Низомнома оид ба тартиби гузаронидани муоинаи тиббии даврагии ронандагони воситаҳои нақлиёт аз 30 декабри соли 2009 № 697

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2021, № 174 аз эътибор соқит дониста шуд. 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2009 № 697

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2009 № 697

тасдиқ шудааст

Низомнома оид ба тартиби гузаронидани муоинаи тиббии даврагии ронандагони воситаҳои нақлиёт

1) Низомномаи мазкур тартиби гузаронидани муоинаи тиббии даврагии ронандагони воситаҳои нақлиётро танзим менамояд.

2) Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки хоҳиши гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиётро доранд, бояд барои идоракунии воситаи нақлиёт аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.

3) Ронандагони дорои дараҷаи "А" ва "В", агар хоҳиши гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёти дараҷаҳои баландтар, яъне мутобиқан дараҷаҳои "В", "С", "Д", "Е" ва троллейбусро дошта бошанд, пеш аз супоридани имтиҳонҳо такроран аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.

4) Шахсони дорои шаҳодатномаи ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт (автомобил, автобус ва троллейбус), ки аз тарафи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст ва хоҳиши гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи идоракунии мотосикл ва мотоколяскаро доранд, аз муоинаи тиббии иловагӣ намегузаранд ба шарте, ки агар мӯҳлатҳои муқарраршудаи гузаштани муоинаи тиббии ронандагони воситаҳои нақлиётро риоя намоянд.

5) Ронандагони воситаҳои нақлиёт бо тартиби зерин аз муоинаи даврагии тиббӣ мегузаранд:

-ронандагони дорои дараҷаҳои "С" ва "Е" - як маротиба дар се сол;

-ронандагони автобус ва троллейбусҳои дорои дараҷаи "Д" - як маротиба дар як сол.

Ронандагони дорои дараҷаҳои "С", "Д", "Е" дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи сархатҳои якум ва дуюми банди мазкур аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.

...

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 30 апреля 2021 года,№174

Утверждено  

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 декабря 2009 года №697

Утверждено  

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 декабря 2009 года №697

Положение о порядке проведения периодического медицинского освидетельствования водителей транспортных средств

1) Настоящее Положение регулирует порядок проведения периодического медицинского освидетельствования водителей транспортных средств.

2) Граждане Республики Таджикистан, иностранные граждане и лица без гражданства, желающие получить удостоверение на право управления транспортными средствами должны пройти обязательное медицинское освидетельствование.

3) Водители, имеющие категорию "А" и "В", желающие получить удостоверение водителя высокой категории, то есть соответственно категорию "В", "С", "Д", "Е" и троллейбуса, перед сдачей экзаменов проходят повторное медицинское освидетельствование.

4) Лица, имеющие удостоверение на право управления транспортными средствами (автомобилями, автобусами или троллейбусами), выданные Государственной автомобильной инспекцией Министерства внутренних дел Республики Таджикистан и желающие получить удостоверение на управление мотоциклами или мотоколясками, дополнительному медицинскому освидетельствованию не подлежат, при условии соблюдения установленных сроков прохождения медицинского освидетельствования для водителей транспортных средств.

5) Водители транспортных средств проходят периодическое медицинское освидетельствование в следующем порядке:

- водители, имеющие категории "С" и "Е" - один раз в три года;

- водители автобусов и троллейбусов, имеющие категорию "Д" - один раз в год.

Водители, имеющие категории "С", "Д", "Е", проходят обязательное медицинское освидетельствование в соответствии’ с сроками предусмотренными абзацами первой и второй настоящего пункта.

...