ вазифаи дарзмӯҳлат мебошад. Рафъи одатҳои худвайронкунанда ва муносибати оқилона нисбат ба ташкили маишати ҳамарӯза вазифаи ҷорие мебошад, ки метавонад зуд ҳал гардад ва баъзе аз унсурҳои он дар даҳсолаи наздик ба даст меояд. Азму талоши муштараки аҳли оила ва иҳотаи микроиҷтимоии он, ҷамъият ва давлат дар ин самт муҳаррики пешбарандаи татбиқи Стратегияи мазкур хоҳад буд. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақсадҳои ҳалли чунин проблемаҳои сатҳи мултибахшӣ дар ҳамоҳангсозии ин фаъолият нақши муҳим хоҳад дошт.

Бо мақсади такмили системаи тарбияи гигиенӣ ва маърифати шаҳрвандон, баланд бардоштани сатҳи маданияти санитарӣ, паҳн намудани дониш дар хусуси тарзи ҳаёти солим ва таҳкими саломатии аҳолӣ таъсиси системаи таъминоти иттилоотии аҳолӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мухталифи давлатӣ, муассиса ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, тавсеаи истифодаи воситаҳои ахбори омма дар таблиғи тарзи ҳаёти солим ва профилактикаи бемориҳо пешбинӣ карда шудааст.

Бо мақсади таъминоти тиббии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҳамзамон ҷорӣ намудани "Нақшаи амали системаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таасур нисбат ба ҳолатҳои фавқулодда" дар назар дошта шудааст.

2. Дигаргунсозиҳои системавӣ дар соҳаи тандурустӣ

Системаи тандурустӣ аз механизме иборат аст, ки тавассути он вазифаҳои таҳкими саломатии одамон муайян гардида, ҷиҳати ноил шудан ба он фаъолият анҷом дода мешавад. Стратегияи мазкур барои таҷдиди маҷмӯии системаи саломатии шахсӣ ва ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда аст. Инчунин дар назар аст, ки системаҳои нав таъсис ёбад, таҳкими системаи мавҷуда ва ҳамгироии он бо дигар системаҳо ба маҷмӯи ягона табдил дода шавад, ки метавонад ҳамчун соҳаи тандурустии самарабахш, аз нигоҳи иҷтимоӣ қобили қабул ва босубот амалкунанда арзёбӣ гардад.

Стратегияи мазкур механизми ҳамкориҳои мутақобилаи синергетикиро дар мадди аввал гузошта, ҷонибдори системае мебошад, ки дар он манфиатҳои шахсӣ ва коллективӣ бо такя бо иттилоот ва манбаъҳои ҳавасмандгардонӣ (моддӣ, касбӣ ва дигар манфиатҳо) ташаккул меёбад.

Системаҳои дар боло зикргардида ҷиҳати ноил шудан ба вазифаҳои зайл дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон нигаронида шудаанд:

- тақвияти роҳбарии давлатии ҳифзи саломатии аҳолӣ;

- баланд бардоштани сифат дастрасии кӯмаки муолиҷавию профилактикии универсалӣ ва ғайритабъиизӣ;

- рушди заминаи захиравӣ ва молиявии соҳаи тандурустӣ.

§ 1. Тақвияти роҳбарии давлатии ҳифзи саломатӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ функсияҳои зайли роҳбарии давлатии тандурустиро ба зимма гирифтаанд: таҳияи арзишҳои бунёдӣ, принсииҳои роҳбарикунанда ва сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ; таъсиси заминаи муосири иттилоотию таҳлилӣ ва дар асоси он гузаронидани таҳқиқоти оперативию стратегӣ дар соҳаи тандурустӣ; навсозии заминаи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин назорати иҷрои онҳо; ташаккули муносибатҳои байнисоҳавӣ ва байниинститутсионалӣ ҷиҳати солимгардонии шароити зист дар кишвар; тақвияти самтгирӣ ба таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ; ҳамоҳангсозии кӯмаки байналмилалӣ ва ҳамкориҳои техникӣ; такмили системаи идоракунии оперативии соҳаи тандурустӣ.

1) Арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои роҳбарикунандаи сиёсати давлатии соҳаи тандурустӣ.

Асоси сиёсати давлатии ҳифзи саломатии аҳолиро муқаррароти зайли принсипиалӣ ташкил медиҳад:

- таваҷҷӯҳи мақомоти ҳокимият нисбат ба эҳтиёҷот ва проблемаҳои соҳаи тандурустӣ;

- модели ба иҷтимоиёт нигаронидашудаи рушди иқтисодӣ.

Дастгирии давлатии меҳнати кормандони соҳаи тиб ва назорати давлатии салоҳиятнокӣ ва этикии онҳо дар муносибат оид ба фаъолияти худ.

Дар даҳсолаи оянда асоси сиёсати давлатиро прогматизм оид ба ғамхорӣ нисбат ба саломатии одамон, инчунин нисбат ба онҳое ташкил хоҳад дод, ки чунин саломатиро ҳифз менамоянд - ҳам оила, ҳам ҷамоат ё ҷомеаи касбии тиббӣ.

Ҳуқуқи муроҷиин - аз моҳияти ҳуқуқи инсон дар шароити осебпазирии ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва молиявӣ дар назди беморӣ иборат мебошад.

Фасеҳӣ ва воқеъбинӣ дар сиёсати ҳифзи саломатии аҳолӣ гузариши давра ба давраро ҷиҳати татбиқи амалии ғояҳои хайрхоҳона ва адолат дар назар дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ақидаи кишварҳои Минтақаи европоии ТУТ-ро дар хусуси "роҳ надодан ба қашшоқшавии одамон дар натиҷаи беморӣ" комилан ҷонибдорӣ менамояд. Аммо, яқин аст, ки Стратегияи мазкур ҳанӯз наметавонад зуҳуроти камбизоатиро дар кишвар пурра паси сар намояд аз ин рӯ дар назди хадамоти миллии ҳифзи саломатӣ чунин вазифаи глобалиро нагузоштааст. Вазифаи воқеии сиёсати давлатӣ дар даҳсолаи наздик аз ҳимояи оила ҳангоми ниҳоят коҳиш ёфтани таъминоти тиббӣ вобаста ба муроҷиат барои гирифтани кӯмаки тиббӣ иборат мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005 Қонунро "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо" қабул намуд. Меъёр ва арзишҳои гендерӣ барои дастрасии воқеии занон ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иттилоотӣ нигаронида шудааст, ки мустақиман ба саломатии репродуктивии модарон ва саломатии кӯдакон таъсир мерасонад. Ин меъёрҳои афзалиятнок инчунин дар баъзе ҳолатҳо мардонро аз дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ маҳдуд намуда, боиси тақвияти тарзи ҳаёти ғайрисолим мегардад. Аз ин рӯ бахши тандурустӣ бояд нисбат ба омилҳои гендерӣ таасур зоҳир намояд ва чунин нобаробариро дар ҷомеа фаъолона мавриди муҳокима қарор диҳад.

Дар доираи сиёсати татбиқшавандаи давлатӣ барои даҳсолаи наздик системаи маблағгузории мустақими давлатӣ барои кӯмаки заминавии тиббӣ аҳолии камбизоатро аз пулакӣ будани он ҳифз менамояд ва маблағтузории афзояндаи буҷетӣ барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби андозҳои прогрессивии мавҷудаи қобили қабул иштироки молиявии шаҳрвандони бобизоатро тақвият мебахшад.

Ташаккули арзишҳо ва принсипҳои сиёсати миллӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ мутаносибии дақиқи муносибати кишварро бо таҷрибаи ҷомеаи байналмилалӣ дар назар дорад. Мутобиқгардонии принсипҳои баробарӣ, адолати иҷтимоӣ ва ҳамбастагии дар боло пешниҳодшуда нисбат ба шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар дар хусуси ҷонибдории кишвар аз принсипҳои мазкур гувоҳӣ медиҳад.

Ҳуҷҷатҳои барномавии ТУТ ва қабл аз ҳама "Эъломияи умумиҷаҳонии тандурустӣ" (соли 1998), "Тандурустӣ - 21: асосҳои сиёсати ноил шудан ба саломатӣ барои ҳамагон дар Минтақаи Европаи ТУТ" (соли 2005), маърӯзаҳои ҳамасола дар бораи вазъи саломатӣ дар ҷаҳон ва "Хартияи Таллин: Системаи тандурустӣ барои саломатӣ ва осудаҳолӣ" (соли 2008), инчунин "Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015" (соли 2007) доираи манбаъҳои дастгирии иттилоотию методологиро ҳангоми таҳияи сиёсати ҳифзи саломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даҳ соли оянда инъикос менамояд.

2) Сиёсати миллии саломатӣ

Мақомоти қонунгузор, Ҳукумат ва системаи судӣ се шохаи ҳокимиятро ташкил медиҳанд, ки ҳар кадоми онҳо бояд дар ташаккул ва татбиқи сиёсати ҳифзи саломатии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши мустақилро анҷом диҳанд. Ташаббускор ва маркази таҷдиди сиёсати тандурустӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар симои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Ҳамзамон бо Вазорати тандурустӣ масъулияти татбиқи Стратегияи мазкур ба зиммаи дигар вазорату идораҳои ҷалбгардида гузошта мешавад. Шакли функсионалии Вазорати тандурустӣ бо фароҳам овардани ваколатҳои нав ва таҷдиди як қатор функсияҳои амалкунанда тағйир меёбад. Вазифаи муҳими Вазорати тандурустӣ аз ташаккули сиёсати ҳифзи саломатӣ, яъне муайян намудани самти стратегии рушди соҳаи тандурустӣ вобаста ба эҳтиёҷоти ҷорӣ ва дурнамои кишвар иборат хоҳад буд.

Сиёсати тандурустӣ дар асоси консепсияи таҳлил, раванди машварат ва мувофиқа ҷиҳати дарёфти усули ҳалли масъалаҳо ва мувофиқаи ҳамаҷониба байни шарикон оид ба ҳифзи саломатӣ муайян мегардад. Дар даҳсолаи оянда ба чунин фаъолияти шарикона ҳамзамон бо се шохаи ҳокимияти давлатӣ инчунин муассисаҳои давлатӣ ва шахсии муолиҷавию профилактикӣ, ташкилотҳои ғайритиҷоратии самтҳои муолиҷавию профилактикӣ, тиббӣ ва тиббию иҷтимоӣ; ташкилотҳои касбии кормандони тиб, таъминкунандаҳои таъиноти тиббӣ ва хизматрасониҳои тиббӣ; муассиса ва ташкилотҳои маблағгузори соҳа, корхонаҳо (ба сифати корфармоён ва манбаи хатарҳои бемориҳои касбӣ ва умумӣ); иттифоқҳои касаба; ташкилотҳое, ки манфиати истифодабарандагони хизматрасониҳои муолиҷавию профилактикиро намояндагӣ мекунад; муассисаҳои таълимӣ; фондҳои хайрия, шарикони байналмилалӣ оид ба рушд; нашркунандагони адабиёти касбӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок хоҳанд кард.

Ба шумули фаслҳои муҳими сиёсати соҳаи тандурустӣ инҳо ворид карда мешаванд: ташаккули "модели институтсионалии тандурустӣ", аз ҷумла ташаккули муносибати принсипиалӣ оид ба таносуби маблағгузории давлатӣ ва шахсӣ ва расонидани кӯмаки муолиҷавию профилактикӣ, инчунин хизматрасониҳои пулакӣ ва ройгон; сатҳи рақобати озод байни истеҳсолкунандагони кӯмаки тиббӣ; принсипи ташаккули нарх; мустақилияти хоҷагидории муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ; муайян намудани тадбир ва механизмҳои муттамарказӣ ва ғайримуттамарказии роҳбарии давлатии соҳаи тандурустӣ ва маблағгузории он; муайян намудани вазифаҳо ва воситаи ҳамкориҳои муштараки байниидоравӣ; ташаккули иттиҳоди ташкилотҳои давлатӣ, касбӣ ва ҷамъиятӣ; фаъол сохтани нақши оила ва ҷомеа дар ҳифзи саломатӣ; муносибатҳои принсипиалӣ ҷиҳати муайян намудани афзалиятҳои санитарию эпидемиологӣ; моделҳои корҳои муолиҷавию профилактикӣ ва стандартҳои кӯмаки тиббӣ; муносибати принсипиалӣ ҷиҳати муносибгардонии сохтории шабакаҳои муолиҷавию профилактикӣ; омилҳои баҳодиҳии натиҷабахшии ҳифзи саломатӣ; принсипҳои рушди заминаи кадрӣ, технологӣ ва фармасевтии соҳаи тандурустӣ; ҳамоҳангсозии системаи идоракунии оперативии соҳаи тандурустӣ барои таъмини синергизми Стратегия бо афзалиятҳои миллии саломатӣ.

Ҳангоми ташаккули сиёсат маҷмӯи проблемаҳои зикргардида, дар сатҳи усулӣ ҳал карда мешаванд, ки ба арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои роҳбарикунанда мувофиқанд; аз қонунҳои қаблан қабулгардида бармеоянд, қонунҳои минбаъда ва санадҳои зерқонунинро ба танзим медароранд. Ба ҳамин маънӣ, сиёсати соҳаи тандурустӣ барои рушди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун замина хизмат хоҳад кард. Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои то сатҳи функсияҳои мушаххаси роҳбарии давлатӣ ва технологияи идоракунии оперативии системаи ҳифзи саломатӣ баланд бардоштани чунин принсипҳои сиёсат истифода бурда мешавад.

Стратегияи мазкур чунин тарзи пешбурди сиёсати давлатии тандурустиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд:

- дар даҳсолаи наздик сиёсати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти афзалиятҳои стратегии ҳифзи саломатӣ, манфиатҳои таъмини дастрасии баробари аҳолии кишвар ба кӯмаки хушсифати муолиҷавию профилактикӣ ва вазифаҳои навсозии заминаи молиявӣ ва захиравии соҳаи тандурустӣ муайян карда мешавад;

- субъектҳои сиёсати ҳифзи саломатӣ аз институтҳои миллии ҷомеа иборат буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази ҳамоҳангсози он ба ҳисоб меравад. Муколамаи давлату ҷомеа ба воситаи фаъолгардонии сиёсати тандурустӣ, бо дарназардошти эҳтиёҷот ва имконоти кишвар, инчунин назорати иҷрои ҳамин сиёсат табдил меёбад. Раванд ва натиҷаҳои чунин муколама дар "Саммити миллӣ оид ба ҳифзи саломатӣ" ҷамъбаст мегардад, ки дар он ақидаи ҳамаи тарафҳои манфиатдор оид ба вазъи системаи ҳифзи саломатӣ, вазифаҳои дурнамо ва татбиқи Стратегия ба инобат гирифта мешавад. Ба ҳамин маънӣ, сиёсати ҳифзи саломатӣ ба объекти муҳокимаи муттасил ва тасҳеҳоти давра ба давра табдил меёбад;

- унсури ҷудонопазири ҳамкориҳои васеи ҷамъиятӣ дар ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҳамкории мутақобилаи байниидоравӣ дар доираи бахши давлатӣ ва ташаккули ҳамкориҳои шарикии стратегӣ байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ иборат мебошад. Муқаррароти принсипиалӣ барои дурнамои минбаъда аз худкифоягии ҳар як соҳаи иқтисодиёт ва ҳар кадом субъекти хоҷагидорӣ дар амри ҳадди ақал кам кардани хатарҳои санитарию эпидемиологӣ иборат хоҳад буд. Дар даҳсолаи оянда сиёсати ҳифзи саломатӣ дар доираи принсипи нисбатан маҳдуд амалӣ мегардад: риояи қотеъонаи стандартҳои бехатарии муҳити зист ва ҷойҳои корӣ дар иқтидорҳои истеҳсолии навтаъсис, системаи оқилонаи дастгирии давлатӣ ҷиҳати солимгардонии муҳити санитарию эпидемиологӣ дар корхонаҳои амалкунанда ва атрофи он. Таъсиси харитаи экологӣ ва мониторинги вазъи экологӣ вобаста ба идораҳо ва объектҳо дар ҳамкориҳои зикргардидаи байниидоравӣ ва шарикии давлату бахши хусуси иқдоми нахустин хоҳад буд.

Сиёсати ташкили корҳои муолиҷавию профилактикӣ ба таҳлили раванди беморӣ ва хатарҳо барои саломатӣ, муносибатҳои асоснок нисбат ба профилактика ва муолиҷаи бемориҳо, инчунин баинобатгирии афзалиятҳои муайяннамудаи аҳолӣ ва муроҷиин такя хоҳад кард.

Ҳамгироии хизматрасонии тиббӣ дар асоси ҳамкории мутақобилаи хадамот ва сатҳҳои кӯмаки тиббӣ дар соҳаи тандурустӣ афзалияти сиёсати ташкилӣ ба ҳисоб меравад.

Сиёсати иҷтимоӣ дар соҳаи тандурустӣ ба ҳифзи гурӯҳҳои камдаромади аҳолӣ ва хизматрасонии ройгон оид ба намудҳои заминавии кӯмаки тиббӣ барои тамоми аҳолии ҷумҳурӣ нигаронида шудааст. Дар дурнамои миёнамӯҳлат сатҳи умумии пулакӣ будани кӯмак вобаста ба афзоиши маблағгузории буҷетӣ паст карда мешавад. То замони пулакӣ будани кӯмак сатҳи он дар асоси арзёбии даромади оилавӣ тафриқабандӣ мегардад. Бо мурури замон соҳаи тандурустӣ азму талоши худро бо дигар барномаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати таъсиси системаи ягонаи омӯзиши эҳтиёҷот дар кишвар ва баҳисобгирии ҳамгироишудаи (махзани маълумоти) сатҳи таъминоти моддии оилаҳо муттаҳид хоҳад кард.

Сиёсати институтсионалии соҳаи тандурустии Тоҷикистон бо хусусиятҳои асосии зайл муайян мегардад: афзалияти моликияти давлатӣ, вале бе монеа ба рушди шабакаҳои таъминкунандаҳои хусусӣ, дар асоси стандартҳои ягонаи кӯмаки муолиҷавию профилактикӣ ва иҷрои бечунучарои талаботи меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ.

Сиёсати молиявию иқтисодӣ ба муносибатҳои зайли стратегӣ такя менамояд: маблағгузории давлатӣ давра ба давра мавқеи манбаи асосии маблағгузории соҳаи тандурустиро ишғол хоҳад кард. Тақсими воситаҳои буҷетӣ ба манфиати ҳавасмандгардонии ислоҳоти соҳа, яъне тибқи тартиби дастгирии аввалиндараҷаи моделҳои прогрессивии корҳои муолиҷавию профилактикӣ ва самарабахшии хароҷот анҷом дода мешавад. Қарордодҳои давлатӣ самарабахшӣ ва мустақилияти оперативию хоҷагидории муассисаҳои муолиҷавию профилактикиро ҳавасманд хоҳанд кард.

Сиёсати кадрӣ ба барқарорсозии шаъну эътибори касбӣ ва ҷамъиятии кормандони тиб нигаронида мешавад. Давра ба давра баланд бардоштани сатҳи пардохти музди меҳнат дар давраи татбиқи Стратегия ҳамзамон бо тақвияти масъулияти ҳуқуқӣ, этикӣ ва молиявӣ барои сифат ва натиҷаҳои фаъолияти муолиҷавию профилактикӣ анҷом дода мешавад. Омилҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ва имконоти пешрафти касбӣ ба нишондиҳандаҳои санитарю гигиенӣ ва клиникии кӯмаки тиббӣ, дараҷаи қонеъ будани муроҷиин, ҳосилнокии меҳнат ва риояи меьёрҳои этикаи касбӣ алоқаманд карда мешаванд.

Барномаҳои таҳсилоти тиббии ҳамаи сатҳҳо бо моделҳои нави расонидани кӯмак ва тибби собитшаванда (далелнок) алоқаманд мегардад. Хизматрасонони соҳаи тиббӣ дар доираи таҳсилоти тиббӣ супервизияи дастгирикунанда ва таълимро таъмин менамоянд (аз ҷумла барои табибони оилавии нав таълимгирифта). Ба омодагӣ ҷиҳати иҷрои корҳо ва расмиёти рӯзмарра бо мақсади беҳбуди ҳисоботдиҳӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад.

Кафолати салоҳиятнокии кормандони тиб нисбат ба кафолатҳои бо кор таъмин будани онҳо бартарият пайдо мекунад. Фаъолияти кормандони соҳаи тиб ва минбаъд техникҳо, лаборантҳо ва муҳандисони соҳаи тиб ба касбе табдил меёбад, ки танҳо ҳангоми мавҷудияти иҷозатномаи навшаванда ба он машғул шудан имконпазир мегардад. Системаи иҷозатдиҳӣ барои амалияи касбӣ дар асоси имтиҳони ягонаи тахассусӣ то соли 2015 ҷорӣ гардида, то соли 2020 нисбат ба ҳамаи кормандони тиббии амалкунанда татбиқ карда мешавад. Ҳифзи кормандони бахши тандурустӣ дар ҷойҳои корӣ ва механизми имтиёзот ҳангоми робита бо бемориҳои махсусан хатарнок низ ба инобат гирифта мешавад.

Сиёсати сохторию инвеститсионӣ бо дарназардошти омилҳои сегонаи стратегӣ амалӣ мегардад:

- пайванди соҳаи тандурустии кишвар бо технологияҳои тиббии асри 21;

- аз нигоҳи сохторӣ муносибгардонии шабакаҳои муолиҷавию профилактикӣ;

- осонгардонидани дастрасӣ ба сармоя барои кормандони амалияи тиббии мустақил ва лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаи тандурустӣ.

Технологияҳои нав танҳо вобаста ба самарабахшии тиббӣ, судмандии хароҷот ва бо дарки он, ки ҳамзамон бо хароҷоти якдафъаина барои сармоягузории асосӣ хароҷоти ҷорӣ "доманадор" зарур аст, ҷорӣ карда мешавад. Банақшагирии хароҷоти ҷорӣ қисми ҷудонопазири асосноксозии техникию иқтисодии лоиҳаҳои инвеститсионӣ хоҳад буд.

Таҷдиди сохтори шабакаҳои муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ бо такя ба мастер-нақша оид ба таҷдиди сохтор моделҳои наверо ифода менамояд, ки охирҳои соли 2010 дар назар дошта шудааст. Интизор меравад, ки ҳаҷми асосии сармоягузорӣ ба сохтмон ва таъмири асосии бунгоҳҳо ва марказҳои саломатии деҳот равона карда мешавад, ки барои аксарияти аҳолии кишвар асоси ташкилии тибби оилавӣ ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти сарбории ками иқтидорҳои беморхона махсусгардонидашуда ва диспансерҳо мумкин аст миқдори фондҳои кат ихтисор карда шавад. Мутобиқи нақшаи генералӣ вобаста ба масъалаҳои рушди захираҳои инсонӣ ва нақшаи татбиқ тақсими захираҳои инсонӣ дар бахши тандурустӣ ҷиҳати пешгирии ҳама гуна тақсимоти нодуруст танзим гардида, дараҷаи қаноатбахши дастрасии кормандони касбӣ дар ҳар кадом сатҳи расонидани кӯмаки тиббӣ дар миқёси кишвар таъмин карда мешавад.

Сиёсати дорувории даҳсолаи наздик ба таъмини соҳаи тандурустӣ бо воситаҳои самарабахши дорувории дорои сифати кафолатдодашуда ва истифодаи судманди он нигаронида мешавад. Зарурати ҳифзи бозори фармасевтӣ аз муомилоти дорувории қалбакӣ, бесифат ва ба қайд гирифтанашуда, инчунин аз полипрагмазия бармеояд.

Сиёсати таъминоти моддию техникӣ ба таъмини соҳаи тандурустии кишвар бо дорувории бехатар, аз нигоҳи клиникӣ ва хароҷот самарабахш, воситаҳои таъиноти тиббӣ ва техникаи тиббӣ, инчунин инфрасохтори таҷдидгардида муттамарказ хоҳад шуд.

Сиёати иттилоотӣ ба самти зайл нигаронида мешавад:

- таъмини саҳеҳӣ ва ҳаҷми дахлдори иттилоот дар хусуси офияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва натиҷаҳои фаъолият оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ;

- баланд бардоштани маърифати санитарию гигиении аҳолӣ оид ба масъалаҳои тарзи ҳаёти солим ва профилактикаи бемориҳои мушаххас;

- иттилоотонии муроҷиин дар хусуси имконоти муолиҷаи бемории онҳо ва оқибатҳои нуқсонҳои имконпазири таъиноти мушаххаси тиббӣ;

- дастрасии устувори ташкилотчиёни соҳаи тандурустӣ, кормандони амалияи тиббӣ, кормандони илмӣ ва омӯзгорон ба иттилооти навин дар бораи усулҳои аз нигоҳи эмпирӣ тасдиқгардидаи корҳои муолиҷавию профилактикӣ.

Дар ҳар кадом ҷабҳаҳои дар боло зикргардидаи сиёсати ҳифзи саломатӣ манфиатҳои соҳаи тандурустӣ дар деҳот бо тартиби афзалиятнок ба инобат гирифта мешаванд.

3) Таҷдиди қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Дар ҷараёни татбиқи ҳамин Стратегия корҳои эҷоди қонунҳо ба таъсиси системаи аз нигоҳи дохилӣ мувофиқашуда ва тибқи низоми созмонёфтаи таҳияи қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ дар соҳаи тандурустӣ нигаронида мешавад. Қонуни заминавӣ дар соҳаи тандурустӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири нав ба ҳисоб рафта, қонуни мазкур пешбурди системаи тандурустӣ, аз ҷумла арзишҳои бунёдӣ, принсипҳои роҳбарикунанда, афзалиятҳои дарозмӯҳлат, кафолатҳои муҳими давлатӣ; ҳуқуқ ва масъулияти мақомоти ҳокимият, кироягирандагони қувваи корӣ, аҳолӣ ва кормандони тиббӣ; инчунин унсурҳои сохтории асосии заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, истинод ба қонунҳои ва ташаббусҳои минбаъдаи қонунэҷодкуниро муайян менамояд Асосҳои қонунгузорӣ моддаҳои алоҳидаро дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои гражданӣ, оила, меҳнат ва кодекси ҷиноятӣ, инчунин дигар қонунҳои заминавӣ, мисол, қонун дар бораи суғуртаи иҷтимоӣ ва қонуни андоз дар бар мегирад. Асосҳои қонунгузорӣ бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд.

Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири нав қонунҳои нав қабул карда шуда, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаслҳои зайл, ба монанди ҳифзи саломатӣ, ҳифзи муҳити зист, офияти санитарӣ, пешгирии бемории сироятӣ, бехатарии меҳнат, амнияти озуқаворӣ ва дорувории бехатар, ҳифзи ҳуқуқ ва масъулияти кормандони тиб ва муроҷиин дар самти ҳифзи саломатӣ таҷдиди назар мегарданд.

Унсури муҳими корҳои қонунгузорӣ дар доираи Стратегияи мазкур аз фаъолгардонии меъёрҳои "қонунҳои байнисоҳавӣ" иборат буда, муҳимтарин вазифаи он ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумрук оид ба масъалаҳои аксиз ҳамчун воситаи пешгирикунандаи боздоштани истифодаи тамоку ва нӯшокиҳои спиртӣ, равона кардани воситаҳо ба таҳкими саломатии аҳолӣ мебошад.

