Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи гузаронидани тендери байналмилалӣ барои коркарди комплексии захираҳои кони "Конимансури Калон"
Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" ва моддаи 18(2) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба базе намудҳои фаъолият" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барои коркарди комплексии захираҳои кони "Конимансури Калон" тендери байналмилалӣ гузаронида шавад.
2) "Дархости тахассусӣ", ки дар доираи он интихоби пешакии тахассусии сармоягузорон барои додани иҷозат ҷиҳати иштирок дар тендери байналмилалӣ барои ҳуқуқи коркарди комплексии захираҳои кони "Конимансури Калон" гузаронида мешавад, тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.
3) Ҳайати гурӯҳи кории байниидоравӣ барои таҳияи ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва гузаронидани интихоби пешакии тахассусии сармоягузорон тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.
4) Муқаррар карда шавад, ки аз лаҳзаи расман ба сармоягузорони ҳавастманд аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ равона гардидани "Дархости тахассусӣ" марҳилаи интихоби пешакии тахассусии иштирокчиёни тендери байналмилалӣ оғоз мегардад.
5) Муқаррар карда шавад, ки расмиёти вобаста ба интихоби пешакии тахассусии иштирокчиёни тендери байналмилалӣ барои ҳуқуқи коркарди комплексии захираҳои кони "Конимансури Калон" бо қарори мазкур ба танзим дароварда мешаванд.
6) Ба гурӯҳи кории байниидоравӣ супорида шавад, ки:
а) мутобиқи тартиби пешбининамудаи "Дархости тахассусӣ" аз ҳисоби сармоягузорони ҳавасманд интихоби пешакии тахассусии иштирокчиёни озмунро гузаронида, "рӯйхати кӯтоҳ"-и иштирокчиёни тендерро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
6) ҳангоми зарурат ба "Дархости тахассусӣ" тағйиру иловаҳои хусусияти принсипиалӣ надоштаро ворид намояд;
в) барои фароҳам овардани шароити мусоид вобаста ба истихроҷи самараноки захираҳои кони "Конимансури Калон", ҳангоми зарурат ба барасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод ҷиҳати такмил ё тағйир додани қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд;
г) дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ҳуҷҷатҳои зарурии тендериро таҳия намуда, ба барасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
7) Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори мазкур ба гурӯҳи кории байниидоравӣ ҳаматарафа мусоидат намоянд.
...