Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2009 № 694
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2009 № 694
тасдиқ шудааст
Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2010-2015
РУЙХАТИ КАЛИМАҲОИ МУХТАСАР
Барнома - Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2010-2015
БМҲАС - Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил
ВНМО/БНМО - Вируси норасоии масунияти одам / Бемории норасоии масунияти одам
ВТ- Вазорати тандурустӣ
ДОТС - Дурнамои байналмилалӣ, ки ба сифати назорати бемории сил қабул гардида, аз 5 бахш иборат аст. Баъдан ба дурнамои нисбатан васеъ "Боздошти сил" иваз карда шуд, ки шакли мутобиқгаштаи сил (ШМС) ва Сил/ВИЧ-ро дарбар мегирад.
ДОТ - Қабули доруҳои зиддисилӣ зери табобати корманди тиб ва шахсе, ки барои назорат вобаста карда шудааст (волидайн, хешу табор, шарик ва ғайра)
ДЗС - Доруҳои зиддисилӣ
ДДТТ-Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино
...