ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №12, қ. 1, мод. 990; с.2009, №5, мод. 321; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2009, №550; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009), тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 330 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 330. Идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлӯӣ ва яклухти ақиб, шишаҳои ойинагӣ, шишаҳои сиёҳу хира ё маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост
1. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлӯӣ ва яклухти ақиб, ки дар сохтори воситаҳои нақлиёт аз тарафи заводи истеҳсолкунанда пешбинӣ нашудаанд, инчунин идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои ойинагӣ,
ба андозаи яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунад, бидуни иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ,

3. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёти маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост,
ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
2. Сархати сеюми қисми 1 моддаи 765 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- идоракунии воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлӯӣ ва яклухти
ақиб, ки дар сохтори воситаҳои нақлиёт аз тарафи заводи истеҳсолкунанда пешбинӣ нашудаанд, бо шишаҳои сиёҳу хира, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунад, идоракунии воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои ойинагӣ, ба истиснои пардачаҳо дар шишаҳои автобусҳо, инчунин мавҷуд будани иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ ва воситаҳои нақлиёти хизматии шахсони мансабдоре, ки рӯйхати онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
9 январи соли 2010 № 577