Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020 аз 31 октябри соли 2009 № 600

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 октябри соли 2009 № 600

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 октябри соли 2009 № 600

тасдиқ шудааст

Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020

Пешгуфтор

Ба таври мақсаднок тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббии ба талаботи ҳозиразамон ҷавобгӯ, яке аз самтҳои афзалиятноки Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба ин, тайёр намудан ва мақсаднок бурдани кадрҳои тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки норасогии онҳо ба мушоҳида мерасад, самти афзалиятнок буда, аҳамияти махсусро талаб менамояд.

Миқдори умумии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан 13909 ва 30445 нафарро ташкил медиҳанд. Таъминнокии табибон ба 10000 аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 18,6 ва ба кормандони миёнаи тиббӣ 41,1-ро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо ба ҳисоби миёна дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ мутаносибан 28,2 ва 75,5-ро ташкил медиҳанд.

Гуфтаҳои боло гувоҳи кам будани теъдодиҳ табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ нисбат ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя ӯзбекистон (мутаносибан 26,6 фоиз ва 101,2 фоиз) ва Қирғизистон (мутаносибан 23,8 фоиз ва 54,3 фоиз) мебошад.

Дар ҷумҳурӣ дар 7 беморхонаи минтақавӣ ва 90 маркази саломатии деҳот умуман нарасидани табибон мушоҳида мешавад. Дар беш аз 25 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутахассисони соҳаи наркологӣ, рӯҳшиносӣ, бемориҳои сил, дил, саратоншинос, чашм, эндокринология, табибони оилавӣ, техникҳои тиббӣ, ташхиси шуоӣ ва ренгенологҳою паталоганатомҳо намерасанд. Имрӯз тибқи ҷадвали штатӣ дар ҷумҳурӣ 4195 воҳиди кории табибон ва 7630 воҳиди кори кормандони миёнаи тиббӣ холӣ мебошад. Бо ҷойи кор таъмин будани штатҳои табибон ва кормандони миёнаи тиб мутаносибан 82,1 фоиз ва 84,1фоизро ташкил медиҳад. Таҳлил нишон медиҳад, ки миқдори умумии кормандон тиббӣ коҳиш ёфта истодааст. Дар соли 2007 дар муқоиса бо соли 2002 таъминнокии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ мутаносибан 6 ва 12,6 фоиз кам шудааст. Ҳол он, ки дар ин муддат шумораи аҳолӣ 10,8 фоиз зиёд шудааст.

Талаботи кадрҳои тиббӣ тибқи меъёрҳои амалкунанда барои солҳои 2010-2020 дар замима нишон дода шудааст. Талабот бо дарназардошти ворид намудани меъёру ихтисосҳои нав дар рафти амалисозии ислоҳоти соҳа метавонад тағйир ёбад.

Нишондиҳандаҳои таъминнокӣ бо табибон ва кормандони миёнаи тиб дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутаносибан аз 3,6 фоиз то 82,5 фоиз ва 14,5 фоиз то 201,5 фоизро ташкил медиҳад. Таъминнокӣ бо табибон аз ҳама зиёд дар шаҳри Душанбе (67,2 фоиз) ва вилояти Суғд (20,4 фоиз) ва аз ҳама кам дар вилояти Хатлон (9,1 фоиз) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (11 фоиз) мебошад. Ин нишондиҳанда вобаста ба кормандони миёнаи тиббӣ низ нобаробарии ҷуғрофиро нишон медиҳад. Таъминнокӣ бо кормандони миёнаи тиббӣ аз ҳама зиёд дар ВМКБ (73,4 фоиз) ва шаҳри Душанбе (60,2 фоиз) ва аз ҳама кам дар ноҳияхои тобеи ҷумҳурӣ (29,5 фоиз) ва вилояти Хатлон (30,1 фоиз) мебошад. Дараҷанокии табибон дар ҷумҳурӣ 40,8 фоизро ташкил медиҳад. Дараҷанокии касбӣ аз ҳама зиёд дар шаҳри Душанбе (51,6 фоиз) ва ВМКБ (41,0 фоиз) ва аз ҳама кам дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (20,5 фоиз) ва вилояти Суғд (38,6 фоиз) мебошад.