Объектҳои нав ё таҷдиди назаршудаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо хоҳанд буд:

- системаи ҳамкории мутақобилаи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- механизми маблағгузории соҳаи тандурустии кишвар;

- омодагӣ, иҷозатномадиҳӣ, ҳуқуқ ва масъулияти кормандони тиб;

- таъмини соҳаи тандурустӣ ва аҳолии кишвар бо дорувории хушсифат ва бехатар, воситаҳои иммунобиологӣ ва дигар воситаҳои таъиноти тиббӣ;

- маҷмӯи кафолатҳои давлатии кӯмаки тиббии ройгон ва имтиёзнок;

- мунтазам таҷдиди назар намудани гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ, рӯйхати хизматрасониҳо, параметрҳои ҳаҷмӣ ва арзишии онҳо, инчунин механизмҳои масъулият ва назорат;

- такмили назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ.

Ҳангоми тадбиқи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии дар боло номбар шуда, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон усулҳои нави ташкил ва гузаронидани корҳои табобатӣ ва пешгирии бемориҳоро ба роҳ мемонад. Аз ҷумла: ташкили фаъолият бо тарзи тибби оилавӣ; шарт ва тартиби иҷозатномадиҳӣ ба кормандони тиб; шарт ва тартиби аккредитатсияи муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ ва муассисаҳои тиббии таҳсилотӣ; стратегияи идоракунии таваккалҳои муҳими санитарию эпидемиологӣ, нақшаҳои стандартии пешбурди беморӣ ва ҳолатҳо, нақшаҳои стандартҳои муолиҷа (протоколҳои клиникӣ) оид ба расонидани кӯмаки тиббӣ ба занони ҳомила, тифлони навзод, кӯдакон, шахсони мубталои бемориҳои сироятӣ, сироятҳои махсусан хатарнок, инчунин шахсони мубталои бемориҳои паҳншудаи мунзим; усулҳои назорати ҷории сифати кӯмаки тиббӣ; усулҳои банақшагирӣ ва шартномабандӣ оиди хизматрасониҳои тиббӣ ва ҳамроҳикунанда дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ; механизми маблағгузории муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ, инчунин пардохти музди меҳнат ва ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи тиб; стандартҳои омодасозии кормандони соҳаи тандурустӣ; тартиб ва шартҳои аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ ва барномаҳо; баҳисобгирӣ, ҳисоботдиҳӣ ва таҳқиқоти таҳлилӣ дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла сохтор ва захираҳои Системаи идоракунии тандурустӣ, дақиқ намудани муқаррарот дар бораи мақомоти роҳбарикунандаи давлатии ҳифзи саломатӣ ва ғайра.

Заминаи меъёрии ҳуқуқии дар боло зикргардида тавассути инвентаризатсияи (шарҳи таҳлилии) қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ ҷиҳати ошкор намудани номукаммалӣ, такрор ва мухолифат байни онҳо, таҷдиди назари заминаи меъёрии ҳуқуқӣ бо роҳи бекор кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии кӯҳнашуда, муттаҳид кардани якчанд санадҳо ва ҳамзамон бартараф намудани такрор ва мухолифат байни онҳо, аз як сатҳи ташаккулдиҳандаи меъёр ба дигар сатҳ гузаронидани ин ё он меъёр ва ворид намудани тасҳеҳот ба санадҳои боқимондаи меъёрии ҳуқуқӣ, бо тартиби нав намудан ва мувофиқаи онҳо вобаста ба тағйироте, ки ба дигар сандаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид карда шудааст, қабули қонунҳои нав ва санадҳои зерқонунӣ барои инъикоси вазифа ва равандҳои таҷдиди соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

Таҳияи заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва механизми назорати давлатии рушди муассисаҳои хусусии тиббӣ идома дода мешавад.

4) Системаи иттилоотии тандурустӣ ва таҳлили оперативӣ

Системаи иттилоотии соҳаи тандурустӣ барои минбаъд пешниҳод намудани маълумоти саҳеҳ ва саривақтӣ, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои тандурустӣ заруранд, таҳким хоҳад ёфт. Сохтор ва мӯҳтавои Системаи иттилоотии тандурустӣ ба чунин вазифаҳои бахши тандурустӣ мутобиқат хоҳад кард:

- иттилоотонии пешакӣ дар хусуси хуруҷи эпидемия ва дигар ҳодисаҳои муҳим;

- ҳисоби ҳаҷми хизматрасонӣ ва банақшагирии захираҳои бахши тандурустӣ дар асоси иттилоот оид ба экология, детерминантҳои демографӣ ва иҷтимоию иқтисодии тандурустӣ, хароҷот барои соҳаи тандурустӣ;

- раванди беморӣ;

- назорати вазъи саломатии аҳолӣ, сифати хизматрасониҳои тиббӣ, натиҷаҳои саломатӣ ва боадолатии индикаторҳои саломатӣ;

- кӯмаки ҳамарӯза ба хизматрасонҳои соҳаи тиб ҷиҳати пешбурди дафтарҳои тиббӣ ва дигар шакли ҳисоботдиҳии клиникӣ;

- дастрасии аҳолӣ ба иттилоот дар мавриди тарзи ҳаёти солим, кафолатҳои системаи тандурустӣ, ҳуқуқи муроҷиин, дар бораи таъсири терапевтӣ ва таъсири номатлуби доруворӣ;

- дар бораи идоракунии бемориҳои мунзим ва нигоҳубин дар хона;

- ҳамгироии кормандони тиб ба ҷараёни глобалии иттилоот ва дониш.

Барои таҳияи Системаи иттилоотии маҷмӯӣ бояд шаш унсурҳои стандартӣ таҳким ёбад:

- захираҳо;

- индикаторҳо;

- ҷамъоварии иттилоот;

- идоракунии иттилоот;

- таҳлили иттилоот;

- паҳн намудан ва истифодаи иттилоот.

Захираҳои системаи иттилоотии тандурустӣ аз сохторҳон меъёрии ҳуқуқӣ танзимкунанда ва банақшагирандаи захираҳои инсонӣ, молиявӣ ва инфрасохтори системаи иттилоотии тандурустӣ иборат мебошад, ки фаъолияти нисбатан самарабахшро таъмин менамояд.

Сохтори меъёрии ҳуқуқии системаи иттилоотии тандурустӣ қонун ва оинномаҳоро фаро мегирад, ки ҷамъоварӣ, коркард, нигаҳдошт, пахш ва истифодаи иттилоотро бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи муроҷиин ва ҳуқуқи аҳолӣ ба иттилооти дастраси тиббӣ танзим менамояд.

Сохтори меъёрии ҳуқуқӣ Консститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ"-ро дар бар мегирад. Ба сохтори ташкилии системаи иттилоотии тандурустӣ инҳо шомиланд:

- Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ;

- марказҳои вилоятии омор ва иттилооти тиббӣ;

- Маркази шаҳрии омори таббӣ ва иттилоотии шаҳри Душанбе;

- шӯъбаҳо ва ҳуҷраҳои ташкилию методӣ дар назди муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо.

Сохтори мазкур барои ҷамъоварӣ, коркард ва ба истифодабарандагон пешниҳод намудани итгалоот дар бораи вазъи саломатии аҳолӣ, захираҳои соҳаи тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи тандурустӣ масъул мебошад. Дигар иттилооти муҳиме, ки барои таҳлили вазъи саломатии аҳолӣ зарур аст, аз маълумоте иборат мебошад, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои сабти ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (маълумоти иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ), Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (маълумот дар бораи ҳолати муҳити зист) ҷамъоварӣ намуданд.

Чорабиниҳои афзалиятнок:

- нақшаи стратегии системаи иттилоотии тандурустӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 ҷиҳати банақшагирӣ, муайян намудани афзалиятҳо ва маблағгузории буҷетии чорабиниҳои зарурӣ барои рушди минбаъдаи системаи иттилоотии тандурустӣ таҳия карда мешавад; - захираҳои инсонии системаи иттилоотии тандурустӣ кормандонеро дар бар мегиранд, ки дар ҷамъоварӣ, таҳлил, пахш ва истифодаи иттилоот иштирок мекунанд. Ҳамаи онҳо аз тарбия ва бозомӯзӣ мегузаранд;

- захираҳои молиявии системаи иттилоотии тандурустӣ мутобиқи афзалиятҳои муқаррарнамудаи Нақшаи стратегии системаи иттилоотии тандурустӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 ҷудо карда мешавад.

Индикаторҳои асосии саломатӣ се соҳаро фаро мегирад: вазъи саломатӣ, детерминантҳои саломатӣ ва системаи тандурустӣ.

Дар панҷ соли наздик мутобиқгардонӣ ва таҷдиди сохтори системаи банақшагирӣ, ҷамьоварӣ, коркард ва пешниҳоди иттилоот самти афзалиятнок хоҳад буд. То охири соли 2011 қадам ба қадам индикаторҳои саломатии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, шаклҳои ҳуҷҷатгузории ибтидоии тиббӣ ва ҳисоботдиҳӣ таҷдиди назар гардида, такмил дода мешаванд. Омори нав ва тағйирёфта ҳамаи хатарҳои барои саломатӣ нисбатан муҳим, ба мисли беморӣ ва раванди фавт, сифати хизматрасонии тиббӣ ва истифодаи онҳо, самаранокии хароҷот ва дастрасии хизматрасонии тиббиро фаро мегирад. Миқёси маълумоти оморӣ, ки ба бахши тандурустӣ марбут намебошад, тавсеа хоҳад ёфт.

Таҷдиди ҷамъоварии маълумот бо усули таҳкими равандҳои мавҷудаи ихтисор намудани ҳисоботдиҳии ҳатмии ибтидоӣ, таъсиси шаклҳои автоматиконидашуда ва электронии ҳуҷҷатгузории ибтидоии тиббӣ, таъминоти барномавии системаи ҷамъоварӣ, коркард ва истифодаи иттилоот анҷом дода мешавад.

Дар даҳсолаи оянда кормандони тиб дорои системаи нисбатан мукаммали ташхис, бақайдгирии дақиқи ҳолати муроҷиин ва нишондиҳандаҳои тиббӣ хоҳанд буд. Раванди гузариш ба ТББ-10 ва ҷорӣ намудани ТББ- 10.2 хотима меёбад. Рӯйихатҳои стандартии амали тиббӣ ва ҷарроҳӣ таҳия мегардад.

Идоракунии иттилоот коркард, таҳия, нигаҳдошт, ҳифз ва пешниҳоди иттилооти хушсифатро фаро мегирад. Маълумоти ибтидоии ҷамъоваришуда ихтисор гардида, қатьан ҷавобгӯи индикаторҳои интихобгардида хоҳанд буд.

Махзани маълумоти- "МЕДСТАТ" ҳуҷҷатҳоро дар DHIS2 ҷойгир менамояд. DHIS2 (барномаи компютерии таъминот барои ҷамъоварии иттилоот вобаста ба саломатӣ дар сатҳи ноҳия- DHIS2) барномаи фасеҳ ва кушодаи компютерӣ буда, дар сатҳи байналмилалӣ татбиқ ва дастгирӣ карда мешавад. Интиқоли мустақими маълумот ба сервери БН152 (DHIS2 модели мобилӣ) аз дастгоҳи портативӣ дар муассисаҳои дурдасти соҳаи тандурустӣ (муассисаҳои таҷрибавӣ) аз санҷиш мегузаранд. Бо мақсади таъминот бо иттилооти фаврӣ барои қабули қарорҳои тактикӣ ва клиникӣ системаи фосилавии машваратию ташхисӣ бо истифодаи системаи телематикӣ ва телетиббӣ ҷорӣ карда мешавад.

Гузаронидани таҳлили иттилоот беҳбуд меёбад, маълумоти ҷамъоваришуда ба далели боэътимод табдил меёбад, ки барои қабули қарор дар сатҳи маҳаллӣ асос шуда метавонад. Омили асосӣ аз ҳамгироӣ, ҷамъбаст, таҳлил ва тафсири иттилоот оид ба соҳаи тандурустӣ аз манбаъҳои мухталиф, баррасии фарқият, ошкор намудан ва баҳисобгирии ғаразу рӯихотир, баҳодиҳии вазъ ва равандҳо дар соҳаи тандурустӣ иборат хоҳад буд. Чунин таҳлил имкон медиҳад, ки моделҳои рафтори хатарнок, фарогирии хизматрасонии тиббӣ, раванди индикаторҳо ва фаъолияти системаи тандурустӣ баҳо дода шавад. Ин таҳлилҳо тавассути интишор дар овезаҳои иттилоотӣ ва бюллетенҳои озоди иттилоотӣ барои аҳли ҷомеа дастрас хоҳанд буд.

Самти нави таҳлилҳои амалиётӣ инҳоро дар бар мегирад:

- назорати сифати хизматрасонӣ дар сатҳи таъминкунандаҳо, ки ба санҷиши берунӣ ва дохилӣ асос ёфтааст;

- равандҳо дар таъминоти фармасевтӣ, аз ҷумла нокифоягии доруворӣ дар муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ ва дорухонаҳо;

- нархҳои ноустувори доруворӣ дар дорухонаҳои давлатӣ ва шахсӣ;

- ҷудо кардани беморон вобаста ба сатҳи кӯмак, вобаста ба ташхис ва ҳолатҳои паҳнгардида, инчунин вобаста ба гурӯҳҳои клиникию хароҷотӣ;

- равандҳои пулакӣ будани хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла хароҷоти аҳолӣ барои кӯмаки тиббӣ ба ҳисоби дар як сол, бистарикунонӣ, қабули амбулаторӣ;

- тақсимоти сарбории молиявӣ вобаста ба намуди кӯмак, шаклҳои муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ ва категорияҳои гирандагони даромад;

- раванди ташкил ва фаъолияти амалияти оилавӣ, аз ҷумла шумораи қабули амбулаторӣ ва ташрифоти патронажӣ ба ҳисоби миёна нисбат ба сокини бақайдгирифта ва вобаста ба гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ (мисол, занони ҳомила, тифлони навзод, кӯдакони то синни 5);

- индикаторҳо оид ба маърифат дар соҳаи саломатӣ - оид ба пешгирии бемориҳо ва идоракунии бемориҳо;

- сатҳи хатар ба саломатӣ вобаста ба нишондиҳандаҳои дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ва риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва гигиенаи манзил.

Малакаи таҳлилӣ дар муассисҳои асосӣ рушд ва такмил меёбад. Дар назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъбаи таҳлил ва сиёсати соҳаи тандурустӣ таъсис ёфтааст, ки ҷиҳати таҳкими сиёсати соҳаи тандурустӣ корҳоро идома медиҳад ва иқтидори Вазорати тандурустиро ҷиҳати таҳлил тақвият мебахшад ва он то дараҷаи ноил гардидан ба баҳодиҳии мунтазира, таҳлил ва собитсозӣ таҳким хоҳад ёфт.

То оғози соли 2013 таҳқиқи стратегии бахши тандурустии Тоҷикистон гузаронида мешавад, ки самтҳои нави зайлро фаро мегарад:

- таҳлили маҷмӯии сарбориҳои беморӣ дар Тоҷикистон - баҳодиҳии талафоти демографӣ ва иқтисодӣ вобаста ба фавти бемаҳал, маъюбият вобаста ба беморӣ ва дар маҷмӯъ: баҳодиҳии қаблан гузаронидашудаи индикаторҳои сарбории беморӣ дар асоси бемориҳои глобалӣ ва эҳтимолияти ҳамшабеҳ оид ба паст гардидани сифати зиндагӣ ва даромад дар натиҷаи фавти бемаҳал ва маъюбият муайян гардида буд. Ин модели "космополитикии" таҳлили сарбории беморӣ ба омори демографӣ, эпидемиологӣ ва иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мутобиқ гардонида мешавад. Аз соли 2011-2012 сар карда, таҳқиқот оид ба сарбории вобаста ба беморӣ гузаронида мешавад, ки барои тасҳеҳи Стратегияи миллии саломатии барои соли 2015 ба нақша гирифта шуда, манбаи асосии иттилоотӣ хоҳад буд.

Таҳия ва мунтазам нав кардани системаи Ҳисобҳои миллии тандурустӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ: истифодаи модели ҲМТ барои гузаронидани таҳлили молиявии соҳаи тандурустӣ аз манбаъҳо ва истифодаи онҳо метавонад бо дарназардошти зайл арзишнок бошад:

а) манбаъҳои расмӣ ва ғайрирасмии маблағгузории тандурустӣ;

б) назорати дақиқи хароҷоти хонаводаҳо барои тандурустӣ ва аз ҷониби дигар - даромади хизматрасонҳои соҳаи тандурустӣ;

в) ҳарчанд таҳияи консептуалӣ ва методологии ҲМТ метавонад бевосита оғоз гардад, вале барои муқаррар намудани усули ҷамъоварии маълумот ва ҳосил намудани таҷриба татбиқи ҲМТ бояд давра ба давра гузаронида шавад;

г) минбаъд ҲМТ на ҳамчун воситаи банақшагирии ҳарсолаи буҷетӣ, балки басифати воситаи иловагии гузаронидани таҳлил баррасӣ мегардад.

Баҳодиҳии саломатӣ ва натиҷаҳои клиникӣ дар асоси исботсозӣ (далелҳо): дастур оид ба амалия барои ҳар кадом ҳолати муолиҷаи бемор, бо роҳи мутобиқгардонии начандон назарраси амалияи шабеҳи байналмилалӣ барои ташкилотҳо ва ташаккули захираҳои бахши тандурустии Тоҷикистон. Интихоб ва минбаъд қабул кардани дастури нисбатан амиқ оид ба идоракунӣ ба самарабахшии натиҷаи клиникии дақиқ таҳиягардидаи таҳқиқоти илмӣ асос меёбад. Таҳқиқи мушаххасот вобаста ба кишвар метавонад афзалиятҳои соҳавии миллиро ошкор намояд, ки дар он мутобиқгардонии нигоҳубин ба собитсозӣ (далел) асос ёфта, амалияи мавҷударо иваз хоҳад кард.

Таҳқиқи сиёсати тандурустӣ: баҳодиҳии вазъи саломатӣ ҳамчун натиҷаи дастрас будани хизматрасонӣ; пурсиши афкори омма нисбат ба арзишҳои бунёдӣ, принсипҳои роҳбарикунанда, ташкили соҳаи тандурустӣ ва воситаҳои молиявӣ. Модели сиёсати тандурустии Тоҷикистон ба арзишҳо ва принсипҳои байналмилалӣ такя намуда, афкори муроҷиин, таъминкунандаҳо, аҳли ҷомеа ва дар маҷмӯъ ҷамъиятро ба инобат мегирад.

Принсипҳои асосии таҳлили мазкур ва таҳқиқоти стратегӣ аз ҷониби гурӯҳи экспертҳо ва машваратчиён такмил дода мешавад. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бастани қарордодҳои давлатӣ, ки ба муайян намудани муносибатҳои пешқадами идоракунии бахши тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, ташаббускори чунин таҳқиқотҳо хоҳад буд. Фаъолияти пахш ва истифодаи маълумот тақвият меёбад.

Маълумот бо ҳамон усулҳои мавҷуда (мисол, маҷмӯаҳо ва веб-саҳифаҳо, ба монанди www.medstat.tj, tojikinfo.tj,), ("МЕДСТАТ", "ТОҶИКИНФО"), системаи DHIS2, маҷмӯаҳои ҳарсолаи оморӣ, маълумотномаҳои таҳлилӣ) паҳн гардида, мунтазам такмил дода мешавад.

Иттилоот қисми асосии идоракунин ҳамарӯзаи банақшагирӣ ва расонидани кӯмакро аз ҷониби системаи тандурустӣ дар бар мегирад. Механизм ва омилҳои ҳавасмандгардонии институтсионалӣ барои заминагузории маданияти қабули қарор вобаста ба ҳар як ҳолати муолиҷа минбаъд инкишоф ёфта, дар асоси он истифодабарандагони мухталиф ҳамаи иттилооти муҳимро оид ба системаи тандурустии кишвар бо дарназардошти эҳтиёҷот ва талаботи худ ба даст меоранд.

Барои гузаронидани тренинг оид ба идоракунӣ, ки ба натиҷаҳо ва собитсозӣ (далел) асос ёфтааст, муҳити солим фароҳам оварда мешавад.

Истифодаи иттилоот ва талабот ба иттилооти тиббию санитарӣ индикаторҳои ҳуҷҷатҳои стратегиро ба роҳбарӣ мегирад (аз ҷумла, Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, муносибатҳои гуногунҷабҳаи бахшӣ), стратегияҳое, ки ҳамбастагии иттилоотро бо тақсимотӣ воқеии захираҳо пешбинӣ менамояд, баланд бардоштани сифати иттилоот, инчунин истеҳсоли ҳамин иттилоот.

5) Муносибатҳои байниинститутсионалӣ ва байнисоҳавӣ ҷиҳати солимгардонии шароити зист дар кишвар.

Дар даҳсолаи наздик мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ҳокимиятии худро ба он равона месозанд, ки ба ҳифзи саломатӣ кумитаҳои парламент, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи хокимияти давлатӣ, бахшҳои соҳибкории хусусӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва мустақиман шаҳрвандон ҷалб карда шаванд.

Ба ҳамин маънӣ, сухан дар мавриди он меравад, ки дар кишвар шарикии гуногунҷабҳа байни институтҳои давлатӣ, иқтисодиёт ва ҷамъият ба манфиати зиндагии солим созмон дода шавад.

Тадбирҳои ибтидоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати созмон додани ҳаракати умумихалқӣ барои дастгирии саломатӣ аз такмили Шӯрои миллӣ оид ба тандурустӣ иборат хоҳад буд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2003 №579 "Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии тандурустӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст. Шӯрои миллии тандурустӣ ҳамчун мақоми мустақили ҷамъиятӣ, касбӣ ва маъмурии назорати офияти санитарию эпидемиологӣ дар кишвар, инчунин фаъолияти мақомоти давлатии тандурустӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ, муассисаҳои тиббӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва сокинони ҷумҳурӣ баррасӣ мегардад.

Такмили Шӯрои миллии тандурустӣ ва ба мақоми кории идоракунии байниидоравии ҳифзи саломатӣ табдил додани он имкон медиҳад, ки захираҳо, ваколат ва масьулияти бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ муттаҳид гардида, инчунин ташаббуси ҷамъиятӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои солимгардонии шароити зисти наслҳои имрӯзаю ояндаи Тоҷикистон беҳбуд бахшида шавад.

6) Самтгирӣ ба таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии кӯмаки байналмилалӣ ва ҳамкориҳои техникӣ.

Даҳаи татбиқи Стратегия бо ҳамгироии минбаъдаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, тақвияти самтгирӣ ба таҷрибаи пешқадами пешбурди бемориҳои паҳнгардида, ҳамкории устувор бо системаҳои назорати глобалии вазъи эпидемикӣ, дастрасии боэътимод ба каналҳои байналмилалии хариди доруворӣ, ваксинаҳои хушсифат ва аз нигоҳи хароҷот судманд, инчунин тавсеаи ҳамкориҳои илмию методӣ доир ба масъалаҳои сиёсат, танзим, ташкил ва маблағгузории ҳифзи саломатӣ қайд карда мешавад.

Ба ҳам пайвастани амалияи табибони ватанӣ ва мутахассисони касбҳои ғайритиббии дорои таҷрибаи байналмилалӣ дар марҳилаҳои омодагии бунёдӣ сурат мегирад. Барномаҳои таълимӣ, сохтор ва мӯҳтавои курсҳои таълимӣ, инчунин адабиёти таълимӣ ва рӯйхати адабиёти тавсеашуда муттасил ба стандартҳои байналмилалии таълимӣ ва касбию тахассусӣ самт бахшида мешавад. Сарчашмаи дониши пешқадам аз тавсияҳои ТУТ иборат буда, барои дастрасӣ ба заминаи донишҳои байналмилалӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, омӯхтани забонҳои англисӣ ва русӣ дар муассисаҳои олии тиббӣ ва коллеҷҳо тақвият хоҳад ёфт. Сатҳи нисбатан баланди таҳсил тавассути амалияи муосири тиббӣ ва усулҳои идоракунии соҳа, аз ҷумла тавассути технологияҳои иттилоотӣ дастгирӣ хоҳад ёфт. Бетанаффус баланд бардоштани сатҳи таҳсил ва талаботи аттестатсияи касбӣ воқифии муттасил аз беҳтарин таҷрибаҳои байналмилалӣ ва истифодаи амалии онҳоро дар бар мегирад.

Дар даҳ соли охир соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар доираи даҳҳо лоиҳаҳои байналмилалӣ ба саҳнаи фаъолияти гуногунҷабҳаи инноватсионӣ мубаддал гардид. Айни замон дар раванди расонидани кӯмаки беруна ба бахши тандурустии Тоҷикистон 24 созмонҳои байналмилалии донорӣ иштирок дошта, 31 лоиҳа татбиқ мегардад. Маблағи умумии инвеститсия, ки барои соҳаи тандурустӣ дар ҷараёни солҳои 2004-2010 пешбинӣ шуда буд, ба 267,339 млн. доллари ШМА баробар буда, аз он 30,78 млн. доллари ШМА кредит ба ҳисоб меравад.

Бояд тазаккур дод, ки ин воситаҳои донорҳо ба дастгирии инфрасохтори муассисаҳои тандурустӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, омӯзиши кормандон, ислоҳоти системаи тандурустӣ, пешгирӣ ва мубориза алайҳи ВНМО, мубориза алайҳи бемории сил, беҳбуди саломатии репродуктивӣ, саломатии модару кӯдак, пешгирии бемориҳои сироятӣ, инчунин тақвияти нерӯи инсонӣ, дастгирӣ бо доруворӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои муҳимтарини соҳаи тандурустӣ равона карда шудаанд.

Масъалаҳои мубрами идоракунии захираҳои беруна ва инвеститсияҳои хориҷӣ аз инҳо иборатанд: пешниҳоди нақшаҳои ҳамасола ва ҳисоботи семоҳа ҷиҳати ташаккули махзани маълумот оид ба ҳама гуна кӯмаки берунае, ки ба бахши тандурустӣ расонида мешавад; эҳтиёҷот барои таҳияи нақшаи ҳарсола барои баҳисобгирии воридоти маблағ аз ҳама гуна манбаи маблағгузорӣ зарур мебошад; мавҷуд набудани хати танзимкунандаи дақиқ байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои гузаронидани семинарҳо, конференсияҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ; номукаммалии механизмҳо ҳангоми банакшагирии лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ки он дар навбати худ самарабахшии воситаҳои ҷалбгардидаро барои ҳалли масъалаҳои гузошташуда ва ноил гардидан ба мақсадҳои асосӣ коҳиш медиҳад.

Бо мақсади ҳалли проблемаҳои мавҷуда бояд чорабиниҳои зайл доир гардад: таъсиси махзани ягонаи маълумоти шарикон оид ба рушд дар бахши тандурустӣ вобаста ба расидани ҳама гуна кӯмаки беруна ба бахши тандурустӣ барои таҳлил ва ҷамъбасти иттилоот оид ба ҳамаи донорҳо, инвесторони хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, ки дар системаи тандурустӣ фаъолият менамоянд; гузаронидани мониторинги муштараки татбиқи лоиҳаҳое, ки аз ҳисоби ҷалби захираҳои беруна татбиқ мегарданд; таҳияи пешниҳодот оид ба такмили тартиби таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва механизмҳои татбиқи самарабахши онҳо; ба роҳ мондани фаъолияти муштарак бо миссияи донорҳо, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва инвесторҳои хориҷӣ дар раванди татбиқи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби онҳо маблағгузорӣ мегардад; доир намудани боздидҳои мунтазам бо донорҳои асосӣ ва агентиҳои иҷроияи байналмилалӣ барои баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои ҷории ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна ба бахши тандурустӣ, гузаронидани семинарҳои таълимӣ, конференсияҳо оид ба масъалаҳои мубрами идоракунии захираҳои беруна ва инвеститсияҳои хориҷӣ.

