Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "29" майи соли 2010 № 281
тасдиқ шудааст
НИЗОМНОМАИ Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии обхезӣ
1) Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии обхезӣ (минбаъд - Комиссия) мақомоти доимоамалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади банақшагирии пешгирии обхезӣ, огоҳонидан аз обхезӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он таъсис дода шудааст.
2) Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
3) Комиссия якҷоя бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳалли масъалаҳое, ки таҳти салоҳияти ӯ қарор доранд, ҳамкорӣ менамояд.
4) Вазифаҳои асосии Комиссия:
- муайян намудани равандҳои асосии мукаммалсозӣ ва рушди системаи мониторинги (мушоҳида, арзёбӣ, пешгӯӣ) оид ба огоҳонидани пешакӣ ва бартараф намудани оқибатҳои обхезӣ;
- баланд бардоштани устувории истифодабарии иншооти обӣ, ҳавзаи дарёҳо, селпартоҳо ва сойҳои табиӣ, инчунин тайёр будани тамоми сатҳҳои мақомоти давлатӣ ба фаъолияти самарабахши пешгирии обхезӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти комиссияҳои маҳаллии пешгирии обхезии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- иштирок дар таҳияи лоиҳаҳои барномаҳои давлатӣ ва минтақавӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста бо пешгирии обҳезӣ таҳти салоҳияти он қарордошта, инчунин тибқи тартиби муқарраргардида, пешниҳод намудани лоиҳаи асноди номбаршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пешбинии маҷмӯи тадбирҳо доир ба лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии иншооти обӣ, инфраструктураи марбут ба пешгирии обхезӣ ва баланд бардоштани фаъолияти устувори иншоот;
- муайян намудани номгӯи иншооти обӣ ва ҳавзаи дарёҳое, ки нисбат ба онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори давлатӣ барномаҳои давлатии пешгирии обхезӣ таҳия ва татбиқ гардида, аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд;
- дар асоси барномаҳои давлатӣ ва бо пешниҳоди мақомоти дахлдори давлатӣ муайян намудани ҳаҷми корҳои нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншооти обӣ, ҳавзаи дарёҳои мавҷуда бо ҳамаи иншооти гидротехникӣ ва сарбандҳои соҳилмустаҳкамкунанда;
- бо мақсади ташкил намудани фондҳои пешгирии обхезӣ ва маблағгузории корҳои иҷрошаванда бо пешниҳоди мақомоти дахлдори давлатӣ дар якҷоягӣ бо муассисаҳои соҳаҳои роҳи оҳан, алоқа, энергетика ва саноати истихроҷи маъдан муайян намудани ҳудудҳои таҳдидкунандаи обхезӣ;
- амалӣ намудани лоиҳаҳои кӯчонидани аҳолии минтақаҳое, ки ба онҳо хавфи обхезӣ таҳдид менамояд ва барқарорсозии иншооти гидротехникӣ дар ҳавзаи дарёҳо;
- муайян ва тақсим намудани маблағҳои буҷети давлатӣ, лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин кӯмакҳои техникию молиявии барои пешгирии обхезӣ воридшаванда ва назорати истифодаи мақсадноки онҳо;
- ташкили омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷа оид ба пешгирии обхезӣ.
5) Комиссия ҳуқуқ дорад:
- дар доираи салоҳияти худ, ки барои мукаммалсозии ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми сатҳҳои дахлдори вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, фаъолияти устувори иншооти обӣ ва ҳавзаи дарёҳо аз обхезӣ зарур мебошад, қарорҳо қабул намояд;
- оид ба тақсимот ва истифодабарии маблағҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии зидди обхезӣ ва иншооти муайяншуда ҷудо менамояд, пешниҳодҳо ворид намояд;
- ҳисоботи шахсони масъули вазоратҳо ва идораҳо, раисони комиссияи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо оид ба мақсаднок ва саривақт истифода бурдани маблағҳои пешгирии обхезӣ ва дигар масъалаҳоеро, ки ба салоҳияти Комиссия дохил мебошанд, қабул намояд;
- аз вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маълумотеро, ки барои кори Комиссия зарур аст, талаб намояд;
- дар асоси барномаҳои давлатии нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншооти обии дахлдор, назорати ҳавзаи дарёҳоро бо тамоми иншооти гидротехникии онҳо ва сарбандҳои соҳилмустаҳкамкунанда таъмин намояд;
- барои иҷро намудани корҳои таҳлилӣ, лоиҳавӣ, озмоишӣ ва дигари марбут ба салоҳияти Комиссия мутахассисони баландихтисоси ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи тартиби муқарраргардида ҷалб намояд.
6) Ба Раиси Комиссия ҳангоми роҳбарии амалиёт оид ба пешгирии обхезӣ дар ҳолатҳои зарурӣ ҳуқуқ дода мешавад:
- дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии обхезӣ ҷалб намудани маблағҳо тибқи барномаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, дар ҳолатҳои фавқулодда бошад, ҷалб намудани захираҳои инсонӣ, нақлиёт, ёрии наҷотдиҳии тиббӣ, дигар қувваҳо ва воситаҳои вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи мансуб ба обхезӣ, ҷалб намудани ҳама гуна захираҳои зарурии ашёи хом, сӯзишворӣ, мавод, нақлиёт, мошину таҷҳизот бо шарти баргардонидан ё ҷуброн намудани арзиши онҳо.
7) Ҳайати Комиссияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
8) Комиссия фаъолияти худро дар асоси нақшаи корие, ки дар ҷаласаи Комиссия қабул ва тасдиқ гардидааст, амалӣ месозад. Ҷаласаи Комиссия аз рӯи зарурат, вале на кам аз як маротиба дар ҳар семоҳа гузаронида мешавад. Қарори Комиссия бо протокол ба расмият дароварда мешавад.
9) Дар ҳолати зарурат ба ҷаласаҳои Комиссия ҳангоми баррасии масъалаҳои дахлдор раисони комиссияҳо оид ба пешгирии обхезии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ даъват карда мешаванд.
10) Таъминоти ташкилию техникии кори Комиссияро Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад.
11) Комиссия ба Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои баррасишаванда ва корҳои иҷронамуда мунтазам маълумот медиҳад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "29" майи соли 2010 № 281
тасдиқ шудааст
ҲАЙАТИ Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии обхезӣ (мувофиқи вазифа)
Раиси комиссия - Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари соҳавӣ
Муовини якуми - Вазири мелиоратсия ва захираҳои раиси комиссия оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини раиси - Вазири рушди иқтисод ва савдои комиссия Ҷумҳурии Тоҷикистон
Котиби масъули - Мудири Шӯъбаи экология ва комиссия ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АЪЗОИ КОМИССИЯ
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Директори генералии Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта"
Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"
Сардори Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон"
Директори Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон