Низомномаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба назорати харҷи маблағи аз фурӯши саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО "Роғун" ва маблағҳои кӯмаку хайрияи молию моддии барои сохтмони НБО "Роғун" ҷамъшуда аз 11 марти соли 2010 № 145

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 марти соли 2010

№ 145 тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 марти соли 2010

№ 145 тасдиқ шудааст

Низомномаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба назорати харҷи маблағи аз фурӯши саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО "Роғун" ва маблағҳои кӯмаку хайрияи молию моддии барои сохтмони НБО "Роғун" ҷамъшуда

1) Комиссияи ҷамъияти оид ба назорати харҷи маблағи аз фурӯши саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО "Роғун" ва маблағҳои кӯмаку хайрияи молию моддии барои сохтмони НБО "Роғун" ҷамъшуда (минбаъдКомиссия) мақоми ҳамоҳангсози ҷамъиятӣ буда, бо мақсади амалӣ намудани назорати ҷамъиятии доимӣ ва таҳлили рафти фурӯши саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО "Роғун", истифодаи мақсадноки маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳо ва маблағҳои кӯмаку хайрияи молию моддӣ ҷамъшуда ва ба маълумоти аҳолӣ расонидани натиҷаи назорати ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст.

2) Комиссия фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", дигар санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои меъёрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.

3) Вазифаҳои Комиссия:

- таҳлили ҳолати фурӯши саҳмияҳо ва хароҷоти мақсадноки маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳо ва маблағҳои кӯмаку хайрияи молию моддӣ ҷамъшуда;

- таҳия ва баррасии пешниҳодот ва дида баромадани таклифҳо оид ба беҳтар намудани харҷи маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳо ва маблағҳои кӯмаку хайрияи молию моддӣ ҷамъшуда;

- амалӣ намудани назорати ҷамъиятии истифодаи мақсадноки маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳо ва маблағҳои кӯмаку хайрияи молию моддӣ ҷамъшуда;

- пешниҳоди ҳармоҳаи ахборот оид ба харҷи ин маблағҳо тавассути воситаҳои ахбори омма.

4) Комиссия ҳуқуқ дорад:

- дар Маҷлисҳои умумии саҳмдорон ва ҷаласаҳои Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО "Роғун" иштирок карда, дар доираи вазифаҳои худ масъалагузорӣ намояд;

...

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 11 марта 2010 года №145

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 11 марта 2010 года №145

Положение Общественной комиссии по контролю за расходованием средств поступивших от продажи акций Открытого акционерного общества "Рогунская ГЭС" и средств финансово-материальной и благотворительной помощи для строительства "Рогунской ГЭС"

1) Общественная комиссия по контролю за расходованием средств от поступивших от продажи акций Открытого акционерного общества "Рогунская ГЭС" и средств финансово-материальной и благотворительной помощи для строительства "Рогунской ГЭС" (далее - Комиссия), являясь общественным координирующим органом, создана в целях осуществления постоянного общественного контроля и анализа хода продажи акций Открытого акционерного общества "Рогунская ГЭС", целевого использования средств от продажи акций и средств поступивших за счёт финансово - материальной и благотворительной помощи, а также доведения до сведения населения результатов общественного контроля.

2) Комиссия осуществляет свою деятельность руководствуясь Конституцией Республики Таджикистан, Законами Республики Таджикистан "Об акционерных обществах", другими законодательными актами, нормативными актами Президента Республики Таджикистан, Правительства Республики Таджикистан и настоящим Положением.

3) Задачи комиссии:

- анализ состояния Продажи акций и целевого расходования средств от их продажи и средств, поступивших за счёт финансовоматериальной и благотворительной помощи;

- подготовка и рассмотрение представления по улучшению расходования средств от продажи акций;

- реализация общественного контроля целевого использования средств от продажи акций;

- ежемесячное информирование расходования данных средств через средства массовой информации;

4) Комиссия имеет право:

- участвовать на Общих собраниях акционеров и заседаниях Совета инспекторов Открытого акционерного общества "Рогун ГЭС" и решать проблемы в пределах своих полномочий;

...