Вазифаи аз нигоҳи стратегӣ муҳим барои даҳсолаи оянда аз тарҳрезии муносибати ташаббускоронаи Вазорати тандурустӣ ҷиҳати ташаккули афзалиятҳо ва усули иштироки байналмилалӣ оид ба таҷдиди системаи ҳифзи саломатӣ дар кишвар иборат хоҳад буд. Аз ҷумла: муайян намудани эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирии байналмилалӣ ҳам вобаста ба нокифоягии маблағгузории дохилӣ, инчунин дар бозори дохилӣ мавҷуд набудани маҳсулоти зарурии таъиноти тиббӣ ё таҷрибаи зарурӣ; амиқтар омӯхтани тамоилу тобишҳои мандатҳои институтсионалӣ, афзалиятҳои барномавӣ ва воситаҳои ҳамкории мухталифи шарикон оид ба рушд, ба монанди бонкҳои байналмилалии рушд, ташкилотҳои системаи Созмони Милали Муттаҳид, фондҳои хайрияи байналмилалӣ бо маблағгузории гуногунҷабҳа, агентиҳои донории ҳукуматии кишварҳои мушаххас ва ташкилотҳои хусусии ғайритиҷоратӣ; қабули қароре, ки дар онҳо эҳтиёҷоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афзалиятҳо ва моделҳои оперативию идоракунандаи шарикони дахлдор оид ба рушд мувофиқа карда шудаанд; андешидани механизмҳои назорати истифодаи захираҳои байналмилалӣ ва баҳодиҳии натиҷабахшии ташаббусҳои муштарак.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар навбати аввал - Вазорати тандурустӣ якҷоя бо Вазорати молия мавқеи самтбахшанда ва маркази ҳамоҳангсози шарикиро ишғол хоҳанд кард. Барои ин мақсадҳо бояд нисбат ба проблемаҳо таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардад, қарорҳои самарабахш қабул карда шуда, пай дар ҳам дар амалия татбиқ карда шавад, инчунин ҳамаи тарафҳо нисбат ба ӯҳдадории ба зимма гирифтаашон масъулият зоҳир намояд.

- аз соли 2012 сар карда, банақшагирии рушд ва захираҳои тандурустӣ расман аз асосҳои солона ба асосҳои миёнамӯҳлат ва сесола мегузарад. Ин имкон медиҳад пешбинишаванда будани захираҳои дохилии молиявӣ, моддӣ ва кадрии соҳа баланд бардошта шуда, самти банақшагирӣ барои шарикони байналмилалӣ оид ба рушд тавсеа ёбад;

- воридоти захираҳои байналмилалӣ, махсусан дар шакли мустақиман пурра намудани буҷети тандурустии кишвар фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва Вазорати молияро ногузир мушкилтар мегардонад. Рушди нерӯи кадрии вазоратҳои мазкур, инчунин заминаи иттилоотӣ, методӣ ва моддию техникӣ онҳо омили асосии банақшагирии самарабахш, тақсим, назорат ва истифодаи захираҳои иловагӣ хоҳад буд, ки тавассути дастгирии байналмилалии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст;

- самти дуюми шарикии байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ аз ҳамкориҳои техникӣ иборат хоҳад буд.

Нақши Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии консалтинги байналмилалӣ бемайлон афзоиш меёбад. Ташаккули донишҳои техникӣ, гузаронидани озмунҳо, баҳодиҳии экспертии пешниҳодоти воридшуда, интихоби пешакӣ ва ниҳоии иҷрокунандагон вобаста ба лоиҳа, бастани шартномаҳо, назорати касбӣ ва молиявии ҷараёни корҳо ва пазируфтани натиҷаҳои онҳо - тамоми чунин фаъолияти гуногунҷабҳа оид ба идоракунии лоиҳаҳои байналмилалӣ як қисми сарбории функсионалии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил хоҳад дод.

Интиқоли роҳбарии ҳамкориҳои техникӣ ба тобеияти идоравии Вазорати тандурустӣ имкон медиҳад, ки се вазифаи муҳим ҳал карда шавад: якум, ҷалби ташкилотҳои нисбатан тахассусии консалтингӣ, сарфи назар аз марбутияи миллии онҳо ва маҳдудиятҳое, ки вобаста ба он як қатор агентиҳои донорӣ муқаррар намуданд; дуюм, муттаҳидсозии воситаҳои донорҳои мухталиф, агар чунин зарурат ба миён ояд, мисол, дар доираи лоиҳаҳои махсусан муҳим ва фаврӣ; сеюм, истифодаи нисбатан фаъолонаи лоиҳаҳои аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ маблағгузоришаванда ба манфиати эҳёи консалтингии ватанӣ.

Вогузоштани маркази гаронӣ ҳангоми банақшагирӣ ва идоракунии шарикии байналмилалӣ ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин раванди муттасиле мебошад, ки ба фаъолияти бемайлони идораҳои манфиатдор оид ба таҳкими дастгоҳи худӣ асос ёфтааст. Стратегияи мазкур бо Нақшаи рушди кадрӣ, заминаи методии моддию техникии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молия пеш аз ҳама дар самти навсозии идоракунии ҳифзи саломатӣ дар кишвар, аммо, бо дарназардошти дар оянда аз ҷониби онҳо аз худ намудани воситаҳои байналмилалии молиявӣ ва роҳбарии ҳамкориҳои техникӣ такмил хоҳад ёфт. Таҳти сарпарастии Вазорати тандурустӣ Шӯрои ҳамоҳангсози ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ (Шӯрои ҳамоҳангсоз дар назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон) таъсис дода мешавад. Ҳамзамон бо Вазорати тандурустӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он шарикони байналмилалӣ оид ба рушд, ки дар маблағгузорӣ ва дастгирии техникии тандурустии кишвар иштирок менамоянд, намояндагӣ хоҳанд кард. Вазифаи стратегии Шӯрои ҳамоҳангсози ҳамкориҳои байналмилалӣ аз татбиқи амалии консепсияи "Ҳамоҳангсозии умумисоҳавии захираҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ" иборат хоҳад буд, ки мутобиқи ихтисороти англисӣ ҳамчун "SWAр" эътироф шудааст.

Табдил додани лоиҳаҳои мухталифи байналмилалии дар тобеияти ташкилотҳои гуногуни донорӣ қарордошта ба шарикии ҳамгироишудаи байналмилалӣ таҳти сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳодиҳии мунтаззам ва амиқи омодагии Вазорати тандурустӣ ва дигар идораҳои манфиатдорро ҷиҳати ба зиммаи худ гирифтани идоракунии нақшаҳо ва захираҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ таъмини дасговардҳои дастур ва чорабиниҳои фидусиариро барои идоракунии фонди таҷаммӯӣ дар системаи ғайримуттамарказонидашуд, ба мисли Тоҷикистон дар назар дорад.

Аммо, муҳим аст, ки аз ду таҳрифоти хилофи ҳамдигар канорагирӣ карда шавад - яке ба таъхир гузоштани "мустақилияти" кӯмаки байналмилалӣ, дигар шитобкории аз ҳад зиёд вобаста ба раванди мазкур. Дар робита бо ин функсияи муҳимтарини Шӯрои ҳамоҳангсоз аз баҳо додан ба омодагии иштирокчиёни миллии шарикии байналмилалӣ ҷиҳати ба зиммаи худ гирифтани банақшагирии стратегӣ ва идоракунии ҳамарӯза дар доираи ҳамоҳангсозии умумисоҳавии ҳамкорӣ иборат хоҳад буд.

7) Такмили системаи амалиётии идоракунии соҳаи тандурустӣ.

Дар даҳсолаи наздик сарбории функсионалии Вазорати тандурустӣ ва мақомоти ҳудудии тандурустӣ, ки ба фаъолияти онҳо самтҳои нави корҳои идоракунии амалиётию оперативӣ ворид гардида, самтҳои маъмулӣ таҷдид меёбанд, зиёд хоҳад шуд, аз ҷумла вобаста ба функсияҳои зайл: тақвияти фаъолияти идоракунии амалиётию оперативӣ дар сатҳҳои марказӣ ва маҳаллӣ; банақшагирии солона ва миёнамӯҳлати захираҳо ва буҷети соҳа; назорати хароҷоти воситаҳо дар доираи Барномаи амалкунандаи кафолатҳои давлатӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида ҷуброн намудани хароҷоти муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ барои корҳои муолиҷавию профилактикӣ; таҳияи стандартҳо; тарбияи кадрҳои тиббӣ ва баланд бардоштани тахассуси онҳо, иҷозатномадиҳӣ ва аккредитатсия; назорати сифат; сертификатсия; идоракунии барномаҳои афзалиятнок ва ғайра.

§ 2. Баланд бардоштани сифати кӯмаки муолиҷавию профилактикӣ ва дастрас будани он.

Системаи идоракунии тандурустӣ, ки дар боби қаблӣ инъикос гардидааст, инчунин системаи фаъолияти тандурустӣ, ки мавриди баррасӣ қарор мегирад, барои амалӣ намудани ду мақсади ба ҳам алоқамандтаъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки нисбатан хушсифат ва дастраси тиббӣ ҳам барои ҳар як шаҳрванд дар алоҳидагӣ ва дар маҷмӯъ барои сокинони он нигаронида шудааст.

Дар даҳсолаи наздик сифати кӯмаки тиббию профилактикӣ ҳамчун маҷмӯи шарт ва натиҷаи фаъолияти тандурустӣ муайян мегардад, ки инҳоро таъмин менамояд: якум, ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти муроҷиин ҳангоми бемориҳои паҳнгардида ва ҳолатҳо, ки ҷавобгӯи афзалиятҳои санитарию эпидемиологии кишвар мебошад; дуюм, системаи тандурустӣ аз хизматрасониҳои бесамар худдорӣ намуда, азму талошро ба муносибатҳои аз нигоҳи эмпирӣ асоснокшуда нисбат ба профилактика ва муолиҷа равона месозад; сеюм, нарасонидани зиён дар раванди хизматрасонии тиббӣ ба саломатии муроҷиин; чорум, муносибати дақиқу хайрхоҳона нисбат ба самтҳои арзишнок, эҳтиёҷот ва афзалиятҳои муроҷиин; панҷум, банақшагирӣ ва расонидани кӯмак бо дарназардошти муносибати эҳтиёткорона нисбат ба захираҳои тандурустӣ, аз ҷумла нисбат ба зоеъ накардани вақти кормандони тиб ва муроҷиин; шашум, расонидани кӯмак дар шаклҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ асоснокшуда, аз ҷумла давра ба давра таъмини баробар дастрас будани он дар тамоми ҳудуди кишвар вобаста ба синну сол, ҷинс ва мавқеи иҷтимоию иқтисодии муроҷиин.

Яке аз асосҳои консепсуалии Стратегияр мазкур аз, он иборат аст, ки соҳаи тандурустии ба сифат самтгирифта таъсис дода шавад, яъне тандурустие, ки ба чунин нишонаҳои фарқкунанда ҷавобгӯ мебошад: таҳкими саломатии одамон бо ҳаддалимкон ба инобат гирифтани хусусиятҳои ҳаётан муҳими инфиродӣ ва хатарҳо ба саломатӣ; давомати корҳои муолиҷавию профилактикӣ вобаста ба сатҳи кӯмак ва марҳилаҳои раванди муолиҷавию ташхисӣ; назорати мутобиқати касбии табибон; асосноксозии касбӣ ва молиявӣ; омодагӣ ва малакаи табибони амалӣ ҷиҳати идоракунии захираҳои корҳои муолиҷавию профилатикӣ; самтгирии дақиқи системаи таҳсил ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандони тиб барои дастовардҳои илмӣ; аз нав самтбахшии банақшагирии захираҳо ва буҷети тандурустӣ.

1) Тақвияти нақши кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ тавассути ҷорӣ намудани системаи тибби оилавӣ.

Самти ниҳоят муҳим ислоҳоти ҳифзи саломатӣ аз ҷорӣ намудани модели тибби оилавӣ ҳамчун заминаи системавии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат хоҳад буд.

Системаи дурнамои ҳавасмандгардонии касбӣ ва молиявӣ мутобиқи Системаи давлатии ташаккули музди меҳнат, ки ба натиҷаҳо асос ёфтааст, ташкил гардида, кормандони тибби оилавиро барои амалҳои бехатар ва самарабахш, натиҷаҳои клиникӣ ва профилактикӣ дар ҳар кадом марҳилаи расонидани кӯмак ва ҳар як марҳилаи давраи ҳаёти муроҷиин ҳавасманд хоҳад кард.

Бо дарназардошти гуногуншаклии сохтори ташкилии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар замони муосир тибби оилавӣ метавонад дар шаклҳои зайл вуҷуд дошта бошад: амалияи инфиродӣ; шӯъбаҳои табби оилавӣ дар таркиби марказҳои саломатӣ.

Интихоби шакли ташкилии тибби оилавӣ тавассути мақоми касбию тахассусии кадрҳои тиббӣ, вазъи ҷуғрофӣ, таркиби аҳолии маҳаллӣ, хусусияти таваккалҳои эпидемиологӣ ва раванди беморӣ, инчунин самти шабакаҳои муолиҷавию профилактикӣ муайян мегардад.

Барои ҳамаи кормандони кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар марҳилаи тарбия ва бозомӯзии кадрҳои оилавӣ тибқи модели тибби оилавӣ дастгирии баробари давлат таъмин карда мешавад. Дар доираи Стратегияи мазкур ҳиссаи тибби оилавӣ дар кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар соли 2020 ба 70 фоиз хоҳад расид.

2) Сертификатсия ва аттестатсияи кормандони тиб.

Умедвориҳои аҳолӣ, мақомоти тандурустӣ ва ҷомеаи тиббӣ нисбат ба сифати кӯмаки муолиҷавию профилактикӣ дар стандратҳои амалияи тиббӣ таҷассум хоҳад ёфт. Стандартҳо асоси барномаи таҳсил ва баланд бардоштани тахассуси табибон ва кормандони миёнаи тиббиро ташкил медиҳанд. Сертификатсияи касбӣ механизме хоҳад буд, ки тавассути он -аз як тараф мутобиқат байни стандартҳои расонидани кӯмак ва талаботи касбию тахассусӣ муқаррар гардида, аз ҷонибидигар донишҳои воқеӣ ва малакаи табибони амалия муттасил дастгирӣ карда мешавад.

Аз соли 2016 шурӯъ намуда, табибон ва ҳамшираи тиббӣ ба амалияи мустақилонаи тиббӣ танҳо ҳангоми мавҷуд будани иҷозатномаи давлатӣ рухсат дода мешаванд. Дар ҷараёни солҳои 2013-2017 иҷозатномадиҳии ҳатмӣ ҳам нисбат ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии тиббӣ ва ҳам нисбат ба кадрҳои тиббии дорои собиқаи корӣ татбиқ карда мешавад.

Системаи сертификатсияи касбӣ оғози ташаббуси муштараки мақомоти давлатии тандурустӣ ва ҷомеаи касбии кормандони тиб хоҳад буд. Асосҳои усулӣ барои чунин шарикӣ аз манфиатдории баробари тарафҳо ҷиҳати ҳифзи муроҷиин ва дар маҷмӯъ соҳаи тандурустӣ аз табибони бесалоҳият иборат мебошад.

Воситаи асосии сертификатсия аз имтиҳони ягонаи тахассусӣ бо барномаҳои модулӣ иборат хоҳад буд. Модули ягона барои ҳамаи табибон бо фаслҳои ягона оид ба ихтисосҳои асосии муолиҷавӣ такмил дода мешавад. Вазорати тандурустӣ меъёрҳои иҷозат доданро ба имтиҳони тахассусӣ, қоидаҳои пешниҳоди ариза аз ҷониби довталабон, тартиби қабули имтиҳон ва баҳодиҳии натиҷаҳоро муайян менамояд. Таҷдиди стандартҳои кӯмаки муолиҷавию профилактикӣ боиси давра ба давра таҷдиди назар намудани талаботи сертификатсия ва барномаҳои имтиҳони тахассусӣ мегардад, ки он дар навбати худ ворид намудани тағйирот ба барномаҳои таҳсил ва баланд бардоштани тахассуси кормандони тибро тақозо менамояд.

Барои гузаронидани имтиҳони тахассусӣ дар назди Вазорати тандурустӣ Комиссия оид ба сертификатсияи мутахассисон созмон дода мешавад.

Функсияи махсусгардонидашудаи Комиссияи Вазорати тандурустӣ оид ба сертификатсияи мутахассисон тиббӣ дар ҳамкорӣ бо Комиссияи аттестатсионии кормандони соҳаи тандурустӣ ин аз баҳодиҳии мутобиқати стандартҳои касбию тахассусӣ дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо иборат хоҳад буд.

Комиссияи Вазорати тандурустӣ оид ба сертификатсия барои машғул шудан ба фаъолияти тиббӣ дар бахшҳои давлатӣ, шахсӣ ё ғайритиҷоратии тандурустии Тоҷикистон сертификат медиҳад. Сертификати касбӣ бояд ҳар панҷ сол, бо шарти аз ҷониби корманди мушаххаси тиббӣ иҷро намудани талаботи таҳсилоти бефосилаи тиббӣ ва мавҷуд набудани эътироз нисбат ба фаъолияти амалии ӯ дар соҳаи тандурустӣ нав карда шавад. Системаи амалкунандаи аттестатсияи кормандони тиб пайдар пай ташкил дода мешавад.

Дар баробари сертификатсияи ҳатмӣ, инчунин сертификатсияи ихтиёрӣ ҳамчун воситаи аз ҷониби табибони варзидаи кишвар тасдиқ намудани сатҳи баланди тахассуси худ инкишоф хоҳад ёфт.

Самарабахшии системаи сертификатсияи касбӣ ва аттестатсия то андозаи назаррас тавассути сифати баҳисобгирии кадрҳои тиббӣ -бақайдгирии онҳо дар махзани маълумот ва мунтазам нав кардани маълумот дар бораи таснифоти касбию тахассусӣ, болоравӣ дар мансаб, нишондиҳандаҳои кор, натиҷаҳои сертификатсия ва сертификатсия собиқа муайян карда мешавад. Ин вазифаҳо бояд ба таври дахлдор ҳангоми таҳияи Феҳристи давлатии кадрҳои кормандони тиб дар таркиби СИТ ба инобат гирифта шавад.

3) Аккредитатсияи муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ ва таълимӣ.

Дар даҳсолаи наздик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва рушди Системаи миллии аккредитатсия дар соҳаи тандурустӣ ҳамчун механизми мустақили баҳодиҳии берунаи муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ ба нақша гирифта шудааст, ки солҳои охир дар аксари кишварҳо истифода мегардад ва ба сифати хизматрасониҳои тиббӣ нигаронида шудааст.

Мутобиқи истилоҳоти умумиқабулгардидаи байналмилалӣ аккредитатсия дар соҳаи тандурустӣ - аз расман эътироф намудани салоҳиятнокии муассисаи тандурустӣ аз ҷониби мақоми аккредитатсия иборат мебошад, ки фаъолияти касбиро мутобиқи стандартҳои аккредитатсия анҷом медиҳад (эътироф намудани сатҳи дахлдори хизматрасониҳои тиббӣ мутобиқи стандартҳои тасдиқгардида). Аккредитатсия механизми асосии системаи идоракуниии сифат мебошад, ки баҳодиҳии сифати хизматрасонии тиббӣ, беҳбудёбии муттасили онро таъмин намуда, ба ошкор намудани омилҳое, ки ҳангоми хизматрасонӣ боиси ба миён омадани нуқс мегарданд ва тавсияҳо оид ба рафъи онҳо нигаронида шудааст. Яке аз вазифаҳои асосии аккредитатсия, ба ғайр аз баҳодиҳии берунаи муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ, аз таъсиси системаи дохилиидоравии идоракунии сифат ҳамчун асоси худбаҳодиҳӣ ва худназорати кормандони муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ дар фаъолияти касбӣ мебошад.

Амали салоҳиятноки ҳар як корманди амалияи тиббӣ дар ҷойи кори худ ҳанӯз дар маҷмӯъ аз фаъолияти хушсифати муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ кафолат намедиҳад. Аз ин рӯ худбаҳодиҳии мутобиқати муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ ва воҳидҳои сохтории он ба стандартҳои аккредитатсия, ки дар кишвар қабул шудааст, қисми таркибии системаи идоракунии сифат дар дохили ташкилот мебошад. Бо дарназардошти ин аккредитатсияи муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ якҷоя бо иҷозатномадиҳии онҳо дар таъмини сифати хизматрасониҳои тиббӣ нақши асосӣ дорад.

Аккредитатсияи муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ, ки ба шакли моликияти давлатӣ асос ёфтааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидо ба принсипи ҳатмӣ будан такя карда, таҳти назорати давлат анҷом дода мешавад. Бо мурури замон, вобаста ба таҳкими мавқеи муносибатҳои бозаргонӣ дар соҳаи тандурустӣ, истиқрори системаи аккредитатсияи ташкилотҳои тандурустӣ, густариши аккредитатсия байни доираи васеи аҳолӣ аккредитатсияи ҳатмии муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ, сарфи назар аз шакли моликият, метавонад ба аккредитатсияи ихтиёрии муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ иваз карда шавад. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳоро дар соҳаи тандурустӣ танзим менамоянд: "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ", инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуқӣ дар системаи муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ такмил дода мешаванд.

Фаъолияти вобаста ба аккредитатсияи муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ ба зиммаи ташкилоти мустақил ва ғайритиҷоратӣ, ки дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ мебошад - Маркази ҷумҳуриявии аккредитатсияи ташкилотҳои тандурустӣ гузошта мешавад. Муассиси марказ метавонад як ё якчанд шахсони ҳуқуқӣ бошанд (мақоми идоракунии тандурустӣ - Хадамоти давлатии назоратӣ фаъолияти тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; ассотсиатсия шахсони ҳуқуқӣ; иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи истифодабарандагони хизматрасониҳои тиббӣ; мақомоти суғуртаи тиббӣ, кормандони иттифоқҳои касабаи системаи тандурустӣ ва ғайра). Ҳамаи онҳо метавонанд дар Шӯрои муассисони марказ намояндагӣ кунанд.

Усули асосии аккредитатсия аз баҳодиҳии мутобиқати муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ ба стандартҳои аккредитатсия иборат мебошад. Стандартҳои аккредитатсия дар асоси принсипҳои байналмилалӣ, бо дарназардошти меъёр ва муқаррароти қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда мешаванд. Дар стандартҳои аккредитатсия меъёр, қоидаҳо ва талабот барои баҳодиҳии мутобиқати зайл дар муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ муқаррар карда мешаванд:

- системаи менеҷмент, аз ҷумла идоракунии таваккалҳо ва сифат;

- сатҳи бехатарии кӯмаки тиббӣ барои муроҷиин ва кормандон;

- сифати расонидани хизматрасониҳои тиббӣ:

- мавҷудияти захираҳои зарурӣ барои таъмини фаъолияти касбӣ. Барои таҳияи стандартҳои аккредитатсия истифода бурда мешаванд:

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қонунҳо, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои миллӣ ва давлатӣ, фармон ва амрҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёр ва қоидаҳои тиббӣ ва ғайра);

- стандартҳои байналмилалӣ;

- стандартҳои миллии аккредитатсияи дигар кишварҳо;

- дастурҳо оид ба муолиҷа, ташхис ва ғайра.

Ба талаботи стандартҳои аккредитатсия бо дарназардошти вазъи воқеии Тоҷикистон ноил гардидан мумкин аст, яъне бо дарназардошти имконоти фарҳангӣ, техникӣ, молиявию иқтисодӣ, айни замон, барои стандартҳо сатҳи дахлдори бехатарӣ ва сифати хизматрасонии тиббиро таъмин менамоянд ва барои муттасил баланд бардоштани сифат кӯмак мекунанд.

Дар ибтидо стандартҳои аккредитатсия барои муассисаҳои таваллудхонаҳо (таваллудхонаҳои дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ), сипас барои шифохонаҳо, муассисаҳои амалияи оилавӣ, муассисаҳои амбулатории машваратию ташхис таҳия карда мешаванд. Вобаста ба рушди технологияи тиббӣ, тағйир ёфтани муносибат нисбат ба хизматрасонии тиббӣ ва заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин рушди иқтисодии кишвар стандартҳои аккредитатсия таҷдиди назар гардида, ба воқеият наздик карда мешаванд (як маротиба дар 3-5 сол).

Самтҳои асосии рушди системаи аккредитатсия дар соҳаи тандурустӣ дар даҳ соли наздик инҳоро дар бар мегирад:

- паҳн намудани системаи аккредитатсия дар муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ, бо оғоз намудан дар таваллудхонаҳо: таҳияи стандартҳо, тест ва тасдиқи онҳо, омӯзонидани экспертҳо ва истифодабарандагон, расмиёти аккредитатсия, таҷдиди назари стандартҳо - солҳои 2010-2014;

- паҳн намудани системаи аккредитатсия дар беморхонаҳо: таҳияи стандартҳо, тест ва тасдиқи онҳо, омӯзонидани экспертҳо ва истифодабарандагон, расмиёти аккредитатсия, таҷдиди назари стандартҳо - солҳои 2015-2017;

- паҳн намудани системаи аккредитатсия муассисаҳои амалияи оилавӣ, муассисаҳои амбулатории машваратию ташхис: таҳияи стандартҳо, тест ва тасдиқи онҳо, омӯзонидани экспертҳо ва истифодабарандагон, расмиёти аккредитатсия, таҷдиди назари стандартҳо - солҳои 2016-2020;

Қисми дуюми таркибии фаъолият оид ба аккредитатсия аз баҳодиҳии захнраҳо, равандҳо, самарабахшии барномаҳои таҳсилоти заминавӣ ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳои тандурустӣ, дар навбати аввал байни табибон, кормандони ҳамшираи шафқат ва дигар категорияи кормандони тиб, минбаъд байни мутахассисони соҳаи ташкил, банақшагирӣ ва идоракунии муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ, дар маҷмӯъ барои соҳа иборат хоҳад буд. Аксари чунин барномаҳо дар муассисаҳои таълимии тиббӣ мавҷуданд, вале як қисми онҳо - оид ба тарбияи кормандони тандурустӣ вобаста ба касб ва ихтисосҳои ғайритиббӣ метавонад дар муассисаҳои олии таълимии самти васеъ мутамарказ гарданд. Аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маориф, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, анҷом дода мешавад. Бо ҷорӣ намудани иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии тиббӣ меъёри муҳими аккредитатсияи барномаҳои тарбияи кадрҳо аз фоизи хатмкунандагон иборат хоҳад буд, ки имтиҳони тахассусиро муваффақона супоридаанд.

Стандартҳои миллии аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ муттасил бо стандартҳои байналмилалии аккредитатсия муносиб ё мувофиқ гардонида мешаванд.

4) Системаи стандартҳои корҳои муолиҷавию профилактикӣ.

Тадбирҳои пешбининамудаи Стратегияи мазкур оид ба назорат ва таъмини сифати хизматрасониҳои соҳаи тандурустӣ бо роҳи ҳамгироии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ таҳти сарпарастии амалияи оилавӣ, сертификатсия ва сертификатсияи кормандони тиб, аккредитатсияи муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ ва барномаи тарбияи кадрҳо барои тандурустӣ ҳангоми самтбахшӣ ба стандартҳои муосири расонидани кӯмак ва ташкили соҳаи тандурустӣ самарабахш хоҳад буд. Дар даҳсолаи наздик рушди соҳа бо ду дигаргунии бузург тавсиф мегардад: якум, навсозии захираҳои клиникӣ, маърифатӣ ва стандартҳои ташкилӣ дар соҳаи тандурустӣ ва дуюм, канорагирӣ аз тадбирҳои муҷозотӣ ва бар ивази он ҷорӣ намудани системаи ҳавасмандгардонӣ барои корҳои хушсифат, супервизияи муттасил ва дастгирии механизми назорати сифат ва таъмини он.

