Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 № 246 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 612"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 612

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №612 "Дар бораи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақамҳои "1164" ва "156" ба рақамҳои "1166" ва "158" иваз карда шаванд.

2) Ба Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №612 "Дар бораи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати дувоздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад;

"Маъмурияти Системаи иттилоотии автоматонишудаи ягона (СИАЯ)".

3) Муқаррар карда шавад, ки хароҷот барои нигоҳдории шумораи воҳидҳои иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои хироҷи гумрукӣ, ки ба суратҳисоби махсуси Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, амалӣ карда шаванд.

4) Қарори мазкур аз 1 майи соли 2010 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 майи сали 2010 № 246

ш. Душанбе