Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2010 № 600 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 9, мод. 68, 69, №22, мод. 306; с. 1999, № 12, мод. 316; с. 2001, № 4, мод. 149, 167; с.2002, № 11, мод. 675, 750; с. 2003, № 8, мод. 456, 468; с. 2004, № 5, мод. 346, №7, мод. 452, 453; с. 2005, № 3, мод. 126, № 7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, № 7, мод. 665; с.2008, № 1, қ.1, мод. 3, № 6, мод. 444, 447, №10, мод.803, №12, қ.1, мод.986, қ.2, мод.992; с.2009, №3, мод.80, №7-8, мод.501) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар Эзоҳи моддаи 292:

- калимаи "панҷ" бо калимаи "даҳ" ва калимаи "даҳ" бо калимаи "бист" иваз карда шаванд;

- сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Шахсе, ки кирдорҳои дар моддаҳои 292 ва 293 ҳамин Кодекс пешбининамударо содир намудааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар:

- ин кирдорҳоро бори аввал содир намуда, маблағи андозҳо ва (ё) пардохтҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳоро дар мӯҳлати сӣ рӯзи корӣ пас аз қабули қарори дахлдори мақомоти андоз/пурра супорида бошад; ва ё

- ин кирдорҳоро такроран содир намуда, маблағи андозҳо ва (ё) пардохтҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳоро дар мӯҳлати даҳ рӯзи корӣ пас аз қабули қарори дахлдори мақомоти андоз пурра супорида бошад.".

2. Дар моддаи 293:

- дар номи модда калимаи "андоз" бо калимаи "андозҳо ва (ё) пардохтҳо" иваз карда шавад;

- қисми 1) дар таҳрири зайл ифода карда шавад: .

"1) Саркашии шахси воқеӣ аз пардохти андозҳо ва (ё) пардохтҳо бо роҳи пешниҳод накардани эъломия ва (ё) дигар ҳисоботи андоз дар ҳолате, ки пешниҳоди чунин эъломия ва (ё) дигар ҳисоботи андоз ҳатмӣ мебошад ё ба эъломия ва (ё) дигар ҳисоботи андоз дидаю дониста дохил кардани маълумоти таҳрифшуда, ки боиси ба миқдори калон пардохт нагардидани андозҳо ва (ё) пардохтҳо гаштааст,

бо ҷарима ба андозаи то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.";

-Эзоҳ дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Эзоҳ: Саркашии шахси воқеӣ аз пардохти андозҳо ва (ё) пардохтҳо ҳангоме ба миқдори калон ҳисобида мешавад, ки агар маблағи пардохтнашудаи андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз даҳ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар ва ба миқдори махсусан калон аз бист ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

 11 марти соли 2010 № 600

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе,

24 феврали соли 2010, № 1552

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш.Душанбе,

4 марти соли 2010 № 748