Идоракунии сифат раванди муттасил ва сиклӣ буда, аз марҳилаҳои зайл иборат аст: таҳия ва тасдиқи стандартҳо; баҳодиҳии ҷории тадбирҳо оид ба риояи онҳо; беҳбуди фаъолияти муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ ба манфиати риояи стандартҳо; ба сатҳи нисбатан баландтар бардоштани стандартҳои мавҷуда. Ташаккул ва таҷдиди назари стандартҳои системаи муолиҷавию профилактикӣ ба рушди нисбатан нави сифатии он мусоидат хоҳад кард. Сертификатсия сертификатсия ва аккредитатсия, инчунин худтакмилдиҳии бетанаффуси иштирокчиёни система, ки талаби асосии он мебошад, истифодаи давра ба давраи стандартҳоро дар фосилаи байни таҷдиди назар намудани онҳо таъмин мекунад.

Асоси Стратегияи мазкурро модели дусатҳаи идоракунии сифат ташкил менамояд:

- дар сатҳи якуми стратегӣ асосҳои системавию соҳавии сифат гузошта шудааст. Ҳамаи системаҳои тандурустӣ бо дарназардошти афзалиятнокии манфиатҳои баланд бардоштани сифати корҳои муолиҷавию профилактикӣ ба роҳ монда шудааст. Ба ҳамин маънӣ, воситаи таъмини сифат тамоми Стратегия, аз ҷумла таркиби захиравии он мебошад, ки дар фасли минбаъда пешниҳод мегардад.

- дар сатҳи дуюм, ки оперативӣ мебошад, идоракунии сифат ба зиммаи муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ ва табибони амалияи мушаххас гузошта шуда, нисбат ба муроҷиин истифода мегардад.

Дар доираи Стратегияи мазкур идоракунии оперативии сифат фарогирии ҳамаҷониба ва афзояндаи таъминоти сифатро муттаҳид месозад, зеро сифат бояд манбаи дастгирии ҳамагон бошад ва ҳамаи ҷабҳаҳои ташкилии фаъолияти муолиҷавии профилактикиро дарбар гирад. Бояд ба дараҷаи стандартҳои сифати муайянгардида ноил шуд ва корҳои муолиҷавию профилактикиро дар сатҳи ноилгардида нигоҳ дошт.

Нигоҳи принсипиалии идоракунии оперативии сифат аз он иборат аст, кӣ: сифат ва бехатарии кӯмаки тиббӣ ба манфиатӣ муроҷиин, аъзои оилаи ӯ ва аҳли ҷомеа, кормандони тиббии хизадатрасони он, муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ, инчунин соҳаи тандурустӣ ва дар маҷмӯъ ҷомеа таъмин карда мешавад; ақида ва ташаббусҳои муроҷиин, хешу ақрабои онҳо, кормандони соҳаи иҷтимоӣ, кормандони маъмурию идоракунандаи муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ ва аҳли ҷомеа ҳангоми таҳия ва истифодаи механизмҳои идоракунии сифат ба инобат гирифта мешаванд; идоракунии сифат ба захираҳо, равандҳо, натиҷаҳои мустақим ва минбаъдаи хизматрасонии тиббӣ, инчунин сохтори ташкилии муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ ва системаҳои ҳамгироишудаи тандурустӣ дахолат мекунад, ки дар доираи он захираҳо истифода мегарданд, равандҳо дастгири меёбанд ва натиҷаҳо ба даст меоянд.

Ба воситаҳои идоракунии сифат протоколҳои клиникӣ ворид карда мешаванд, ки амалияи тиббиро ҳамшабеҳ гардонида, натиҷаҳои онро баланд мебардоранд.

Ҳамзамон бо аз худ кардани протоколҳои нави клиникӣ дар кишвар оид ба арзёбии самарабахшии методикаҳои пешқадами профилактика, ташхис ва муолиҷаи беморон, барқарорсозӣ ва расонидани кӯмаки паллиативӣ таҳқиқотҳо созмон дода мешаванд.

Роҳбарӣ оид ба идоракунии таваккал ва бемориҳо - ин воситаи стандартизатсияи корҳои муолиҷавию профилактикӣ нисбат ба доираи васеи фаъолият мебошад.

Ба масъалаҳои давомият ва ҳамоҳангсозии кӯмак (қисми таркибии дастурҳо аз тавсияҳо оид ба фиристодан ба сатҳҳои болоӣ ва поёнии кӯмак); инчунин ташаббускории муроҷиин ҷиҳати робита бо кормандони соҳаи иҷтимоӣо ва муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад. Дастурҳо барои пешбурди таваккал ва бемориҳо ин маҷмӯи дуюми воситаҳои стандартизатсия ва идоракунии сифат мебошад, ки дастурҳои клиникиро мукаммал месозад.

Дар шароити соҳаи тандурустии Тоҷикистон дастурҳои идоракунии таваккал ва бемориҳо оид ба ҳолатҳои паҳнгардидаи мунзим (мисол, зиққи нафас, бемории қанд, гипертония, бемории дил ва рагҳои хунгузар), барои дастгирии муолиҷавии профилактикии гурӯҳи таҳти хатари баланд (мисол, назорати маҷмӯӣ ва молиҷаи занон дар давраи ҳомила, таваллуд ва баъди таваллуд); хизматрасонии тиббию патронажии тифлони навзод ва кӯдакон; пешбурди ҳамгироишудаи бемориҳои синну соли кӯдакона; ташхис ва машварат барои ҷавонони мактабхон оид ба нороҳатии рӯҳӣ; барқарорсозии иҷтимоию тиббии пиронсолон бо тафриқабандӣ вобаста ба шароити шаҳру деҳот таҳия ё нав карда мешаванд.

Дар даҳсолаи наздик дастурамалҳои мансабӣ вобаста ба категорияи кормандони тиб ва сарбории функсионалии муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ, аввалан, бо дарназардошти муносибатҳои нав нисбат ба корҳои муолиҷавию профилактикӣ ва дуюм, таҳти таъсири бозсозии сохтории шабакаҳои муолиҷавию профилактикӣ мавриди таҷдиди назар қарор мегиранд. Аз ҷумла, бо тасдиқи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ҳамгироишуда дар асоси амалияи оилавӣ ваколат ва масъулияти табибон ва ҳамшираҳои тиббии қабули аввалия ҳам дар доираи кӯмаки алоҳида анҷомдодашуда, ҳам дар доираи ҳамоҳангсозии гузаштани бемор ба сатҳҳои мухталифи кӯмак, профилактикаи таваккал ва бемориҳои муроҷиини мушаххас ва солимгардонии шароити зисти аҳолии таҳти муроқибат, дар маҷмӯъ моҳиятан афзоиш хоҳад ёфт. Бо дарназардошти ин Дастур оид ба йдоракунии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки соли 2003 қабул гардидааст нав карда мешавад. Бо чунин усул хамгироии мунтазмраи кӯмаки махсусгардонидашудаи статсионарӣ ба беморхонаҳои самти умумӣ ва рушди кӯмакҳои ивазкунандаи статсионар таҷдиди назар кардани дастурҳои мансабӣ ва сарбории функсионалиро дар бахши бистарикунонӣ тақозо менамояд. Таснифоти нави муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ, инчунин ҷудо кардани функсияи онҳо то соли 2012 таҳия мегардад.

Дар солҳои 2012-2015 стандарт ва функсияҳои амалияи тиббӣ вобаста ба категорияҳои кормандони тиб, шаклҳои муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ, протоколҳои клиникӣ ва дастур оид ба пешбурди беморӣ ва таваккалҳо ба ҳам алоқаманд карда мешаванд. Фаъолияти дахлдор ба зиммаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба такмили корҳои муолиҷавию профилактикӣ вогузор карда мешавад.

Воситаҳои пешниҳодгардидаи стандартизатсияи фаъолияти муолиҷавию профилактикӣ бо ҷорӣ намудани назорати бечунучарои истифодаи он дар амалияи ҳамарӯзаи тиббӣ мукаммал мегардад. Самти якуми чунин назорат аз муайян намудани дониш ва малакаи табибони амалӣ дар доираи иҷозатномадиҳии касбӣ ва сертификатсия иборат хоҳад буд. Самти дуюми назорат аз баҳодиҳии система ва нишондиҳандаҳои фаъолияти муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ дар доираи аккредитатсия; инчунин нишондиҳандаҳои саломатии аҳолӣ дар доираи таҳқиқоти тиббию демографии хонаводаҳо иборат мебошад. Иловатан ба системаҳои қаблан баррасигардидаи идоракунии сифат самти сеюми назорат аз аудити клиникӣ ва пурсиши муроҷиин иборат хоҳад буд.

Аудити клиникӣ шакли санҷиши мунтазами интихобии корҳои муолиҷавию профилактикӣ мебошад, ки аз як тараф мутобиқати амали табибонро вобаста ба ташхиси бемор, ва аз тарафи дигар мутобиқат ба протоколҳои клиникӣ ва дастурҳо оид ба пешбурди бемориҳоро муайян менамояд. Дигар вазифаи муҳими аудити клиникӣ аз таҳлили хусусияти ҷараёни бемориҳои паҳнгардида ва давомнокии таъиноти тиббӣ дар раванди муолиҷаи ҳамин бемор иборат мебошад. Чунин намуди иттилоот барои мутобиқгардонии минбаъдаи нақшаи стандартии муолиҷа, инчунин ҳангоми банақшагирии таъминоти захиравӣ ва маблағгузории тандурустӣ нақши моҳиятан муҳим мебозад.

Ба ғайра аз василаҳои зикргардидаи назорати сифат инчунин хадамоти прозектуравӣ барқарор карда шуда, функсияҳои комиссия оид ба таҳлили сабабҳои фавт фаъол мегардад, ки ба баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ таъсири моҳиятан муҳим мерасонад.

5) Тавсеаи дастрасии хизматрасониҳои соҳаи тандурустӣ

Кӯмаки муолиҷавию профилактикӣ бояд на танҳо ҳаёт ва саломатии одамонро ҳифз ва беҳбуд бахшад, инчунин мувофиқи шаклҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ асоснокгардида расонида шавад. Соҳаи тандурустии Тоҷикистон бояд ҷавобгӯи ду меъёри ба ҳам алоқаманд - самарабахшии клиникӣ ва иҷтимоӣ бошад.

Дар доираи Стратегияи мазкур меъёри самарабахшии иҷтимоӣ ва ченаки аз нигоҳи иҷтимоӣ асоснок будани тандурустӣ аз он иборат аст, ки тамоми захираҳои тандурустӣ барои ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ баробар дастрас мебошад. Он дастраси ҳуқуқӣ, миқёсӣ, иҷтимоию иқтисодиро дар назар дорад. Стратегияи мазкур ҳудуд ва механизми татбиқи ҳамаи се омили самарабахши иҷтимоиро барои даҳ соли оянда муқаррар менамояд.

Аз нигоҳи ҳуқуқӣ баробар дастрас будани кӯмаки тиббӣ кафолати конститутсионӣ мебошад, ки ҳам нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам нисбат ба шаҳрвандони хориҷие, ки барои зисти муваққатӣ дар ҳудуди кишвар ба қайд гирифта шудаанд, истифода бурда мешавад. Ҳуқуқи муроҷиат ҷиҳати гирифтани кӯмаки тиббӣ барои шахсоне, ки шаҳрванди ҷумҳурӣ намебошанд ва ба таври дахлдор ҳуқуқи зистро ба расмият надаровардаанд, аз нигоҳи ҳуқуқӣ маҳдуд нашудааст, вале бо кафолати давлатӣ низ ҳимоя нагардидааст.

Дастрасии баробари маконии (ҷуғрофии) хизматрасонӣ дар чор самти зайл таъмин карда мешавад:

- рушди фаъолонаи шабакаҳои муолиҷавию профилактикӣ дар минтақаҳои камнуфус ва ноҳияҳои дурдаст. Воситаи асосии баланд бардоштани дастрасии ҷуғрофии хизматрасонии тиббӣ аз кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ иборат хоҳад буд. Дар даҳсолаи наздик он дар асоси ғоявию ташкилии амалияи оилавӣ таҷдид карда мешавад. Бо мурури тавсеаи самти муолиҷавию профилактикии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар доираи модели нав ҳама гуна маҳале, ки бо амалияи оилавӣ фаро гирифта шудааст, дастрасиро ба кӯмаки тиббӣ беҳбуд мебахшад. Натиҷаҳо нақшаи генералии барои соли 2010 таҳияшавандаро ба асос гирифта, вазифа аз он иборат аст, ки пешбурди фаъолияти бунгоҳҳои саломатии деҳот дар минтақаҳои камнуфус ва ноҳияҳои дурдаст давом дода шавад.

Дар доираи модели соли 2009 таҳиягардида чор намуди бунгоҳҳои саломатӣ ва се намуди марказҳои саломатии деҳот ҳамчун замина барои амалияи оилавӣ пешниҳод шудааст. Интиҳоби намуду ҳаҷми мушаххас барои бунгоҳҳои нуқтаҳои аҳолинишини хурд, миёна ва калон вобаста ба теъдоди аҳолӣ муайян карда мешавад. Барои нуқтаҳои аҳолинишини ниҳоят хурд шаклу ҳаҷми амалияи оилавӣ вобаста ба масоҳати нуқтаи аҳолинишин ё ҳудуди фарогирифта, теъдоди маҷмӯии категорияҳои таҳти муроқибат қарордошта муайян мегардад, агар қитьа якчанд нуқтаҳои аҳолинишинро фаро гирифта бошад. Ҷадвали штатии амалияи оилавӣ ба таври фасеҳ ба теъдод ва зичии аҳолии маҳаллӣ мутобиқ гардонида мешавад: бар ивази штати ягонаи қаблан тасдиқгардида муносибати "гуногунҷабҳа" андешида мешавад, вобаста ба шароити маҳаллӣ тибби оилавӣ духтури оилавӣ, "мутахассисон" барои қабули аввалия ва ҳамшираи тиббиро фаро мегирад ва ҳамзамон, категория ва теъдоди кормандони тиббӣ вобаста ба аҳолии баҳисобгирифта ва ҳудуди хизматрасонӣ муқаррар карда мешавад.

Ҳисобҳои ниҳоӣ оид ба "модели дифференсиатсияшуда" ҷойгир намудани табибони амалияи умумӣ мутобиқи маълумоти баҳисобгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 ва хулосаҳои мастер -нақшаи соли 2010 гузаронида мешавад. Аз соли 2013 сар карда, нақшагирии сармоягузорӣ, захираҳои кадрӣ, моддӣ ва молиявии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба нақшаи дақиқи ҷойгиронии табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои тиббӣ нигаронида мешавад:

- ба нақшаи дақиқгардидаи ҷойгиронии духтурони оилавӣ ва ҳамшираҳои тиббӣ;

- рушди захираҳои худхизматрасонӣ дар сатҳи хонаводаҳо ва ҷамоатҳои деҳот: дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба таври назаррас аз ҳисоби аз нав муайян намудани ҳудуди фарогирии тандурустӣ баланд бардошта мешавад: ба доираи иштирокчиёни фаъолияти муолиҷавию профилактикӣ муроҷиин, аъзои оилаи ӯ ва атрофиёни аз нигоҳи иҷтимоӣ наздик дохил карда мешаванд;

- муносибати оқилона нисбат ба бозсозии шабакаҳои муолиҷавию профилактикӣ: бастани муассисаҳои тиббӣ танҳо ба хотири сарборӣ надоштани онҳо мантиқи саҳлгаронаро ифода менамояд, ки дар доираи он андешаҳои серхароҷотӣ ва самарабахшии иҷтимоии соҳаи тандурустӣ аксар ба ҳам бармехӯранд. Дар марҳилаи ибтидоии татбиқи Стратегия чунин бархӯрдҳо дар асоси қарорҳои яквақтаина ҳал карда мешаванд: муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ, ки иваз кардани онҳо дар шароити соҳаи тандурустии деҳот номумкин аст, дар аксари ҳолатҳо, сарфи назар аз кам будани сарборӣ ва хароҷоти нисбатан баланди қиёсӣ, нигоҳ дошта мешаванд. Бар ивази барҳам додани чунин муассисаҳо, баръакс, ба баланд бардоштани таъминоти захиравӣ, аз нав самтбахшии онҳо, диверсификатсияи хизматрасонӣ ва дигар шаклҳои барқарорсозӣ афзалият дода мешавад, ки ҷолибии онҳоро байни аҳолии маҳаллӣ баланд мебардорад. Ҳамчунин барои рух додани ҳолатҳои фавқулодда захираи иқтидорҳо муқаррар карда мешавад. Дар солҳои 2011-2012 таҳлили системавии дастрасии кӯмак дар шабакаҳои мухталифи муолиҷавию профилактикӣ доир мегардад. Натиҷаҳо дар сенарияҳои намунавии дигаргунсозии (трансформатсияи) шабакаҳои муолиҷавию профилактикии маҳаллӣ ва шӯъбаҳои муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ, барои манфиатҳое, ки хилофи талаботи ҳамбастагии самарабахшии иҷтимоӣ ва хароҷотӣ намебошанд, ҷамъбаст карда мешаванд. Ба ҳамин тариқ, нақшаи генералии бозсозии сохтории соҳаи тандурустии Тоҷикистон аз шакли сатҳӣ доштани он раҳоӣ ёфта, ба манфиати баланд бардоштани дастрасии тиббӣ барои тамоми аҳолии кишвар хизмат хоҳад кард;

- баробаргардонии таъминоти захиравии шабакаҳои муолиҷавию профилактикӣ дар тамоми ҳудуди кишвар: аз нигоҳи ҷуғрофӣ баробар дастрас будани захираҳои тандурустӣ бо мавҷудияти муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ муайян мегардад, ки дар минтақаи дастрасии ҳамарӯза қарор дорад ё тавассути нақлиёт сурат мегирад, вале бо ин хотима намеёбад.

Ба дастрасии хизматрасониҳои беҳбудёфтаи кӯмаки оҷил таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад, то ин ки муносибати универсалии кӯмаки оҷил барои тамоми аҳолӣ таъмин карда шуда, нақши чунин хизматрасониро ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда собит созад.

Дастрасии баробари иҷтимоию иқтисодӣ (ҳуқуқи муроҷиин) тавассути зайл ба даст меояд:

- ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муроҷиин: радди ошкоро ё пинҳонии расонидани кӯмак бо вайрон кардани шартҳои дастрасӣ ва сифати муқаррарнамудаи қонун, махдуд гардонидани ҳуқуқи интихоби табиб ва муассисаи шифои ҳамчун табъииз баррасӣ мегардад. Ба ғайр аз радди расонидани кӯмак ба шумули вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои муроҷиин, инчунин ифшо намудани иттилооти махфӣ, вайрон кардани кафолатҳои кӯмаки ройгон ва имтиёзнок, расонидани зарар ба саломатии муроҷиин дар натиҷаи хунукназарӣ ё иштибоҳ дохил карда мешаванд. Пурсишҳои давравии муроҷиин метавонад вайрон кардани ҳуқуқ ба манфиатҳои муроҷиинро аз ҷониби муассисаҳои дахлдори муолиҷавию профилактикӣ ва кормандони тиб ошкор намояд;

- берун аз доираи системаи соҳаи тандурустӣ муроҷиин ҳам барои ҳалли ғайрисудии ихтилофҳо, аз ҷумла бо кӯмаки ташкилотҳои манфиатдори истеъмолкунандагон ва ҳам бо роҳи пешниҳоди даъвои судӣ ҳуқуқ доранд. Муҳокимаи судӣ амали ниҳоӣ буда, вале метавонад воситаи ногузири ҳифзи манфиатҳои муроҷиин бошад, ки аз муносибати хунукназарона ё амали иштибоҳии табибони амалӣ зарар дидаанд.

То соли 2015 нақшаи пешниҳодшудаи ҳифзи аҳолӣ аз амалҳои зиддиҳуқуқии кормандони тандурустӣ тавассути озмоишҳои маҳдуд ва дар сатҳи минтақавӣ санҷида мешаванд. Ҷорӣ намудани он давра ба давра (бо коркардҳои зарурӣ ва таҷдиди назар) ба нақша гирифта шудааст. То охири даҳсолаи татбиқи Стратегия заминаи меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам гардида, амалияи истифодаи меъёрҳо санҷида мешавад, кадрҳои ҳуқуқшинос омода карда шуда, дастгоҳи назорати риояи меъёрҳои этикӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби табибон таҳким меёбад, ташкилоти ҷамъиятии махсусгардонидашуда оид ба ҳифзи манфиатҳои муроҷиин таъсис меёбанд; воситаҳои ахбори омма омода гардида, афкори васеи ҷамъиятӣ сафарбар карда мешавад.

Кафолатҳои кӯмаки ройгон ва имтиёзнок дар соҳаи тандурустӣ: монеаи ҷиддии иқтисодӣ дар раванди дастрасии баробар аз зарурати пардохти мустақими кӯмак дар ҳаҷме, ки аз имконоти молиявии муроҷиин ё аъзои оилаи он бештар мебошад, инчунин ба пардохтҳои ғайрирасмие алоқаманд аст, ки кормандони тиб талаб мекунанд. Кафолатҳои давлатии ройгон ё қисман пардохтшаванда будани кӯмак (имтиёзнок) дар асоси муносибатҳои зайл ба танзим дароварда мешавад:

- кӯмаки ройгон бояд пурра тавассути буҷети давлатӣ маблағгузорӣ гардад ва бо захираҳои зарурӣ таъмин бошад. Дар акси ҳол ройгон будани кӯмак ҳаммаънои сифати паст гардида, барои дастрас будани он мусоидат наменамояд ва баръакс, монеа эҷод карда, аз василаи адолати иҷтимоӣ ба василаи табъйизи иҷтимоию иқтисодӣ табдил хоҳад ёфт. Аз ин рӯ Барномаи кафолатҳои давлатӣ қатъан дар доираи захираҳои давлатӣ ташаккул меёбад ва барои таъмини кӯмаки хушсифату ройгони муолиҷавию профилактикӣ ба онҳое, ки ба кӯмак ҳуқуқ доранд, кифоя мебошад.

- баробар кардани сарбории молиявӣ вобаста ба гурӯҳҳои даромадгиранда паст кардани сатҳи пулакӣ будани кӯмакро барои оилаҳои камдаромад дар назар дорад. Самтгирии Барномаи кафолатҳои давлатӣ барои оилаҳои нодор (камдаромад) дар даҳсолаи оянда бояд дар доираи сиёсати ҳампардохт дар бахши тандурустӣ баланд бардошта шавад.

- баҳисобгирии мунтазами хароҷот барои кӯмаки тиббӣ ва таъминот бо доруворӣ аз ҷониби ҳар як муроҷиин ва аъзои оилаи ӯ.

- кафолати давлатии кӯмаки ройгон ҳамаи сокинони кишварро вобаста ба сатҳи дастрасии тиббӣ баробар менамояд, ки ба афзалиятҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад. Дар давраи татбиқи Стратегия кафолати ройгон будани кӯмаки тиббию муолиҷавӣ ба занони ҳомиладор, таваллудкарда, тифлони навзод, модарони онҳо ва кӯдакон тасдиқ карда мешавад. Кӯмаки тиббии ройгон вобаста ба синну соли кӯдакон дар ҷараёни давраи даҳсола марҳила ба марҳила баланд бардошта мешавад. Аз соли 2015 сар карда, ба доираи кӯмаки умумии ройгон ташхиси диспансерии аҳолии дахлдор, бо мунтазамии як маротиба дар се сол, дохил карда мешавад.

- ҳамаи самтҳои дар боло зикргардидаи такмили Барномаи кафолатҳои давлатӣ ба самарабахшии хароҷотӣ, яъне кӯмаки судманд созмонёфтаи муолиҷавию профилактикӣ нигаронида мешавад.

Дигар омили муҳими дастрасии баробари иҷтимоию иқтисодӣ аз масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Саломатии муҳоҷирин дар доираи ҳамкориҳои Кумитаи ҳамгироӣ оид ба тандурустии ЕвроАзЭС ва Шӯрои тандурустии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мунтазам мавриди муҳокима қарор дорад. Яке аз унсурҳои муҳими ин ҳамкорӣ аз таҳияи механизми мутақобилан эътироф намудани сертафикати тиббии муҳоҷирини меҳнатӣ аз ҷониби ҳамаи кишварҳое мебошад, ки ба ҷомеаҳои байналмилалии зикргардида шомиланд ва ин, бечунучаро, дастрасии муҳоҷирини меҳнатиро ба хизматрасониҳои тиббӣ беҳбуд мебахшад.

Андешаҳои дар боло зикргардидаро ҷамъбаст намуда, бояд зикр кард, ки Стратегияи мазкур барномаи васеи чорабиниҳоро оид ба таъмини баробар дастрас будани захираҳои тандурустӣ барои ҳамаи сокинони кишвар фаро мегирад.

Дар даҳсолаи наздик фарқияти мазкур тавассути корҳои фаъолона бо аҳолӣ вобаста ба тавзеҳи муҳимии муроҷиати саривақтӣ барои гирифтани кӯмак, иҷрои бечунучарои таъиноти тиббӣ ва солимгардонии тарзи ҳаёт аз байн бурда мешавад. Бо вуҷуди ин, зуҳуроти "гуногунсамара" будани дастрасии баробар ба кӯмак боқӣ хоҳад монд. Маҳз бо ҳамин сабаб вазифаи баланд бардоштани самарабахшии иҷтимоӣ айни замон танҳо дар сатҳи таъмини баробар дастрас будани захираҳои тандурустӣ барои ҳамаи сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад.

3. Рушди заминаи захиравӣ ва молиявии соҳаи тандурустӣ

Фасли мазкур афзалиятҳои захиравиро дар доираи фарогирии сегона "Натиҷаҳо - системаҳо - захираҳо", ки асоси Стратегияро ташкил медиҳад, инъикос менамояд. Таркиби захиравии Стратегия ба робитаи ногусастанӣ байни ҳаҷми захираҳо аз як тараф ва аз ҷониби дигар ба нишондиҳандаҳои сифати он, таносуби сохтори ва истифодаи самарабахш асос ёфтааст. Дар даҳсолаи наздик захираҳои соҳа вобаста ба ҳаҷм афзоиш ёфта, вобаста ба вақту замон нисбатан устувор мегарданд, таҳти мутаносибгардонии сохторӣ қарор гирифта, самарабахш истифода бурда мешаванд. Ин нуқта ба таъминотҳои кадрӣ, моддию техникӣ ва молиявии корҳои муолиҷавию профилактикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл дорад.

§ 1. Рушди захираҳои инсонӣ ва илми тиббӣ.

Айён аст, ки дурнамои рушди системаи тандурустӣ ва беҳбуди сифати кӯмаки тиббию фармасевтӣ аз бисёр ҷиҳат ба ҳолати сатҳи касбӣ ва сифати омодагии кадрҳои тиббию фармасевтӣ ҳамчун захираи асосии тандурустӣ алоқаманд мебошад. Вазъи муосири соҳаи тандурустӣ дигаргуниҳои амиқро дар соҳаи идоракунии нерӯи кадрӣ дар назар дорад.

Мақсади сиёсати кадрии соҳаи тандурустӣ аз тарбия ва бозомӯзии мутахассисони дорои донишҳои муосир ва малака дар соҳаи тиб ва тандурустӣ, ки қодиранд самарабахшии иқтисодию клиникии технологияҳои нави тиббӣ ва усулҳои нави профилактика, ташхис ва муолиҷаро таъмин намоянд, ноил гардидан ба таносуби дахлдори теъдоди табибон, кормандони миёнаи тиббӣ, инчунин аз байн бурдани нобаробарӣ дар таъминоти кадрии ҳамаи сатҳҳои системаи тандурустӣ иборат мебошад. Созмон додани сиёсати кадрӣ бояд бо сиёсати таҳсилот дар системаи таҳсилоти бефосилаи касбӣ мувофиқа гардида, инчунин ба ҳавасмандгардонии асосноксозии кормандони тиб ҷиҳати баланд бардоштани тахассуси касбӣ нигаронида шавад. Меъёрҳои асосии самарабахшии сиёсати кадрӣ, таҳсилоти тиббӣ ва системаи ҳавасмандгардонии кадрҳои тиббӣ аз сифати хизматрасонии кӯмаки тиббӣ ва қонеъгардонии эҳтиёҷоти муроҷиин иборат мебошад.

