Оинномаи Муассисаи давлатии "Маркази миллии тестӣ" аз 27 январи соли 2010 № 17

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2014 № 346 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз"27" январи соли 2010 № 17

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз"27" январи соли 2010 № 17

тасдиқ шудааст

Оинномаи Муассисаи давлатии "Маркази миллии тестӣ"

1. Муқаррароти умумӣ

1) Муассисаи давлатии "Маркази миллии тестӣ" (минбаъд Марказ) дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008 №114 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази миллии тестӣ" таъсис дода шудааст.

2) Марказ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", санадҳои ҳуқукии байналмилалӣ, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қоида ва дастурамалҳои дахлдор ва ин Оиннома ба роҳ мемонад.

3) Марказ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои моликияти алоҳида, тавозуни мустақил, суратҳисоб дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳри мудаввар, ки дар он Нишони давлатӣ ва номи Марказ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳаккокӣ шудаанд, бланкаи фирмавӣ, тамға ва дигар хусусиятҳои муайянкунанда мебошад.

4) Ба Марказ барои иҷрои мақсадҳои оинномавӣ ҷиҳати амалигардонии корҳои зарурӣ вазифа ва ваколатҳои дигар, ки аз мақоми Марказ бармеоянд ва дар Оинномаи мазкур муайян шудаанд, дода мешавад.

5) Марказ аз номи худ ҳуқуқҳои амволӣ ва ғайриамволиро ба даст меорад ва ӯҳдадор мешавад, ки дар суд ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар баромад намояд.

6) Марказ ҳуқуқ дорад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бо муассисаҳо ва корхонаҳои шакли моликияташон гуногун ва шахсони алоҳида аҳдҳо бандад.

7) Номи Марказ:

...

Утратил силу в редакции постановления Правительства РТ
                        от 30.05.2014г.  №346

Утвержден

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от " 27" января 2010 года № 17

Утвержден

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от " 27" января 2010 года № 17

Устав Государственного учреждения "Национальный центр тестирования"

1.Общие положения

1) Государственное учреждение "Национальный центр тестирования" (далее Центр), создано в соответствии с постановлением Правительства Республики Таджикистан от 5 марта 2008 №114 "О создании Государственного учреждения "Национальный центр тестирования".

2) В своей деятельности Центр руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, Гражданским кодексом Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан "Об образовании", Законом Республики Таджикистан "О высшем и послевузовском профессиональном образовании", международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, иными нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, а также соответствующими правилами и инструкциями и настоящим Уставом.

3) Центр является юридическим лицом, имеет обособленное имущество, самостоятельный баланс, расчетный счет в Центральном казначействе Министерства финансов Республики Таджикистан, круглую печать с изображением Государственного герба и наименованием Центра на государственном, русском и английском языках, фирменные бланки, штампы и другую необходимую атрибутику.

4) Для выполнения уставных целей Центр наделяется и другими полномочиями по реализации необходимых процедур вытекающих из роли и статуса Центра, определенных настоящим Уставом.

5) Центр от своего имени приобретает имущественные и неимущественные права и несет обязанности, выступает истцом и ответчиком в суде.

6) Центр имеет право как в пределах Республики Таджикистан, так и за её пределами заключать сделки с учреждениями и предприятиями различных форм собственности и отдельными лицами.

7) Наименование Центра:

...