ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро, ки ҳангоми иштироки ихтиёрии шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 2. Иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ
Иштироки шаҳрвавдон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба тариқи зайл амалӣ мегардад:
- иштироки инфиродӣ;
- узвият дар дружинаҳои ихтиёрӣ.
Моддаи 3. Принсипҳои асосии иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ
Принсипҳои асосии иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ инҳоянд:
- ихтиёрӣ будан;
- баробарии ҳама дар назди Қонун;
- адолати иҷтимоӣ ва инсондӯстӣ;
...