Бо мақсади беҳбуди омодасозии нерӯи кадрии системаи тандурустӣ солҳои охир дар Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид, аз ҷумла қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008 №512 "Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2006 №446 "Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино дар солҳои 2006-2015", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 №600 "Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020".

Теъдоди умумии табибон ва кормандон миёнаи тиббӣ мутаносибан ба 13909 нафар ва 30445 нафар баробар аст. Таъминот бо табибон ба ҳар

10.000 нафар аҳолӣ дар ҷумҳурӣ ба 18,6 ва бо кормандони миёнаи тиббӣ ба 41,1 баробар аст. Ин нишондиҳандаҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоби миёна мувофикан ба 28,2 ва 75,5 баробар мебошад. Нишондиҳандаҳои мазкур барои табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ, инчунин дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои Минтақаи Европоии ТУТ (мувофиқан 33,9 ва 72,7) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (37,7 ва 79,4) низ пасттар аст.

Таъминоти нисбатан бештар бо табибон дар шаҳри Душанбе (67,2) ва дар вилояти Суғд (20,4), таъминоти нисбатан камтар дар вилояти Хатлон (9,1) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (11,0) ба мушоҳида мерасад.

Яке аз проблемаҳои муҳиме, ки ба паст гардидани сатҳи нерӯи кадрии бахши тандурустӣ таъсир мерасонад, аз муҳоҷирати меҳнатӣ иборат аст, ки ба сатҳи пасти музди меҳнат алоқаманд мебошад. Сарфи назар аз мавҷуд набудани маълумоти дақиқ оид ба фоизи аз кор рафтани кадрҳо, маълум аст, ки аксари кормандони тиб, махсусан кадрҳои ҷавон, кишварро барои ба даст овардани музди меҳнати бешгар тарк менамоянд. Аксари табибон ва ҳамшираҳои тиббӣ кишварро барои чанд моҳ дар як сол ҷиҳати ба даст овардани маблағ тарк намуда, сипас бармегарданд ё аз нав дар бахши тандурустӣ ба кор меоянд ё умуман аз ҳайати кормандони соҳаи тандурустӣ хориҷ мешаванд.

Яке аз омилҳои нисбатан муҳиме, ки ба дастрасии нерӯи кадрии тандурустӣ ва натиҷаҳои он таъсир мерасонад, ба мавҷудияти воситаҳои молиявӣ алоқаманд мебошад ва айни замон баланд бардоштани музди меҳнат ягона роҳи халосӣ ба ҳисоб меравад. Аммо, танҳо баланд бардоштани сатҳи музди меҳнат ва фароҳам овардани воситаҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалб ва дар ноҳияҳои дурдаст нигоҳ доштани кормандони тиб ҳанӯз нокифоя аст. Беҳбуди шароити зист дар деҳот, инвеститсияҳои дахлдор дар самти нерӯи кадрӣ, инчунин риояи принсипҳои идоракунии самарабахш имкон медиҳад, ки қувваи корӣ нисбатан баробар тақсим карда шавад.

Ҳамин тавр, дар системаи банақшагирӣ ва тарбияи кадрҳо проблемаҳои номутаносибии ҷуғрофӣ вобаста ба ихтисос, шуғл, инчунин номутаносибии ташкилӣ (дар доираи як шаҳр ё ноҳия) ва нокифоягии он дар дигар муассисаҳои шаҳру ноҳияҳо ба мушоҳида мерасад.

Омодасозии кадрҳои тиббӣ ва фармасевтӣ дар 26 муассисаҳои таҳсилотию илмии ҷумҳурӣ анҷом дода мешавад. Мутобиқи таҳлилҳо дар минтақаҳое, ки сатҳи таъминоташон бо табибон камтар аст, теъдоди довталабони ба муассисаҳои таълимию тиббӣ дохилгардида ва донишҷӯён дар муқоиса ба минтақаҳое, ки нисбатан бештар бо табибон таъминанд, паст мебошад. Чунин вазъ минбаъд барои аз байн бурдани номутаносибии ҷуғрофии бо табибон таъмин будани аҳолӣ монеа пеш меорад ва аз ин рӯ Ҳукумати мамлакат дар хусуси фароҳам овардани имтиёзҳои дахлдор барои довталабон аз чунин гурӯҳи ноҳияҳо қарор қабул кард. Омодасозии мутахассисони дорои таҳсилоти олии таббӣ ва фармасевтӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯали ибни Сино, Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббӣ Тоҷикистон ва тарбияи мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи тиббӣ ва фармасевтӣ дар 4 коллеҷи тиббӣ ва 10 омӯзишгоҳи тиббӣ сурат мегирад. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон айни замон 5886 нафар ва дар коллеҷу омӯзишгоҳҳои тиббӣ 18514 нафар донишҷӯён таълим мегиранд. Теъдоди хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббӣ 852 нафар ва донишҷӯёни коллеҷу омӯзишгоҳҳои тиббӣ 3632 нафар мебошад.

Теъдоди кадрҳое, ки ҳамасола хатм мекунанд, бо дарназардошти ислоҳоти бахши тандурустӣ ва афзоиши аҳолӣ наметавонад эҳтиёҷоти кишварро қонеъ гардонад ва ҳамасола зиёд намудани нақшаи қабули довталабонро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ тақозо менамояд.

Сифати омодасозии кадрҳои тиббӣ барои мақсадҳои татбиқи ислоҳоти системаи тандурустӣ беҳбудии вазъро тақозо менамояд ва вобаста ба ҳамин Донишгоҳи тиббӣ омӯзиш ва таҳияи стандартҳои таҳсилоти олии тиббиро ба нақша гирифтааст. Омили дигаре, ки мустақиман ба сифати омодасозии кадрҳо таъсир мерасонад, ба вазъи муассисаҳои таълимӣ, мавҷудияти маводи таълимӣ ва сатҳи дониши ҳайати омӯзгорон алоқаманд аст.

Мутобиқи "Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015" самти афзалиятноки таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ аз инҳо иборат аст: бемориҳои сироятӣ, дилу рагҳои хунгузар, саратон, бемориҳои узвҳои ҳозима, саломатии модарону кӯдакон, бемориҳои эндокриннӣ, чашм, бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолшаванда, сил, ВНМО, тандурустии рӯҳӣ ва таҳияи воситаҳои нави доруворӣ.

Дар соҳаи тандурустӣ норасогии кадрҳои илмӣ аз рӯи ихтисосҳои зайл ба мушоҳида мерасад: бемориҳои дил, психиатрия, осебшиносӣ, наркология, нефрология, офтомология, трасплантология ва узвҳои сунъӣ, ҷарроҳии дилу рагҳои хунгузар, ташхиси клиникии лабораторӣ, экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва барқарорсозии тиббию иҷтимоӣ, анатомияи патологӣ, физиологияи патологӣ, токсикология, тибби судӣ, вирусология ва иммунология. Мавҷудияти чунин норасоӣ фаъол сохтани ҳамкориро бо муассисаҳои пешрафтаи илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷӣ тақозо менамояд.

Бо мақсади таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои илмии системаи тандурустӣ, ҷорӣ намудани дастовардҳои муоссири илмӣ ва усулҳои ташхису муолиҷа дар амалияи тиббӣ Муассисаи давлатии "Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъсис дода шуд. Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд. Дар марҳилаи кунунӣ аксари муассисаҳои илмӣ аз аккредитатсияи давлатӣ нагузаштаанд, ки он ҳам барои тарбияи кадрҳои хушсифати илмӣ монеа мебошад.

Ба ҳамин маънӣ, таҳлили вазъи нерӯи кадрии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор норасоиҳоро дар самти банақшагирӣ, омодасозӣ ва идоракунии захираҳои кадрӣ, ба монанди нобаробарӣ дар тақсими кадрҳои тиббӣ, мавҷуд набудани усулҳои банақшагирӣ мутобиқи эҳтиёҷот, номукаммалии системаи таҳсилоти тиббӣ, сатҳи пасти музди меҳнат, мавҷуд набудани асосноксозӣ барои баланд бардоштани сифати кор, инчунин механизмҳои ҳавасмандгардонии он, нишондиҳандаҳои пасти ба маҳали таъинот кор рафтани мутахассисон, мавҷуд набудани нақшаи дақиқи штатӣ, ки меъёрҳои институтсионалӣ ва сарбории воқеиро ба инобат мегирад, аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои тиббӣ надоштани малакаи идоракунӣ, мавҷуд намудани маълумоти дақиқ оид ба миқёси муҳоҷирати кормандони тиб барои кор ба хориҷи кишвар ошкор намуд.

Проблемаҳои дар боло зикршуда боиси ғайрисамарабахш истифода бурдани захираҳои кадрӣ гардида, дар натиҷа ба сифати кӯмаки тиббӣ ба аҳолӣ таъсир мерасонад. Проблемаҳои ошкоргардидаро ба асос гирифта, бо дарназардошти омилҳои асосӣ, аз ҷумла банақшагирӣ, омодасозӣ ва идоракунии захираҳои кадрӣ зарурати муносибати ҳамгироишуда ҷиҳати рафъи он ба миён меояд. Чунин муносибат имкон медиҳад, ки норасоиҳои мазкур камтар ё комилан аз байн бурда шуда, тавозуни муносиби равандҳои нигоҳ доштани таркиби сифатӣ ва теъдодии кормандони тиб, рушди захираҳои кадрӣ мутобиқи эҳтиёҷоти тандурустии амалӣ ва вазъи бозори меҳнат таъмин гардад.

Таҳкими заминаи кадрии тандурустӣ мутобиқи самтҳои асосии зайл идома меёбад: аз нав самтбахшии дониш ва малакаи касбии кормандони тандурустӣ; мутаносибгардонии тақсими захираҳои меҳнатии соҳа вобаста ба гурӯҳҳои касбию тахассусӣ, сатҳи кӯмак, намуди муассисаҳо ва ҳудуди кишвар; тақвияти омилҳои ҳавасмандгардонии молиявию касбӣ; беҳбуди шароити меҳнат ва тақвияти дастгирии манфиатҳои кормандони тандурустӣ; баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳои тиббию фармасевтӣ ва рушди илми тиббӣ.

Аз нав самтбахшии кормандони тандурустӣ ба моделҳои нисбатан самарабахши кӯмак: такя ба тақвияти хизматрасониҳои ҳамгироишудаи профилактикӣ, аз ҷумла минбаъд гузаронидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба тибби оилавӣ ва ҳамгироии давра ба давраи системаҳои амудии кӯмак тағйироти ҷиддиро дар тафаккури касбӣ, дониш ва малакаи кормандони тиб тақозо менамояд. Он аз сатҳи таҷрибавӣ ба сатҳи миллӣ ҷорӣ намудани модели ягонаи тибби оилавиро тақозо хоҳад кард.

Аз нигоҳи сохторӣ мутаносибгардонии нерӯи кадрии тандурустӣ дар асоси муносибат ва чорабиниҳои зайл доир мегардад:

- такмили соҳаи тандурустии деҳот бо кормандони тибби оилавӣ: дар ҳалли масъалаҳои мазкур тадбирҳои маъмурӣ бояд ба ҳавасмандгардонии иқтисодӣ иваз карда шуда, самти ҳавасмавдгардонӣ дар навбати худ бо асосноксозии захиравӣ дар сатҳи иҷтимоию маишӣ тақвият ёбад. Азбаскӣ занон аксар мехоҳанд на он қадар дуртар аз хона, дар иҳотаи оила ва хешу ақрабо кор кунанд, муваффақияти тибби оилавӣ аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста хоҳад буд, ки то чӣ андоза тақсимоти ҷуғрофии донишҷӯёни донишкадаҳои тиббӣ ва коллеҷҳо ба ҷойгиршавии сокинони Тоҷикистон мутобиқат менамояд. Барои манфиатҳои таъмини чунин мутобиқат дар даҳсолаи оянда интихоби фаъолона ва қабули довталабон аз деҳот, аз ҷумла ноҳияҳои дурдаст тавсеа меёбад.

Сохтори касбию таҳассусӣ дар як чанд самт тағйир хоҳад ёфт. Афзоиши пайвастаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар натиҷаи рушди тибби оилавӣ боиси аз нав тақсим намудани шуғл дар тандурустии аввалия, қабл аз ҳама дар бунгоҳҳои тиббии деҳот ва марказҳои саломатӣ мегардад. Мутаносибан, ҳиссаи табибони қабули аввалия дар теъдоди умумии табибон афзоиш хоҳад ёфт. Агар таносуби табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ афзоиш ёбаддам, на ба ҳотири расмиёт (барои наздик сохтани он ба "меъёри байналмилалӣ"), балки бо дарназардошти вазифаҳои мушаххаси баланд бардоштани сифати кӯмаки муолиҷавию профилатикӣ ва ҳосилнокии меҳнати кормандони тиб дар шароити соҳаи тандурустии Тоҷикистон сурат мегирад. Агар табибон омодабуда, вале сарбории нокифоя дошта бошанд ва функсияи кормандони миёнаи тиб танҳо аз иҷрои дастурҳои духтур иборат бошад, пас афзоиши теъдоди кормандони миёнаи тиб нисбат ба духтур мазмун надорад ва бештар аз ин метавонад боиси минбаъд паст гардидани сифати кӯмаки тиббӣ гардад. Афзоиши босуръати кормандони ҳамшираи тиббӣ дар он ҷое асоснок ба мушоҳида мерасад, ки дар он ӯҳдадориҳои функсионалӣ ва сарбории корӣ байни табибон ва кормандони миёнаи тиб дақиқ муайян гардида, ҳамзамон ба зиммаи кормандони сатҳи миёна вазифаҳои муҳиме гузошта шудааст, ки функсияи табибро иваз мекунад ё такмил медиҳад. Дар даҳсолаи наздик чунин шароит дар се самти соҳаи тандурустӣ фароҳам мегардад: дар доираи тибби оилавӣ: бо дарназардошти такмили як қисми бунгоҳҳои саломатии деҳот бо кормандони миёнаи амалияи тиббӣ (ҳангоми набудани духтур) таносуби табибон ва ҳамшираҳои тиббӣ 1 ба 2,5-2,8 баробар хоҳад буд, ки метавонад аз таносуби мавҷудаи тандурустии 1 ба 2,5 бештар бошад; дар доираи кӯмаки статсионарӣ, ки дар он нақши мустақили корманди миёнаи тиббӣ вобаста ба нигоҳубин ва барқарорсозии беморон дар муқоиса бо имрӯз ба таври назаррас меафзояд; дар рушди хадамоти нави иҷтимоию тиббӣ, аз ҷумла хонаҳои (ҳамшираи шафқат) нигоҳубини пиронсолон, хадамоти патронажи иҷтимоию тиббии маъюбон ва беморон дар марҳилаи терминалӣ. Омилҳои ҳавасмандгардонӣ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии меҳнат дар ҳамбастагӣ бо мухторияти оперативию хоҷагидории муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ имкон медиҳад манфиатнокии Табибон ҷиҳати интиқол додани як қисми сарбории фаъолияти худ ба зиммаи кормандони миёнаи тиббӣ, барои манфиатҳои афзоиши самарабахшӣ ва боздиҳии молиявии меҳнати муштарак баланд бардошта шавад.

Ҳайати касбию тахассусии кормандони тандурустӣ аз ҳисоби афзоиши суръатноки теъдоди табибони - стоматологҳо, лаборантҳои тиббӣ, инженерон ва техникҳо оид ба истифодаи техникаи тиббӣ, инчунин аз ҳисоби кормандони дорои ихтисосҳои ғайритиббӣ, қабл аз ҳама мутахассисони сохти таҳлил ва банақшагирии системавӣ, менеҷмент, ҳуқуқ, технологияи иттилоотӣ, таҳқиқотҳои иҷтимоию клиникӣ ва ғайра гуногунҷабҳа хоҳад буд.

Тақвияти омилҳои ҳавасмандгардонии молиявию касбӣ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии меҳнат, расонидани кӯмаки хушсифати тиббӣ ва муносибати дақиқ нисбат ба бемор.

Тақвияти ҳавасмандгардонии молиявии кормандони соҳаи тандурустӣ вобаста ба меқнати софдилона дар самтҳои зерин сурат мегирад:

- музди меҳнат дар соҳаи тандурустӣ дар соли 2011-2020 ба ҳисоби миёна 7,1 маротиба афзоиш хоҳад ёфт (бо нархҳои тағйирнаёфта). Ба ҳамин маънӣ, музди мёнати кормандони тиб ба сатҳе мерасад, ки худашон онро боадолатона эътироф хоҳанд кард. Ба шарофати ин аз соҳаи тандурустӣ рафтани кадрҳо, махсусан дар шабакаҳои муолиҷавию профилактикии деҳот, ба таври назаррас камтар мегардад. Соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти машғулияти касбӣ ҷолиб хоҳад буд; озмун ва талабот ҷиҳати қабул ба муассисаҳои таълимии тиббӣ вобаста ба ихтисоси тиббӣ ва дигар ихтисосҳои тандурустӣ афзоиш меёбад.

- функсияи ҳавасмандсозандаи пардохти музди меҳнат тақвият хоҳад ёфт. Дар таркиби он баланд бардоштани вазни қиёсии қисми ивазшавандаю мукофотонии кормандон имкон медиҳад, ки даромади кормандони амалии тиббӣ ба самаранокии меҳнат ва натиҷабахшии фаъолият зич алоқаманд карда шавад.

- баланд бардоштани нақши омилҳои ғайримолиявии асосноксозии касбӣ: ҳамзамон бо афзоиши музди меҳнат кормандони тандурустӣ, инчунин "фоидаи" ғайримолиявиро вобаста ба фаъолияти мушкил ва самарабахши худ эҳсос хоҳанд кард.

Дар даҳсолаи наздик дар соҳаи тандурустӣ тағйироти зайли мусоид ба миён меояд:

- талаботи бехатарии меҳнати кормандон қисми таркибии стандартҳои нави расонидани кӯмаки тиббӣ мегардад. Риояи стандартҳои мазкур ва тақвияти назорати иҷрои онҳо имкон медиҳад, ки сифати муҳити корӣ беҳбуд ёфта, таҳдиди хатари бемориҳои касбӣ барои кормандони тандурустӣ коҳиш дода шавад.

- ҷадвали мансабҳо бисёрзина гардида, ба кормандони тиб имкон медиҳад нисбатан бештар ба мартабаҳои хизматӣ комёб бошанд.

- таъмини мутахассисони тибби оилавӣ ва дигар муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ бо техникаи компютерӣ ва воситаҳои насб ба Интернет ба фарогирии баланди иттилоотии фаъолияти касбӣ дар соҳаи тандурустӣ, баланд бардошта имконият ҷиҳати таҳсили муттасили кормандон имконият фароҳам меорад.

- давра ба давра гузаронидани муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ ба мустақилияти оперативию хоҷагидорӣ дар доираи муносибатҳои шартномавӣ бо мақомоти тандурустӣ, инчунин рушди шабакаҳои хусусии муолиҷавию профилактикӣ доираи ташаббусҳои касбӣ ва кориро ҳамчун омили муҳими асосноксозӣ барои як қисми касбҳои тиббии нисбатан салоҳиятноку ботадбир ба таври назаррас тавсеа мебахшад.

- модели ҳамгироишудаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар асоси тибби оилавӣ боиси баланд гардидани нақши кормандони таб дар худидоракунии маҳаллӣ ва таҳкими шаъну эътибори ҷамъиятии онҳо мегардад. Мавқеи сиёсӣ ва граждании роҳбарони соҳаи тандурустӣ дар натиҷаи нақши пешбарандаи онҳо дар ҳамкориҳои байниидоравӣ оид ба масъалаҳои солимгардонии зиндагӣ дар Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.

- беҳбуди шароити меҳнат ва тақвияти дастгирии манфиати кормандони тандурустӣ дар асоси мутаносибгардонии сиёсати давлатии тандурустӣ, бо асосноксозии касбӣ ва маишӣ.

Дар соҳаи тандурустӣ самарабахш истифода бурдани қувваи кории нисбатан гуногунҷабҳа, тахассусӣ ва асоснокгардида таҷдиди сиёсати кадрӣ ва технологияҳои идоракунии кормандонро тақозо менамояд. Кафолати шуғли доимию бетанаффуси мутахассисони дорои диплом дефакто, якум, бо ҷорӣ намудани сектификатсияи касбӣ; дуюм, вобаста ба зарурати қисман ё пурра озод намудани кормандони муассисаҳои тиббие, ки дар раванди мутаносибгардонии сохтори шабакаҳои муолиҷавию профилактикӣ баста мешаванд, бекор карда мешавад.

Ҳамзамон бо бекор кардани кафолати шуғли бетанаффус Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон усулҳои муосири идоракунии кадрҳоро дар шароити зудҳаракатии баланди меҳнатӣ мавриди омӯзиш қарор хоҳад дод. Аз ҷумла ташкили баҳисобгирии муттасил ва маҷмӯии кормандони соҳа вобаста ба тавсифоти шахсӣ ва касбӣ ҳам дар бахши давлатӣ ва ҳам дар бахши хусусӣ; бақайдгирии оперативии ҷойҳои кории собиқаи барҳамдодашуда ва ташкили ҷойҳои нави корӣ; ҳавасмандгардонии сафарбарии касбию тахассусӣ ва ҳудудӣ (кӯмак барои гирифтани тахассуси нав ва кор дар системаи тандурустӣ ё берун аз доираи он); мусоидат ҷиҳати рафтан ба ҷойи нави кор; ҳавасмандгардонии пеш аз мӯҳлат баромадан ба нафақа (дар баъзе ҳолатҳо) анҷом дода мешавад.

Ташаккули ҷомеаи кормандони тиббӣ дорои ақидаҳои тараққипарварона, мавқеи фаъоли гражданӣ ва малакаи сарвари инкишофёфтаи касбию ҷамъиятӣ.

Ба зиммаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи таҳияи дурнамои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати талабот ва пешниҳоди қувваи корӣ вобаста ба касб ва ихтисосҳои тандурустӣ, инчунин ташаккули фармоиш барои омодасозии кадрҳои нав, бозомӯзии кормандони дорои собиқаи корӣ дар системаи таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва баъдидипломӣ вогузошта мешавад. Вобаста ба ҷорӣ намудани моделҳои нави кӯмак, аз ҷумла гузариш ба кӯмаки аввалияи тиббию санитарии дар асоси тибби оилавӣ ҳамгироишуда ӯҳдадориҳои мансабии табибон ва кормандони ҳамшираи тиббӣ бо мақсади инъикоси функсияҳои нисбатан гуногунҷабҳаи онҳо ва шаклҳои нисбатан фасеҳи ташкили истифодаи меҳнат таҷдиди назар хоҳад шуд. Аксари функсияҳои вдоракунии кадрҳо тавассути ҳамкории мақомоти тандурустӣ бо ассотсиатсияҳои касбии табибон ва кормандони миёнаи тиб анҷом дода мешавад, ки муносибатҳои ба ҳам мувофиқашуда ва қобили қабулро ҷиҳати ташаккул, истифода ва озод намудани нерӯи кадрӣ дар тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.

Баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳои тиббӣ ва фармасевтӣ силсилаи асосии ислоҳоти системаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта, ба чунин усул ба даст меояд:

- гузаронидани ислоҳоти таҳсилоти миёна, олӣ, баъдидипломӣ ва бефосилаи тиббӣ;

- такмили стандартҳои давлатии таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ, таҳияи нақша ва барномаҳои нави таълимӣ мутобиқи талаботи Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ;

- такмили мӯҳтавои таҳсилоти олӣ заминавии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки омодасозии табибони самти васеъро пешбинӣ менамояд;

- такмили марҳилаи баъдидипломии омодасозии табибон тавассути додани ихтисос ба табибон вобаста ба ихтисосҳои заминавӣ ва маҳдуд, бо супоридани имтиҳонҳои тахассусӣ, ки барои фаъолияти мустақилонаи тиббӣ ҳуқуқ медиҳад;

- таҳияи механизми иҷозат додани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ ба фаъолияти мустақилонаи касбӣ, ки номгӯи малака ва таҷрибаи амалиро оид ба ҳар як ихтисос, мутобиқи диплом ва мутобиқати он ба мансабҳои муассисаҳои тандурустиро дар бар мегирад;

- такмили расмиёти аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои илмӣ, ҷорӣ намудани аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ, бо ҷалби экспертҳои байналмилалӣ;

- баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ дар бозори меҳнати Европа ва ҷаҳон;

- такмили шакли мақсадноки омодасозии кадрҳо, ки бастани шартномаи сеҷонибаро байни муҳассил, муассисаи таҳсилотӣ ва фармоишгар пешбинӣ менамояд;

- таъсиси маҷмааҳои таълимию илмӣ ва клиникӣ, ки муассисаҳои таҳсилотӣ, институтҳои самтии илмию таҳқиқотӣ ва заминаҳои клиникиро муттаҳид месозад;

- муносибгардонии муносибатҳои мутақобилаи ҳуқуқию иқтисодӣ байни муассисаҳои илмию таълимии тиббӣ ва ташкилотҳои муолиҷавию профилактикӣ дар доираи таъсиси заминаи ягонаи клиникӣ;

- таъсиси китобхонаҳои электронӣ ва махзани маълумотдиҳии иттилоотӣ, бо ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва системаи менеҷменти сифат дар раванди таълим;

- таҳияи меъёрҳои ягонаи ташаккули ассотсиатсияҳои касбӣ оид ба ихтисосҳои тиббӣ (гурӯҳҳои мутахассисон), рушди механизми иштироки онҳо дар таҳияи стандартҳои расонидани кӯмаки тиббӣ, протоколҳои клиникӣ, сертификатсия барои фаъолияти тиббӣ ва сертификатсияи мутахассисон;

- баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони соҳаи тандурустӣ дар асоси рушди минбаъдаи системаи таҳсилоти бетанаффуси тиббии мутахассисони тандурустӣ, аз ҷумла мутахассисони тибби оилавӣ;

- бо дарназардошти рушди модели нави тандурустӣ вобаста ба эҳтиёҷоти аҳолӣ бояд ихтисосҳои нав ҷорӣ карда шавад;

- омодасозии кадрҳо оид ба ихтисосҳои наб ва камчини соҳаи тандурустӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ барои чунин ихтисосҳо;

- рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббӣ, мубодилаи омӯзгорон ва донишҷӯён, аккредитатсияи байналмилалӣ ва эътирофи дипломҳо. Рушди минбаъдаи илми тиб.

