ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №12, қ.1, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2009, №550), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 437 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 437. Риоя накардани тартиби гузаронидани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ
1. Барои риоя накардани тартиб ва мӯҳлати гузаронидани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои қабул намудани қарори беасос дар бораи надодани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
2. Ба Кодекс моддаи 437(1) дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"Моддаи 437(1). Пешниҳод накардани шартҳои техникӣ оид ба имконияти пайвастшавии иншооти тарҳрезишуда ба шабакаҳои муҳандисию техникӣ
Барои дар мӯҳлатҳои муқарраргардида аз ҷониби шахсони масъули ташкилоти дахлдори муҳандисию техникӣ пешниҳод накардани шартҳои техникӣ оид ба имконияти пайвастшавии иншооти тарҳрезишуда ба шабакаҳои муҳандисию техникӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
3. Дар моддаи 696 пас аз калимаҳои "377 қисми 1" рақамҳои "437, 437(1)" илова карда шаванд.
4. Дар моддаи 714 рақамҳои "407- 447" ба рақамҳои "407- 436, 438447" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе, 12 январи соли 2010 № 580