Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "12" июли соли 2010 № 901
тасдиқ шудааст
Низомномаи намунавӣ дар бораи хадамоти кадрии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1) Низомномаи намунавӣ дар бораи хадамоти кадрии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) сохтор, вазифаҳо ва ҳуқуқҳои хадамоти кадрии мақомоти давлатиро муайян менамояд.
2) Хадамоти кадрии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - хадамоти кадрӣ) дар шакли раёсат, шӯъба, бахш ва корманди масъули кадрии мақомоти давлатӣ фаъолият намуда, воҳиди мустақили сохтори мақомоти давлатӣ буда, дар доираи ваколатҳои худ барои ҳалли вазифаҳои кадрии (идоракунии ҳайати) мақомоти давлатӣ масъул мебошад.
3) Шумораи воҳидҳои кории хадамоти кадрӣ аз ҳаҷми вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва шумораи кормандрни он вобаста буда, сохтор ва шумораи хизматчиёни мақомоти давлатӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои мёъёрии ҳуқуқӣ муайян ва тасдиқ карда мешаванд.
4) Назорати бевоситаи фаъолияти хадамоти кадрӣ аз тарафи роҳбари мақомоти давлатӣ анҷом дода мешавад.
5) Хадамоти кадрӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ", санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
6) Роҳбарии методӣ ва назорати фаъолияти хадамоти кадрии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мақокоти ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ (минбаъд - мақоми ваколатдор) анҷом медиҳад.
2. Сохтори хадамоти кадрӣ
7) Хадамоти кадрӣ метавонад вобаста ба шумораи ҳайати кормандони мақомоти давлатӣ сохтори зеринро дошта бошад:
...