Рушди минбаъдаи илми тиб барои мақсади беҳбуди сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳалли масъалаҳои мубрами тандурустӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави муолиҷа ва технологияҳои инноватсионии самарабахшро пешбинӣ менамояд:

- банақшагирӣ ва доир намудани таҳқиқотҳои илми мутобиқи барномаҳои соҳавии рушди тандурустӣ ва самтҳои афзалиятноки он;

- таҳияи барномаҳои илмии мақсадноке, ки барои ноил шудан ба натиҷаҳои мушаххаси фармоишҳои илмии давлатӣ нигаронида шудаанд;

- таҳияи системаи ҳавасмандгардонӣ, дастгирии рушд ва ҷорӣ намудани навгониҳои (инноватсияҳо) дар тандурустӣ;

- таҳия ва ташаккули нақшаи ҷорӣ намудани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ дар амалияи тиббӣ;

- муттамарказгардонии воситаҳои молиявӣ ва захираҳои кадрӣ ба самтҳои афзалиятнок ва инноватсионии рушди илми тиббӣ;

- кор карда баромадани воситаҳои нави самарабахш ва хушсифати доруворӣ;

- ташаккули бозори хизматрасониҳои тиббии илмӣ дар асоси рақобати ташкилотҳои илмии ҳама гуна шакли моликият;

- таҳлил ва назорати иҷрои барномаҳои мақсаднок ва байниидоравии илмӣ;

- ташкили ихтисосҳои илмии ниҳоят камчин, бо роҳи тарбияи мутахассисон дар заминаи муассисаҳои таҳсилотии пешрафтаи кишварҳои хориҷӣ;

- ҳамгироии илм, таҳсилот ва амалияи клиникии тиббӣ; баҳодиҳии илмӣ ва асосноксозии самарабахшии иқтисодию иҷтимоии тадбирҳои нақшавӣ ва пешбинишаванда дар соҳаи ҳифзи саломатии шаҳрвандон;

§ 2. Такмили фаъолияти фармасевтӣ ва таъминот бо доруворӣ.

Дар солҳои охир, баъди қабули Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва сиёсати давлатии доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳбуди равандҳои танзими фаъолияти фармасевтӣ ва сифати маводи доруворӣ, дастрасии иқтисодии онҳо дар кишвар ҷиҳати такмили сохтори мақомоти назоратию иҷозатдиҳанда, таҳияи заминаи қонунгузории бахши фармасевтӣ ва истифодаи самарабахши маводҳои доруворӣ корҳои азим анҷом дода шуд.

Бо мақсади мубориза бо муомилоти маводи дорувории қалбакӣ (фалсификатсияшуда) соли 2008 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ" тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуд. Барои муомилоти воситаҳои дорувории қалбакӣ Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҷозотро пешбинӣ менамояд. Бо дарназардошти он, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо" фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои дорувории нашъадор монополияи давлатӣ ба ҳисоб меравад, ба Қонуни мазкур тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуд, ки боиси афзоиши дастрасии воқеи будани маводи дорувории зикршуда гардид.

Таҳлили афзоиши воридоти маводи доруворӣ дар панҷ соли охир нишон медиҳад, ки баъди озод намудан доруворӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ ҳангоми воридот ҳаҷми воридоти доруворӣ 4 маротиба афзоиш ёфта, аз кам гардидани миқдори маводи дорувории қочоқӣ ба кишвар ва қонунигардонии бозори фармасевтӣ гувоҳӣ медиҳад. Миқдори маводи дорувории ба қайд гирифташуда дар панҷ соли охир 4,7 маротиба афзуд. Сарфи назар аз пешрафтҳои мусбӣ дар раванди бақайдгирии маводи доруворӣ ҳанӯз ҳам проблемаҳои мавҷудияти дорувории ба қайд гирифтанашуда дар бозори дорувории маҳаллӣ ниҳоят мубрам боқӣ мемонад.

Дар солҳои охир такмили раванди сертифкатсияи маводи доруворӣ ба мушоҳида мерасад. Ҷиҳати такмили системаи сертификатсия ва таҳкими заминаи моддию техникии лабораторияи ҷумҳуриявии назорати сифати дорувории назди Хадамоти давлатии назорати фаъолияти фармасевтӣ тадбирҳои дахлдор андешида шуданд. Сол то сол фоизи доруворие, ки ба стандартҳои давлатӣ мувофиқ намебошад, камтар мегардад. Бо вуҷуди ин, вазъи мазкур тағйиротро тақозо намуда, бояд масъалаи чӣ тарз ва вобаста ба кадом параметрҳои сифат гузаронидани чунин таҳлилҳо омӯхта шавад. Зарур аст, ки масъалаи сертификатсияи доруворӣ (сифати онҳо) ҳангоми воридот ва бақайдгирӣ ҳал карда шавад. Айни замон заминаи моддию техникии лабораторияи назорати сифати дорувории марказҳои минтақавӣ ва вилоятӣ ҷавобгӯи талаботи муосири ташкили таъмини сифат намебошанд. Барои гузаронидани таҳқиқотҳои замонавии иммунобиологӣ ва радиологӣ лаборатория вуҷуд надорад.

Таҳлили амалияи таъини доруворӣ нишон медиҳад, ки то ҳанӯз мушкилоти бе асос таъин намудани доруворӣ (полипрагмазия) мубрам боқӣ мемонад. Проблемаи мазкур дар табибоне, ки дар марказҳои шаҳрӣ кор мекунанд, нисбат ба табибоне, ки дар муассисаҳои тиббии деҳот фаъолият мекунанд, бештар ба мушоҳида мерасад. Проблемаи дигари соҳаи истифодаи самарабахши доруворӣ аз он иборат аст, ки баъзе табибон ва фармасевтҳо оид ба доруворӣ дониш ва манбаи объективии иттилоотӣ надоранд.

Хароҷоти давлатӣ (ба ҳар нафар аҳолӣ) барои маводи доруворӣ дар соли 2009 (0,53 доллари ШМА) 1,83 маротиба афзуд. Сарфи назар аз ин нишондиҳандаҳои мазкур дар Тоҷикистон ниҳоят паст мебошад. Нархи баъзе маводи дорувории дар Вилояти Хатлон, Вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мутаносибан дар муқоиса дар шаҳри Душанбе 15-18 фоиз ва 20-25 фоиз, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 26-30 фоиз зиёд аст. Бо мақсади паст кардани нарх ва мутаносибгардонии раванди хариди доруворӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2005 № 516 дар назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ҷумҳуриявии хариди доруворӣ ва молҳои тиббӣ таъсис дода щуд. Ҳоло филиалҳои Маркази мазкур дар Вилояти Хатлон, Вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият доранд.

Айни замон нархҳо барои доруворие, ки Марказ харидорӣ менамояд, нисбат ба нархи фурӯши яклухт (20-25 фоиз) ва нархи дорухонаҳои фурӯши чакана (35-50 фоиз) камтар мебошад. Аммо на ҳамаи беморхонаҳо дорувориро аз Маркази мазкур харидорӣ менамоянд, ки ба мавҷудияти ками намунаҳои доруворӣ, инчунин хариди ғайрисамарабахши он аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ алоқаманд мебошад. Вазифаи муҳими Маркази ҷумҳуриявии хариди доруворӣ аз мусоидат ба муассисаҳои табобатӣ дар хариди воситаҳои генерикии ба воситаҳои доруворӣ (воситаҳои доруворӣ) асосёфта иборат аст. Таҳлили ҳаҷми хариди дорувории генерикӣ ва тиҷоратӣ дар се беморхонаи калони ҷумҳуриявӣ нишон дод, ки дар давраи солҳои 2005 то 2008 ҳиссаи доруҳои генерикии харидашуда 16 фоиз афзоиш ёфта, ҳиссаи дорувории асосӣ дар ҳамин давра 15 фоиз зиёд гардидааст. Дар таркиби хариди доруворӣ муайян кардани воситаҳои дорувории харидашуда бо сифати исботгардида ниҳоят душвор аст.

Беҳбуди дастрасии иқтисодии маводи доруворӣ андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо намуда, ба тақвияти фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии хариди доруворӣ ва молҳои тиббӣ, рушди саноати фармасевтии ватанӣ бо дастгирии Ҳукумат ва шарикон эҳтиёҷ дорад.

Мутобиқи арзёбии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хароҷоти доруворӣ барои як нафар муроҷиин аз арзиши умумии муолиҷа тақрибан 60 фоизро ташкил медиҳад. Вобаста ба ҷорӣ намудани Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ, диабети қанд, бемории ишимикии дил, вараҷа ва ғайра), инчунин татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷиткистон "Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" муҳим аст, ки хариди матлуб ва истифодаи самарабахши дорувории асосии хушсифати арзон таъмин карда шавад.

Дастрасии маводи доруворӣ, инчунин ба мавҷудияти миқдори дахлдори дорухонаҳо ва дуруст ҷойгир намудани онҳо вобаста мебошад. Айни замон дар Тоҷикистон 1328 дорухона фаъолият менамояд, ки аз онҳо 20 фоиз дар деҳот ҷойгиранд, ҳол он, ки то санаи 1 январи соли 2009 теъдоди умумии аҳолии шаҳрҳо 26,3 фоиз ва деҳот 73,7 фоизро ташкил медод. Ба ҳамин маънӣ, ҳамаи дорухонаҳо асосан дар маркази шаҳрҳо ҷойгир буда, танҳо миқдори ками онҳо дар деҳот мавҷуданд. Чунин раванд ба фоидаовар набудани дорухонаҳои деҳот, мавҷуд набудани сиёсате, ки дастрасии дорухонаҳоро дар деҳот ва маҳалҳои мушкилдастраси кишвар дастгирӣ менамояд, алоқаманд мебошад. Таҳлили муқоисавии дастрасии воқеӣ ва нархи доруворӣ байни дорухонаҳои шаҳру деҳот дар баъзе ноҳияҳои кишвар собит месозад, ки дар дорухонаҳои деҳот дастрасии воқеӣ кам ва нархи доруҳо зиёд мебошанд. Проблемаи дигари вобаста ба рушди дорухонаҳо дар деҳот ба мавҷуд набудани мутахассисони фармасевт алоқаманд аст. Имрӯзҳо ба дорухонаҳои деҳот ҷалб намудани кормандон ниҳоят душвор буда, минбаъд бояд механизми дастгирии фаъолияти дорухонаҳои деҳот таҳия карда шавад.

Ба ҳамин маънӣ, проблемаҳои мавҷудаи вобаста ба таъмини сифат, истифодаи самарабахш ва дастрас будани маводи доруворӣ барои рушди минбаъдаи вазъи фармасевтии кишвар ҷиҳати беҳбуди сифати кӯмаки тиббӣ андешидани тадбирҳои дахлдорро тақозо менамояд.

Барои беҳбуди сифати хизматрасонии тиббӣ ва паст кардани арзиши он тавассути такмили идоракунии бахши фармасевтӣ ва таъмини дастраси ба маводи дорувории арзону хушсифат то соли 2020 чунин афзалиятҳо интихоб гардидаанд: беҳбуди системаи таъмини сифати воситаҳои доруворӣ; андешидани чораҳо оид ба истифодаи самарабахши маводи доруворӣ; таъмини дастрасии доруҳои хушсифати арзон.

Барои ноил шудан ба мақсад ва афзалиятҳои зикргардида бояд амалӣ намудани фаъолият вобаста ба самтҳои зерин пешбинӣ карда шавад:

- баланд бардоштани самарабахшии назорати давлатӣ дар соҳаи муомилоти маводи доруворӣ, бо мақсади коҳиш додан ва пешгирии ба бозори фармасевтӣ ворид шудани маводи дорувории қалбакӣ ва ба қайд гирифтанашуда;

- такмили системаи мавҷудаи бақайдгирии воситаҳои доруворӣ ҷиҳати шаффофияти раванди бақайдгарӣ ва тағйир додани талабот нисбат ба ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ; ҳангоми бақайдгирӣ ва аз нав бақайдгирии воситаҳои доруворӣ бояд ба маводи доруворӣ аз РДА афзалият дода шавад;

- шурӯъ намудани татбиқи стандартҳои байналмилалӣ GLR GCP, GMP) дар соҳаи тандурустии ватанӣ ва фармасевтӣ;

- беҳбуди заминаи моддию техникии лабораторияҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятии назорати сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббии Хадамоти давлатии назорати фаъолияти фармасевтӣ, инчунин дар заминаи он таъсис додани лабораторияҳои иммунобиологӣ, токсикологӣ ва радиологӣ;

- ташкили таълими мутахассисоне, ки барои таъмини сифати доруворӣ оид ба стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи муомилоти доруворӣ масъуланд.

Барои андешидани тадбирҳо оид ба истифодаи самарабахши доруворӣ инҳо заруранд:

- аз байн бурдани полипрагмазияи табибон, бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои ҳатмӣ ва ҷорӣ намудани унсурҳои истифодаи самарабахши доруворӣ дар барномаҳои таълимии тодипломӣ ва баъдидипломӣ, инчунин такмили заминаи қонунгузорӣ;

- таҷдиди назар ва татбиқи Дастури мавҷуда оид ба амалияи клиникӣ ва Формуляри дорувории асосӣ;

- баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба иттилооти саривақтӣ ва саҳеҳ дар бораи доруворӣ;

- барқарорсозии додани доруворӣ тибқи дорухат (ретсепт) ва баланд бардоштани нақши фармасевтҳои беморхонагӣ ҳамчун ёрдамчии табиб дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ;

- тақвияти самарабахшии назорати рекламаи доруворӣ ва андешидани чораҳои танзим дар самти пешравии воситаҳои доруворӣ;

- гузаронидани мониторинги оқибатҳои зиёновари дорувории истифодашаванда ва таҳияи усули иттилоотонии аҳолӣ оид ба масъалаҳои бехатарӣ ва самарабахшии маводи доруворӣ;

- гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ оид ба истифодаи воситаҳои доруворӣ ва танзими фаъолияти фармасевтӣ.

Барои таъмини дастрасӣ ба маводи дорувории арзон зарур аст:

- таъмини дастрасии баробари воқеӣ ва иқтисодии аҳолӣ ба маводи дорувории асосӣ;

- баланд бардоштани самарабахшии хариди давлатии маводи доруворӣ бо роҳи такмили заминаи дахлдори қонунгузорӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати паст кардани нархҳои маводи доруворӣ;

- гузаронидани мониторинг ва таҳлили нархи доруворӣ, паст кардани арзиши он ва кам кардани хароҷоти аҳолӣ барои муолиҷа;

- таҳияи механизми нархгузорӣ, ки фурӯши дорувории хушсифат ва арзонро ҳавасманд мегардонад;

- таҳияи рӯйхати маводи доруворӣ барои ворид намудан ба маҷмӯи кафолатҳои давлатии хизматрасонӣ ва барномаҳои миллӣ оид ба бемориҳои нисбатан паҳнгардида дар асоси таҳлили самарабахшии клиникӣ ва иқтисодӣ, ки ба тибби собитгардида (далел) асос ёфтааст ва таҷдид додани амалияи мавҷудаи имтиёзноки доруворӣ;

- танзими пешравии доруворӣ ба бозор аз ҷониби ширкатҳои фармасевтӣ;

- тақвияти фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии хариди доруворӣ ва молҳои тиббӣ дуруст ба роҳ мондани хариди дорувориҳои хушсифати генерикӣ ва пешравии дорувории асосӣ бо нархи арзон аз таъминкунандаҳо боэътимод;

- ҷалби дорухонаҳои хусусӣ ҷиҳати ҳалли мушкилотҳои таъминоти доруворӣ.

§ 3. Таҷдиди заминаи истеҳсолию технологӣ

Дар асоси Нақшаи генералии таҷдиди муассисаҳои бахши тандурустӣ дар даҳсолаи наздик тарҳи шабакаҳои муолиҷавию профилактикӣ вобаста ба сатҳи кӯмак ва шакли объекти тандурустӣ тағйир хоҳад ёфт. Шакли зоҳирӣ, ороиши дохилии муассисаҳои тиббӣ намуди муосирро хоҳанд гирифт. Таъминоти онҳо бо шабакаҳои инженерию коммуналӣ ва технологияҳои замонавӣ баланд бардошта мешавад. Ҳамаи ин тағйирот дар доираи татбиқи Стратегияи мазкур ба нақша гирифта шуда, амалӣ мегардад. Унсурҳои муҳими стратегӣ дар ҳамин зерфасл пешниҳод шудаанд;

Инвентаризатсияи шабакаҳои муолиҷавию профилактикӣ: дар соли 2010 дар доираи ҳамкориҳо бо лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонӣ дар миқёси кишвар оид ба таҳияи Нақшаи генералии таҷдиди муассисаҳои тандурустӣ (мастер-нақша) таҳқиқот гузаронида мешавад. Оид ба натиҷаҳои таҳқиқоти мазкур инҳо муайян карда мешаванд: миқдор, намуд ва координатҳои ҷуғрофии муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ; иқтидор, таъминот бо кадрҳо, таъмини биноҳо бо масоҳати зарурӣ, инфрасохтори инженерию коммуналӣ ва таҷҳизот; инчунин ҳаҷми корҳои муолиҷавию профилактикӣ ва дигар маълумот. Иттилооте, ки дар ҷараёни таҳқиқот ба даст меояд, асоси қарорҳои сохторию инвеститсиониро барои 10 соли минбаъда ташкил медиҳад.

Баҳодиҳии эҳтиёҷоти қонеънашуда ба воситаҳои асосӣ: дар соли 2012 нишондиҳандаи ҳаҷмию сохтории таъминоти тандурустӣ бо иқтидори муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ нисбат ба эҳтиёҷоти мавҷуда, бо дарназардошти намуд ва сарбории функсионалии муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ муқоиса карда мешаванд. Бо ибораи дигар, бояд ба саволҳои зайл ҷавоб гирифт: дар куҷо ва дар кадом муассисаи тиббӣ чиҳо намерасад, Дар куҷо ва кадом муассисаи мушаххаси муолиҷавию профилактикӣ талаботи маҳалро бо хизматрасонии худ қонеъ гардонида наметавонад ва бо кадом сабаб.

Баҳодиҳии иқтидорҳои барзиёдатӣ: муассисаҳои табобатию профилактикие, ки бе сарбории зиёд кор мекунанд, объектҳои таҳти таҳлили иловагии техникию иқтисодӣ қарор мегиранд. Агар истифодаи нопурраи иқтидорҳои муолиҷавӣ дар ҳақиқат ҳам ба зиёдатӣ будани онҳо алоқаманд бошад, тавсия дода мешавад, ки ин муассисаҳо аз истифода бароварда ё минбаъд баста шаванд, аз тавозуни соҳаи тандурустӣ хориҷ ё самти фаъолияти онҳо тағйир дода шавад. Муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ, ки пурра фаъолият намекунанд, вале ивазнашаванда (зарур) мебошанд, дар доираи нақшаҳои дурнамои сармоягузории асосӣ барқарор карда мешаванд.

Ташаккули рӯйхати объектҳои инвеститсионии маҳаллӣ, минтақавӣ ва таҷаммӯӣ: бо дарназардошти он, ки сабабҳои асосии сатҳи пасти сифат ва ғайриқаноатбахш будани фаъолияти объект дар самти кӯмаки тиббӣ ба заминаи заифи истеҳсолию техникӣ алоқаманд аст (мавҷуд набудан, нокифоягӣ ё фарсуда будани воситаҳои асосӣ, яъне бино, иншоот ва таҷҳизоти асосӣ (капиталӣ)), вобаста ба ҳар кадом ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи объектҳои инвеститсионӣ барои аз нав эъмор намудан, тавсеа, таҷдид, азнавтаҷҳизонии техникӣ ва таъмири асосӣ таҳия карда мешавад.. Номгӯйҳои объектҳои инвеститсионии ноҳияҳо нисбат ба минтақаҳо ва кишвар муқоиса гардида, тавассути тавсияҳои Мастер-нақша барои соли 2010 ва даҳсолаи минбаъда асоси барномаи инвеститсиониро ташкил медиҳад. Аз номгӯи миллӣ ва маҳаллии объектҳои инвеститсионӣ рӯйхатҳои титулии сесола ташаккул меёбад (нигар, банди "е").

Таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ оид ба намудҳои асосии лоиҳаҳои инвеститсионӣ: вобаста ба ҳар як муассисаи табобатию профилактикӣ қарорҳои меъморию банақшагирӣ бо дарназардошти сарбории функсионалии таҷдиди назаршудаи ҳамин муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ ва стандартҳои нави расонидани кӯмак мутобиқ гардонида мешаванд. Дар асоси қарорҳои мазкур лоиҳаҳои намунавӣ таҳия ё дақиқ гардида, арзиши онҳо вобаста ба шароити сохтмони нав, тавсеа, таҷдид, азнавтаҷҳизонии техникӣ ва таъмири асосӣ ҳисоб карда мешавад. Сметаи лоиҳаҳо бо дарназардошти нархе, ки дар Тоҷикистон барои корҳои сохтмону васл ва сохтмону таъмир муқаррар гардидааст, инчунин арзиши барои лоиҳаи намунавӣ баинобатгирифтаи маҳсулоти таъиноти капиталӣ (масолеҳ ва таҷҳизот), ки бояд аз хориҷ ворид карда шаванд ва бо дарназардошти кору хизматрасониҳои ҳамроҳикунанда ташаккул меёбад.

Банақшагирии рӯйхатҳои титулии сесола ва солона вобаста ба ҳар соли давраи сесола: Буҷети сармоягузории асосии тандурустӣ на танҳо ба таври назаррас афзоиш меёбад, инчунин ҳар сол аз ҳисоби гузаронидани банақшагирии инвеститсионӣ (руйхати титулӣ ва маблағгузории объектҳои инвеститсионӣ) ба нақшаи сесола устувортар мегардад. Ин иқдом вобаста ба як қатор омилҳо ниҳоят муҳим мебошад: якум, давомнокии мӯътадили лоиҳаи инвеститсионӣ аз як сол зиёд аст. Агар маблағгузорӣ вобаста ба ҳама солҳои сикли сохтмону васл қаблан кафолат дода нашаванд, "нотамом" боқӣ мондани объект ногузир мебошад. Дуюм, бо сабабҳои зиёд будани талаботи ба таъхир гузошташуда оид ба таҷдиди заминаи истеҳсолию технологии тандурустии кишвар рақобат байни минтақаҳо ва ноҳияҳо барои захираҳои сармоягузории асосӣ аз буҷет, махсусан дар солҳои аввал, ниҳоят тезу тунд хоҳад шуд. Ташаккули рӯйхати титулӣ барои се сол имкон медиҳад, ки ба он объектҳои калон дохил карда шавад ва тавассути он асосҳо барои созиш густариш ёбад. Сеюм, бо дарназардошти миқёс ва арзиши баланди барномаҳои инвеститсионӣ он ба дастгирии шарикони байналмилалӣ оид ба рушд эҳтиёҷ хоҳад дошт. Азбаски баъзе аз шарикон бо майлу рағбат воситаҳои худро барои маблағгузории ҳиссавӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона мекунанд, мавҷуд будани нақшаи миёнамӯҳлат ва маблағгузорӣ таваккалҳои инвеститсиониро барои ҳамаи иштирокчиёни лоиҳаҳои муштарак камтар мегардонад.

Банақшагирии буҷети сармоягузории асосӣ: хароҷоти буҷети сесола ва солона барои сармоягузории асосӣ бо дарназардошти арзиши лоиҳаҳои инвеститсионӣ (нигар банди "д") ва мавҷудияти воситаҳо барои маблағгузории онҳо ташаккул меёбад. Нисбат ба объектҳое, ки ба рӯйихати титулии ноҳия ва минтақаҳо дохил карда шудаанд, манбаи асосии маблағгузорӣ буҷетҳои ноҳия ва минтақаҳо боқӣ мемонад. Объектҳои маҳаллӣ (минтақавӣ), ки ҷавобгӯи афзалиятҳои давлатии сиёсати сохторию инвеститсионӣ мебошанд (нигар ба зер), аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ субсидия мегиранд. Воситаҳои шарикони байналмилалӣ оид ба рушд дар навбати аввал барои дастгирии лоиҳаҳои инвеститсионие равона карда мешаванд, ки ҷавобгӯи афзалиятҳои давлатии сиёсати сохторию инвеститсионӣ мебошанд.

Дохил намудани объектҳои тандурустӣ ба рӯйхати титулӣ бо дарназардошти зайли вобаста ба нақшаи генералии соли 2010 асоснок карда мешавад:

- мутобиқати лоиҳаи инвеститсионӣ ба афзалиятҳои сохтории сиёсати давлатии ҳифзи саломатӣ ва моделҳои дурнамои фаъолияти муолиҷавию профилактикӣ дар соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ: ҳангоми мавҷуд будани дигар шароитҳои баробар - сохтмонҳои нав, таҷдид ва таъмири асосии объектҳои тандурустии ибтидоии деҳот, ки дар заминаи онҳо қисми асосии табибони тибби оилавӣ фаъолият мекунанд, аз афзалият бархурдор хоҳанд буд. Эҳтиёҷоти тахминии кишвар ба хонаҳои тиббӣ ва марказҳои саломатии деҳот ба 2000 муассиса баробар аст, ки аз чор як ҳиссаи он барқарор карда шуда, боқимонда аз нав сохта мешаванд ё таҳти таҷдиди маҷмӯӣ қарор мегиранд. Ба шумули афзалиятҳои сохторию инвеститсионӣ, инчунин объектҳои зайл дохил карда мешаванд: шабакаҳои муолиҷавию профилактикии сатҳи ноҳия, ки ба таҷдид эҳтиёҷ доранд, аз ҷумла 50 марказҳои ноҳиявии тандурустӣ ва 40 беморхонаи марказии ноҳиявӣ; муассисаҳои табобатию профилактикие, ки аз нигоҳи сохторӣ ғайриперспективӣ мебошанд: хароҷоти асосӣ барои омода сохтани онҳо ҷиҳати барҳамдиҳӣ ва фурӯш ё аз нав самтбахшии онҳо. Дар даҳсолаи наздик ба ихтисори интихобӣ ва аз нав самтбахшии фонди кати статсионарҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад. Беморхонаҳои қитьавии деҳот, ки камтар истифода мегарданд, барҳам мехӯранд ё ба хонҳои тандурустӣ ва марказҳои тандурустӣ табдил дода мешаванд. Як қисми сармоягузории асосӣ барои барҳамдиҳии диспансерҳо ё табдил додани онҳо ба муассисаҳои самти иҷтимоию тиббӣ, аз ҷумла хонаҳои нигоҳубини ҳамшираҳои шафқат барои пиронсолон ва беморони мунзим масраф карда мешавад.

- мутобиқати лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба стандартҳои расонидани кӯмаки табобатию профилактикӣ. Дар соҳаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ арзиши сметавии ҳар кадом хонаи тиббӣ ва маркази саломатии деҳот тавассути лоиҳаи намунавӣ, ки ба якчанд намуду ҳаҷм тафриқабандӣ шудааст, муайян карда мешавад. Лоиҳаҳои намунавӣ бояд бо дарназардошти меъёрҳои умумӣ ва масоҳати фоиданок, талабот нисбат ба таъминоти инженерию коммуналии биноҳои тиббӣ ва табели таҷҳизонии техникӣ дақиқ карда шаванд, ки самти функсионалӣ, нақшаҳои стандартҳои муолиҷа ва контингенти тибби оилавии вобасташударо инъикос менамояд.

Ба барномаи 10-солаи фаъолияти инвеститсионӣ дар соҳаи тандурустӣ танҳо он объектҳои тандурустии ибтидоии деҳот дохил карда мешаванд, ки аз лаҳзаи ба истифода додани онҳо метавонанд ҷавобгӯи шартҳои зайл бошанд: якум, таъминот бо кадрҳои тахассусии тиббӣ; дуюм, бо маблағгузории ҷорӣ таъмингардида; сеюм, дорои нақшаи оперативию хоҷагидорӣ, бо ҳисоби дақиқи нишондиҳандаҳои ҳаҷми клиникӣ ва сарбории иқтидорҳои истеҳсолӣ, инчунин манбаъҳои дақиқ муайянгардидаи расонидани доруворӣ, маводи хароҷотӣ ва дигар маҳсулоти таъиноти тиббӣ; кор ва хизматрасонӣ оид ба истифодаи бино ва техника; дастгирии нақшавию таҳлилӣ ва иттилоотӣ, дигар дастгирии касбӣ. Санҷиш ҷиҳати мутобиқат ба ин шартҳо қисми ҷудонопазири асосноксозии техникию иқтисодии ҳар як лоиҳаи нави инвеститсионӣ хоҳад буд.