Таҳлил нишон медиҳад, дар он минтақаҳое, ки сатҳи таъмини аҳолӣ бо табибон паст аст, миқдори довталабони дохилшуда ва донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии тиббӣ кам ва баръакс дар ҷойҳое, ки таъминнокӣ бо табибон нисбатан хуб аст, миқдори довталабони дохилшуда ва донишҷӯён зиёд аст. Чунин ҳолат дар оянда барои аз байн бурдани номутаносибии ҷуғрофии таъмини аҳолӣ бо табибон мусоидат намекунад ва андешидани чораҳои заруриро талаб менамояд.

Ҳамин тавр дар системаи банақшагирӣ ва тарбияи кадрҳо масъалаҳои нобаробарии ҷуғрофӣ, вобаста ба ихтисос ва шуғл, инчунин нобаробарии ташкилӣ (дар доираи як шаҳр ё як ноҳия теъдоди зиёди кормандони тиб ва норасоии онҳо дар муассисаҳои дигар шаҳру ноҳияҳо) ба мушоҳида мерасад.

...

Утверждена

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от "31" октября 2009 года №600

Утверждена

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от "31" октября 2009 года №600

Программа подготовки медицинских кадров на 2010-2020 годы

Предисловие

Целевая подготовка высококвалифицированных медицинских кадров, отвечающая современным требованиям, является одной из приоритетных направлений Концепции реформы здравоохранения Республики Таджикистан. В связи с этим, подготовка и целевое использование медицинских кадров в Республике Таджикистан, где наблюдается их нехватка является приоритетным направлением и требует особого внимания.

Общее количество врачей и средних медицинских работников в республике составляет соответственно 13909 и 30445. Обеспеченность врачами на 10000 населения в республике составляет 18,6 и средними медицинскими работниками 41,1. Эти показатели в странах Центральной Азии в среднем соответственно составляют 28,2 и 75,5.

Вышеперечисленное говорит о низком количестве врачей и средних медицинских работников по сравнению с соседними республиками Узбекистан (соответственно 26,6 и 101,2) и Кыргызстан (соответственно 23,8 и 54,3).

В республике в 7 региональных больницах и 90 сельских центрах здоровья в общем наблюдается нехватка врачей. В более чем 25 городах и районах республики наблюдается нехватка специалистов наркологов, психиатров, фтизиатров, кардиологов, онкологов, офтальмологов, эндокринологов, семейных врачей, медицинских техников и нехватка рентгенологов и паталогоанатомов. На сегодняшний день согласно штатному расписанию в республике количество вакантных врачебных должностей составляет 4195, а для средних медицинских работников эта цифра равна 7630. Укомплектованность врачебными штатами составляет 82,1%, а для средних медработников - 84,1%. Анализ показывает, что общая численность медицинских кадров уменьшается. В 2007 году по сравнению с 2002 годом обеспеченность врачами и средним медицинским персоналом уменьшилась соответственно на 6 и 12, 6 %. Хотя за этот период численность населения увеличилась на 10,8%.

Потребность в медицинских кадрах в соответствии с действующими нормативами на 2010 - 2020 годы представлена в приложении. Потребность с учетом внедрения новых нормативов и специальностей в процессе реализации реформы может быть изменена.

Показатели обеспеченности врачами и средним медицинским персоналом в городах и районах республики составляют соответственно от 3,6 до 82,5 и от 14,5 до 201,5. Наибольшая обеспеченность врачами наблюдается в городе Душанбе (67,2) и в Согдийской области (20,4), а наименьшая в Хатлонской области (9,1) и в районах республиканского подчинения (11,0). Этот показатель в отношении к средним медицинским работникам также показывает географический дисбаланс. Наибольшая обеспеченность средним медицинскими работниками наблюдается в Горно-Бадахшанской автономной области (73,4) и в городе Душанбе (60,2), а наименьшая в районах республиканского подчинения (29,5) и в Хатлонской области (30,1). Категорийность врачей в республике составляет 40$ %. Наиболее высокая категорийность наблюдается в городе Душанбе (51,6%) и в ГБАО (41,0%), а наиболее низкая в РРП (20,5) и в Согдийской области (38,6%).

Анализ показывает, что в регионах с низким уровнем обеспеченности врачами, количество поступивших абитуриентов и студентов в медицинские учебные заведения низкий по сравнению с регионами с более высоким уровнем обеспеченности врачами. Такая ситуация в будущем будет препятствовать устранению географического дисбаланса обеспеченности населения врачами, что потребует принятия необходимых мер.

Таким образом, в системе планирования и подготовки кадров наблюдаются проблемы географического дисбаланса по специальностям и занятости, а также организационный дисбаланс (в пределах одного города или района) и их нехватка в других учреждениях городов и районов.

...