Тартиби пешниҳодшудаи банақшагирии умумисоҳавии сармоягузории асосӣ тавассути ба он ворид намудани ташаббус ва пешниҳодоти шарикони байналмилалӣ оид ба рушд тақвият меёбад. Бо қувваи муштарак осебпазирии заминаи истеҳсолию технологӣ нисбат ба офату садамаҳо баҳогузорӣ карда мешавад.

Бо тавсеаи ҳаҷми фаъолияти инвеститсионӣ ба соҳаи тандурустии кишвар проблемаи сари вақт иваз намудани биною иншооти кӯҳнаю фарсуда ва таҷҳизоти асосӣ баръало зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, ҳалли муҳими иқтисодӣ аз он иборат аст, ки дар соли 2012 аммортизатсияи воситаҳои асосӣ ҳамчун хароҷоти маблағгузоришаванда ҷорӣ карда шавад.

Аз соли 2016 сар карда, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳодиҳии техникию иқтисодии лоиҳаҳои хусусии инвеститсиониро на танҳо ба хотири риояи тартиби умумиқабулгардидаи ворид намудани онҳо ба номгӯйи давлатии сохтмон ва объектҳо, инчунин бо азми қисман фароҳам овардани кафолатҳои давлатӣ нисбат ба ӯҳдадориҳои кредитии инвесторони хусусӣ ба роҳ мемонад.

Инчунин ҷорӣ намудани механизми хусусигардонии объектҳои тандурустие, ки ғайрисамарабахш фаъолият менамоянд, дар назар дошта шудааст ва дар ин самт метавон муассисаҳои самти стоматологиро ба сифати мисол ёдовар шуд.

Ҳамзамон бо таҷдиди объектҳои тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятнок аз давра ба давра ҷиҳозонии муассисаҳо бо таҷҳизоти муосир иборат аст, ки имкон медиҳад бо истифода аз технологияҳои муосир усулҳои нави ташхис ва муолиҷа ҷорӣ карда шавад.

Дар марҳилаи якум бояд заминаи моддию техникии муассисаҳои пойтахт (сатҳи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ) беҳбуд бахшида шавад, зеро дар онҳо ҳолатҳо ва бемориҳои ташхис ва муолиҷаашон душвор муттамарказ гардидаанд.

Дар марҳилаи дуюм бояд таҷдиди заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустии сатҳи вилоятӣ анҷом дода шуда, дастрасии аҳолӣ ба ташхиси томографияи компютерӣ (магнитию резонансӣ), офталмодиагностикаи компютерӣ, истифодаи воситаҳои системаи фосилавии озмоишии ташхис ва машваратӣ (телетиб), маҷмӯи дастгоҳҳои реаниматсионӣ барои тифлони навзод, литотрипсия, иммунотибкунии хун ва дигар технологияи муосир таъмин карда шавад.

Дар марҳилаи сеюм Беморхонаи марказии ноҳиявӣ/Беморхонаи марказии шаҳрӣ бояд бо таҷҳизоте, ки барои татбиқи амалии дастурҳо оид ба амалияи клиникӣ заруранд, муҷаҳҳаз гардонида шаванд.

§ 4. Маблағгузории соҳаи тандурустӣ

Ислоҳоти тандурустӣ то кунун ба ҳалли ду проблемаи асосӣ нигаронида шуда буд:

- ҳиссаи ками маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷаи умумӣ ба сатҳи ниҳоят баланди хараҷоти аҳолӣ, ки дастрасиро ба хизматрасониҳои тиббӣ, аз ҷумла барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ маҳдуд менамояд;

- раванди кӯҳнашудаи ташаккул ва тақсими захираҳо якҷоякунии хавфҳоро барои таъмини баробарӣ маҳдуд сохта, вобаста бо сабабҳои нигоҳ доштани инфрасохтори нодаркор боиси таназзули самарабахшӣ мегардад ва барои гузаштан ба кӯмаки аз нигоҳи хароҷот судманди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мусоидат наменамояд.

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июли соли 2003 бо мақсади гузаронидани ислоҳоти системаи маблағгузории тандурустӣ гурӯҳи кории байнисоҳавӣ таъсис дода буд. Гурӯҳи корӣ алтернативаҳои имконпазири гузаронидани ислоҳотро баррасӣ намуда, барои татбиқи он тавсияҳо манзур дошт. Гурӯҳи корӣ ҳуҷҷати стратегиро таҳия кард, ки принсипҳои асосии ислоҳоти молиявиро барои солҳои 2005-2015 тавсиф менамояд. Стратегияи маблағгузорӣ барои солҳои 2005-2015 моҳи майи соли 2005 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, вазифаҳои зайлро дар бар мегирад: пай дар пай зиёд намудани маблағҳои давлатӣ барои маблағгузории тандурустӣ; якҷоякунии маблағҳои буҷетӣ барои системаи тандурустӣ; таъсиси сохтори институтсионалӣ тибқи системаи пардохткунандаи ягона дар соҳаи тандурустӣ; тағия ва татбиқи системаи нави пардохти фароҳамоварандагони хизматрасонии соҳаи тандурустӣ; баланд бардоштани музди меҳнати кормандони тиб; таҳлили проблемаҳои пардохтҳои ғайрирасмӣ дар системаи тандурустӣ ва ҷорӣ намудани ҳампардохти расмӣ барои фароҳам овардани хизматрасонӣ; беҳбуди системаи идоракунии тандурустӣ; рушди бахши хусусии таъминкунандагони хизматрасонии тиббӣ;

Барои татбиқи стратегияи солҳои 2005-2015 Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон се зергурӯҳи кориро таъсис дод:

- оид ба ҷорӣ намудани системаи маблағгузории сарикасии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ;

- ҷорӣ намудани системаи пардохт барои ҳар як ҳолати муолиҷа дар хадамоти бистарикунонӣ;

- таҳия ва ҷорӣ намудани барномаи кафолатҳои давлатӣ.

Дар солҳои охир гурӯҳҳои корӣ бомуваффақона заминаи қонунгузориро таҳия ва таҷдиди назар намуда, ба татбиқи як қатор ислоҳот шурӯъ намуданд.

Раванди ислоҳоти бахши тандурустиро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд. Донорҳо ва шарикон оид ба рушд, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, Бонки умумиҷаҳонӣ, ЮСАИД, Агенти Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, ТУТ ва Фонди Оғохон дар раванди ислоҳот фаъолона иштирок менамоянд.

Системаи маблағгузории тандурустӣ аз се функсияи асосӣ иборат аст: ҷамъоварии даромад, якҷоякунии маблағҳо ва хариди хизматрасонӣ. Ин се функсияҳои асосӣ тавассути сиёсат оид ба кафолатҳо ва ҳампардохти расмии муроҷиин дастгирӣ карда мешавад.

Фасли мазкури Стратегия барои солҳои 2010-2020 мақсади пешбурди стратегияи маблағгузориро барои тандурустӣ барои солҳои 2005-2015 тасдиқ намуда, доираи ислоҳоти маблағгузории тандурустиро дар Тоҷикистон тавсеа ва беҳбуд мебахшад. Фасли мазкур аз ҷонибдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи ҳатмии тиббӣ" соди 2008 мисоли он мебошад.

Мақсади ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз таҳияи системаи устувор ва ҳамгироишудаи маблағгузории тандурустӣ дар асоси ҳаҷми афзояндаи маблағгузорӣ, бо тақсимоти баробари захираҳо ва афзоиши самарабахшии системаи тандурустӣ ҷиҳати таъмини дастрасии универсалӣ дар доираи барномаи кафолатҳои давлатӣ, беҳбуди ҳимояи аҳолӣ, махсусан гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ аз хавфҳои молиявӣ, беҳбуди дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, истифодаи судманд ва оқилонаи захираҳои бахши тандурустӣ ва таъмини омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои беҳбуди сифати хизматрасониҳои тиббӣ иборат мебошад.

Вазифаҳои асосии Стратегия аз инҳо иборатанд:

- афзоиши ҳиссаи маблағгузории давлатӣ барои соҳаи тандурустӣ;

- таъмини дастрасии баробари аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ;

- давра ба давра баробар маблағгузорӣ намудани соҳаи тандурустӣ байни минтақаҳо;

- беҳбуди раванди ташаккули буҷет ва механизмҳои хариди хизматрасониҳои тиббӣ, аз ҷумла системаи нави вобаста ба натиҷаҳо дар доираи Барномаи кафолатҳои давлатӣ;

- баланд бардоштани музди меҳнати кормандони тибб ва таъмини маблағгузорӣ барои ноил гардидан ба дастрасии воситаҳои доруворӣ ва маводи тиббӣ дар муассисаҳои тандурустӣ;

- беҳбуди шаффофияти ҳампардохти аҳолӣ дар доираи Барномаи кафолатҳои давлатӣ;

- беҳбуди сифати хизматрасониҳои тиббӣ, самарабахшии корҳо ва мустақилияти фароҳамоварандагони хизматрасониҳои тиббӣ;

- дақиқ муайян ва инъикос кардани функсия, нақш ва муносибатҳои мутақобилаи ҳамаи субъектҳои/муассисаҳои соҳаи тандурустӣ.

1) Функсияи ҷамъоварии маблағҳо: зиёд намудани маблағгузории соҳаи тандурустӣ.

Соли 1996 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соли 1991 34 фоизро ташкил дод. Аз соли 1998 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба мушоҳида расида, аз соли 2000 инҷониб ба ҳар нафар аз 8 то 10 фоизро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нодортарин ба ҳисоб рафта, дар соли 2007 ба ҳар нафар аҳолӣ 518 доллари ШМА аз маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ рост омад. Ин омилҳо қобилияти давлатро ҷиҳати гузоштани саҳми дахлдор барои хароҷот ҷиҳати беҳбуди системаи тандурустӣ маҳдуд мегардонад.

Дар солҳои охир хароҷоти умумӣ барои соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш ёфт. Соли 2003 хароҷоти бахши тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 75 миллион доллари ШМА ё 12 доллари ШМА ба ҳар як нафар баробар буд. Дар соли 2007 хароҷоти умумии тандурустӣ то 245 млн. доллари ШМА ё 34 доллари ШМА ба ҳар нафар афзоиш ёфт. Аз соли 2003 то соли 2007 хароҷот барои соҳаи тандурустӣ нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 1,3 фоиз то 1,9 фоиз афзуд. Сарфи назар аз ин дар Тоҷикистон фоизи хароҷот нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ барои соҳаи тандурустӣ дар ҷаҳон яке аз пасттарин натиҷа ба ҳисоб меравад.

Маблағгузории тандурустӣ аз буҷети давлатӣ (буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ) дар муқоиса бо маблағгузории дигар соҳаҳои иҷтимоӣ мутаносибан камтар аст (дар соли 2008 ҳамагӣ 5,7 фоиз аз буҷети давлатӣ).

Дар натиҷа буҷети давлатие, ки барои маблағгузории соҳаи тандурустӣ ҷудо мегардад, танҳо 16 фоизи хароҷоти соҳаи тандурустиро мепӯшонад. Саҳми донорҳо дар маблағгузории умумии соҳаи тандурустӣ ба 14 фоиз баробар буда, ҳиссаи хонаводаҳо (аҳолӣ), бо дарназардошти хароҷот барои доруворӣ 70 фоизро ташкил медиҳад. Сарфи назар аз он, ки ҳампардохти аҳолӣ барои хизматрасониҳои тиббӣ дар доираи Барномаи кафолатҳои давлатӣ ташаккул ёфтааст (нигаред ба фасли Барномаи кафолатҳои давлатӣ), мунтазам афзоиш меёбад, то ин ки норасогиҳои молиявиро дар соҳаи тандурустӣ пурра намояд. Аксари чунин ҳампардохт бо тартиби ғайрирасмӣ, мустақиман аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ ҳамчун пардохт барои хизматрасонӣ ё фароҳам овардани маводи доруворӣ анҷом дода мешавад.

Ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ, ки дар аксари кишварҳои собиқ Шӯравӣ баррасӣ ва мавриди омӯзиш қарор гирифта буд, барои соҳаи тандурустии Тоҷикистон интихоби мураккаб ба ҳисоб меравад, махсусан бо назардошти он, ки соҳаи мазкур дар кишвар он қадар фарогир намебошад. Аммо, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи ҳатмии тиббӣ" аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 қабул карда шуд. Қонун мебоист аз моҳи январи соли 2010 дар амал татбиқ гардад, вале бо сабабҳои конъюктураи иҷтимоию иқтисодӣ ва сохторӣ татбиқи Қонун то соли 2015 ба таъхир гузошта шудааст. Ниҳоят муҳим аст, ки суғуртаи ҳатмии тиббӣ оҳиста-оҳиста ва оқилона, бо дарназардошти вазъ ва ҳамзамон бо ислоҳоти системаи маблағгузории тандурустӣ татбиқ карда шавад. Чорабиниҳои афзалиятнок оид ба суғуртаи ҳатмии тиббӣ нисбат ба ҳар кадом функсияи маблағгузории соҳаи тандурустӣ дохил карда шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди татбиқи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ оғоз гардид, ки дар соҳаи тандурустӣ аз соли 2008 инҷониб ба таври таҷрибавӣ татбиқ мегардад. Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ унсури асосии ислоҳоти идоракунии захираҳои молиявии ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад, зеро он беҳбуди интизоми ба ҳам пайвасти (агрегатсияшудаи) молиявӣ ва босуботи тақсими самарабахши захираҳои молиявӣ, самарабахшии амалиёт ва шаффофиятро дастгирӣ менамояд. Имрӯзҳо аллакай дастовардҳои назаррас ба мушоҳида мегардад, ки он ташаккули сохтори барномаи буҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи вариантҳои пешакии барномаҳои вобаста ба индикаторҳои самарабахшӣ, беҳбуди раванди банақшагирии умумии буҷетро, ки дар сатҳи Ҳукумат оғоз гардида, минбаъд дар вазоратҳои дахлдор идома меёбад, фаро мегирад. Вазифаи аввалиндараҷаи барномаи миёнамӯҳлати хароҷот аз тағйир додани системаи банақшагирии буҷетии аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ боқимонда иборат аст, ки ба хароҷот ва зиёд намудани буҷет барои системаи банақшагирии буҷет, самарабахшӣ ва натиҷа нигаронида шуда буд. Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ тавассути беҳбуди ояндабинӣ, ташаккул, пешбинишаванда будани он ва идоракунии буҷети тандурустӣ ба бахши тандурустӣ таъсири мусбӣ мерасонад; инчунин алоқаи мутақобила байни Стратегияи миллии тандурустӣ ва афзалиятҳои тандурустиро бо буҷети тандурустӣ ва воридоти воситаҳои пулӣ имконпазир мегардонад.

Чорабиниҳои афзалиятнок:

- афзоиши муттасили буҷети тандурустӣ мутаносибан ба афзоиши фоизҳои хароҷоти умумии давлатӣ. Таҳияи нақшаи мушаххас бо рақамҳои қаблан муайянгардида. Афзоиши хароҷот ба соҳаи тандурустӣ барои шарикон оид ба рушд шарт ё индикатори сармоягузории Стратегияи тандурустӣ хоҳад буд.

- гузаронидани таҳлили ҳисобномаҳои миллии тандурустӣ дар асоси ҳамкориҳои солҳои 2009-2010 байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (раёсати маблағгузорӣ ва Шӯъбаи таҳлили сиёсати тандурустӣ), Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида барои мақсадҳои нишон додани манбаъ ва истифодаи воситаҳои молиявӣ дар соҳаи тандурустӣ ва гузаронидани дигар таҳқиқот барои қабули қарорҳои иттилоотӣ дар сиёсати тандурустӣ;

- тақвияти Барномаи банақшагирии миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ ҳамчун восита барои банақшагирии буҷети тандурустӣ;

- гузаронидани мониторинги иҷрои буҷет ҷиҳати таъмини ҳаракати пешбинишаванда ва муттасили маблағҳо ба таъминкунандаҳо;

- таҳлили сенарияи ҷамъоварии эҳтимолии маблағҳо ҳамчун як қисми таъсиси нақшаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ;

- барои маблағгузории хусусӣ тавассути суғуртаи ихтиёрии тиббӣ, ҳамзамон бо рушди он бояд қолиби танзимкунанда таҳия гардад, зеро дар даҳсолаи наздик саҳмҳои хусусӣ ба соҳаи тандурустӣ ҳамчун манбаи асосии маблағгузорӣ боқӣ мемонад;

- муайян намудани нақш ва ҳамкории муштараки тарафҳои манфиатдор дар соҳаи тандурустӣ ҷиҳати беҳбуди ояндабинӣ, ҷамъоварӣ ва иҷрои буҷети соҳаи тандурустӣ аз манбаъҳои мухталиф;

- барои иҷрои муваффақонаи Стратегия зарурати таҳияи модели дастгирии шарикон оид ба рушд дар соҳаи тандурустӣ, бо мақсади ҷорӣ намудани муносибати бисёрсоҳавӣ дар Тоҷикистон ба миён меояд. Донорҳо асосан дар самти лоиҳавию самтбахшӣ фаъолият карда, метавонистанд оҳиста - оҳиста ба модели ба ҳам пайвастаи кӯмаки қисман аз нигоҳи лоиҳавӣ асоснокшуда ва воридоти мустақими маблағ ба буҷети давлатӣ, бо таъинот ба соҳаи тандурустӣ ва системаи ҷудо намудани маблағ вобаста ба натиҷа гузаранд.

2) Функсияи якҷоякунии маблағ: беҳбуди якҷоякунии захираҳо.

Якҷоякунии захираҳо барои якҷоя намудани буҷетҳои тандурустӣ шароит фароҳам меорад (дар сатҳҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва маҳаллӣ). Якҷоякунии захираҳо барои таъмини дастрасӣ, баробарӣ ва ҳимоя аз хавфҳои молиявӣ зарур мебошад; он имкон медиҳад захираҳо байни тамоми аҳолии кишвар боадолатона тақсим карда шавад. Якҷоякунии маблағҳо барои ҷорӣ намудани системаи нави пардохт заминаи асосӣ ба ҳисоб меравад, ки он дар навбати худ таҷдиди сохтори системаи тандурустӣ, афзоиши самарабахшӣ ва ба аҳолӣ фароҳам овардани шароити интихобро дастгирӣ менамояд, то андозае муҳити рақобатро ба миён орад.

Айни замон, фарқияти назарраси маблағгузорӣ дар дохили вилоят (байни ноҳияҳо) ва байни вилоятҳо ба мушоҳида мерасад. Мисол, дар вилояти Хатлон дар соли 2009 фарқияти маблағгузории тандурустӣ барои як нафар ба 12-51 сомонӣ баробар буд. Ба ғайр аз ин системаи кунунии маблағгузории тандурустӣ дар Тоҷикистон фрагментатсия шудааст, яъне системаи тандурустӣ, тибқи сатҳҳои мухталиф: ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ маблағгузорӣ ва идора карда мешавад. Маъмулан ин сабаби такрори корҳо дар система буда, мутаносибан боиси ташаккули нерӯи изофагӣ, самарабахшии пасти фаъолият мегардад ва ба буҷети тандурустӣ таъсир мерасонад.

Мутобиқи Стратегияи маблағгузории тандурустӣ барои солҳои 2005-2015 якҷоякунии буҷети маҳаллӣ барои маблағгузории тандурустӣ бояд на камтар аз сатҳи вилоят сурат гирад. Стратегияи миллӣ маҳз ҳамин мақсадҳоро оид ба якҷоякунии маблағҳо ба роҳбарӣ мегирад.

Дар панҷ соли охир муҳокимаи васеи сиёсӣ оид ба масъалаи чӣ тавр дар сатҳи вилоят муттамарказ гардонидани захираҳо сурат мегирифт. Аммо, ин муҳокимарониҳо камсамар буда, ҳоло низ якҷоякунӣ ва муттаҳидгардонии захираҳо дар сатҳи вилоят анҷом дода намешавад. Маблағгузории сарикасии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ тавассути якҷоякунии маблағҳо дар сатҳи ноҳиявӣ ҷорӣ мегардад. Ин иқдоми нахустин ва муваффақонаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ин, вобаста ба пешрафти татбиқи ислоҳот, фарқияти калон байни буҷети ноҳияҳо монеаи зиёд пеш меорад. Барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати минбаъд низ паҳн намудани маблағтузории сарикасӣ барои КАТС таҳияи механизми якҷоякунии маблағҳо дар сатҳи вилоят ё механизми тақсими баробар байни ноҳияҳо тақозо мегардад. Ҳангоме, ки якҷоякунии маблағҳо дар сатҳи ноҳия бо механизмҳои тақсими баробар байни ноҳияҳо барои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ варианти ҳаётан муҳим ба ҳисоб меравад, якҷоякунии маблағҳо дар сатҳи вилоят барои ворид намудани тағйирот дар бахши бистарикунонӣ шарти зарурӣ мебошад.

Дар раванди таҳияи Стратегияи мазкур гурӯҳи корӣ якчанд варианти махсусгардонидашудаи якҷоякунии маблағҳо ё муттаҳидгардонии онро дар сатҳи вилоят таҳия намуд. Модели мазкур аз инҳо иборат аст:

- сохтори ғайримуттамаркази даромадҳо (буҷетӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сатҳҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ иборат буда, бояд дар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиротҳо дараварда шаванд;

- раёсати тандурустии вилоят барои таҳия ва иҷрои буҷети вилоят масъулиятро ба зимма дорад (вобаста ба ҳамаи ноҳияҳо). Рақамҳои назоратии дар сатҳи вилоят тасдиқгардида метавонад барои ҳисоби меъёри ягонаи пардохти хизмати таъминкунандаҳо барои ҳамаи ноҳияҳо истифода бурда шавад. Дар амал меъёри ягонаи пардохти хизмати таъминкунандаҳо аз якҷоякунии вертуалии воситаҳо иборат буда, метавонад аз ҷониби раёсати тандурустии вилоят, ки ҳамчун харидори хизматрасонӣ баромад мекунад, муайян ва маъмурӣ гардонида шавад;

- кӯмакҳои молиявии бебозгашт аз сатҳи буҷети ҷумҳуриявӣ метавонад ба буҷетҳои сатҳи вилоятӣ ҷудо карда шаванд. Ин маблағҳо тибқи меъёрҳои муқарраргардидаи маблағгузории сарикасӣ дар байни ноҳияҳои вилоят истифода бурда шаванд.

Бо мурури замон афзоиши ҳиссаи маблағгузории давлатии тандурустӣ ва якҷоякунии маблағҳо дар сатҳи вилоятӣ дар маҷмӯъ боиси коҳиш додани нобаробарӣ ва ҳимоя аз хавфи молиявӣ барои аҳолӣ мегардад. Бо вуҷуди ин, бо дарназардошти он, ки ҳоло 70 фоизи маблағгузории тандурустӣ ба пардохтҳои хусусии аҳолӣ рост меояд, ҷиҳати ҳифзи назарраси аҳолӣ аз хавфи молиявӣ бояд роҳи тӯлониро тай намуд. Дар дурнамои кӯтоҳмӯҳлат маблағгузории ҷомеавӣ ё якҷоякунӣ дар сатҳи ҷамоат метавонад дар беҳбуди муҳофизат аз хавфи молиявӣ саҳм гузорад, махсусан агар дар доираи Барномаи кафолатҳои давлатӣ таҳия шуда бошад. Ҷорӣ намудани маблағгузории ҷомеавӣ берун аз доираи Барномаи кафолатҳои давлатӣ хатари онро, ки ҷомеаҳои осебпазир аз ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ фоида намебинанд ва бо мурури замон боз ҳам осебпазир мегарданд, зиёд менамояд. Маблағгузории ҷомеавӣ, ки ба кам кардани хатари инфиродии молиявӣ ҳангоми ҳампардохти расмӣ дар доираи Барномаи кафолатҳои давлатӣ ё дигар хизматрасониҳои пулакӣ мусоидат менамояд, метавонад хавфи молиявиро дар дурнамои кӯтоҳмӯҳлат камтар кунад, инчунин ба ҷамоат имкон медиҳад аз беҳбуди маблағгузории тандурустӣ дар дурнамои дарозмӯҳлат фоида ба даст орад, зеро буҷети тандурустӣ афзоиш меёбад ва андозаи ҳампардохт камтар мегардад.

Стратегияи мавҷуда бо фаъолона ҷорӣ намудани Стратегияи маблағгузории тандурустӣ дар давраҳои солҳои 2005-2015 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғурати ҳатмии тиббӣ" (соли 2008) ҳамоҳанг мебошад, зеро онҳо таъсиси системаи ягонаи пардохтро дар Тоҷикистон пешбинӣ менамоянд.

Ворид намудани буҷетикунонии барномаҳо ба ҷорӣ намудани Барномаи миёнамӯҳлати хароҷот робитаи муштарак байни сиёсати соҳаи тандурустӣ, нақша ва барномаҳо, аз ҷумла Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо таҳияи буҷет ва тақсими воситаҳо имконпазир мегардонад. Мутобиқи дастурҳо нисбат ба буҷети соли 2010 вазоратҳои қаторӣ низ бояд натиҷаҳои асосии барномаҳои буҷетии худро муайян намоянд.

Чорабиниҳои афзалиятнок:

- якҷоякунии маблағҳо ё муттаҳидсозии буҷети тандурустӣ дар сатҳи вилоят;

- беҳбуди ташаккули буҷет, аз ҷумла пешбурди буҷетикунонии барномавӣ барои тандурустӣ;

- гузаронидани таҳқиқоти расмиёти амалиётӣ оид ба мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла мониторинги баробаркунонии ҷуғрофии тақсими маблағҳо;

- омӯзиши ҷорӣ намудани пешомадҳои маблағгузории ҷомеавӣ дар доираи ислоҳоти умумии маблағгузорӣ ва Барномаи кафолатҳои давлатӣ;

- таҳлили сенарияҳои рушди нақшаи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, ки ба якҷоякунии маблағҳо дар сатҳи вилоят асос ёфтааст;

- агар якҷоякунии маблағ дар сатҳи вилоятӣ ва субвенсия дар сатҳи миллӣ тақсими баробари захираҳои буҷети тандурустиро барои тамоми аҳолӣ таъмин нанамояд (мутобиқи формулаи пардохт), бояд масъалаи якҷоякунии дар сатҳи миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирад.

3) Функсияи хариди хизматрасониҳои соҳаи тандурустӣ: ҷорӣ намудани системаи ягонаи харидкунанда дар сатҳи вилоят.

Харидории хизматрасонӣ якҷоякунии маблағҳоро маъмурӣ мегардонад (буҷети муттаҳидкардашудаи тандурустӣ) ва механизми хариди хизматрасониҳои тиббиро ҷорӣ менамояд. Стратегияи маблағгузорӣ барои солҳои 2005-2015 раёсати иқтисод ва банақшагирии молияи идораи вилоятии тандурустӣ ё шӯъбаи молияи идораи вилоятии тандурустиро ба сифати харидкунандаи хизматрасонӣ муайян мекунад. Стратегияи миллӣ низ фарзияи муҳими мазкур ё қарори стратегиро барои соҳаи тандурустӣ нигоҳ медорад.

Дар панҷ соли охир механизми хариди хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла системаи нави пардохт барои натиҷаҳо ва ҷорӣ намудани Барномаи кафолатҳои давлатӣ дар сатҳи таҷриба дар ноҳияҳои интихобгардида муваффақона инкишоф ёфт. Аммо ин навоварӣ тавассути институтҳои мавҷуда, бидуни дақиқ муайян намудани нақш, бо дастгирии васеи донорҳо ва лоиҳаҳо таҳия ва татбиқ мегардад. Муваффақияти мазкурро наметавон бе таъсиси институтҳои нав ё муайян намудани харидории хизматрасонӣ аз ҳисоби институтҳои мавҷуда, бо таъмини онҳо бо системаҳои иттилоотӣ ва нерӯи инсонии тақозошаванда босубот арзёбӣ намуд.

Дар доираи самте, ки бо рушди минбаъдаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҳамгироӣ мешавад, харидкунандаи хизматрасонии тандурустӣ дар сатҳи вилоят маблағҳоро аз манбаъҳои гуногун муттамарказ гардонида, хизматрасони аккредитатсияшудаи давлатӣ ё хусусиро кироя мегирад.

Дар тӯли соли охир, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси шӯъба/бахшҳои ноҳиявии тандурустӣ муколама доир намуд. Нақши шӯъба/бахшҳои ноҳиявии тандурустӣ аз назорати сифат ва ҳаҷми хизматрасонӣ иборат аст. Шӯъба/бахшҳои ноҳиявӣ дорандаи фондҳо намебошад ва функсияи якҷоякунии маблағ ё харидро анҷом намедиҳад. Дар ҷараёни муколама Вазорати тандурустӣ ва шарикон оид ба рушд ба мувофиқа расиданд: шӯъбаҳои ноҳиявии тандурустӣ таъсис ёфтанд, онҳо функсияи харидкунандаи хизматрасониро иҷро намекунанд, ба сохтори калонҳаҷм табдил намеёбанд, то ин ки моддаҳои маъмулии буҷетро зиёд накунанд ё воситаҳои хароҷоти барои муолиҷаи беморон ё пешбурди барномаҳои тандурустӣ мустақиман пешбинишударо ихтисор нанамоянд.

Чорабиниҳои афзалиятнок:

- таъсис додани хариди хизматрасонӣ дар идораи молия ва дурнамои иқтисодии раёсати вилоятии тандурустӣ;

- таҳия ва татбиқи нақша барои таъсиси системаҳои умумӣ ва нерӯи инсонӣ дар идораи молия ва дурнамои иқтисодии раёсати вилоятии тандурустӣ;

- таҳияи механизм ва нерӯ дар раёсати молия ва банақшагирии иқтисодӣ барои функсияҳои хоси харидори хизматрасонӣ, аз ҷумла таҳияи буҷет, ҳисоби тарифи ягонаи системаи пардохти фароҳамоварандаи хизматрасонӣ, коркард ва тасдиқи ҳисоботи таъминкунандаҳо. Дар назар дошта шудааст, ки маблағҳои буҷети тандурустӣ тавассути системаи хазинадорӣ сурат гирифта, вале идораи молия ва дурнамои иқтисодии раёсати вилоятии тандурустӣ ҳамчун харидкунандаи хизматрасонӣ бояд дар маблағгузорӣ ва маъмуригардонии барномаҳои тандурустӣ нақши муҳим дошта бошад, то ин ки мутобиқати афзалиятҳои тандурустиро бо маблағгузории тандурустӣ таъмин намояд;

- муайян намудани нақш ва таҳияи самти ҳамкориҳои мутақобила байни ҳамаи шахсони манфиатдор ва ташкилотҳо дар соҳаи маблағгузории тандурустӣ, аз ҷумла Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои вилоятии тандурустӣ, шӯъбаҳои/бахшҳои тандурустии ноҳиявӣ, Системаи хазинадорӣ ва фароҳамоварандагони хизматрасониҳои тиббӣ.

4) Функсияи хариди хизматрасониҳои тандурустӣ: беҳбуди тақсими захираҳо.

Иловатан ба сатҳи пасти маблағгузорӣ раванди ҷории таҳияи буҷети тандурустӣ ва тақсими захираҳо ба беҳбуди баробарӣ, дастрасӣ, самарабахшӣ ва сифати бахши тандурустӣ монеа эҷод мекунад. Азбаски дар дурнамои наздик афзоиши назарраси маблағгузории соҳаи тандурустӣ ба мушоҳида намерасад, ислоҳоти раванди таҳияи буҷет ва тақсими захираҳо барои беҳбуди фаъолияти системаи маблағгузорӣ интихоби ҳаётан муҳим ба ҳисоб меравад. Дар асл, ҳаддалимкон судманд истифода бурдани буҷети маҳдуди тандурустӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Тақсими захираҳо ба тақсимкунандагони хизматрасониҳои тиббӣ тибқи принсипҳои маъмулии буҷетӣ (буҷети модда ба модда) сурат мегирад, яъне буҷет байни муассисаҳо на бо дарназардошти ҳаҷми хизматрасониҳо ё миқдори аҳолии фарогирифта, балки вобаста ба инфрасохтор ё нишондиҳандаҳои муайян, бо дарназардошти теъдоди кат ё шумораи штатӣ ҷудо карда мешавад. Буҷет бояд танҳо модда ба модда истифода бурда шавад. Барои гузаронидани маблағ аз як модда ба моддаи дигар, ҳатто барои тақсимӣ на он қадар назарраси буҷет, бояд аз иҷозатгирии тӯлонӣ гузашт. Моддаҳои ҳифзшуда, ба монанди музди меҳнат ва хизматрасонии коммуналӣ набояд тағйир дода шаванд. Ин чунин маъно дорад, ки муассисаҳои тандурустӣ барои беҳбуд бахшидани тақсимоти дохилии захираҳо ҳавасманд нестанд ё чунин мёханизм вуҷуд надорад.

Вазифаи беҳбудиҳои дар системаи хариди хизматрасонии тиббӣ ҷоришаванда аз он иборат аст, ки гузариш аз раванди меъёрии таҳияи буҷет ба системаи пардохти таъминкунандаҳо барои натиҷаҳо таъмин гардад, аз ҷумла системаи пардохти сарикасӣ барои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва системаи пардохт барои ҳар як ҳолати муолиҷа барои бахши бистарикунонӣ бо мақсади беҳбуди баробарӣ ва самарабахшии системаи тандурустӣ.

Механизмҳои мазкури харид барои таҷдиди сохтор, муносибгардонӣ ва беҳбуди самарабахшии шабакаҳои таъминкунандагони хизматрасонӣ омилҳои ҳавасмандгардонии молиявиро муҳайё месозад (ин ҷо динамикаи мастер-нақшаи таҳияшаванда оид ба таҷдиди сохтор таъкид карда мешавад). Механизмҳои мазкур барои зиёд намудани музди меҳнат дар доираи стратегияи захираҳои инсонӣ кӯмак намуда, имкон медиҳанд ислоҳоти умумии музди меҳнат дар иқтисодиёт анҷом дода шавад.

Аз соли 2005 системаи маблағгузории сарикасии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ гардид. Дар марҳилаи аввал системаи маблағгузории сарикасии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ танҳо хароҷоти тағйирёбандаро фаро гирифта, чунин татбиқ гардид:

- татбиқи таҷрибавии аввалин дар ноҳияҳои Данғара ва Варзоб;

- дар соли 2007 системаи такмилёфтаи маблағгузории сарикасии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бо фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, дар 15 ноҳия татбиқ карда шуд;

- системаи маблағгузории сарикасӣ, ки соли 2008 дар 15 ноҳия густариш ёфт, якҷоякунии маблағҳоро дар сатҳи ноҳиявӣ, бо ҷудо намудани тақрибан 40 фоизи буҷети ноҳиявии тандурустӣ барои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар бар гирифт. Таъсиси мавқеи нави Менеҷери шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, таҳияи сметаи алоҳидаи хароҷот барои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, ташаккули буҷет барои хароҷоти тағйирёбанда дар асоси сарикасӣ, тибқи формулае, ки аз се параметр бармеояд: буҷети тандурустии ноҳия, теъдоди аҳолии ноҳия ва коэффисиенти ҷинсию синну солӣ;

- соли 2009 вазоратҳои тандурустӣ ва молия оид ба системаи пардохти сарикасӣ барои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ фармони нав бароварданд. Ин фармон муҳосибаи КАТС, захираҳои инсонӣ ва воситаҳои асосиро аз ҳам ҷудо намуд;

- соли 2009 системаи маблағгузории сарикасии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ тавсеа ёфта, ҳамаи 44 ноҳияи вилоятҳои Хатлон ва Суғд, 3 ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ ва як ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро фаро гирифт. Он аз 1 апрели соли 2009 ҷорӣ гардид;

- минбаъд сатҳи пардохти сарикасӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз ҷониби Раёсати тандурустии вилоят дар сатҳи вилоят муайян карда мешавад. Маблағҳои пардохти сарикасиро Раёсати тандурустии вилоят байни хизматрасонҳои барои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ кироя гирифташуда, бо дарназардошти теъдоди аҳолие, ки таҳти хизматрасонии таъмикунандагон дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ қарор доранд, тақсим менамояд;

- аз нимсолаи дуюми соли 2010 Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеаи ҷадвали таҷрибавии пардохти сарикасиро ба нақша гирифтааст. Иловатан дар як ноҳияи таҷрибавӣ механизмҳои маблағгузории сарикасӣ барои ҳамаи хароҷоти онҳо истифода бурда мешавад;

- ҷорӣ намудани системаи пардохт барои ҳар як ҳолати муолиҷа дад бахши бистарикунонӣ;

- якҷоякуни маблағҳо дар сатҳи вилоятӣ ва таъсиси институти харидкунандаи хизматрасониҳои тиббӣ оғози ҷорӣ намудани системаи пардохт барои ҳар як ҳолати муолиҷа мебошад.

Дигар хизматрасониҳо ва вазифаҳои тандурустӣ.

Ислоҳоти ҷории хариди хизматрасониҳои тиббӣ ба хизматрасониҳои инфиродии тиббӣ асосан дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва бахши бистарикунонӣ дахл дорад. Ҷиҳати беҳбуди хариди хизматрасонии тиббӣ барои дигар хизматрасониҳо ва вазифаҳои тандурустӣ, аз ҷумла тандурустии ҷамъиятӣ, системаи амудии ҳифз аз бемориҳои сироятӣ, таҳсилоти тиббӣ ва инвеститсияҳои асосӣ ҳанӯз ташаббус зоҳир нагардидааст.

Ҳангоми ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҳамаи маблағҳо оид ба якҷоякунӣ ва харид ҷиҳати таъмини Барномаи ягонаи кафолатҳои давлатӣ барои ҳамаи шаҳрвандон бояд дорои ченаки ягона бошанд ва шаклҳои нави маблағгузориро ҳамчун натиҷаи ислоҳот барои беҳбуди баробарӣ ва самарабахшӣ истифода баранд.

Чорабиниҳои афзалиятнок:

- мунтазам таҳия намудани стратегая ва мониторинги ҷорӣ намудани системаи пардохти хизматрасонҳо ва дигар механизми харид мутобиқи сохтор ва кафолатҳои барномаи кафолатҳои давлатӣ;

- то ба охир расонидани татбиқи миллии маблағгузории сарикасии КАТС (хароҷоти ивазшаванда);

- таҳияи дизайн, ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ ва паҳн намудани системаи пардохти сарикасӣ барои КАТС (ҳамаи моддаҳо, аз ҷумла музди меҳнат), мунтазам такмил додани система;

- алоқаманд намудани ҳавасмандгардонии нави молиявӣ ва беҳбудбахшӣ дар сохтори КАТС, банақшагирӣ ва идоракунии захираҳои инсонӣ, хизматрасониҳо, системаи пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ ва ҳамгироӣ бо барномаҳои амудӣ дар кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ;

- ҷорӣ намудан, тавсеа ва такмили мунтазами системаи пардохт барои ҳар як ҳолати муолиҷа;

- ошкор намудан ва ҳалли проблемаҳои ташаккули буҷет ва ҳаракати воситаҳо, ки ҷорӣ намудани системаи пардохти хизматрасониро вобаста ба натиҷа мушкил мегардонад;

- ҷорӣ намудан, тавсеа ва такмили мунтазами системаҳои нави пардохт барои дигар хизматрасониҳои инфиродӣ, аз ҷумла кӯмаки бетаъхир ва кӯмаки амбулатории махсусгардонидашуда;

- таҳияи механизми пардохт ҷиҳати пешбурди тарзи ҳаёти солим, ворид намудани омилҳои ҳавасмандгардонӣ ҷиҳати пешбурди тарзи ҳаёти солим ба системаи пардохти хизматрасонҳо;

- таҳияи механизми пардохт барои хизматрасониҳои гаронарзиши тиббӣ дар сатҳи сеюм;

- такмили системаи харид ва маблағгузории воситаҳои доруворӣ, аз ҷумла доруворӣ барои беморони амбулаторӣ;

- дар таҷриба истифода бурдан, баҳодиҳӣ ва паҳн намудани тағйирот оид ба пардохт барои фаъолияти самарабахш дар системаи пардохти хизматрасонҳо;

- таҳияи механизмҳои меъёрӣ барои бастани қарордод бо фароҳамоварандагони хусусии хизматрасониҳои тиббӣ.

Сиҳатии омма, бемориҳои сироятӣ, дигар хизматрасонӣ ва вазифаҳо:

- татбиқ, паҳн намудан ва такмили мунтазами системаҳои нави пардохт барои барномаҳои амудӣ, аз ҷумла сил ва ВНМО. Системаҳои нави пардохт бояд омилҳои молиявии ҳавасмандгардониро ҷиҳати ҳамгироии минбаъдаи барномаҳои амудӣ бо системаи умумии тандурустӣ фаро гирад;

- татбиқ, паҳн намудан ва такмили мунтазами системаи нави пардохт барои хизматрасониҳо дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ, аз ҷумла Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва таҳсилоти тиббӣ;

- беҳбуди механизмҳо барои сармоягузории асосӣ ва нигаҳдошти активҳои сармоявӣ.

Чорабиниҳои маҷмӯи ва дастгирикунанда:

- таҳкими низоми системаи иттилоотии тандурустӣ, истифодаи системаи нави пардохти хизматрасониҳо;

- ба ҳам пайвастани системаи пардохти хизматрасонҳо бо механизми таъмини сифат.

Шӯъбаи таҳлили сиёсати тандурустӣ дар мавзӯи он, ки чӣ тарз системаҳои алоҳидаи пардохти таъминкунандаҳо ба сифати иҷрои системаҳо таъсир мерасонад, таҳқиқот мегузаронад.

5) Функсияи хариди хизматрасониҳои тандурустӣ, пешомад: мухторияти таъминкунандаҳо ва беҳбуди нерӯи идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ.

Бо мақсади ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташудаи вазифаи хариди хизматрасониҳои тандурустӣ ва ноил шудан ба самарабахшии системаи нави пардохти хизматрасонҳо дар асоси натиҷаҳо бояд нерӯи идоракунанда ва мустақилияти таъминкунандагони хизматрасониҳои тиббӣ афзун гардонида шавад. Мисол, системаи пардохт барои ҳар як ҳолати муолиҷа дар назар дорад, ки ба роҳбари беморхона ҷиҳати таҷдиди сохтори беморхона ва идоракунии буҷет, аз ҷумла муттаҳидсозии буҷети тандурустӣ, инчунин маблағҳои аз ҳампардохти расмӣ барои ҳамаи ҳолатҳо воридгардида мухторияти бештар фароҳам гардад, то ин ки буҷети умумии беморхона таҳия карда шавад. Хусусан ба фароҳамоварандагони хизматрасонӣ ҳуқуқ дода шавад, ки воситаҳоро аз як модда ба моддаи дигари буҷет гузаронанд, то ин ки беҳбуди самарабахшии дохилӣ ва қонеъгардонии афзалиятҳо ҳангоми хизматрасонӣ таъмин гардад.

То ҳанӯз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд ҷиҳати таҳияи бизнес-нақшаҳо барои муассисаҳои КАТС дар доираи системаи нави пардохти сарикасии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таълими маҳдуди идоракунии тандурустӣ чорабиниҳо доир намуда истодаанд.

Чорабиниҳои афзалиятнок:

- таҳияи заминаи қонунгузорию меъёрӣ барои таъмини мухторияти таъминкунандагони хизматрасонӣ ва татбиқи он;

- таҳияи заминаи қонунгузорию меъёрӣ барои рушди бахши хусусӣ ва татбиқи он;

- дастгирии густариши бизнес-банақшагирӣ барои таъминкунандагон;

- дастгирии беҳбуди системаи молиявӣ ва иттилоотӣ;

- мунтазам беҳбуд бахшидани идоракунии тандурустӣ тавассути омӯзонидан, тақвияти нерӯ ва такмили системаи идоракунӣ дар сатҳи таъминкунандагони хизматрасонии тиббӣ;

- таъсиси магистратура оид ба идоракунии тандурустӣ;

- ҳамоҳангсозӣ ва муносибгардонии ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ бо идоракунии давлатии (ҷамъиятии) молия, аз ҷумла беҳбуди доимӣ дар системаи хазинадорӣ;

- такмили нерӯи харидкунандагон ва таъминкунандагони хизматрасонии тандурустӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибавӣ, системаи идоракунии молиявӣ ва ҳисоботдиҳӣ, баланд бардоштани нерӯи дохилӣ ва берунии аудит, назорати дохилӣ ва ғайра.

6) Кафолатҳои мизоҷон: такмили Барномаи кафолатҳои давлатӣ.

Маблағгузории тандурустӣ бо роҳи ҷамъоварии воситаҳо, якҷоякунии маблағ ва хариди хизматрасонӣ василае мебошад, ки онро Ҳукумат ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд барои таъмини кафолатҳо ҷиҳати фароҳам овардани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи Барномаи кафолатҳои давлатӣ истифода баранд. Аммо татбиқи пурраи Барномаи кафолатҳои давлатӣ, инчунин тавзеҳи дақиқ ва воқеии Барномаи кафолатҳои давлатӣ, аз ҷумла ҳампардохти расмии аҳолиро тақозо менамояд.

Райъпурсӣ, ки соли 2003 доир гардид, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани хизматрасониҳои ройгон (моддаи 38) тағйирот ворид намуд, ки ба муассисаҳои тандурустӣ имкон медиҳад ба аҳолӣ хизматрасонии пулакӣ расонанд. То инҷониб дар раванди ислоҳоти тандурустӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани хизматрасониҳои ройгон аз ҳисоби воситаҳои мавҷуда ва қонунигардонии пардохти ғайрирасмии аҳолӣ тадбирҳои муҳим андешида шуд.

Аз соли 2004 сар карда, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи кафолати давлатиро таҳия менамояд ва беҳбуд мебахшад. Сохтори Барномаи кафолатҳои давлатӣ ҳафт категорияро ҷонибдорӣ мекунад, ки намудҳои хизматрасониҳои тиббиро муайян менамоянд: кӯмаки бетаъхир ва оҷили тиббӣ, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, хизматрасониҳои махсусгардонидашудаи амбулаторӣ, воситаҳои доруворӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, хизматрасониҳои бистарикунонӣ, хизматрасониҳои стоматологӣ, хизматрасониҳо оид ба санитария ва гигиена. Барномаи кафолатҳои давлатӣ номгӯи хизматрасонии кафолатноки тиббиро, ки ройгон фароҳам оварда мешавад, инчунин номгӯи хизматрасониҳои иловагиро, ки қисман ё пурра аз ҷониби муроҷиин пардохта мешавад, муайян менамояд. Барномаи кафолатдодашуда хизматрасониҳои заминавиро дар бар мегирад, ки дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ фароҳам оварда мешавад, аз ҷумла хизматрасониҳои профилактикӣ, ки ба тамоми аҳолӣ ройгон расонида мешавад. То имрӯз Барномаи кафолати давлатӣ дар 8 ноҳияи таҷрибавӣ татбиқ мегардад.

Дар моҳи декабри соли 2008 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори №600 оид ба хизматрасонии тиббии пулакӣ дар асоси нархномаро қабул намуд. Нақшаи чорабиниҳо баъд аз баромадани қарор байни намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳамкорон оид ба рушд мавриди муҳокимаи васеъ қарор гирифта ба қарордоди соддасозии нархнома то 12 гурӯҳ оид ба ҳампардохткунӣ ва ворид намудани нархномаи мазкур ба Барномаи кафолатҳои давлатӣ ноил шуданд. Категорияҳои ҳампардохти расмии аҳолӣ, тахминӣ мешаванд, ки теъдоди ками гурӯҳбандиҳои ҳампардохткунии содда ва дақиқро дарбар мегирад. Муносибати умумӣ ба ҳампардохткунии расмӣтадриҷан маттаҳидкунии ҳамаи хараҷотҳои аҳолӣ ба як гурӯҳи хампардохти расмӣ, ки хизматрасониҳоро гурӯҳбанди менамояд ва муайян мебошад, ки шаҳрвандон донанд, ки чӣ гуна маблағро пардохт намоянд, ба кӣ ва барои чӣ,

Дар сатҳи хизматрасониҳои бистарикунонӣ нақшаи тағйирёбандаи ҳампардохти расмӣ истифода бурда мешавад. Соли 2009 Барномаи кафолати давлатӣ 10 категорияи ҳампардохти расмиро дарбар мегирифт. Ба гурӯҳҳои имтиёзноки аҳолӣ низ барои намудҳои муайяни воситаҳои доруворӣ тахфиф кафолат дода шудааст. Барномаи кафолатҳои давлатӣ, инчунин механизмҳои баланд бардоштани самаранокиро ҳангоми тақсими захираҳо фаро мегирад. Мисол, Барномаи кафолатҳои давлатӣ муроҷиати аввалинро ба муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ҳавасманд мегардонад - мавҷудияти номаи ирсол аз духтури кӯмаки ибтидоӣ (духтури оилавӣ) барои хизматрасонии ройгони тиббӣ ба муроҷиин ҳуқуқ медиҳад ё ҳангоми мавҷудияти номаи ирсоли мутахассис ё беморхона пардохти ками ҳаққи хизматрасониро пешбинӣ менамояд.

Дар соли 2011 Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон азм дорад доираи Барномаи кафолатҳои давлатиро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, иловатан ба таҷрибаи дар дигар ноҳияҳо татбиқшаванда, тавсеа бахшад.

Ҳангоми ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ вазифаи аввалиндараҷа бояд аз кам кардани андозаи ҳампардохт дар доираи Барномаи кафолатҳои давлатӣ иборат бошад.

Чорабиниҳои афзалиятнок:

- бо мақсади ҳамгироии хизматрасониҳои профилактикӣ ва тиббӣ дар сатҳи якум ҳамасола таҷдиди назар намудан ва тасдиқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ;

- идома додани такмили Барномаи кафолатҳои давлатӣ ва пурра кардани нокифоягӣ байни буҷети давлатӣ барои тандурустӣ ва кафолатҳо дар доираи Барномаи кафолатҳои давлатӣ;

- тавсеаи Барномаи кафолатҳои давлатӣ дар тамоми ҳудуди кишвар ва мустақиман пайвастани системаи пардохти таъминкунандагони хизматрасонии тиббӣ ба натиҷаҳо ва кафолат дар доираи Барномаи кафолатҳои давлатӣ;

- давом додани такмили сохтор ва андозаи ҳампардохт, аз ҷумла гурӯҳбандии нархномаҳо ва категорияи ҳампардохти расмӣ;

- омӯхтан ва беҳбуди сохтори категорияҳои имтиёзнок дар доираи Барномаи кафолатҳои давлатӣ;

- гузаронидани таҳқиқот оид ба Барномаи кафолатҳои давлатӣ, маблағҳои нокифоя ва пардохтҳои ғайрирасмӣ аз ҷониби аҳолӣ.

4. Мониторинг ва баҳодиҳӣ

Системаи мониторинг ва баҳодиҳии Стратегияи миллии соломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад объективона баҳо дода шавад, ки айни замон бахши тандурустӣ ба кадом натиҷаҳо ноил гардидааст, чӣ тавр фаъолияти бахш ва вазъи саломатии аҳолӣ тағйир меёбад, ҷиҳати беҳбуди кор нисбат ба кадом соҳаи фаъолият бояд таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардад ва минбаъд барои беҳбуди саломатии аҳолӣ кадом корҳо сурат гирад.

Бо мақсади таъмини татбиқи самарабахш ва иҷрои муваффақонаи вазифа ва чорабиниҳои гузошташуда мунтазам мониторинг ва арзёбӣ анҷом дода мешавад. Барои таъмини чунин навъи фаъолият дар назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои байнисоҳавии ҳамоҳангсоз таъсис меёбад, ки ба он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ассотсиатсияҳои касбӣ ва ҳамкорон оид ба рушд шомил мегарданд. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ҷиҳати фароҳам овардани кӯмак ва ҳам дар фаъолияти Шӯро нақши асосиро ба ҷо меорад.

Принсипҳои мониторинг ва баҳодиҳӣ. Таъмини баҳодиҳии мустақим, шаффофият, самтгирӣ ба раванд ва натиҷаҳо бо ҷалби экспертҳои мустақил, бо такя ба ҳисоботи муассир ва таҳқиқотҳои махсус гузаронидашуда. Назорат ва баҳодиҳӣ дар асоси нишондиҳандаҳои тасдиқгардида гузаронида мешавад.

Раванди мониторинг ва баҳодиҳӣ. Мониторинг ва баҳодиҳии Стратегия бетанаффус, доимӣ, дар шакли ҳисоботи солона анҷом дода мешавад. Баҳодиҳӣ як маротиба дар панҷ сол, яъне баҳодиҳии фосилавӣ дар соли 2015 ва баҳодиҳии ниҳоӣ соли 2020 гузаронида мешавад.

Ҳисобот дар бораи мониторинги баҳодиҳии дастовардҳои дар доираи амали он ноилгардида ва пешниҳодот оид ба такмили раванд дар Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикон оид ба рушд мавриди муҳокима қарор мегирад.

Ҳисобот барои ҳамаи шахсони манфиатдор ва аҳли ҷомеа дастрас хоҳад буд.

Муқаррароти хотимавӣ:

1) Стратегияи мазкур ҷиҳати банақшагирии барномавию мақсадноки тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 10 соли оянда ҳуҷҷати ибтидоӣ мебошад. Дар ҷараёни соли 2010 оид ба иҷрои дастурҳои Стратегия ҷиҳати таҷдиди системаҳо ва таҳкими захираҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ 5-7 барномаҳои мақсаднок таҳия мегардад.

2) Барномаҳо таҳти сарпарастии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо инъикоси чорабиниҳо вобаста ба иҷрокунандагони асосӣ (вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ва тобеи минтақавӣ), захира ва манбаъҳои маблағгузорӣ, мӯҳлати иҷро ва нишондиҳандаҳои назоратӣ таҳия мегардад. Ҷиҳати истиснои такрори корҳо мувофиқаи байнибарномавии чорабиниҳо ва маблағгузорӣ сурат мегирад. Марҳилаи ибтидоии таҳияи барномаҳо аз Нақшаи фаъолият оид ба татбиқи Стратегияи миллии саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

3) Мӯҳлати амали барнома 10 сол аст (солҳои 2011-2020). Ҳамзамон чорабиниҳои пешбининамудаи Стратегия, буҷет ва нишондиҳандаҳои назоратӣ дар панҷсолаи дуюм, вобаста ба натиҷаҳои баҳодиҳии ҷараёни иҷрои барнома дар солҳои 2011-2015, бояд дақиқ карда шаванд.

4) Вобаста ба аксарияти барномаҳо ва шояд нисбат ба ҳамаи барномаҳо эҳтиёҷот ба мусоидати техникӣ ва дастгирии молиявии шарикони байналмилалӣ оид ба рушд муайян карда мешавад. Масъалаи иштироки онҳо дар доираи ҳамоҳангсозии соҳавии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад.

5) Барномаҳои даҳсола дастур ва муқаррароти стратегияҳои қаблан тасдиқшудаи рушди самтҳои алоҳидаи корҳои муолиҷавию профилактикӣ, системаҳо ва захираҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегиранд, ки хилофи ҳамин Стратегия намебошад.

Замима

Ба Стратегияи миллии солимии

аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2010-2020

Механизми татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020

Мақсад: 1. Таҳкими солимӣ ва беҳбуди шароити зисти аҳолӣ 2. Дигаргунсозиҳои системавӣ ва таҷдиди соҳаи тандурустӣ 3. Рушди заминаи захиравӣ ва моддии соҳаи тандурустӣ

Ниг. ба замима